Фалсафа ва равиши реализм (64)

Пайдоиши касрат дар идрокот (19)

Арзиши мантиқии таҳлил ва таркиби тасдиқот (3)

Ҳақиқат ин аст, ки инкори “аҳкоми бадеҳии аввалӣ” мусталзими шакк дар ҳама чиз аст, ҳатто шакк дар худи шакк. Ва ҳадди фосили фалсафа ва мантиқ бо суфастоигарӣ, ҳамин аст.

Дар ин ҷо бе муносибат нест, ки гуфтори Фелисин Шолеро — ки пайрави мантиқ ва фалсафаи таҷрибӣ аст ва махсусан таҳти таъсири шадиди маслаки вазъӣ ва зоҳирии Огуст Кант аст — роҷеъ ба ин матлаб нақл ва интиқод кунем. Вай дар “Методология” фасли “Равиши улуми физикӣ ва шимиёӣ” мегӯяд:

Истиқроъ иборат аст аз истидлоле, ки дар он зеҳн бо иттико ба таҷриба, аз маърифат ба ҳоли ҷузъиёт, ба қонун даст меёбад. Яъне вақте фарзияе дар натиҷаи тавофуқи он бо тамоми умури мушоҳида ва озмоишшуда муҳаққақ гашт, бидуни ин ки дахолат ва фаъолияти ақлонии дигаре лозим бошад, он фарзия мубаддал ба “қонун” мешавад. Матлаби муҳимми фалсафӣ, ки дар бораи истиқроъ падид меояд ин аст, ки чунин истидлоле бо қонунҳои ақл созгор ҳаст ё на? Агар ҳаст, ба чӣ далел аст ва асоси қонунӣ будани он чист? Албатта, барои қиёс (ё истинтоҷ) чунин ишкол ва матлабе пеш намеояд, барои ин ки зеҳн ҳамеша ҳақ дорад аз усуле, ки қаблан вазъ ва қабул кардааст, натоиҷе, ки мантиқан зарурӣ аст берун бикашад. Вале истиқроъ, ки мубтанӣ бар таҷриба аст, ба чӣ ҳақ аз ҳудуди таҷрибӣ таҷовуз мекунад ва ҳукмеро, ки дар бораи муҷарработ содиқ аст, дар бораи вақойеъе, ки ҳанӯз таҷриба накардааст, таъмим медиҳад? Яъне мушоҳидот ва озмоишҳои мо, ки дар макон ва замони муайяне анҷом мегирад, чӣ гуна боис мешавад, ки мо қонуне умумӣ барои тамоми замонҳо ва маконҳо вазъ кунем? Ва чӣ гуна метавонем яқин кунем, ки умури маҷҳули бешумори дигар монанди умури маъдуде аст, ки мо таҷриба кардаем? Мабҳаси мушкил роҷеъ ба асоси истиқроъ иборат аз ин масоил аст. Маъмулан дар ин ки истиқроъ бар асли яксон ва муттаҳидушшакл будани табиат мубтанӣ аст, байни донишмандон тавофуқ ҳосил аст. Яъне агар табиат ҳамеша як ҷараёнро бипаймояд, кофӣ аст, ки мо дар як замон ва макони муайяне байни ҳаводис робитае мулоҳиза кунем ва аз он ҷо пай бибарем, ки ин робита ҳамеша ва дар ҳама ҷо барқарор хоҳад буд. Вале мушкил ҳама ин ҷост, ки чӣ гуна мумкин аст, мо яқин дошта бошем, ки табиат ҳамеша як ҷараёнро ба наҳви муттаҳидушшакл тай мекунад? Фалсафаи таҷрибӣ, ки қоил аст ба ин ки тамоми афкори мо дар натиҷаи таҷриба ҳосил мешавад, асли муттаҳидушшакл будани табиатро ҳам ба василаи таҷриба тавҷеҳ карда мегӯяд: танҳо амре, ки ба башар собит кардааст, ки табиат ҷараёни муттаҳидушшаклеро сайр мекунад, таҷриба аст. Ва файласуфи англисӣ Ҷон Стюарт Мил дар китоби мантиқи худ ин назарияро таъйид карда. Ва марҷаи бурҳони ӯ дар ин боб “асли иллияти умумӣ” аст, ки иллати муайян ҳамеша мӯҷиби маълули муайян мешавад. Ва ин қонуни иллияти умумӣ, амре нест, ки хирад қабл аз таҷриба ба он пай бурда бошад ва аз усули фикр ба шумор биравад. Зеро мантиқан номумкин нест, ки ҳаводис аз рӯйи тасодуф ва иттифоқ ҳосил шавад. Он чӣ боиси эътиқоди башар ба ин матлаб шуда ҳамон таҷриба аст, ки инсон ба василаи он дарёфтааст, ки ҳамеша иллати муайян мӯҷиби маълули муайян мешавад лоғайр. Пас, ин асли иллияти умумӣ, ки Ҷон Стюарт Мил мабнои истиқроъ медонад, худ дар натиҷаи истиқроъ ва таъмими мулоҳизоте, ки аз роҳи озмоиш ҳосил мешавад, ба даст омадааст. Вале дар ин ҷо набояд тасаввур кард, ки дар ин баёни мо даври ботил вуҷуд дорад. (Чун мабнои истиқроъ асли иллият, ва ин асл натиҷаи истиқроъ шумурда шудааст.) Зеро мақсуд аз истиқрое, ки мабнои ин асл аст, истиқрои оммиёна ва сатҳӣ мебошад, дар сурате ки мақсуд аз истиқрои дуввум истиқрои илмӣ аст. Чунонки медонем, инсони оммӣ ва кӯдак ва ҳатто ҳайвон ҳам интизор доранд, ки агар амре як бор мӯҷиби амре дигар шуд, ҳамеша чунин бишавад…”

Посухе, ки Фелисин Шоле аз ишколи “давр” медиҳад, посухест бемаъно ва дур аз мабонии ақлӣ ва илмӣ. Зеро аввалан, ин суол пеш меояд, ки истиқрои сатҳӣ чӣ гуна мунҷар ба ҳукми куллӣ мешавад? Ва оё зеҳн дар истиқрои сатҳӣ — ва ҳатто зеҳни кӯдак ва ҳайвон, ки аз ҷузъӣ ба куллӣ мегарояд — газоф ва бидуни милок аст ё милоке дар кор ҳаст? Агар газоф аст, пас асли иллият ҳам газоф аст ва ҳеч арзиши мантиқӣ надорад ва тамоми қонунҳои таҷрибӣ ҳам, ки бар рӯйи як ҳамчу асли беарзише бино шудааст, беарзиш аст. Ва агар милок дорад, пас метавон гуфт, ки кӯдак ва ҳатто ҳайвон ҳам асли куллии иллиятро билфитра дарк мекунанд.

Ҳақиқат ин аст, ки он чӣ кӯдак ва ҳайвон интизор дорад аз вуқӯи ҳодисае баъд аз ҳодисаи дигаре, ки як бор мӯҷиби он шудааст, бо он чӣ инсон аз асли иллият дарк мекунад, ба куллӣ мутафовит аст. Он чӣ инсон бо нерӯи оқила дарк мекунад, яке имтинои судфа (маҳол будани кори иттифоқӣ) ва яке зарурати тараттуби маълул бар иллат ва имтинои тахаллуфи он аст. Ва ҳамоно асли “зарурат” ва “ҷабри иллӣ ва маълулӣ” аст, ки ба улум интизом ва истеҳком ва қонуният дода ва онҳоро ба сурати қонунҳои қатъӣ даровардааст. Ва аммо он чӣ кӯдак ва ҳайвон интизори онро доранд, сирфан вуқӯи ҳодисае аст ба дунболи ҳодисае, ки як бори дигар мушобеҳи онро дидааст. Ва ин интизор як навъ сабқи зеҳнӣ аст, ки арзиши мантиқӣ надорад ва барои азҳони басита аз қабили зеҳни инсони оммӣ ва кӯдак ва ҳайвон даст медиҳад ва аз қувваи “тадоъии маъонӣ” сарчашма мегирад ва ба истилоҳ, аз навъи интиқол аз ҷузъӣ ба ҷузъии дигар аст. Ва зеҳн ҳар андоза, ки баситтар ва нерӯи оқила заъифтар бошад, сабқи зеҳн дар ин маврид, ки ба истилоҳи мантиқ “тамсил” хонда мешавад, бештар аст. Ва ҳар андоза, ки оқила нерӯмандтар бишавад, зеҳн аз тамсил, ки интиқол аз ҷузъӣ ба ҷузъӣ аст, бештар сарфи назар мекунад ва ба “қиёс”, ки аз аҳкоми куллӣ ва зарурӣ ва доим сарчашма мегирад, мегарояд. Ва ба иборати дигар, зеҳн дар оғоз қудрати тамйизи мантиқӣ надорад ва аҳкоме, ки содир мекунад, ҳам ҷузъӣ аст ва ҳам сатҳӣ. Ва аз ин рӯ, дар мутлақи мавориде, ки байни ду маънӣ “тадоъӣ” барқарор шуд, зеҳн сибқат меҷӯяд ва ҳукм мекунад, вале ҳамин ки оқила нерӯманд ва зеҳн бо воҷид шудани усули куллӣ ва бадеҳиёти аввалия қавӣ ва ғанӣ шуд, аҳкоми худро тибқи усуле содир мекунад, ки ҷанбаи мантиқӣ дошта бошад ва бо воқеъ ва нафсуламр мутобиқат кунад. Ва аз ин рӯ, зеҳн пас аз он ки аз усули ақлӣ қавӣ шуд, аз сабқи зеҳнҳое, ки ба воситаи тадоъии маъонӣ дар зеҳни инсони оммӣ ва кӯдак ва ҳайвон сурат мегирад, ки гоҳе бо воқеъ мутобиқат дорад ва гоҳе надорад — ва ғолибан мутобиқат надорад — ҷилавгирӣ мекунад. Асоси назарияи Ҷон Стюарт Мил, ки дар зимни гуфтори Фелисин Шоле ба он ишора шуда ин аст, ки мабнои аслии амали зеҳн дар тафаккур ва истидлол, на интиқол аз куллӣ ба ҷузъӣ аст (қиёс) ва на интиқол аз ҷузъӣ ба куллӣ (истиқроъ), балки интиқол аз ҷузъӣ ба ҷузъии дигар аст (тамсил). Ва ин интиқол ба василаи “тадоъии маъонӣ” сурат мегирад ва шояд аввалин касе, ки ин ақидаро изҳор карда Ҳюм (1711-1776) аст.

Вале аз он чӣ дар поварақиҳои қаблӣ ва аз он чӣ дар боло гузашт, маълум шуд, ки аввалан “ҳукм” ғайр аз тадоъии маъонӣ аст, ва иллатҳо ва мабодии ҳукм низ ғайр аз иллатҳо ва мабодии тадоъии маъонӣ аст. Ва сониян, тадоъии маъонӣ гоҳе мабно ва иллати сабқи зеҳн дар ҳукме воқеъ мешавад, вале ин сабқи зеҳнҳо арзиши мантиқӣ ва нафсуламрӣ надорад ва бештар барои азҳони басита мисли инсони оммӣ ва кӯдак ва ҳайвон даст медиҳад. Ва ҳар андоза зеҳн дорои усули ақлонӣ ва мантиқи саҳеҳ ва қудрати пешбиниҳои мутобиқ бо воқеъ бишавад, бештар ҷилави сабқи зеҳнҳои мубтанӣ бар тадоъии маъониро мегирад. Пас, мабнои аслии интиқолоти илмӣ ва саҳеҳи башар “тадоъии маъонӣ” нест ва натиҷатан асл дар истидлолоти мантиқӣ “тамсил” нест.

Маълум нест, чаро Фелисин Шоле ва соири тарафдорони фалсафаи таҷрибӣ, аз “лузуми давр” парҳез доранд? Ва чӣ чизе мӯҷиб шудааст, ки онон даврро ботил ва мумтанеъ бишносанд? Оё бутлони даврро низ аз роҳи истиқроъ тавҷеҳ мекунанд?! Истиқроъ ва мушоҳида ва озмоиш фақат дар бораи умури айнӣ маъқул аст, аммо маъдумот ва мумтанеъот, ки қобили мушоҳида ва озмоиши амалӣ нест.

Аз он чӣ то кунун гуфта шуд, маълум шуд, ки:

1. Инсон дар зеҳни худ аҳком ва тасдиқоти бадеҳии аввалӣ дорад;

2. Он бадеҳиёт арзиши яқинӣ доранд;

3. Зеҳн бо иттико ба он бадеҳиёт, метавонад аз ҳукми куллӣ ба ҳукми ҷузъӣ бирасад;

4. Мабнои аслии интиқолот ва истидлолоти фикрӣ на аз ҷузъӣ ба куллӣ ва на аз ҷузъӣ ба ҷузъии дигар аст, балки аз куллӣ ба ҷузъӣ аст;

5. Зеҳн дар улуми табиӣ ва таҷрибӣ, аз ҳукми ҷузъӣ ба ҳукми куллӣ суъуд мекунад ва ин суъуд бо кӯмаки аҳкоми бадеҳии аввалӣ ва қоъидаҳои муттакӣ ба онҳо сурат мегирад;

6. Иллати ғайри яқинӣ будани порае аз масоили улуми табиӣ, нуқсони озмоиш аст;

7. Аз лиҳози фанни мантиқ ва ба даст овардани “миқёсҳои фикр”, таҷриба миқёси дараҷаи дуввум аст ва миқёси дараҷаи аввал як силсила усули ақлонӣ аст, ки миқёс будани таҷриба низ ба василаи он миқёсҳо барои зеҳн собит аст.

Дар хотимаи ин мабҳас он ҷумлаеро, ки дар муқаддимаи ин мақола гуфтем, бори дигар такрор мекунем: Мо ҳарчанд дар зеҳни худ тасаввурҳои муқаддам бар тасаввурҳои ҳиссӣ надорем, вале тасдиқҳои муқаддам бар тасдиқҳои таҷрибӣ дорем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: