Шарҳи Маснавӣ (178)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (4)

* * *

Сифати аҷниҳаи туюри уқули илоҳӣ

* * *

Мавлоно дар ин фасл ба ихтисор баён медорад, ки саргузашти ҳубути парандаи руҳ ба қафаси колбади одамӣ, шабеҳи моҷарои он тӯтии қафаснишин аст. Ҳамон тавр ки тӯтӣ дар қафаси бозаргон бетобӣ менамуд ва дар садади халосии худ такопӯ мекард, парандаи руҳи соликон низ ҳар лаҳза барои хуруҷ аз қафас бетобӣ мекунад. Ҳамон тавр ки он тӯтӣ бо мурда намудани худ аз қафас раҳид, роҳи раҳоӣ аз қафаси колбад низ марги ихтиёрӣ аст ва таҳаққуқи:

مُوتُوا قَبْلَ أَنْ تَمُوتُوا

Пеш аз он ки бимиред, бимиред”.

* * *

Қиссаи тӯтии ҷон з-ин сон бувад,

Ку касе, к-ӯ маҳрами мурғон бувад?

Достони тӯтии ҷон низ назири моҷарои тӯтии бозаргон аст, ки дар қафас орзуи халосӣ ва парвоз дошт. Парандаи ҷон низ дар орзуи раҳидан аз қафаси колбад ва уруҷ ба оламҳои болост. Вале куҷост касе, ки маҳрами парандагони арш (анбиё ва авлиё) бошад ва барои дарки рози ҳақиқат қобилият ва истеъдод ҳосил кунад?

Нукта: Ташбеҳи ҷон ва руҳи инсонӣ ба анвоъи мурғ аз қабили тӯтӣ, шаҳбоз, товус, кабӯтар, мубтанӣ бар ин ақида аст, ки ҷон ҷавҳарест муҷаррад, ки ба сабаби амри илоҳӣ ё барои феълият ва тафсили улуми худ, ки билқувва ва иҷмолӣ аст, ба бадан таъаллуқ гирифтааст. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.627)

Ку яке мурғе, заъифе, бегуноҳ

В-андаруни ӯ Сулаймон бо сипоҳ?

Куҷост он парандае, ки ҷисман нотавон аст ва муртакиби гуноҳон низ намешавад? Дар колбади заъифи ӯ Сулаймони ҳақиқат бо ҳамаи сипоҳиёнаш ҷой гирифтааст.

Нукта: Байти фавқ васфи инсони комил аст. “Мурғи заъиф” ва дар айни ҳол “бегуноҳ”, тамсили инсони комил аст; аз он рӯ, ки бар ҳасби ҷисмонӣ ва колбади унсурӣ, заъиф ва ночиз аст, ё дар чашми зоҳирбинон ҳақир меояд, аммо бар ҳасби руҳӣ, басе нерӯманд ва воломақом аст. Инсони комил маъосӣ ва гуноҳон муртакиб намешавад ва ҳамвора мағлуб ва мақҳури тасарруфоти илоҳӣ аст. Бад-ин сон ҳақиқат бо ақсоми таҷаллиёташ, дар дили ӯ мақом мегирад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.502)

Чун бинолад зор бе шукру гила,

Афтад андар ҳафт гардун ғулғула.

Ҳамин ки он парандаи ба зоҳир ҳақир ва кучак (инсони комил) ба нолаву ниёиш пардозад, на аз рӯйи сипос ва на аз рӯйи шикоят, дар ҳафт осмон ғулғула меафтад.

Нукта: Дуои инсони комил қотеъ ва муассир аст, чун ӯ ба қазо ризо додааст. На аз балое гила мекунад ва на ҳамчун савдогарон танҳо ба гоҳи хушӣ ва неъмат сипос мегӯяд. Пас, муҳаррики ӯ дар дуо на ҷалби манфиат аст ва на дафъи зарар, зеро ӯ ошиқи Мунъим аст, на неъмат; бар хилофи онон, ки Худоро барои ҷалби суд ва дафъи зиён мехоҳанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.503)

Ҳар дамаш сад нома сад пайк аз Худо,

Ё Рабе з-ӯ, шаст лаббайк аз Худо.

Аз ҷониби Худованд дамодам ба назди ӯ сад нома ва сад пайк мерасад. Ӯ як “Ё Рабб” мегӯяд ва дар иваз, аз ҷониби Худо шаст бор “лаббайк” ба ӯ мерасад.

Заллати ӯ беҳ зи тоат назди Ҳақ,

Пеши куфраш ҷумла имонҳо халақ.

Хато ва лағзиши ошиқ дар назди Худо, аз тоати дигарон беҳтар аст ва дар баробари куфраш имони аҳли зоҳир кӯҳна ва беарзиш аст.

Заллат: Лағзиш. Халақ: Кӯҳна.

Нукта: Ин байт мубтанӣ аст бар қоъидаи

حسنات الابرار سيئات المقرّبين

Яъне “Он чӣ барои некон некӣ маҳсуб мешавад, барои муқаррабони даргоҳ гуноҳ шумурда мешавад”. Тарки авлои муқаррабон, ба маънои нодида гирифтани амри иршодӣ аст, на адами имтисоли амри мавлавӣ. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.503)

Ҳар даме ӯро яке меъроҷи хос,

Бар сари тоҷаш ниҳад сад тоҷи хос.

Ошиқи содиқ ҳар лаҳза меъроҷи хоссе дорад, ки ҳаргиз аз мушоҳидаи илоҳӣ холӣ нест. Ва Худованд бар тоҷи ошиқ тоҷҳои бешумор аз тоҷҳои хосси худ биниҳад. Яъне бар камолоти ӯ меафзояд.

Нукта: Меъроҷ дар луғат ба маънои нардбон ва василаи уруҷ аст. Ва дар истилоҳи эътиқодӣ, уруҷи ҳазрати Паёмбар (с) бо колбади мубораки худ аз Макка ба сӯйи Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас ва аз он ҷо ба сӯйи осмонҳо то охирин мартибаи қурби илоҳӣ аст. Аммо дар ин байт мурод аз он, мутлақи пайвастагӣ ва иттисоли руҳонӣ ба ҳазрати Ҳақ аст. Ва ин навъ меъроҷ барои авлиё ва ҳар шахси муҳаззаб ва ворастае муяссар аст; чунонки ҳадиси

الصلوة معراج المؤمن

Намоз меъроҷи мӯъмин аст” ба ин ҳақиқат тасреҳ дорад. Аммо меъроҷи Набӣ (с) мавзӯи ҷудогонае аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.503)

Сураташ бар хоку ҷон бар ломакон,

Ломаконе фавқи ваҳми соликон.

Колбади маҳсуси он ошиқи ориф рӯйи замини хокӣ аст, дар ҳоле ки руҳаш ба олами ғайб муттасил аст; ҳамон олами ғайбе, ки аз ваҳму гумони соликони мубтадӣ бартар ва болотар омадааст.

Ломаконе на, ки дар фаҳм оядат,

Ҳар даме дар вай хиёле зоядат.

Олами ғайбе, ки дар байти пешин мутазаккир шудам, он гуна олами ғайб нест, ки ба ҳитаи пиндор ва дарки ту дарояд ва ҳар лаҳза дар бораи он хиёле дар ту падид ояд.

Нукта: Баъзе аз соддаандешон хиёл мекунанд, ки ломакон ҳам билохира барои худ маконе аст, ҳол он ки ломакон иборат аст аз олами илоҳӣ ё олами ғайб, ки бартар аз макон аст. Ин аст, ки Мавлоно барои дафъи ин таваҳҳум тавзеҳ медиҳад, ки мақсуд аз ломакон маконе масалан фавқи фалаки нӯҳум нест, чунонки бархе аз авомуннос чунин пиндоштаанд, балки мақсуд аз ломакон ин аст, ки Худованд бартар аз ҳар макон ва муҳитест ва дар айни ҳол, ҳеч маконе ҳам аз ӯ холӣ нест. Ва ба қавли ҳазрати Алӣ (а) дар хутбаи аввали Наҳҷул-балоға, “маъияти ҳазрати Ҳақ бо ашё аз синхи муқорана ё мумозаҷа нест, ва ғайрияти ӯ аз ашё низ аз роҳи музояла ва ҷудоӣ нест”. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.505) Ҷони валии комил низ дар ҳамаҷо мутаҷаллӣ аст ва бар ҷамиъи маконҳо иҳота дорад.

Бал макону ломакон дар ҳукми ӯ,

Ҳамчу дар ҳукми биҳиште чор ҷӯ.

Балки макону ломакон дар таҳти фармони ӯ қарор дорад; ҳамчунонки чаҳор рӯди ҷорӣ дар биҳишт, ки биҳиштиёнро сероб мекунад, комилан таҳти тасарруф ва фармони авлиёуллоҳ қарор дорад.

Нукта: “Чор ҷӯ” чаҳор наҳри ҷорӣ дар биҳишт аст, ки васфи он дар қисмате аз ояти 15 сураи Муҳаммад (с) омадааст:

فِيهَا أَنْهَارٌ مِّن مَّاء غَيْرِ آسِنٍ وَأَنْهَارٌ مِن لَّبَنٍ لَّمْ يَتَغَيَّرْ طَعْمُهُ وَأَنْهَارٌ مِّنْ خَمْرٍ لَّذَّةٍ لِّلشَّارِبِينَ وَأَنْهَارٌ مِّنْ عَسَلٍ مُّصَفًّى

Дар боғҳои биҳишт ҷӯйборе зулол ва гуворо ва ҷӯйборе аз шире, ки маззаш дигаргун нашавад ва ҷӯйборе аз бодае, ки барои нӯшандагон лаззате аст ва ҷӯйборе аз ангубини ноб… ҷорӣ аст…”

Устод Фурӯзонфар гӯяд: “Ва аммо ташбеҳи ҷони авлиё ба биҳиштиён, ки чор ҷӯйи биҳишт дар ҳукми (тасарруфи) онҳост, зоҳиран ба муносибати он аст, ки Табарӣ дар бораи ҷӯйи оби биҳиштӣ нақл мекунад, ки он, худ ба худ ба даҳони биҳиштиён мерасад ва тобеъи иродаи онҳост. Ва ё он ки биҳиштӣ мухтор аст, ки аз ҳар як ҷӯй, ки хоҳад бинӯшад, зеро онҳо барои биҳиштӣ офарида шудаанд”. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.237)

Шарҳи ин кӯтаҳ куну рух з-ин битоб,

Дам мазан, “валлоҳу аълам бис-савоб”.

Шарҳи ин парандагони бӯстони илоҳиро кӯтоҳ кун ва аз ин матлаб даргузар. Хамӯш бошу дам мазан, ки Худованд ба ростӣ ва дурустӣ донотар аст.

Бозмегардем мо, эй дӯстон!

Сӯйи мурғу тоҷиру Ҳиндустон.

Эй дӯстон! Дубора бозмегардем ба нақли ҳикояти тӯтӣ ва бозаргон ва сафари ӯ ба Ҳиндустон.

Марди бозаргон пазируфт ин паём,

К-ӯ расонад сӯйи ҷинс аз вай салом.

Марди бозаргон ин пайғомро аз тӯтии худ пазируфт ва қавл дод, ки саломи ӯро ба ҳамнавъонаш бирасонад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: