Мансури Ҳаллоҷ (2)

Бахши дуввум

Мазҳаби Ҳаллоҷ

Ба Ҳаллоҷ наметавон мазҳаб ва ҳатто дини хоссеро нисбат дод, чунонки худ гуфтааст: “Ҳеч мазҳабе нагирифтаам ва он чӣ душвортар аст бар нафс, ихтиёр кардаам”. Ва низ вақте аз ӯ пурсиданд, чӣ мазҳабе дорӣ? Посух дод: “Мазҳаби Худо”. Бо ин ҳама, мусаллам аст, ки вай дар ҳаёти худ на танҳо баҷо овардани фароизро раҳо накард, балки пайваста риояти одоби шариатро лозим мешумурд ва худ аҳли зуҳд ва дунёгурезӣ буд.

Албатта, дар бораи таъаббуд ва риёзати Ҳаллоҷ гуфтаҳое иғроқомез ва афсонамонанд низ дар даст аст, монанди ин ки Ҳаллоҷ аз ибтидои моҳи Рамазон то Иди Фитр ҳеч шабе ифтор намекард. Аммо он чӣ бештар эътибор дорад, риёзат ва таъаббуди ӯ дар аввалин ҳаҷ дар канори Каъба аст. Ҳатто Наҳрҷурӣ, ки аз мухолифони ӯст, мегӯяд, Ҳаллоҷ дар тамоми як соле, ки дар Макка буд, ба ҳоли рӯза дар мавзеъи муайяне аз Масҷидулҳаром менишаст ва ҷуз барои тавоф ва таҳорат аз ҷойи худ ҳаракат намекард.

Баъзе аз муҳаққиқон (мисли Шайбӣ) бар ин боваранд, ки Ҳаллоҷ афкорашро аз исмоилиён гирифта ва бо Ихвонуссафо ва таълимоташон ошно будааст; аз ҷумла он ки монанди исмоилия аз ҳуруфи муқаттаъа ба унвони рамз дар шеъру наср истифода карда ва низ ба расми доъиёни исмоилӣ, номи мустаъоре ҳам доштааст.

Аз мактабҳои фалсафии Ҳинд ва андешаҳои Ғаннусӣ ва ғолиён низ дар осор ва афкори Ҳаллоҷ шавоҳиде вуҷуд дорад. Барои намуна, ақида ба таносухи арвоҳ аз вай нақл шуда, чунонки руҳи анбиёро дар пайкари бархе муридони худ тасаввур мекарда ва эшонро Нӯҳ ва Мӯсо ва Муҳаммад мехондааст.

Ҳамчунин, иртиботи Ҳаллоҷ бо Қаромита — гузашта аз ин ки ҷурми сиёсии ӯ будааст — эҳтимол дорад, ки дар афкори ӯ низ муассир буда бошад.

Ҳаллоҷ ва сӯфия

Ҳаллоҷ дар ҳаёти худ, ба сабаби суханон ва андешаҳои мухотираомезаш, аз сӯйи сӯфия тард шуд. Сӯфиён аз ин ки мувофиқи ақидаи ӯ қаламдод шаванд, ҳарос доштанд. Аввалин касе, ки аз Ҳаллоҷ безорӣ ва табаррӣ ҷуст, устодаш Амр ибни Усмони Маккӣ буд. Абӯяъқуби Ақтаъ, аз сӯфиҳои машҳур низ, ки ибтидо мафтуни сулук ва аҳволи Ҳаллоҷ шуда ва духтарашро ба ӯ дода буд, баъдҳо сахт пушаймон шуд. Дар манобеъ фақат аз се нафар ном бурда шудааст, ки ба тарафдорӣ аз Ҳаллоҷ шӯҳрат доштаанд: Абулаббос ибни Атои Бағдодӣ, Муҳаммад ибни Хафифи Шерозӣ ва Иброҳим ибни Муҳаммади Насрободии Нишопурӣ.

Ибни Ато сарсахттарин ҳавохоҳи Ҳаллоҷ буд ва то охирин лаҳза аз ақидаи ӯ дифоъ кард; дифоъе, ки баъдҳо то ҳадди зиёде Ҳаллоҷро назди сӯфиёни шариатмадор табриа кард. Аз Насрободӣ низ нақл шуда, ки агар баъд аз анбиё ва сиддиқон муваҳҳиде бошад, Ҳаллоҷ аст. Назири ҳамин ақидаро Ибни Хафиф низ роҷеъ ба Ҳаллоҷ иброз кардааст.

Абӯбакри Шиблӣ бо ақидаи Ҳаллоҷ фақат дар ниҳон мувофиқат нишон медод ва бо канорагирӣ аз ӯ, дар воқеъ Ҳаллоҷро аз оқибати сароҳати гуфтораш барҳазар медошт. Шиблӣ ҳангоми ба дор овехтани Ҳаллоҷ низ ҳузур дошт ва ин оятро бар ӯ хонд:

اَوَلَم نَنْهَکَ عنِ العالَمین

Оё туро аз ҷаҳониён манъ накардем?” (сураи Ҳиҷр, ояти 70)

Марги Ҳаллоҷ Шиблиро сахт мутаъассир кард, ва чунонки мегӯянд, ҷунуни ӯ бар асари маломати виҷдонаш дар сукут бар қатли Ҳаллоҷ будааст. Шояд ҳам худро ба девонагӣ зад, то дучори суиоқибати вай нашавад. Аз ӯ нақл шудааст, ки пас аз қатли Ҳаллоҷ мегуфт: “Ақидаи ман ва Ҳаллоҷ яке буд, аммо ӯ изҳор дошт ва ман кетмон кардам. Ҷунун маро наҷот дод ва ақли Ҳаллоҷ ӯро ба куштан дод”.

Пас аз Ҳаллоҷ, сӯфия ба далели фарҷоми ибратангезаш, аз изҳори назари таъйидомез дар бораи ӯ худдорӣ мекарданд; ба тавре ки ҳудуди як қарн, дар манобеи сӯфия тақрибан чизе аз Ҳаллоҷ наомадааст, ҷуз чанд сухан аз ӯ ва эҳтиётан бо таъбири “Қола баъзуҳум” ва ”Қола аҳадул-кубаро”.

Баъд аз ин фосилаи замонӣ, Сулламӣ барои аввалин бор роҷеъ ба Ҳаллоҷ назаре мӯътадил иброз дошт. Пас аз ӯ, Ҳаҷвирӣ Ҳаллоҷро ҷавонмарде муҳаззаб ва покниҳод хонд, аммо шатаҳиёти Ҳаллоҷро дар хӯри иқтидо надонист. Ансорӣ низ эҳтиётан “таваққуф”-ро дар бораи ақоиди Ҳаллоҷ ба сӯфиён пешниҳод мекард.

Дар садаҳои баъд, бо фосила гирифтан аз воқеъаи соли 309 ҳ.қ Ҳаллоҷ дигар муъориз надошт. Сӯфиёни мухолифи андешаи ӯ низ бо зуҳури орифоне чун Абӯсаъиди Абулхайр, Айнулқузоти Ҳамадонӣ, Аҳмади Ғаззолӣ ва Шайх Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ ва дифоъ ва тавҷеҳи густурдаи онон аз афкори Ҳаллоҷ, рафта-рафта ба ҷамъи мувофиқон пайвастанд, ба тавре, ки то қарни шишуми ҳиҷрӣ умуман дар байни сӯфия муъоризе барои Ҳаллоҷ вуҷуд надошт.

Аз он пас, вай дар торихи тасаввуф “қиддис” шуд ва қурбонии ҳақиқат ва “шаҳиди ишқи илоҳӣ” ном гирифт. Бештари силсилаҳои тасаввуф пас аз вай, дар андеша ва сулук мутаъассир аз андешаҳои ӯ ва пайравонаш ҳастанд.

Шатаҳиёт ва орои Ҳаллоҷ

Кайфияти марги Ҳаллоҷ сабаб шуд, то вай дар олами тасаввуф ва ирфон бузургтарин намоди айнии ишқ, истиғроқ ва ягонагӣ бо Ҳақ шинохта шавад. Ҳамчунин пас аз ӯ, дар тамоми осори сӯфиёна ва орифона, дар мабоҳиси “ваҳдати вуҷуд”, ба калимот ва ашъори ӯ истишҳод, балки истинод шудааст ва мешавад.

Барои намуна, дар шойеътарин мабоҳиси ирфонӣ, ҳамвора ба “Аналҳақ”-и Ҳаллоҷ, ки ҷанҷолбарангезтарин шатаҳи торихи тасаввуф аст, беш аз ҳар иборате истинод мешавад. Ҳатто фаротар аз истинод, худи ин иборат мавзӯан мавриди назари акобири ирфон ва тасаввуф қарор гирифта ва борҳо ва ба тафсил рамзгушоӣ шуда ва дар тавҷеҳ ва таъйиди он саъйи балиғе гардидааст.

Ва низ дар баҳс аз ҳиҷоби инонияти солик ва рафъи он, ба байти маъруф аз Ҳаллоҷ:

بینی وبینک اِنّی ینازِعُنی

فَارْفَعَ بِلُطْفِک اِنّی مِنَالبَین

— бисёр таваҷҷӯҳ шуда ва ин байт борҳо шарҳ гардидааст.

Ҳамчунин дар таманнои мақоми фано ва шавқ ба бақои баъд аз фано ва кайфияти он, шояд ҳеч тавсифе ба равшанӣ ва шӯрангезии қитъаи маъруфи Ҳаллоҷ набошад:

اقتلونی یا ثِقاتی

اِنَّ فی قَتلی حیاتی

ومَماتی فی حیاتی

وحیاتی فی مماتی

Аз сӯйи дигар, ноқидони сарсахти Ҳаллоҷ ҳам, дар нақди ӯ, балки дар радди асоси тасаввуф, беш аз ҳар чиз ба шатаҳҳои сареҳи ӯ истинод карда ва ӯро мӯътақид ба “ваҳдати вуҷуд” донистаанд.

Аммо он чӣ навъан дар ин истинодҳо нодида гирифта мешавад ин аст, ки тасаввуф дар оғоз, бо риёзат ва зуҳд ҳамроҳ буда ва пас аз он дастикам то пеш аз қарни ҳафтум ва зуҳури Муҳиддин ибни Арабӣ, бештар сибғаи завқӣ ва сулукӣ доштааст то маърифатӣ. Аз ин рӯ, дар осор ва калимоти сӯфиёнаи он аҳд набояд нишоне аз тафаккури “ваҳдати вуҷуд” суроғ гирифт, он ҳам ба тафсил ва бо диққате, ки баъдҳо дар ирфони назарӣ ташаккул ёфт ё онҳоро мутобиқи раъйи Ибни Арабӣ ва пайравонаш тавҷеҳ ва тафсир кард, ҳарчанд гуфта мешавад, ки поёни қарни севвум замони гиреҳ хӯрдани зуҳд ва андешаи “ваҳдати вуҷуд” дар торихи тасаввуф аст.

Бинобар ин, шатаҳиёти Ҳаллоҷро, ки бештар аз навъи завқӣ ва ҳолӣ аст, то ирфонӣ ва мақолӣ, бояд аз навъи “ваҳдати шуҳуд” (яъне, таҷаллии Худованд дар ойинаи қалби сӯфӣ бо лиҳози ғайрият ва дугонагии холиқ ва махлуқ) ба шумор овард, на “ваҳдати вуҷуд”. Ба ақидаи Ҳаллоҷ, дидори банда бо Худо ё иттисол ба ӯ, ҷуз аз тариқи ишқ мумкин нест. Аз ин рӯ, вайро бояд дар зиндагӣ, андеша ва ба вижа марги худ, бузургтарин шореҳи ишқ дар тасаввуфи ҳуббӣ донист.

Шатаҳи Аналҳақ

Эҳтимолан Ҳаллоҷ ин иборатро аз Боязиди Бастомӣ гирифтааст, чун шабеҳи ҳамин таъбир дар осори Боязид вуҷуд дорад, аммо такрор ва таъкиди он бо таъбирҳои гуногун дар калимот ва ашъори Ҳаллоҷ ва низ фарҷоми вай, ки сахт бо ин иддаъо пайванд дошт, Аналҳақро ба Ҳаллоҷ мунтасаб кард. Ин таъбир дар китоби “Аттавосин”-и Ҳаллоҷ омадааст ва ба ин маъност, ки инсон ба мадади риёзат, дар хеш воқеияти сурати илоҳиро меёбад; ҳамон сурат, ки Худованд онро ҳангоми офариниш, бар одамӣ афканда буд.

Назар ба аҳаммияти шатаҳи Аналҳақ ва калимоти мушобеҳи он, ки ниёзманди тавҷеҳ ва таъвил аст ва дар ғайри ин сурат, ба такфири қоили он меанҷомад, ҳамвора нақди ноқидон аз таъбири Аналҳақ ва дифои сӯфиён аз он, дар торихи тасаввуф вуҷуд доштааст.

Ин таъбир дар асри Ҳаллоҷ чандон мақбули сӯфиён набуд, чунонки Ҷунайд Ҳаллоҷро аз он барҳазар медошт, ки ту “Билҳақ” ҳастӣ, на худи Ҳақ. Бештари асҳоби Ҷунайд низ даъвои Ҳаллоҷро агар на куфр, лоақал “ифшои сирр” медонистанд. Ҳатто Ибни Хафиф, аз муридони Ҳаллоҷ, ки вайро олими раббонӣ медонист, чун бархе абёти Ҳаллоҷро сареҳ дар куфр донист, чорае ҷуз тардид дар интисоби онҳо ба Ҳаллоҷ надид.

Қадимтарин тавҷеҳот аз Аналҳақ ва иборатҳои мушобеҳи он, сухани Абӯнасри Сарроҷ аст. Ӯ “Субҳона мо аъзама шаънӣ”-и Боязидро нақли қавле аз Худованд хондааст, монанди он ки вақте касе мегӯяд: “Ло илоҳа илло ана фаъбудуни” (Сураи Анбиё, ояти 25), мефаҳмем, ки дар ҳоли хондани Қуръон аст ва калимотро аз забони Худо баён мекунад.

Аммо нахустин ва равшантарин дифоъ аз шатаҳиёти Ҳаллоҷ, аз худи ӯ баҷо мондааст, ки чун ӯро ба тавба аз яке аз даъвоҳои куфромезаш хонданд, гуфт: “Он ки гуфта, худ тавба кунад!” Яъне агар иддаъои рубубият аз ман мешунавед, ба ваҷҳи мағлубият содир шудааст. Ба ин маънӣ, ки вуҷуди Ҳаллоҷ ҳангоми шатаҳгӯӣ, дар ҳоли қурб буда ва дар ин ҳол мағлуби Ҳақ шуда ва Ҳақ аз забони ӯ сухан гуфтааст. Бо ин ҷавоб, дар воқеъ маънои Аналҳақ аз “ҳулул” ва “иттиҳод” пойин омада ва ба мафоҳим ва истилоҳоте аз қабили “иттисол ба Ҳақ”, “мақоми қурб”, “фано филлоҳ” ва “бақо биллоҳ” бадал шудааст.

Пас аз Ҳаллоҷ низ ин тавҷеҳро сӯфиён, бо тафовутҳое дар таъбир, такрор кардаанд ва гоҳ бузургони тасаввуф ва ирфон низ, мутобиқи машраби худ ва бо тамсилоти гуногун, кӯшидаанд маънӣ ва дифоъи равшан ва пазируфтанӣ аз ин гуна шатаҳиёт арза кунанд.

Абӯҳомиди Ғаззолӣ дар “Мишкотул-анвор” иддаъои Ҳаллоҷро каломе ошиқона ва ношӣ аз сукр васф карда, ки қоили он баъд аз хуруҷ аз сукр, мефаҳмад, ки дар ҳоли иттиҳод бо Ҳақ набуда, балки шибҳи иттиҳод, ба вай даст додааст. Таъбири дигари Ғаззолӣ дар сабаби судури Аналҳақ, нақси маърифат ва мушоҳида аст. Абӯҳомиди Ғаззолӣ дар “Эҳёу улумид-дин”, бо ишора ба таҷрибаи ҳазрати Иброҳим ва қавли “Ҳозо раббӣ”-и вай дар бораи ситора ва моҳ ва хуршед, ва дар ниҳоят, гузар аз онҳо ва вусул ба маърифати Ҳақ, касоне чун Ҳаллоҷро дар мароҳили оғозини сулук медонад, ки бо руъяти кавкабе аз анвори Ҳақ мағрур мешаванд ва “маҳалли таҷаллӣ”-ро бо “мутаҷаллӣ” яке мепиндоранд.

Бародараш Аҳмади Ғаззолӣ низ дар “Савонеҳ” ин шатаҳиётро ҳокӣ аз мақоми талвини Ҳаллоҷ донистааст. Яъне ба ақидаи ӯ, ин “Ана” гуфтан нишони он аст, ки Ҳаллоҷ ҳанӯз дучори инонияти худ ва дуӣ бо Ҳақ ва тардид дар мушоҳида ва таъбир буда ва ба ваҳдат роҳ надоштааст.

Сӯҳравардӣ низ, ки “иттиҳод”-ро мардуд мешуморад, дар тавҷеҳи Аналҳақ, ба роҳи Аҳмад ва Абӯҳомиди Ғаззолӣ рафтааст. Вай дар рисолаи “Луғати мӯрон” достоне рамзӣ овардааст, ки дар он хуффошон як офтобпараст (ҷонваре шабеҳи сусмор)-ро асир мекунанд ва барои куштан ба зери офтоб мебаранд; ғофил аз он ки хуршед марги хуффош аст ва ҳаёти офтобпараст. Дар поёни тамсили Сӯҳравардӣ абёти маъруфе аз Ҳаллоҷ бо зикри номи вай омадааст, ки пайдост дар достони ӯ, офтобпараст ишора ба Ҳаллоҷ аст ва хуффошон ҳам қотилони ӯ ҳастанд. Сӯҳравардӣ дар поёни ҳамин рисола, бо тамсиле дигар, барои шатаҳиёти Боязид ва Ҳаллоҷ узре ҷустааст. Ӯ мӯътақид аст, ки солик ҳарчанд ба мартабае бирасад, ки нури Ҳақро дар ойинаи дил мушоҳида кунад, аммо то ҳанӯз худро мебинад, ба тавҳиди сирф нарасида ва ноқис аст. Чунин ойинае агар сайқалӣ шавад ва дар баробари хуршед қарор гирад, ба забони ҳол “Анаш-шамс” (Ман хуршед) мегӯяд, ва ин нишони он аст, ки дар он ҳол, ҳам худро мебинад ва ҳам хуршедро. Дар маҷмӯъ, лаҳни Сӯҳравардӣ дар бораи Ҳаллоҷ, бар хилофи Ғаззолӣ, узрҷӯёна аст.

Шевотарин ва дақиқтарин тамсилот дар маънӣ ва тавҷеҳи Аналҳақ, азони Мавлавӣ аст. Ӯ шатаҳи Боязид ва Ҳаллоҷро ба табдили ҳезум ба нур дар оташ, нестии қатра дар дарё ва табдили санг ба гавҳар бар асари тобиши офтоб тамсил кардааст. Тавзеҳи муҳимми Мавлоно он аст, ки ин иддаъо аз ҳар кас ва дар ҳар ҳол раво нест, балки агар аз солике маҷзуб дар ҳоли истиғроқ ва бехудӣ “Аналҳақ” сар занад, метавон онро бо чашмпушӣ, ба маънои “Ҳувалҳақ” донист. Аз ин рӯст, ки Мавлавӣ Аналҳаққи Ҳаллоҷро аломати раҳмати Ҳақ медонад, бар хилофи Аналҳаққи Фиръавн, ки сабаби лаънати ӯст.

Ин баён, бар хилофи андешаи “ваҳдати вуҷуд”-и Ибни Арабӣ аст, ки асосан ашёро бо зоти Ҳақ дар айният мебинад ва Аналҳаққи Фиръавнро ҳам таъвил мекунад.

* * *

Иншоаллоҳ дар қисмати баъдӣ, роқими сутур андешаи худро дар бораи Ҳаллоҷ ва ин ки оё сулук ва рафтораш дуруст буд ё на, иброз хоҳам дошт.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Машоҳир, Торих

Метки: , , ,

1 reply

  1. Мунтазири идома ҳастем….

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: