Шарҳи Маснавӣ (180)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (6)

* * *

Дидани хоҷа тӯтиёни Ҳиндустонро дар дашт ва пайғом расонидан аз он тӯтӣ (2)

* * *

Ҷонҳо дар асл худ Исодам аст,

Як дамаш захм асту дигар марҳам аст.

Ҳамаи ҷонҳо дар асли гавҳарини худ хоссияти нафаси масеҳоиро дорад. Яъне мурдагонро зинда мекунанд ва беморонро шифо медиҳанд. Аммо вақте ҷонҳои латиф асири нафсониёт ва моддиёт шаванд, хоссияти ҳаётбахшӣ ва дармонгарии худро аз даст медиҳанд ва мӯҷиби табоҳии ҷонҳои дигар мешаванд. Ва чун ба ҳиҷоби нафсониёт дучор наоянд, ҳамчун Исо зиндагӣ диҳанд ва дармон кунанд. Ин мубтанӣ аст бар такрори ҳақиқати навъияи анбиё ва авлиё дар ҳамаи аъсор, ки мавриди эътиқоди ҷумҳури сӯфиён ва аз ҷумла Мавлоност. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.508-509)

Гар ҳиҷоб аз ҷонҳо бархостӣ,

Гуфт ҳар ҷоне Масеҳосостӣ.

Пас, ҳар гоҳ ҳиҷоби нафсонӣ аз рӯйи ҷонҳо вопас равад, сухани ҳар ҷоне Масеҳосо гардад. Яъне он сухан мурдадилонро ҳаёти тайиба бахшад ва беморони ахлоқӣ ва нафсониро дармон кунад ва мурдагони ҷаҳлро низ ба иксири илму маърифат зинда мегардонад.

Нукта: Ҳиҷоб дар луғат ба маънои парда ва пӯшиш аст, вале дар истилоҳи урафо ва сӯфия, ҳар он чизе аст, ки инсонро аз қурби илоҳӣ дур созад. (Кашшофу истилоҳотил-фунун, ҷ.1, с.276)

Ҳиҷоб бар ду навъ аст: яке, ҳиҷоби зулмонӣ ва дигар, ҳиҷоби нуронӣ. Ҳиҷоби зулмонӣ мустақиман аз куниши нафси аммора падид меояд, вале ҳиҷоби нуронӣ барои шахс зоҳиран аз нафси қудсӣ падид меояд, дар ҳоле ки бар ҳасби ботин, эҷодкунандаи он ҳиҷоб низ шайтон ва ҳавоҳои нафсонӣ аст; чунонки дар ҳадиси набавӣ омадааст: “Барои Худо бар сари роҳи солик ҳафтод ҳазор ҳиҷоби нуронӣ ва зулмонӣ қарор дорад”. (Ашиъатул-ламаъот, с.89-93)

Он чӣ ки барои солик хатарнок аст, ҳиҷобҳои нуронӣ аст ва илло ҳиҷобҳои зулмонӣ комилан шинохташуда аст ва парҳез аз он муяассартар. Вале он ҷо, ки ширку риё ба либоси тоату ибодат дармеояд ва зиштиҳои ахлоқӣ ба либоси некӯхисолӣ ҷилва мекунад, ташхиси он амре душвор аст. Аз ин рӯст, ки Имом Алӣ (а) дар муноҷоти шаъбония гӯяд:

إلهى هَبْ لى کَمالَ الْانْقِطاعِ إلَیْکَ وَأَنِرْ أَبْصارَ قُلُوبِنا بِضیاءِ نَظَرِها إِلَیْکَ حَتّى تَخْرِقَ أَبْصارُ الْقُلُوبِ حُجُبَ النُّورِ

Маъбудо! Маро ба камоли густастагӣ аз халқ ва пайвастагӣ ба худ бирасон ва дидаи қалби моро бо фурӯғе, ки ба он туро мушоҳида кунанд равшан фармо, то дидаи дили мо ҳиҷобҳои нурониро бардорад…”

Абӯнасри Форобӣ дар “Фусусул-ҳикам”-и худ гӯяд: “Ҳамоно туро ҳиҷобест аз ту, чӣ расад ба либоси ту, ки бадан аст, пас, бикӯш ҳиҷобро аз миён баргирӣ!” (Ба нақл аз: Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.509)

Мавлоно роҳи бартараф кардани ин ҳиҷобҳоро нишон додааст: “Ва рафъи ин ҳуҷуб (ҳиҷобҳо) мумкин нашавад илло ба муҷоҳидати бисёр. Ва муҷоҳидаҳо ба анвоъ аст. Аъзами муҷоҳидот омехтан аст бо ёроне, ки рӯй ба Ҳақ овардаанд ва аз ин олам эъроз кардаанд…” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.234)

Шамс низ гӯяд: “Ҳамаи ҳиҷобҳо як ҳиҷоб аст. Ҷуз он яке, ҳеч ҳиҷобе нест. Он ҳиҷоб ин “вуҷуд” аст…” (Мақолоти Шамси Табрезӣ, с.103)

Гар сухан хоҳӣ, ки гӯйӣ чун шакар,

Сабр кун аз ҳирсу ин ҳалво мах(в)ар.

Эй гӯянда! Агар мехоҳӣ сухане ширин ва дилнишин ҳамчун шакар бигӯӣ, аз озмандӣ ва тамаъ даст бидор ва ширинии нафсониётро махӯр.

Нукта: Манзур аз ҳалво баҳраҳои нафсонӣ ва лаззатҳои дунявӣ аст, чунонки Имом Алӣ (а) фармояд:

فاني احذركم الدنيا فانها حلوة خضرة

Ҳамоно шуморо аз дунё бим диҳам, ки дунё сабзу ширин аст”. Пас, бе таҳаммули риёзат ва таҳзиби нафс сухани муассир ва сафобахш натавон гуфт. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.510)

Сабр бошад муштаҳои зиракон,

Ҳаст ҳалво орзуи кӯдакон.

Сабр бар талхиҳо ва номулойимот хоста ва матлуби ҳушмандон аст. Ва ширинии амёл ва хостаҳои сахиф орзуи дили мардумони кӯдаксифат аст.

Муштаҳо: Хоста, хоҳиш.

Нукта: Хирадмандони ҳақиқӣ бар нафси худ лагоми риёзат ва тақво зананд ва бар ҷозибаҳои зоҳирии ҳавоҳои нафс сабр мекунанд ва асири он намешаванд, вале мардуми тифлсират ҳамвора ҷӯёи амёли ҳайвонӣ ҳастанд. Пас, ҳамон тавр ки табъи кӯдакон мутаваҷҷеҳи ширинӣ аст, табъи кӯдаксифатон низ мутамойил ба шириниҳои нафсонӣ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.510)

Ҳар кӣ сабр овард, гардун барравад,

Ҳар кӣ ҳалво х(в)ард, вопастар равад.

Ҳар кас собир бошад, ба афлок гом ниҳад, яъне сабр мӯҷиби камоли волои одамӣ шавад, ва ҳар кас ҳалво хӯрад, яъне ба лазоизи ҳайвонӣ ва ҳавоҳои нафсонӣ гарояд, пасттар ва хортар гардад.

Андар мақоми сабр

Сӯфия сабрро ниме аз имон, балки тамоми имон донанд. Ба ҷо овардани ҳар фариза ва тарки ҳар маъсият ва шаҳват, бидуни сабр муяссар нест. Сӯфия сабр бар неъматро аз сабр бар бало ва миҳнат, сахттар шумурдаанд, зеро табъи одамӣ ба гунае аст, ки бо сахттарин вазъият созгор мешавад, аммо ҳамин ки дар баробари фаровонии неъмат ва мавқеиятҳои пурҷозибаи дунявӣ қарор мегирад, зимоми сабрро аз каф фурӯ меҳалад ва беъинон меравад, он ҳам ба қавли араб:

على الهام لا على الاقدام

Бо сар, на бо по”. Дар Қуръони Карим ва ривоёт аз сабр бисёр сухан рафтааст, чунонки дар ояти 200 сураи Оли Имрон омадааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اصْبِرُواْ وَصَابِرُواْ

Эй мӯъминон! Сабр пеша кунед ва якдигарро низ ба сабр фаро хонед…”

Иброҳими Хавосс, сӯфии маъруф гӯяд:

هرب أكثر الخلق من حمل أثقال الصبر فالتجأوا إلى الطلب والأسباب واعتمدوا عليها كأنها لهم أرباب

Бештари мардумон аз гаронбории сабр мегурезанд ва ба хоҳиш ва асбоби зоҳирӣ паноҳ мебаранд ва ба он чунон такя мекунанд, ки гӯӣ хоҷа ва соҳиби эшон аст”.

Боз гуфтаанд: “Сабр таҳаммули нафс аст бар душвориҳо ва чашидани талхиҳо, ва ин охири мақомҳои муридон аст”. (Одобул-муридин, с.75)

Ва гуфтаанд: “Сабр берун омадан аст ба ихтиёр аз баҳраҳои нафс ба кӯшиш ва ранҷ ва ихтиёр. Ин аз барои тарбияти нафс аст ва фурӯ мурдани майлҳои ӯ, то ки мустақим шавад бар роҳи писандида, ва аз он мунҳариф нашавад. Ва ғараз аз ин он аст, ки дил софӣ шавад аз кудуроти нафс. Сабр аз аҳамми мақомоти соликон аст”. (Алусулул-ъашара, с.71)

Боз гуфтаанд: “Сабр дар ибтидо тарки руъяти аъмол аст ва дар интиҳо тарки даъовӣ ва эътирозот. Сабр кимиёе аст, ки миси вуҷуди солик ба баракати он ба зари холис бадал гардад”. (Лубби лубобит Маснавӣ, с.252)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: