Қуръон ва масъалаи худшиносӣ ва Худошиносӣ

Маҳмудхон Бурҳонов

Бе ягон шакку тардид метавон гуфт, ки дар ин мавзӯъ Қуръони Карим болотарин ва охирин сухани мумкинро гуфтааст, ки на пеш аз он ва на пас аз он, ҳеч мактаб ва ё дине ба ин зебоӣ ва зарофат натавониста онро баён кунад.

Дар Қуръон ояте ҳаст, ки ба ояти “Зарр” маъруф аст. Дар ин оят нуктаи аҷибе дар боби худшиносӣ ҳаст, ки мефармояд:

وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ قَالُواْ بَلَى شَهِدْنَا أَن تَقُولُواْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّا كُنَّا عَنْ هَذَا غَافِلِينَ

Ва ҳангоме ки парвардигорат аз пушти фарзандони Одам зуррияи ононро баргирифт ва эшонро бар худашон гувоҳ сохт, ки оё ман парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Бале, гувоҳӣ додем. То мабодо рӯзи қиёмат бигӯед, мо аз ин ғофил будем”. (Сураи Аъроф, ояти 172)

Қуръони Карим мегӯяд: Худованд худи башарро ба худашон гувоҳ гирифт, худашонро ба худашон нишон дод, яъне гуфт, худатро бибин. Ҳамин ки башар худашро дид, Худо гуфт: Оё ман парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Бале.

Қуръон намегӯяд, Худо худашро ба башар нишон дод ва баъд гуфт, оё ман парвардигори шумо нестам? Балки мегӯяд, башарро ба худи башар нишон дод ва баъд гуфт: Оё ман парвардигори шумо нестам?

Чаро чунин гуфт? Чӣ муносибате байни онҳо вуҷуд дорад? Ин монанди он аст, ки ба касе гуфта шавад, он ойинаро нигоҳ кун, ӯ дар ойина нигоҳ кунад ва сурати рафиқашро бибинад.

Ин қадр Худо ба инсон наздик аст! Ин қадр худшиносӣ ва Худошиносӣ бо якдигар омехтааст. Мегӯяд, ту худатро бибинӣ, манро дидаӣ, худатро бишносӣ, маро шинохтаӣ. Ҷумлаи:

من عرف نفسه فقد عرف ربه

Ҳар кас худашро бишносад, Худоро шинохтааст” — аз ҷумлаҳои маъруф аст, қабл аз ислом ҳам ин ҷумла гуфта шудааст, Суқрот ҳам онро гуфтааст, дар Ҳинд ҳам хелеҳо онро гуфтаанд. Вале ҳеч кас ба зебоии Қуръон онро баён накардааст. Дар суханони ҳазрати Расули Акрам (Салавотуллоҳ алайҳи ва олиҳӣ ва саллам!) низ он омадааст, ҳазрати Алӣ (алайҳис салом) ҳам аз ин таъбирот зиёд дар калимоташ ҳаст. Вале ба ин зебоӣ ва ҷаззобият, ки дар ин ояти рамзомези Қуръон омада, касе баён накардааст. Бо он забони рамзомези Қуръони Карим, ки инсонро ба шавқу шаъаф дармеоварад, ки гуфта: Башарро ба башар нишон дод ва гуфт, худатро бибин! Ҳамин ки худашро дид, Худо фармуд: Манро хуб мебинӣ?

Ин сухан инсонро ба ҳаяҷону рақс дармеоварад. Намегӯяд, ҳар кас худашро бишносад, Худоро мешиносад. Яъне дуто маърифат қоил намешавад; яке маърифати худат, дигарӣ маърифати Худо. Чунин нест, ки бигӯяд, аввал худатро бишнос, то баъд аз он мунтақил бишавӣ ба маърифати Худо. Ин қадр ин ду маърифат ба ҳам наздиканд, ки агар инро бибинӣ, онро ҳам дидаӣ.

Дигарон дуто маърифат дар канори ҳам қарор додаанд, вале Қуръони Карим ба як таъбир мегӯяд, ҳамон маърифати нафс кофист. Агар маърифати нафс бошад, маърифати Худо ҳам ҳаст. Ин қадр маърифати нафс бо маърифати Худо якест! Мисли нигоҳ кардан ба ойина аст. Дар айни ин ки ойина ғайр аз сурате аст, ки дар он аст, аммо агар ойинаро бибинӣ, наметавонӣ суратро даруни он набинӣ.

Дар ояти дигаре Қуръони Карим мефармояд:

وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنسَاهُمْ أَنفُسَهُمْ أُوْلَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ

Ва ҳамонанди касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд, пас ӯ ононро дучори худфаромӯшӣ кард, онон ҳамон нофармононанд”. (Сураи Ҳашр, ояти 19)

Чаро натиҷаи фаромӯш кардани Худо, худфаромӯшӣ аст? Чӣ таносубе байни Худофаромӯшӣ бо худфаромӯшӣ аст? Чаро нагуфт, агар Худоро фаромӯш кардед, Худо ҳам шуморо фаромӯш мекунад, то байни он ду таносуб бошад?

Сирраш он аст, ки фаромӯшии худ баробар аст бо фаромӯшии Худо; зеро шинохти худ баробар аст бо шинохти Худо. Чунин нест, ки вақте инсон Худоро фаромӯш намояд, Худо ҳам коре мекунад, ки баъд аз он инсон худашро фаромӯш кунад. Ин як фармони қарордодӣ нест, балки як қонуни ҳастист. Яъне вақте аввалӣ омад, дуввумӣ ҳам ба таври худкор омадааст. Ҳамон гуна ки вақте инсон худашро шинохт, худ ба худ Худоро ҳам шинохт, яъне як илм бо ду маълум ва як шинохт бо ду шиносо, на ду шинохт ва ду илм. Ин ду оят сароҳатан ба мо мерасонад, ки маърифати Худо ва Худошиносӣ, як амри фитрист, ки инсон ҳангоми хилқат бо он ошно шудааст. Ҳамин ки инсон худро шинохт, Худоро ҳам шинохт. Агар худшиносӣ як амри фитрист, пас Худошиносӣ ҳам як амри фитрист. Чун ин ду аз ҳам ҷудо нестанд. Вақте яке бошад, дуввумӣ ҳам худ ба худ ҳаст; ҳамон тавре ки вақте яке рафт, дуввумӣ ҳам рафтааст.

Қуръони Карим ин ҳақиқатро дар ҷойи дигар ба сурати сареҳ баён доштааст, мефармояд:

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

Пас рӯйи худро бо гароиши тамом ба ҳақ, ба сӯи ин дин кун; бо ҳамон сириште, ки Худо мардумро бар он сириштааст. Офариниши Худо тағйирпазир нест. Ин аст ҳамон дини пойдор, вале бештари мардум намедонанд”. (Сураи Рум, ояти 30)

Ин ҳақоиқро дар ҳеч кадом аз динҳои пешин наметавон ёфт. Инҳо ҳеч шабоҳате бо масоиле надорад, ки дар ин мавзӯъ дар Тавроту Инҷил омадааст, чӣ бирасад ба динҳои дигар. На танҳо шабоҳат надорад, балки чӣ басо комилан мухолиф бо онҳост.

* * *

(Баргирифта аз китоби “Шинохт”, таълифи Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Реклама


Рубрики:Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ, Қуръони Карим

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: