Фалсафа ва равиши реализм (65)

Пайдоиши касрат дар идрокот (20)

Матни китоб:

Ва аммо дар қисми дуввум (тасдиқӣ)

Ҷойи тардид нест, ки мо маълумоти фикрӣ ва идрокоти тасдиқии бешумор дорем ва гоҳе, ки онҳоро баррасӣ менамоем, мебинем, ҳамаи онҳо аз ҳамдигар ҷудо нестанд. Яъне тавре нест, ки агар яке аз онҳоро гирифта ва ба танҳоӣ маълум фарз кунем, тавониста бошем мобақиро маҷҳул фарз намоем. Яъне ҳусули илм ба як маълум, дар пайдоиши худ ҳеч иртиботе ба вуҷуди соири маълумот надошта бошад. Ва ин сухан дар улуми бурҳонӣ аз ҳама ҷо равшантар аст. Мо ҳеч гоҳ наметавонем бисёре аз масоили ин улумро ба субут бирасонем, ҷуз ин ки пеш аз он, масоили зиёди дигареро ба субут расонда бошем.

Пас, миёни ин маълумоти тасдиқӣ як навъ робита ва бастагӣ ҳаст, ки ба таволуд ва бороварии моддӣ холӣ аз шабоҳат нест. Зеро дар ҳар ду тасдиқе, ки нисбати аслу фаръро доранд, айнан монанди падару модару фарзанд ё монанди дарахту мева, усули моддии сохтмони “фаръ” дар вуҷуди “асл” маҳфуз ва бо сурати тоза аз асли худ ҷудо гашта ва падидаи тоза мешавад. Бале, фарқе, ки ҳаст ин аст, ки пайдоиши фаръи моддӣ баста ба ҳастии асли худ мебошад, на ба бақои зиндагии вай, лекин ҳар тасдиқу фикр, ки натиҷаеро медиҳад, бақои вай дар бақои натиҷа зарур мебошад, ки агар чунончи натиҷадиҳанда аз миён биравад, аз миён рафтани натиҷа зарурӣ аст.

Пас, вуҷуди як силсила афкор ва тасдиқотеро, ки як фикр ва тасдиқ мунҳасиран тавлид мекунанд, ба вуҷуди як силсила падидаҳои моддӣ, ки муваллиди як падидаи моддӣ мебошанд, наметавон муқоиса кард. Зеро силсилаи иллатҳои ҳаводиси моддиро метавон ғайримутаноҳӣ фарз кард, ки ҳар ҳалқа аз ин силсила бо расидани навбати ҳалқаи пасин аз миён рафта ва ҷойи худро ба ҳалқаи баъдӣ бидиҳад, вале ҳар иллати тасдиқӣ ба ҳамроҳи вуҷуди маълули тасдиқии худ бояд мавҷуд буда бошад ва фарзи адами таноҳӣ дар силсилаи иллатҳои тасдиқӣ мусталзими адами ҳусули он тасдиқ мешавад. Пас, агар як маълуми тасдиқӣ фарз намоем, бояд силсилаи тасдиқии муваллидаи ӯ дар ҷойе вуқуф кунад, яъне ба тасдиқе бирасад, ки худ ба худ бе истионат ба тасдиқе дигар пайдо шуда бошад (бадеҳии аввалӣ).

Аз ин баён натиҷа гирифта мешавад:

1. Агар тасдиқе илмӣ (муқобили шакк) фарз кунем, ё худи он мафруз бадеҳӣ аст, ё мунтаҳӣ ба бадеҳӣ, ва ба иборати дигар, мо тасдиқи бадеҳӣ дорем;

2. Ҳар маълуми назарӣ (ғайри бадеҳӣ) ба воситаи таълифи бадеҳиёт ва ё назариёте, ки ба бадеҳиёт мунтаҳӣ мебошад, пайдо мешавад;

3. Улум касрате ба воситаи инқисом ба бадеҳӣ ва назарӣ доранд.

Ишколи 1

Мумкин аст ба сухани гузашта хӯрда гирифта ва бигӯянд, сайри рӯзонае, ки илм бо фарзияҳои муваққатӣ менамояд, ноқизи ин назария мебошад. Зеро ҳар риштаи илмӣ фарзияеро гирифта ва дар масири ҳамон фарзия чанде ба кунҷковӣ пардохта ва хоссиятҳоеро равшан менамояд. Ва пас аз чанде хоссиятҳои тозатар, ки бо фарзияи мавҷуд созгор нестанд, истишъор намуда ва фарзияи тоза ва васеътар ва созгортар ба ҷойи фарзияи кӯҳна нишонида ва боз ба кунҷковии худ идома медиҳад. Ва дар ин ҳол фарзияи кӯҳна аз ҷаҳони дониш сипарӣ мешавад, бо ин ки натоиҷи мусбати вай зинда ҳастанд ва зинда хоҳанд буд. Пас, аз миён рафтани иллати тасдиқ мусталзими бутлони натиҷаи вай намебошад.

Посух

Фарзияҳои илмӣ ду гуна мебошанд:

1. Фарзияе, ки пайдоиши тозаи вай кӯҳнаро ибтол ва такзиб намекунад, балки фарзияи пасин як манзараро нишон медиҳад, ки паҳновартар ва васеътар аз манзарае аст, ки фарзияи кӯҳна нишон медод. Ва дар ин сурат, фарзияи кӯҳна, ки мунтиҷи як назарияи мусбате буд аз миён нарафта, балки бо як андоми нерӯмандтаре пеш омада ва натиҷаи худро равшантар ва устувортар медиҳад;

2. Фарзияе, ки бо рӯйи кор омадани мутааххир мутақаддим роҳи нобудӣ супурда ва ботил мешавад, монанди фарзияи ҳаракати замин ё фарзияи ҳаракати фалак дар илми ҳайъат. Ва дар ин сурат, натиҷаи чунин фарзия монанди худи фарзия аз миён меравад, вале натоиҷи илмӣ, ки бо ҳиссу таҷриба ба даст омадаанд нобуд намешаванд, чунонки ирсоди мутаволия ва таҷориби мумтадди авзоъи аҷроми мутаҳаррикаро дар илми ҳайъат нигаҳдорӣ менамоянд.

Ва гузашта аз ин, дар ҳар ду қисм аз фарзия, ба таври куллӣ метавон гуфт, ки фарзи фарзия дар як илм на барои истинтоҷи илмӣ мебошад, яъне на барои ин аст, ки мо ба масоил ва назарияҳои илми номбурда доно шавем, яъне фарзияи номбурда маҷҳулеро табдил ба маълум намояд, балки барои ташхиси хатти сайр аст, ки сулуки илмии мо роҳи худро гум накунад, вагарна истинтоҷи масоил раҳини бурҳонҳои масъала ва таҷриба ва соири иллатҳои тавлиди назария мебошад, на маълули фарзия, ва ҳоли фарзия дуруст монанди ҳоли пойи собити паргор мебошад, ки бо устувор будани ӯ хатти сайри пойи мутаҳаррики паргор гирифтори беҳударавӣ ва гумроҳӣ намешавад, на ин ки нуқотеро, ки пойи мутаҳаррик дунболи ҳам мечинад, пойи собит чида бошад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: