Худкомагон палидони таъриханд

(Пиромуни фалсафаи сифоти худкомагони таърих)

Муаррих Луқмон Бойматов

“Касоне, ки бар бегуноҳони аз поафтода ситам кунанд, Худованд онҳоро палид мешуморад”. (Ҳадиси Паёмбари ислом (С))

* * *

Нагуфтани воқеъиятҳои таърих гуноҳ ва напазируфтани ҳақиқат навъе аз хиёнатҳост. Агар ҳадаф нигошти ҳақиқати таърих аст, пас сифоти одилону золимонро ба ҳам махлут набояд кард, чун зоти падидаҳои неку бад аз ҳам ҷудост.

Фалсафаи таърих бар он дорад, ки одилони таърих аз ҳам мутафовут, вале ҳамаи золимон мисли ҳам будаанд. Ин гуфтаҳо бад-ин маънӣ аст, ки сифоти бадон шабеҳи ҳамдигаранд ва некҳо аз ҳам мутамойизанд.

Худкомагони таърих, ҳамон золимони таърих ва диктаторони имрӯзанд. Онон ҳама хатарноктарин ҷонвароне буданд дар ҷилдҳои инсон. Таърихи башар золимеро намедонад, ки зулмро сарнагуну адлро ба тахт нишонда бошад, ба ин хотир аст, ки зулм фаровон асту адл камёб.

Миллати тоҷик дар тӯли таърихаш, ҳокимеро, ки зиндагии мардумашро бар пояи маънӣ ва адолату ҳақиқат бунёд ниҳода бошад, тақрибан намедонад. Фақат бояд афсӯс хӯрд, он чӣ дар таърихи ин миллат фаровон аст, зулми худкомагонаш аст!

Таъмини саъодати инсонҳо бидуни дарки таҷруботи рӯзгорони таърих номумкин аст. Аз ин рӯ, барои дарки моҳияти режимҳои худкомагии имрӯз, бояд сифоти худкомагони дирӯзро ба хубӣ донист, чун сифоти онон ойинаи зоташон аст.

Агар бар ҳикмати таърихи ин миллати шикастанафс таъаммуқ намоем, хоҳем дид, ағлаби подшоҳону умаро кореро, ки дар ҳадди камол анҷом медоданд, танҳо бедодӣ будааст.

Ҳарчанд, ки муаррихин ва нависандагони вақт аз «сифоти нек»-и подшоҳонашон бо камоли тавоноии қаламу истеъдодашон тавсиф мекарданд, вале ҳақиқати ҳоли таърих мутлақо чизи дигарест. Афкору аъмоли зимомдорони таърихи чӣ дур ва чӣ наздик, ба тамоми маънӣ, таҷаллигари сифоташон буда ва онҳоро метавон ба ин зайл шарҳ дод:

а) Адами имону виҷдон. Хӯйи худкомагон бар ин аст, ки ҳаргиз бо виҷдони хеш хилват намекунанд. Пос доштани ҳама гуна муқаддасот бидуни имону виҷдон навъе аз тавҳинҳост бар арзишҳои инсонӣ.

Худкомагони таърих, ба зоҳир аз дину имон сухан мегуфтанд, вале дар ботин, беимонтарин афроди рӯзгори хеш буданд. Онон агарчӣ, расмитарин вассофи Худову дин буданд, вале худ на Худоро мешинохтанд, на динро! Барои ҳамчунин афрод ҳеҷ муқадассоте мавҷуд набуд. Онон ба баҳонаи ҳимояти дини давлаташон силсилаҳои фаҷоеъро бар сари ҳазорон мардуми бегуноҳ фурӯ мерехтанд ва огоҳем, ки хунрезиҳои даҳшатангез моломоли таърихи мазлумони миллат аст.

Ҳақиқати ҳоли таърих ин аст, ки худкомагон ҳаргиз муҳаббат ба мардум надоштанд. Фарзашон бе появу меҳрашон беасл, гуфторашон пур аз тазвиру риё ва кирдорашон бурун аз роҳи адолату ҳақиқат будааст. Ҳамаи худкомагон золимони рӯзгори худ буданд, ҳатто агар хешро аз одилони замон мепиндоштанд. Онон аз номи адолат ҳукумат мекарданд, вале оқибати корашонро ҳаргиз намеандешиданд. Воқеъияти таърихӣ ин аст, ки адолати дурӯғини худкомагон адолати ҳақиқиро салб карда буд. Басо дуруст аст, агар гӯем, ки худкомагон қотилони аслии Адолат дар таъриханд.

б) Дурӯғгӯӣ ва беҳаёӣ. Худкомагони таърих беҳаётарин афроди башаранд. Онон Худовандони дурӯғу нодурустиҳоанд. Ҳамаи худкомагон риёкоранд ва риёкорон ба зоҳир динпарастӣ мекунанд, то аз номи Худованду мазҳаб ба аҳдофи касифашон даст пайдо кунанд. Дурӯғгӯёни бемуруввати таърих аз роҳи риё ба номи адолат бар зердастонашон изҳори муҳаббат мекарданд, Худоро шоҳид мегирифтанд, бо китобу каламоти муқаддас савганд ёд мекарданд. Аммо ҳадафи аслии онон ҳамоно бандагии зеҳни мардум будааст.

Ин бешарафони таърих, аз ҳар тариқе ваъда медоданд, ки дилсӯзтарин раҳбар дар ҳаққи раъоёи худ мешаванд. Бо вожаҳои муқаддас ва ширину поки инсонӣ мардуми бечораву зудбоварро саросар аҳмақ мекарданд. Худкомагони таърих касоне буданд, ҳамеша бо ақоиди неки инсонӣ бозӣ мекарданд ва бо тамоми вуҷуд шаъну шарафи инсониятро ба мазоҳ мегирифтанд.

Таърих мегӯяд, ки он ҷо, ки худкомагон ҳокиманд, ҳақиқат барои мардум ошкор нахоҳад буд. Мардум бо ин ки зулму ситами ҳокимони худкомаро аз наздик “ламс” мекарданд, валекин ҳаргиз қасди аз байн бардоштани режими онҳоро надоштанд, зеро ноогоҳу зудбовар буданд.

в) Худхоҳиву асири нафси хеш. Худкомагон ҳаргиз сер намешаванд ва нафсашон аждаҳои бедор аст. Ҳар чӣ доранд, барояшон боз ҳам кам аст. Шиъорҳои адолату ҳақиқат, гуфторҳо аз дину мазҳаб, қиссаҳо аз имону шараф фақат василаҳои таъмини иштиҳои нафсу ҳавопарастиҳои ин зӯргӯёни таърих будаанд.

Суннати худкомагон ин будааст, ки он чи ки барои худ ва наздиконашон меписандиданд, барои бечорагон дареғ медоштанд ва он чиро барои худ намеписандиданд, бар ҳамаи мардум шоиста медонистанд!

Решаҳои ҷоҳталабии ҳамаи худкомагони таърих дар хоки хостаҳояшон пинҳонанд.

Дар қадим низ хостаҳои худкомагони таърих болотар аз ҳамаи арзишҳои дину қавонини буданд. Худкомагони таърих ва бастагонашон ба қонун эҳтиёҷ надоштанд, чун хешро сояи Худо дар рӯи замин мепиндоштанд. Ҳамаи онон бидуни қонун зиндагӣ мекарданд ва худ ҷабборони рӯзгор буданд, ки аз роҳи зӯриву қонуншиканӣ ҳаққу ҳақиқатро ба ҳадди нобудӣ поймол мекарданд. Қонуни давлати онон бар суди дороён ва зиёнаш бар нодорону бенавоён будааст.

г) Такаббур ва ғурур. Ҳамаи худкомагони таърих мутакаббиру мағрур буданд. Имрӯз ҳам мебинем, ки худкомагон мубталои бемории худбузургбинианд. Худҳоҳону мағрурони таърих бар он гумон буданд, ки фазилаташон бартар аз ҳамаи дигарон аст. Мутакаббирони рӯзгорон мехостанд, касе болотар аз эшон набошад ва тамомии қавм, аз пиру ҷавон то зану мард фармонбардорашон бишаванд. Мутакаббирони таърих, намехостанд бипазиранд, ки такаббур сарчашмаи ҳамаи гуноҳон аст. (ишора ба ҳадиси Паёмбари ислом (С).

д) Тарс ва ҳарос. Тарс амири қалби худкомагон аст. Худкомагон тарсуёнеанд, ки бар хиёнатҳои хеш либоси шӯҷоъат пӯшонидаанд. Онон ҳатто ба наздиктарин афроди худ низ ба шакк менигаранд, чун ҳисси ҳарос рӯҳи онҳоро тасхир кардааст. Рӯҳи худкомагон ғуломи тарс аст. Ба ин хотир аст, ки онон баъд аз ташкили аморати худ содиқтарин дӯстонашонро душмани хеш мепиндоштанд ва аз роҳи ноҷавонмардӣ ононро аз миён бармедоштанд.

Ҳикмати таърих бар он дорад, ки худкомагон ба ҳар навъе ки буданд, тарсутарин душмани мардони шуҷоъои рӯзгори хеш буданд. Ҳокимони худкома ҳамаи онҳоеро, ки бо қасди ислоҳи ҷомеъа даст ба барандохтани режими мустабид мезаданд, «куфр», «фосиду фасодкор» ва «рунуд авбош» (ба истилоҳи имрӯз — «экстрмист») меномиданд ва аз ин тариқ нафрати мардуми ноогоҳро алайҳи шуҷоъони таърих бармеангехтанд. Ҳам акнун медонем, ки хуни ҳазорон диловарони гумноми миллат дар хоки сарзамини падарон аҷин аст.

Пӯшида нест, ҳамаи худкомагони таърих ба хотири бақои ҳукумат ва таъмини арши худ, даст ба ношоистатарин аъмол мезаданд. Талошашон бар ин будааст, ки ҳукумати мутлақи худро бар хуни бечорагон мустаҳкам кунанд. Онон ҳозир буданд ҳамаи мардумонашонро ба рагбор бизананд, фақат ин ки лаҷоми қудраташон аз дасташон хориҷ нашавад. Онон ҳозир буданд ва ҳастанд мадюни ғосибони бегона шаванд то мардумонашонро қурбонии хостаҳояшон кунанд….

е) Бераҳмӣ. Ҳамаи худкомагони таърих ҷабборони таъриханд ва онон ҷинояткороне буданд, ки баҳри бароварда кардани аҳдофашон бераҳмиҳои бадтар аз даррандагонро аз худ буруз медоданд. Куллии худкомагон қотилони зиндагии ҳазорон мардумони бегуноҳанд. Саранҷоми ҷангҳо (ба номи «ғазовот», «ҷанги мазоҳиб» ва ғ.) ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигаре набуд. Вуҷуди ҳокимони ситамгару ношоиста ва арбоби ғайри мардумӣ боис шуда, ки тамаддунҳои номдоре аз байн рафтаанд. Куллии ситамгарон палидони таъриханд.

Аз он рӯзе бояд битарсид, ки зимоми давлат ва сарнавишти миллат ба дасти худкомагон ва афроди бераҳм бияфтад. Вақте, ки ҳодии миллат худкомаву фосид аст, чӣ гуна метавонад мардумро наҷоту растгорӣ бахшад?

Миллате, ки аз вуҷуди масъулону коргузорони лоиқ ва мураббиёни озмудаву арзанда маҳрум аст, дар воқеъ, аз бадбахтарин миллатҳои дунёанд.

Дар китоби осмонӣ омадааст:

— Худо чунон нест, ки бар онҳо ситам кунад, вале онон чунон буданд, ки ба хештан ситам мекарданд. (Сураи Анкабут, ояи 40).

Дар ҳақиқат, миллате, ки огоҳ нест, бандаи тафаккури бардагӣ мешавад. Мардум аст, ба нодонӣ худро мазлум месозад. Худ мардум аст, ки зулму золимро халқ мекунад. Бояд бидонад, ки дар ҷомеъа як фард худ ба худ наметавонад табдил ба мустабиди мутлақ шавад.

Пазируфтани ин ҳақиқат, ки гузаштагон таслими тарсу хурофот ва асири ҷодуву дурӯғ буданд, бисёр сахт аст. Падарони мо бандагони тафаккури бардагӣ буданд ва бар суханони худкомагони вақт бовар доштанд ва ҳамин боварҳои кӯр-кӯронаашон боис мешуд, ки золимонро бо таҷлил бар маснад биншонанд.

Гузаштагони мо роҳгумкардагоне буданд, ки хешро ба иллати ноогоҳӣ ба чоҳи азоб меафканданд. Онон думболи озодӣ набуданд, балки ғуломиро беҳтар аз озодманишӣ медонистанд. Бад-ин сабаб, ҷавр бар ҷони хеш мекарданд ва бахти фарзандонашонро зоеъ мешуданд.

Дар гузашта, мисли имрӯз, мазлумон дифоъ аз ҳамдигар намекарданд ва даст ба дасти якдигар намедоданд то аз ранҷу озори ҳокимони диктатуру худкома ва низоми мустабидашон халосӣ ёбанд. Мардум ба ғалат, раҳоиро аз истибдоди ҳокимони мустабид мисли як “шафқати осмонӣ” аз Худованд интизор буданд. Вокунишашон бар зулми золимон ағлаб бо зикри дуъо тамом мешуд….

Тафаккури бардагӣ ҷону рӯҳи ҷомеъаи худкомагист. Онҳое, ки саъодати ҷомеъро мехоҳанд, бояд бидонанд, ки аслитарин душмани озодиву саъодат, на худкомагони рӯзгор, балки худ мардум аст, ки аз сари ноогоҳӣ қудратро ба худкомагони хеш ҳадия додааст!

Ҳам акнун пазируфтани ин ҳақиқат бисёр сахт аст. Мо ҳам меросхӯрони бандагони тафаккури бардагием, хоставу нохоста, фаҳмидаву нафаҳмида дар ҷомеъа фақри фикриву фарҳангиро ҳоким мекунем.

Огоҳ бояд шуд, чун фақри фикрӣ — модари обистани ҷомеъаест, ки дар батни хеш диктаторонро мекашонад!

* * *

Манбаъ:

Худкомагон палидони таъриханд. // Наҷот, 2014, 25 декабр, рӯзи сешанбе, (№ 52 (822).

Худкомагон палидони таъриханд. // Written by Administrator. www. Kemyaesaadat. Saturday, 27 December, 2014 04:27



Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: