Шарҳи Маснавӣ (179)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (5)

* * *

Дидани хоҷа тӯтиёни Ҳиндустонро дар дашт ва пайғом расонидан аз он тӯтӣ (1)

* * *

Чунки то ақсои Ҳиндустон расид,

Дар биёбон тӯтии чанде бидид.

Вақте ки бозаргон ба дуртарин нуқтаи Ҳиндустон расид, дар биёбон чанд тӯтиро дид.

Ақсо: Дуртар, дуртарин нуқта.

Маркаб истонид, пас овоз дод,

Он салому он амонат боздод.

Бозаргон дар ҳамон ҷо, ки тӯтиён ҷамъ шуда буданд, маркабашро мутваққиф кард ва тӯтиёнро садо зад ва салому пайғоми он тӯтиии қафаснишинро ба онон расонид.

Тӯтие, з-он тӯтиён ларзид бас,

Уфтоду мурду бугсасташ нафас.

Ногаҳон яке аз он тӯтиён сахт ларзид ва бар замин афтод ва нафасаш банд омад ва ҷон супурд.

Шуд пушаймон хоҷа аз гуфти хабар, 

Гуфт: Рафтам дар ҳалоки ҷонвар.

Бозаргон аз расондани пайғоми тӯтӣ пушаймон шуд ва аз ин ки паёми он тӯтиро барои тӯтиёни Ҳиндустон бозгӯ кард пушаймонӣ изҳор кард ва бо худ худ гуфт: Ҳайф, ки боиси марги ин ҳайвон шудам!

Ин магар хеш аст бо он тӯтияк?

Ин магар ду ҷисм буду руҳ як?

Бозаргон, ки гумон карда буд он тӯтӣ воқеан мурдааст, боз пеши худ гуфт: Аҷабо! Магар ин тӯтӣ бо он тӯтӣ, ки дар қафаси ман аст, хешовандӣ дорад? Магар ин ду тӯтӣ як руҳ дар ду колбад ҳастанд?

Ин чаро кардам? Чаро додам паём?

Сӯхтам бечораро з-он гуфти хом.

Бозаргон бо таъассуф идома дод: Охир, чаро ин корро кардам?! Чаро аз он тӯтӣ барои ин тӯтӣ паём овардам?! Ман бо ин сухани нопухтае, ки гуфтам, ҷони азизи ӯро табоҳ кардам ва ҳаёти ӯро ба оташ кашидам. (Аз ин ҷо Мавлоно ба мавзӯи газанди забон ва зарарҳои суханони нораво мунтақил мешавад ва мефармояд:)

Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст

В-он чӣ биҷҳад аз забон, чун оташ аст.

Забони одамӣ дар масал ба сангу оҳан монад ва ҳар сухане, ки аз забони беъинон содир шавад, оташбор аст.

Нукта: Ҳамон тавр ки бар асари тасодуми санги чақмоқ ва оҳан ахгар тавлид мешавад, аз ҳаракати забон ва такаллуми ашхоси адабнаомӯхта низ фитна ва ғавғо падид ояд.

Сангу оҳанро мазан барҳам газоф

Гаҳ зи рӯйи нақлу гаҳ аз рӯйи лоф.

Пас эй гӯянда! Сангу оҳанро беҳуда барҳам мазан. Яъне забонатро беҳуда гоҳе ба сурати нақли шунидаҳо ё аз раҳи лофзанӣ такон мадеҳ.

З-он ки торик асту ҳар сӯ панбазор,

Дар миёни панба чун бошад шарор?

Зеро ин олам ба панбазоре торик монад. Ва инак андеша кун, ки агар шарораи оташе ба ин панбазор афтад, чӣ иттифоқе рух медиҳад? Мусалламан ҳама ҷоро ба оташ мекашад. (Ҳамин тавр суханони фитнаангез ҷаҳонеро ба коми ҷангу ситез андар месозад.)

Золим он қавме, ки чашмон дӯхтанд,

З-он суханҳо оламеро сӯхтанд.

Ситамгаранд он касоне, ки чашм барҳам мениҳанд ва ҷаҳонеро бо суханони оташангези худ месӯзонанд.

Оламеро як сухан вайрон кунад,

Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

Як сухани фитнаангез ҷаҳонеро ба вайронӣ дармекашад ва рӯбоҳони нотавонро ба шерон табдил мекунад. Яъне худъагарони заъифуннафс ва буздил, ки шаҳомати ҳамроҳӣ бо ҳақиқатро надоранд, дар сояи суханони фитнангез ҷоне мегиранд ва қудратнамоӣ мекунанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: