Мансури Ҳаллоҷ (1)

Бахши аввал

Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ сӯфии машҳури садаи севвум ва чаҳоруми ҳиҷрист. Номи ҷадди Ҳаллоҷро Муҳаммо ва кунияи худи ӯро Абӯабдуллоҳ ва Абӯмуғис навиштаанд. Зиндагӣ, андеша ва ба вижа кушта шудани Ҳаллоҷ, дар торихи тасаввуф пайваста маъракаи орои мутақобил ва ҳатто мутаноқиз будааст. Манобеъ ва сарчашмаҳо пур аз ривоятҳои афсонаомез, носозгор ва омехта ба ҳуббу буғзи муридону мункирони Ҳаллоҷанд.

Мувофиқон ва мухолифони Ҳаллоҷ на танҳо дар таҳлили афкор ва осори вай сахт рӯёрӯи ҳам қарор гирифтаанд, балки дар гузориши рӯйдодҳои ҳаёт, ба вижа ангезаҳои муҳокима ва қатли ӯ низ камтар тавофуқ нишон додаанд.

Шахсияти Ҳаллоҷ баъд аз қатл низ то асри ҳозир дар ҳолае аз печидагӣ ва ибҳом қарор дорад: аз шайёде муддаъии улуҳият то шаҳиди ишқи илоҳӣ. Шигифт он ки бар хилофи тасаввури маъмул, дар байни мункирони Ҳаллоҷ кам нестанд сӯфиёни машҳуре чун Саҳли Тустарӣ ва Ҷунайди Бағдодӣ; ҳамчунонки дар шумори ситоишгарон ё дастикам узрҷӯёни ақоиди ӯ, ба фақеҳон ва ҳакимони номдоре низ бармехӯрем.

Рӯйдодҳои ҳаёт

Ҳусайн ибни Мансур бештар ба номи падараш Мансури Ҳаллоҷ маъруф аст. Мӯътабартарин гузоришро дар бораи зиндагии Ҳаллоҷ, Хатиби Бағдодӣ аз қавли Ҳамад, фарзанди севвуми Ҳаллоҷ, ривоят карда, ки тақрибан аз ҷонибдориҳои маъмули фарзанд аз падар ба дур аст.

Ҳаллоҷ дар ҳудуди соли 244 ҳ.ҷ (858 милодӣ) дар рустои Тур дар Байзои Форс ба дунё омад. Падараш Мансур ба ҳаллоҷӣ иштиғол дошт ва дар Аҳвоз (Хузистон) ва Тустар ба ин кор мепардохт, то ин ки дар ҳудуди соли 255 ҳ.қ. бо хонаводааш ба шаҳри Восити Ироқ кӯчид. Эҳтимолан лақаби Ҳаллоҷ, ба сабаби шуғли падар, барои Ҳусайн ибни Мансур баҷо мондааст.

Навҷавонии вай дар миёни мардуми Восит, ки бештар суннии ҳанбалӣ буданд гузашт ва пеш аз 12-солагӣ ҳофизи Қуръон шуд. Дар соли 260, дар 16-солагӣ, таҳсилоти муқаддамотии худро ба поён бурд ва ба танҳоӣ ба Тустар рафт ва ба ҳалқаи муридони Саҳл ибн Абдуллоҳи Тустарӣ пайваст. Ҳаллоҷ ду сол дар ҳалқаи Саҳл буд. Ва замоне ки Саҳл — ба сабаби дифоъ аз назарияи худ дар вуҷуби доими тавба — ба Басра табъид шуд, Мансур низ ҳамроҳи устодаш ба Басра рафт. Тариқаи Саҳл зуҳди ҳамроҳ бо риёзат буд ва Ҳаллоҷ бо он ки баъдҳо ҳаргиз ба ин тариқа вафодор намонд, аммо ибодот ва муҷоҳидоти тоқатфарсои ӯ дар Басра ва баъдҳо дар Макка, мутаъассир аз таъолими Саҳл буд.

Ҳаллоҷ 18-сола буд, ки ҳалқаи Саҳли Тустариро дар Басра тарк гуфт ва ба Бағдод рафт ва 18 моҳ маҳзари Амр ибни Усмони Маккӣ, аз наздикони Ҷунайди Бағдодиро дарк кард. Сипас Ҳаллоҷ маҳфили Амрро тарк гуфт ва ба Бағдод рафт. Ӯ дар Бағдод ба ҳалқаи муридони Ҷунайд роҳ ёфт. Ҳаллоҷ дар ҳалқаи Ҷунайд бо сӯфиёни машҳуре чун Абулҳусайни Нурӣ ва Абӯбакри Шиблӣ ошноӣ ёфт.

Чанд сол баъд, Ҳаллоҷ аз Бағдод ба Тустар рафт ва ин, оғози сафарҳои таблиғии ӯ буд. Вай нахустин ҳаҷҷи худро дар 26-солагӣ ба ҷой овард. Дар ин сафар, як соли тамом дар Макка дар узлат ба сар бурд ва тамоми вақти худро ба ибодат ва рӯзадорӣ гузаронд. Дар бозгашт аз Макка, дар ҳоле ки ҷамъе сӯфии мурид ба ҳамроҳ дошт, ба Бағдод рафт ва дар мулоқоте бо Ҷунайд матолибе матраҳ намуд, ки Ҷунайд онҳоро ба шиддат инкор кард. Пас аз ин рӯйдод, Ҳаллоҷ аз Ҷунайд низ рӯй тофт ва аз тасаввуфи суннатӣ, ё ҳамон мактаби Бағдод, фосила гирифт ва барои иршоди халқ ба Тустар рафт. Дар Тустар ба ваъз ва иршод пардохт ва бо иқболе азим мувоҷеҳ шуд. Аммо аз сӯйи дигар, ҳасади ҳасудон сабаб шуд, то даъваташ дар он ҷо як сол бештар напояд.

Ҳаллоҷ панҷ сол дар Хуросон, Мовароуннаҳр, Сиҷистон ва Кирмон тараддуд кард ва дар ин байн гузори ӯ ба зодгоҳаш Форс низ афтод. Ӯ, ки дар хилоли ин саёҳатҳо ба нашри ақоид ва афкораш ва ба таъбири писараш Ҳамд, “даъват ба ҳақ” машғул буд, аз ифшои ҳувияти худ ибо дошт, чунонки дар Форс бо номи мустаъори Абӯабдуллоҳи Зоҳид зоҳир шуд.

Баъд аз он, бори дигар ба Тустар рафт ва ин бор, ба ҷуз нашри ақоид, корҳои хориқулодае ҳам аз ӯ зоҳир шуд. Ин корҳо бештар аз навъи хабар додан аз замоир ва асрори мардум буд ва ба ҳамин сабаб, барои аввалин бор, бо лақаби “Ҳаллоҷуласрор” ё ба ихтисор “Ҳаллоҷ” машҳур шуд.

Вай баъд аз муддате таваққуф дар Аҳвоз, писараш Ҳамадро ба ҷонишинӣ дар ҳалқаи муридон баҷо ниҳод ва худ ба Бағдод шитофт ва дуввумин ҳаҷчи худро дар ҳайъате сӯфиёна ва дар ҷамъи чаҳорсад мурид, аз роҳи Басра оғоз кард. Ҳаллоҷ дар ҳамин сафар аз сӯйи ҷамъе аз сӯфия муттаҳам ба соҳирӣ ва шайёдӣ шуд.

Баъд, Ҳаллоҷ бо ҳадафи даъвати ғайри мусалмонон ба афкори сӯфиёна ва сулуки роҳ ҳақ, ба танҳоӣ сафари дуввуми худро оғоз кард. Ӯ ибтидо ба Ҳиндустон рафт ва он гоҳ аз канори рӯди Синд ба Мултон ва аз он ҷо то Кашмир ва Чин пеш рафт. Дар ҳамин сафар барои бори дуввум ба Хуросон ва Мовароуннаҳр рафт. Вай дар ин сафарҳо ба нигоштани осоре ҳам муваффақ шуд.

Ҳаллоҷ дар ин саёҳатҳо, зимни фаро хондани бутпарастон ба ислом, ақоиди худро низ интишор дод. Ӯ назди ҳиндиён ба “Муғис”, байни мардуми Чин ва Туркистон ба “муқит”, дар Хуросон ба “мумайиз”, дар Бағдод ба “мусталам” ва дар Басра ба “муҳир” машҳур шуд.

Ба дунболи бозгашти Ҳаллоҷ аз ин саёҳат ба Бағдод ва касби шӯҳрате фарогир буд, ки баҳс ва ихтилофи ҷиддӣ дар бораи ақидаи ӯ оғоз шуд. Дар ҳаҷҷи севвум, ки дар ҳудуди соли 290 анҷом шуд ва ду сол бо эътикоф ба тӯл анҷомид, дар андеша ва гуфтори ӯ тағйири асосӣ падид омад.

Писараш Ҳамад дар ин бора мегӯяд, ки пас аз бозгашт аз севвумин ҳаҷ ба Бағдод, аҳволи ӯ ба куллӣ дигаргун шуд ва мардумро ба чизҳое хонд, ки ӯ аз онҳо бехабар аст.

Ҳаллоҷ дар ҳамин айём бо изҳори шатаҳиёт наздикони худро низ барошуфта буд. Ҳамад писараш мегӯяд, бархе машойихи сӯфия, аз ҷумла Шиблӣ, аз ӯ канора гирифтанд ва робитааш бо Алӣ ибни Исо, вазири аббосӣ, ки пеш аз ин тарафдори Ҳаллоҷ буд, ба кудурат анҷомид. Назди тӯдаи мардум низ ба соҳир ва маҷнун маъруф шуд, ки инҳо ҳама ба ҳабси вай ба фармони халифа анҷомид. Ақоид ва шатаҳиёти Ҳаллоҷ фақеҳони Бағдодро ҳам бар зидди ӯ барангехт. Ибни Довуди Исфаҳонӣ, фақеҳи бузург, пешгоми мухолифат бо Ҳаллоҷ шуд. Ӯ пайгир буд, то фуқаҳо ва қузоти мӯътабарро ба такфири Ҳаллоҷ ва судури фатвои қатли ӯ розӣ кунад. Саранҷом Ибни Довуд Ҳаллоҷро на ба ҷурми тасаввуф, балки ба иттиҳоми ақида ба “ҳулул” ва “иттиҳод” такфир кард ва ба қатли ӯ фатво дод. Аммо Абулаббос ибни Сурайҷ, фақеҳи саршиноси шофеӣ, на танҳо Ҳаллоҷро ба таъаббуд ва огоҳӣ аз Қуръону суннат сутуд ва аз таъйиди ин фатво рӯй бартофт, балки дар муқобили Ибни Довуд фатвои инкорӣ содир кард. Тибқи назари Ибни Сурайҷ, дар мавориде, ки зеҳн ва забони фард дучори илҳомоти мармуз аст, ва ба истилоҳ дар ваҷд ё сакр ба сар мебарад ва шатаҳиёт мегӯяд, шариат ҳукме надорад. Ба ин тартиб, Ҳаллоҷ аз муҳокимаи расмӣ ҷон ба дар бурд ва ба Тустар гурехт ва дар он ҷо, ки маркази ҳавохоҳонаш буд пинҳон шуд.

Баъдҳо ба далели иртибот бо Қаромита ва қавл ба айнулҷамъ Ҳаллоҷ муҳокима ва ҳукми қатлаш содир шуд. Саранҷом дар сешанбеи 24 зиқаъдаи соли 309 ҳ.қ (922 милодӣ), дар канори Диҷла, ҳукми қатли ӯ иҷро шуд ва ӯро ба дор овехтанд.

Дар қисмати баъдии ин мақола дар бораи андешаҳои Ҳаллоҷ баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Машоҳир, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: