Оё ҳақ ва адолат дар ҷаҳон ҳумфармост ё зулм ва ботил?

Ин пурсиш ба назарам барои ҳар як аз мо матраҳ аст, ки оё дар ҷаҳон ҳақ, ростӣ, адолат ва дурустӣ ҳумфармост ё ботил, дурӯғ ва ситам? Бисёреҳо — бо таваҷҷӯҳ ба рафтор ва кирдори ағлаби фармонравоён, подшоҳон ва ҳукком аз замонҳои дур то ба имрӯз – чи басо ин гумон бар эшон чира шавад, ки дар ҷаҳон ҳамеша ботил, зулм ва дурӯғ ҳукмфармо будааст.

Оё воқеият ҳамин аст ё чизе дигар? Қуръони Карим зимни як ояти кӯтоҳ, масали зебое дар ин замина задааст. Асосан, масалҳои Қуръон ҳама беназиранд, вале масале, ки ин китоби осмонӣ дар матлаби мавриди назар зада, воқеан аҷиб аст, ба ҳадде ки агар Қуръони Карим танҳо аз ҳамин як оят иборат мебуд, кофӣ буд инсон ҳукм ба мӯъҷиза будани он бикунад. Мефармояд:

أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَسَالَتْ أَوْدِيَةٌ بِقَدَرِهَا فَاحْتَمَلَ السَّيْلُ زَبَدًا رَابِيًا وَمِمَّا يُوقِدُونَ عَلَيْهِ فِي النَّارِ ابْتِغَاءَ حِلْيَةٍ أَوْ مَتَاعٍ زَبَدٌ مِثْلُهُ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ الْحَقَّ وَالْبَاطِلَ فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاءً وَأَمَّا مَا يَنْفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الْأَرْضِ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ الْأَمْثَالَ.

Худованд аз осмон обе фурӯ фиристод ва рӯдҳо ҳар кадом ба андозаи гунҷоиши худ об баргирифта ва ҷорӣ шудаанд, он гоҳ сел каферо бар рӯйи худ бардошт… Худованд ҳаққу ботилро ин гуна масал мезанад. Ва аммо каф ба каноре меравад ва нобуд мешавад, вале он чӣ ба мардум суд мерасонад, дар замин боқӣ хоҳад монд. Худованд масалҳоро ин гуна баён медорад”. (Сураи Раъд, ояти 17)

Дар ин ояти шарифа ҳақ ба об (“он чӣ ба мардум суд мерасонад”) ташбеҳ шуда ва каф ба ботил. Муфассирон дар бораи ин оят баҳсҳои фаровоне кардаанд. Ҳол, хулосаи онро (бо истифода аз тафсири Алмизон) биёварам:

1. Ботил бар нерӯи ҳақ савор аст:

فَاحْتَمَلَ السَّيْلُ زَبَدًا رَابِيًا

Яъне, каф рӯйи обро мегирад ва мепӯшонад, ба тавре ки агар як одам нигоҳ кунад, танҳо кафи хурӯшонеро мебинад, ки дар ҳаракат аст ва таваҷҷӯҳе ба об, ки зери ин кафҳост намекунад. Дар ҳоле ки ин об аст, ки чунин хурӯшон ҳаракат мекунад, на каф. Вале чун кафҳо рӯйи обро гирифтаанд, чашми зоҳирбин, ки ба умқи воқеият нуфуз надорад, танҳо кафро мебинад.

Ботил низ чунин аст, ки бар нерӯи ҳақ савор мешавад ва рӯйи онро мепӯшонад, ба тавре ки агар касе зоҳири ҷомеаро бибинад ва ба аъмоқи он назар наандозад, ҳамон афроди чашмпуркунро мебинад. Масалан, агар баргардем ба миёнаҳои хилофати Умавиён, аввалин касе, ки чашмамон ба ӯ меафтад, Язид аст, ки як одами айёш, бетадбир ва лоуболӣ буд ва мумкин аст фикр кунем, ки ҳамаи мардум ҳамон тавр будаанд. Дар сурате ки агар ҳамаи мардум мисли ӯ буданд ва моҳияти язидӣ доштанд, маҳол буд ҷомеаи исломӣ боқӣ бимонад. Чун Язид мазҳари зулм, ситам, айёшӣ, бетадбирӣ, шаҳватронӣ ва нопокӣ буд. Оё агар ҳамон вақт, мо мерафтем ба тамоми шаҳрҳо ва рустоҳои хилофати исломӣ, ҳар чӣ медидем, Язид буд? Яъне ҳамаи мардумро бо руҳия ва сифатҳои Язид медидем? Яъне ҳама ба ҳамдигар ситам мекарданд, дурӯғ мегуфтанд, айёш буданд? Ҳама ба ҳамдигар хиёнат мекарданд? Ҳама беиффатӣ мекарданд, бетақво буданд?

Ҳаргиз ин тавр набуда. Язид ба баракати амонатдорӣ, дурустӣ ва росткории мардумон зиндагӣ мекард. Ҳоло агар ҳазор нафар ҳам мисли Язид будаанд, ин набояд меъёри мо бошад, ки шарр бар хайр ғалаба доштааст.

Он чизе, ки мо мебинем, ҳамон “زَبَدًا رَابِيًا” (кафҳои рӯйи об) аст, ки ба чашм меояд, вале вақте инсон вориди матни ҷомеа мешавад ва касонеро, ки асосан ба чашм намеоянд ва дар воқеъ ҷомеаро онҳо мечархонанд мебинад, онҳоро ҳамроҳ бо ҳаққу ростиву садоқат меёбад. Он кишоварзоне, ки доиман талош мекунанд ва заҳмат мекашанд, оё дар вуҷуди инҳо шарр бар хайр ғалаба дорад? Ҳаргиз. Ағлаби инҳо бар он фитрати поки исломӣ ва инсонии худашон боқӣ ҳастанд.

Пас, аксарияти ҷомеаро инсонҳое ташкил медиҳанд, ки салоҳи онҳо бар фасодашон ғалаба дорад. Агар ҳам аҳёнан фасоде дар онҳо ҳаст, фасоди ношӣ аз ҷаҳл аст, аз қусур аст.

Ба ин тартиб, ҳақ ва низоми ҳақ асил аст ва мисли об дар зер ҷараён дорад ва ҷомеаро ба пеш мебарад, аммо ботилҳо бар рӯйи он қарор мегиранд ва намуд пайдо мекунанд.

* * *

2. Туфайлӣ будани ботил:

Нуктаи дигаре, ки аз ин масали қуръонӣ истифода мешавад ин аст, ки ботил ба туфайли ҳақ пайдо мешавад ва бо нерӯи ҳақ ҳаракат мекунад. Яъне нерӯ азони худаш нест, нерӯ асолатан азони ҳақ аст ва ботил бо нерӯи ҳақ ҳаракат мекунад.

Кафе, ки рӯйи об ҳаст, ин нерӯи каф нест, ки ӯро ҳаракат медиҳад, ин нерӯи об аст, ки ӯро ҳаракат медиҳад. Фиръавне агар пайдо мешавад ва он ҳама корҳои ботил мекунад, он нерӯи иҷтимоиро Фиръавн ба вуҷуд наёварда ва моҳияти воқеии он нерӯ фиръавнӣ нест ва ҷомеа дар батни худаш моҳияти фиръавнӣ надорад. Боз ҳам Мӯсост, боз ҳам имон аст, боз ҳам маънавият аст, вале Фиръавн ва ё ҳар фиъавнсифате бар рӯйи ин нерӯ савор шудааст.

Мо дар торих фармонравоёни золим, ситамгар, диктотур ва хуношом андак надорем амсоли Искандару Чингизу Темуру Ҳитлеру Истолину ғайра, ки аз қазо баъзе аз инҳо дар замони худ тавонистаанд бар чаҳоряки кураи замин истило пайдо кунанд. Инон, ки вақте хостанд сарзаминеро ишғол кунанд, ба сипоҳиёни худ, ки дар воқеъ мардуми оддӣ буданд, нагуфтанд, ки мо ботил ҳастем, балки гуфтанд, мо ҳаққем ва агар фалон сарзаминро ишғол кардем, барои ин будааст, ки масалан барои мардумони он озодиро ба армуғон оварем, саодатро барояшон биёварем, хушбахтиро биёварем. Хуб, сипоҳиёни онҳо воқеан бовар мекарданд, ки онҳо барои ҳақ меҷанганд, на ин ки бидонад барои ботил меҷанганд. Буш, ки дар ибтидои қарни 21 ба Афғонистон ва сипас ба Ироқ ҳамла кард, мардуми Омрико ва артишаш воқеан гумон мекарданд, ки барои афғонҳо ва ироқиҳо озодӣ мебахшанд ва онҳоро аз асорат раҳо мекунанд.

Хулоса, ботил нерӯи ҳақро ба хидмат гирифта ва мегирад. Ин нерӯи ҳақ аст, ки диктотурҳо аз он истифода мекунанд. Қуръон мегӯяд, вақте ки сел ҷараён пайдо кард, он ки ҳаракат мекунад ва нерӯ дорад ва ҳар чиро дар баробараш қарор гирад мебарад, об аст, аммо шумо кафро мебинед, ки ҳаракат мекунад. Агар об набуд, каф як қадам ҳам наметавонист биравад. Вале ба иллати ин ки об ҳаст, рӯйи об савор мешавад, аз нерӯи об истифода мекунад. Ҳамеша дар дунё ботил аз нерӯи ҳақ истифода мекунад.

Масалан ростӣ ҳақ ва дурӯғ ботил аст. Агар дар олам ростӣ вуҷуд надошта бошад, дурӯғ наметавонад вуҷуд дошта бошад, яъне агар дар дунё як нафар вуҷуд надошта бошад, ки рост бигӯяд ва ҳамаи мардум дурӯғ бигӯянд (падар ба писар, писар ба падар, зан ба шавҳар, шавҳар ба зан, рафиқ ба рафиқ, шарик ба шарик), дурӯғ наметавонад кори худро анҷом диҳад. Зеро ҳеч кас бовар намекунад. Ва ба қавли Мавлоно:

Кай дурӯғе қимат орад бе зи рост?

Дар ду олам ҳар дурӯғ аз рост хост.

Ростро дид ӯ ривоҷеву фурӯғ,

Бар умеди он равон кард ӯ дурӯғ.

Зулм ҳам ҳамин аст. Агар адле дар дунё вуҷуд надошта бошад, имкон надорад зулм вуҷуд дошта бошад. Агар ҳеч кас ба дигарӣ эътимод накунад ва ҳама бихоҳанд аз якдигар бидузданд, он вақт золимтарин ашхос ҳам наметавонад чизе бидузданд, зеро ӯ ҳам аз виҷдон, шараф, эътимод ва итминоне, ки мардум ба якдигар доранд ва риояти инсофу бародарию баробариро мекунанд, суистифода мекунад. Чун инҳо ҳастанд, ки асоси ҷомеаро ҳифз мекунанд. Ӯ дар канори инҳо метавонад дуздияшро бикунад.

Агар шумо расонаҳои мухталифи дунёро бибинед, дар ҳеч як аз ин расонаҳо намебинед, ки исми зӯргӯеро бибарад, ё бигӯяд мо мехоҳем зулм кунем ё манофеи кишварҳои дигарро бидуздем ва ғорат кунем, балки ҳама дам аз сулҳ мезананд, дам аз озодӣ мезананд, дам аз ҳуқуқи башар мезананд, дар сурате ки аксар ва шояд ҳамаи онҳо дурӯғ мегӯянд. Яъне онҳо мехоҳанд дар паноҳи ин алфоз зиндагӣ кунанд, дар паноҳи озодӣ озодиро мекушанд, чунон ки гуфтаанд: “Эй озодӣ, ба номи ту дар дунё чӣ ҷиноятҳо, ки нашуд!

Ин аст маънои тағзияи ботил аз ҳақ. Диктотурҳо нерӯи ботили худро аз нерӯи ҳақ мегиранд, вагарна аз худашон нерӯе надоранд.

Устод Мутаҳҳарӣ достонеро дар китобаш нақл кардааст, ки хеле зебост. Мегӯяд, яке аз уламои Шероз омада буд Теҳрон. Дар мусофирхона пулҳояшро медузданд. Ӯ ҳам ҳеч касро намешинохта ва монда буда, ки чӣ бикунад. Ба фикраш мерасад, ки барои таҳияи пул, фармони ҳазрати Алӣ (а) ба Молики Аштар (ки ба ӯ тавсия мекунад ба адолат миёни мардум ҳукумат кунад)-ро рӯйи коғази аъло бо як хатти олӣ бинависад ва ба садри аъзами вақт ҳадя кунад, то ӯро иршод карда бошад ва ҳам худ аз гирифторӣ раҳо шавад.

Ин олими мӯҳтарам хеле заҳмат мекашад ва фармонро менависад ва вақт мегирад ва меравад. Садри аъзам мепурсад, ин чист? Мегӯяд, фармони Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ба Молики Аштар аст. Садри аъзам таъаммуле мекунад ва баъд машғули корҳои худаш мешавад. Ин оқо муддате менишинад ва баъд мехоҳад биравад. Садри аъзам мегӯяд на, шумо биншинед. Ин мард боз менишинад. Мардум меоянду мераванд. Вақт дер мешавад, баланд мешавад. Мегӯяд, на оқо, шумо бошед. Ҳама мераванд ғайр аз навкарҳо. Боз мехоҳад биравад. Садри аъзам мегӯяд, на, шумо биншинед, ман бо шумо кор дорам. Ба фаррош мегӯяд, дарро бибанд, ҳеч кас наояд. Ба ин олим мегӯяд, биё ҷилав. Вақте паҳлӯи ӯ нишаст, мегӯяд инро барои чӣ навиштӣ? Мегӯяд, чун шумо садри аъзам ҳастед, фикр кардам агар бихоҳам ба шумо хидмате бикунам, ҳеч чиз беҳтар аз ин намешавад, ки фармони Амирулмӯъмининро, ки дастури ҳукумат аст ва меъёрҳои исломии ҳукумат аст, барои шумо бинависам. Садри аъзам мегӯяд, биё ҷилав ва оҳиста ба гӯши он олим мегӯяд: Алӣ, ки худаш ба адолат амал кард, ҷуз шикаст чӣ натиҷае гирифт? Чӣ чизе насибаш шуд, ки ҳоло ту инро овардаӣ, ки ман амал кунам?

Он марди олим гуфт, ту чаро ин суолро ҷилави мардум аз ман напурсидӣ ва сабр кардӣ, то ҳамаи мардум рафтанд? Ҳатто навкарҳоро берун кардӣ ва манро овардӣ наздик ва оҳиста пурсидӣ? Аз чӣ касе метарсӣ? Аз ин мардум метарсӣ. Ту аз чӣ чизи мардум метарсӣ? Ғайр аз ҳамин Алӣ аст, ки дар фикри мардум таъсир карда? Алъон душмани Алӣ куҷост? Душмане, ки мисли ту амал мекард, куҷост? Пас Алӣ шикаст нахӯрда, боз ҳам имрӯз мантиқи Алӣ аст, ки тарафдор дорад, боз ҳам ҳақ пирӯз аст.

Ҳазрати Алӣ дар ин замина сухани зебое дорад. Дар як хутбаи худ мефармояд:

فَلَوْ أَنَّ اَلْبَاطِلَ خَلَصَ مِنْ مِزَاجِ اَلْحَقِّ لَمْ يَخْفَ عَلَى اَلْمُرْتَادِينَ وَلَوْ أَنَّ اَلْحَقَّ خَلَصَ مِنْ لَبْسِ اَلْبَاطِلِ اِنْقَطَعَتْ عَنْهُ أَلْسُنُ اَلْمُعَانِدِينَ وَلَكِنْ يُؤْخَذُ مِنْ هَذَا ضِغْثٌ وَمِنْ هَذَا ضِغْثٌ فَيُمْزَجَانِ فَهُنَالِكَ يَسْتَوْلِي اَلشَّيْطَانُ عَلَى أَوْلِيَائِهِ

Агар ботил ба таври ошкор чеҳра менумуд ва бо ҳақ даромехта намешуд, ҳақҷӯён онро мешинохтанд. Ва агар ҳақ аз пӯшиши ботил холис мегашт, забони душманон аз он кӯтоҳ мешуд. Аммо қисмате аз ҳақ ва қисмате аз ботилро мегиранд ва бо ҳам меомезанд, ва дар ин ҳангом аст, ки шайтон бар дӯстонаш мусаллат мегардад…”

Яъне агар ботил аз имтизоҷу омехтагӣ бо ҳақ ҷудо бошад ва бо ҳақ омехта набошад, мардум, ки дар сиришт ва фитрат ҳақҷӯ ва ҳақхоҳ ҳастанд мунҳариф намешаванд, вале нобакорон меоянд ҳақро бо ботил омехта мекунанд ва он гоҳ амр бар мардум муштабаҳ мешавад. Яъне мардум ҳақро бо ботил иштибоҳ мегиранд ва ботилро бо унвони ҳақ мехаранд. Агар ботил аз ҳақ ҷудо шавад ва бо он омехта нашавад, ҳаргиз бар мардум махфӣ ва пинҳон намемонад, чун аксарияти мардум толиби ҳақ ҳастанд, на толиби ботил.

* * *

Ғалабаи зоҳирии ботил ва пирӯзии ниҳоии ҳақ

Ботил аз диди сатҳӣ ва ҳиссӣ на диди таҳлилӣ ва таъаққулӣ, ҳаракат ва ҷавалон дорад. Масалан, як баччаро дар назар бигиред, ки дар умраш сел надида ва намедонад сел чист ва аз куҷо пайдо мешавад ва чӣ гуна меояд, ин бачча вақте селро мебинад, дарёи кафро мебинад, ки дар ҳаракат аст. Аслан ӯ хаёл мекунад, ки ҷуз каф чизе вуҷуд надорад. Яъне ғалабаи зоҳирӣ аз ботил аст, аммо дар ниҳоят ба мағлубияти он меанҷомад.

Ботил ба сурати муваққат ба сурати як ҷавалон ва ба сурати як намуд аст ва зуд ҳам аз байн меравад. Аҳодисе дорем, ки ҳукми зарбулмасалро пайдо карда, мегӯяд:

للحق دولة وللباطل جولة

Ҳақ давлати боқӣ дорад, аммо ботилро ҷавалоне аст ва як намуд аст ва зуд тамом мешавад”. Ботил аз ҳақ пайдо мешавад, ҳамон тавр ки каф аз об пайдо мешавад ва ҳамон тавр ки соя аз шахс падид меояд. Маълум аст, ки агар ҳаққе набуд, ботиле ҳам набуд, чаро ки ботил мехоҳад бо номи ҳақ ва дар сояи ҳақ ва дар партави ҳақ зиндагӣ кунад.

Ҳақ монанди обест, ки вақте масири худашро тай мекунад, дар бистари худ бо як олудагиҳое рӯ ба рӯ мешавад ва зуболаҳоеро ҳам бо худ мебарад. Баъд, ин зуболаҳоро ба ин тарафу он тараф мезанад ва дар натиҷа кафҳои касифе ба вуҷуд меояд. Ин лозимаи табиии ҳаракат ва ҷараёни об аст.

Ва чун бинои ҳастӣ бар ҳақ устувор аст, саранҷом ин ҳақ аст, ки пирӯз мешавад ва ботил расво хоҳад шуд. Ҳеч амр ва коре дар ин дунё бе ҳисобу китоб нест. Шумо бибинед, Мондило, бо он ҳама зиндону ранҷу шиканҷа, алъон чӣ ҷойгоҳ ва мақомеро дар дили мардум дорад ва ҳукмсодиркунандаҳояш аз чӣ ҷойгоҳе бархӯрдор ҳастанд? Имрӯз шумо касеро пайдо намекунед, ки аз ҳукмсодиркунандаҳои Мондило ба хубӣ ёд кунад, ҳатто фарзандонашон онҳоро нафрин мекунанд, вале дар баробари Мондило курниш ва барояш арҷ мегузоранд.



Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Наҳҷул-балоға, Омӯзаҳои қуръонӣ, Ҷомеа

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: