Хиради сунъӣ

Пурсиш: Бе шак, ақлу хирад дар такомули инсон аз қадим нақши муҳимро бозӣ кардааст. Ва бисёр аз донишандон бар ин назаранд, ки инсон аз дигар пистондорон фақат бо ақлу донишаш фарқ мекунад. Ҳоло дар садаи 21, ки асри фанноварист, падидаҳое ба монанди “Хиради сунъӣ” пайдо шуда истодаанд. Яъне қаблан агар 1 одам барои омӯзиши 1 забони хориҷӣ солҳо заҳмат мекашид, алъон роботҳое ҳастанд, ки то 20 забонро дар як замон медонанд ва дар дигар илмҳо ҳам аз инсон ба маротиб таъсиргузоранд. Оё фалсафа барои “Хиради сунъӣ” ягон тавзеҳе дорад? Агар замоне бирасад ва ба воситаи илми генетик ё IT инсон фанноварии сунъиро дар худ истифода барад, магар дастдарозӣ ба қонуни табиат нест? Оё рақобатҳои носолим дар инҷо мафҳуми инсонро зери суол намебарад?

Vatandor Vatan

* * *

Посух: Ба номи Худо. Аввалан, беҳтар аст номи ин корро на “дастдарозӣ ба қонуни табиат”, балки кашфи қонунҳои табиат бо ақлу хиради худододӣ ва истихдоми он қонунҳо дар ҷиҳати манофеи худ биномем.

Тавзеҳ он ки: аз замоне, ки инсон тавонист абзору олот бисозад, дар табиат дахлу тасарруф кардааст. Масалан, бо ихтироъи абзори кишоварзӣ, тавонист гандум бикорад ва ба миқдоре, ки мехост, кишт ва бардошт бикунад. Ин худаш як навъ “дастдарозӣ ба табиат” (ба таъбири шумо) ҳисоб мешуд, чун ба сурати табиӣ, гандум хеле камтар мерӯяд то аз тариқи кишту кор ба абзори олоти кишоварзӣ. Баъд, дар давраҳои дигар тавонист гиёҳонро ба истилоҳ пайванд (гибрид) бизанад. Ва ҳамин гуна дар заминаҳои дигар низ дар табиат дахлу тасарруф кардан гирифт.

Ва ё масалан, инсони аввалия бо аспу хару уштур ба ин ҷо ё он ҷо сафар мекард, аммо бо гузашти замон ақлу хиради худро ба кор баст ва мошин ва ҳавопаймо ва соири васоили нақлия сохт, ва ҳоло имрӯза масалан роботҳо месозад. Ва хулоса ақлу хиради худро ба кор мебандад ва бо ихтироъи ин васила ва он абзор, манфиати худро таъмин мекунад.

Бинобар ин, фарқи текнулужии имрӯз бо дирӯз фақат дар густараи маълумот ва тасарруфоти инсон аст, на дар асли тасарруф дар табиат. Дар тамоми ин маворид дар воқеъ инсон тавонист қавонини табиатро ҳар чи бештар кашф намояд ва бо истифода аз он қонунҳо, табиатро дар хидмати манофеи худаш ба кор гирад.

Дар мавриди ба истилоҳ “хиради сунъӣ“ низ масъала аз ҳамин қарор аст. Ва аз назари фалсафӣ, ин падида фақат ба феълият расидани истеъдоди бештари инсон ба шумор меравад. Зеро аз назари фалсафӣ, инсон дорои истеъдоди бениҳоят мебошад, чи дар ҷиҳати мусбат ва чи дар ҷиҳати манфӣ. Яъне инсон билқувва ин истеъдодро дорад, ки тамоми қавонини ҳастиро кашф намояд, на танҳо қавонини табиатро. Вақте ки қонунеро кашф кард, метавонад онро дар ҷиҳати мусбат ба кор гирад ва ё метавонад онро дар ҷиҳати манфӣ ба кор бандад.

Танҳо фарқи масъала дар он аст, ки агар ин қавонинро дар ҷиҳати мусбат ба кор гирад, аз назари ахлоқӣ сазовори таҳсин аст, ва агар дар ҷиҳати манфӣ ба кор бандад (масалан, бомби атом бисозад), аз назари ахлоқӣ сазовори тақбеҳ аст.

Саломат бошед



Рубрики:Посух ба пурсишҳо

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: