Омилҳои “намешавад” гуфтанҳо чист?

Пурсиш: Негативизм чист? Оё манфигароӣ метавонад садди роҳи пешрафт гардад? Борҳо ба дӯсту рафиқонам дар Тоҷикистон маслиҳату пешниҳодҳое додам, вале дар бисёр ҳолатҳо ҷавоби “намешавад”-ро гирифтам. Баъдан, ба хулосае омадам, ки шояд мо тоҷикон гирифтори ин бало ҳастем. Аслан, сабаби пайдоиши Негативизм дар афкори инсон дар чист? Фикру ақидаи шумо дар ин маврид чист?

Vatandor Vatan

* * *

Посух: Ба номи Худо. Негативизм яъне манфинигарӣ аст, ки онро суизанн ва бадбинӣ низ мехонанд. Бадбинӣ ва манфигароӣ ҳама чизро тираву торик ҷилва медиҳад.

Ҳол, чун суоли шумо бештар нозир бар “намешавад” гуфтанҳост, иҷоза бифармоед, дар ин навиштор дар бораи ҳамин масъала нукотеро арз кунам.

Ба назари банда, сабабҳо ва омилҳои ин “намешавад” гуфтанҳо иборатанд аз:

а) Худкамбинӣ ва ё уқдаи ҳақорат. Яъне худро ҳечу пуч донистан. Ин “намешавад” гуфтани дӯстони шумо дар баробари пешниҳодҳоятон, бештар ношӣ аз ҳамин хислати нописанд аст. Онҳо ба худашон бовар надоранд. Дар зеҳни онҳо ин пиндор чира шуда ва ғалаба пайдо карда, ки мо ҳечем, пучем, як миллати нотавон ва заъифем, наметавонем, гузаштагони мо низ наметавонистанд. Ва чи басо гумон кунанд, ки мо тоҷикҳо женамон мушкил дорад, модарони мо фарзандони дурусту ҳисобӣ назойида ва намезоянд, Худованд моро миллате нотавон ва заъиф офарида…

Вагарна, инсоне, ки эътимод ба нафс дошта ва худашро касе бидонад ва ҳақир нашуморад, дар қомуси вай вожаи “намешавад” аслан вуҷуд надорад.

Ҳоло ҷо дорад ба ин нукта ишора кунам, ки яке аз сабабҳои муҳимми пайдо шудани ин уқдаи ҳақорат ва худкамбинӣ назди шумори қобили таваҷҷӯҳе аз тоҷикҳо ин аст, ки аксари олимон ва рӯшанфикрони тоҷик дар 100 соли ахир, бештар ба сиёҳ кардани гузаштаи мо тоҷикҳо ва ин ки мо то омадани русҳо ҳечу пуч будем, пардохтаанд. Ҳоло ҳам ба як ранги дигар ҳамон корҳо дар ҳоли такрор шудан аст. Ҷойи русҳоро ҳоло ғарбиҳо мегиранд.

Ин талқинҳо дар эҷоди худкамбинӣ хеле асаргузор буданд ва ҳастанд. Банда намегӯям, торих ва гузаштаи мо ҳама идеол буда, вале ҳамаи сафаҳоти он сиёҳу торик ҳам набуд. Чаро аз сафаҳоти дурахшони он чизе нагӯем? Чаро таъкиди мо рӯйи сафаҳоти дурахшони торихамон набошад? Чаро мудом авзоъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва иқтисодии сарзаминамон то замони “ташриф” овардани русҳоро торику сиёҳ нишон диҳем? Як идда аз ин ба ном рӯшанфикрҳо, ки бо ислом мушкил доранд ва аз шунидани номи ислом олержӣ мегиранд, барои расидан ба як ҳадафи комилан шахсӣ ё гурӯҳӣ, ба сиёҳ кардани тамоми торихи 1400-солаи сарзаминамон камар бастаанд, ки ҳама торику сиёҳ ва зулумот андар зулумот будааст.

Имрӯза дар ҷаҳон миллатҳое ҳастанд, ки бо ин ки торихе надоранд, вале барои он ки ба мардумони худ ва ба хусус насли имрӯзиашон нишон бидиҳанд, ки “касе” будаанд ва ба онҳо руҳия бибахшанд, барои худ торихи дурӯғин месозанд, қаҳрамонҳои дурӯғин ҷаъл мекунанд, пирӯзиҳои дурӯғин мебофанд аз тариқи таълифи китобҳо, сохтани филмҳо ва ғайра… Аммо мо, ки як торихи дурахшони воқеӣ дорем, ба ҷойи барҷаста кардани онҳо, ба сиёҳ ва торик нишон додани он камар бастаем.

* * *

б) Яке дигар аз асбоб ва авомили ин “намешавад” гуфтанҳо, ин кӯтаҳназарӣ аст, яъне дурро нигоҳ накардан ва фақат ба фикри худ будан аст. Ба ин маъно, ки вақте ба як тоҷик пешниҳод бикунед, ки биё масалан бо ҳам рӯйи як тарҳе кор бикунем (ҳоло, чӣ як тарҳи сиёсӣ бошад, ё тарҳи иҷтимоӣ ё иқтисодӣ ва ё фарҳангӣ), ки самара ва натиҷаи он 20 сол ё 50 соли дигар таҳаққуқ меёбад ва ману ту шояд онро набинем, балки насли оянда бибинанд, розӣ намешавем. Мехоҳем, ҳар тарҳе, ки қарор аст иҷроӣ шавад, худамон ба чашмони худ бибинем. Ин як кӯтаҳназарӣ ва худхоҳӣ аст. Вақте ба ӯ бигӯед, хуб ин тарҳ ба ин осонӣ ва зудӣ муҳаққақ намешавад, бояд хеле рӯяш кор кунем ва чунин нест, ки яке дурӯза таҳаққуқ ёбад, ба шумо мегӯяд, пас “намешавад”! Якчунин дидгоҳ бояд ислоҳ шавад.

* * *

в) Яке дигар аз авомили он ин муҳит аст, мисли бархӯрдҳои хашин ё табъизомез ва сахтгириҳои волидайн нисбат ба фарзандон ва ё фишорҳои тоқатфарсои ҳукумат ва дастгоҳҳои ҳукуматӣ. Инҳо боис мешаванд, инсон манфинигар шавад.

* * *

г) Ҷаҳолат ва нодонӣ ва бесаводӣ. Дар араб як масал аст ва маъруф ҳам ҳаст, ки мегӯяд:

الناس أعداء ما جهلوا

Яъне, “мардум душмани чизе ҳастанд, ки ба он нодонанд”. Инсон вақте ба матлабе огоҳ нест, вақте онро намедонад, ба сурати худкор душмани он мегардад, манфинигар мешавад. Ва баръакс, ба ҳар мизон, ки шинохти одамӣ комилтар ва амиқтар шавад, нигариши ӯ ба пиромун ва ҷаҳон мусбат ва воқеъбинонатар мегардад.

* * *

д) Яке дигар аз авомил ва асбоби “намешавад” гуфтан, ин бардошт ва тафсири нодуруст ва бисёр ғалат аз масъалаи “сарнавишт” ва “қазо ва қадар” аст, ки албатта бештар дар миёни динбоварон дида мешавад. Ин омил дар эҷоди адами эътимод ба нафс, бисёр муассир аст. Фикр мекунем, агар мо “наметавонем”, иллаташ ба дасти мо нест, балки Худованд дар пешонии мо навишта, ки “наметаванистаем”. Агар вазъамон хароб аст, Худо бароямон чунин сарнавиштеро рақам зада будааст. Ва ин дар ҳолест, ки асосан бар мабнои “қазо ва қадари илоҳӣ”, тағйири сарнавишт ба дасти худи мо инсонҳост. Бояд он тасаввури ғалат тасҳеҳ ва ислоҳ бишавад. Банда дар як мақола ба тафсил дар ин бора баҳс кардаам ва аз назари ислом ин масъаларо баррасӣ намудаам. (Посухи пурсише дар бораи қазо ва қадари илоҳӣ)

* * *

Ба ҳамин миқдор иктифо мекунам, ҳарчанд сухан дар ин мавзӯъ бисёр аст.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ахлоқи зишт, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: