Мансури Ҳаллоҷ (3)

Бахши севвум ва поёнӣ

Оё Ҳаллоҷ мебоист ба дор овехта мешуд?

Дар қисмати севвум ва поёнии ин силсиламақолот, мехоҳам баҳсе биёроям дар ин бора, ки оё ба дор овехтани Мансури Ҳаллоҷ, коре дуруст буд ё на? Натиҷаи ин кор оё ба суди ҷомеаи исломӣ поён ёфт ва ё ба зарару зиёни он тамом шуд?

Барои ёфтани посух ба ин ду пурсиш, лозим аст, ба ихтисор дар бораи матолиби зерин баҳс ба амал оварем:

1. Тасаввуф ва ирфон чист? Оё фақат мухтасси фарҳанги исломӣ будааст?

2. Мояҳои тасаввуф ва ирфон дар фарҳанги исломӣ.

3. Матлабе дар бораи қишр (пӯст) ва лубб (мағз).

4. Нақши фуқаҳои исломӣ дар ҳифзи шариат.

Инак, ба баёни як-яки ин матолиб мепардозем:

* * *

1. Тасаввуф ва ирфон чист? Оё фақат мухтасси фарҳанги исломӣ будааст?

Аз замоне ки инсон дар рӯйи кураи хокӣ мавҷуд будааст, ҷустуҷӯ аз ҳақиқат ва ёфтани он барои вай, яке аз асоситарин дағдағаҳои ӯ ба шумор мерафта. Шуморе аз фалосифа ва ҳакимон (аз қадим ва қарнҳо пеш аз зуҳури ислом ва ҳатто масеҳият) агар роҳи дарки ҳақиқатро ба кор бастани ақл медонистаанд, вале шуморе дигар аз онҳо бар ин бовар буданд, ки пойи истидлоли ақлӣ дар ёфтани ҳақиқат ланг аст ва ба истилоҳ “чӯбин”, онҳо мӯътақид буданд, ки бояд бар маркаби ишқ савор шуд ва ба ҳақиқат расид, ва ба қавли Азизуддини Насафӣ: “Ишқ буроқи соликон ва маркаби равандагон аст. Ҳар чӣ ақл ба панҷоҳ сол андӯхта бошад, ишқ дар як дам он ҷумларо бисӯзонад ва ошиқро пок ва софӣ гардонад…” (Инсони комил, с.279)

Ҳакимоне мисли Кунфусиюс (Конфуций) ва ё Будо ва ғайра, бо савор бар ҳамин маркаб ва таҳзиби нафс ва пок кардани дарун ва рӯй бартофтан аз лазоизи дунё ва риёзатҳои шоққа, воқеан ба мақомҳое расида буданд ва ҳақиқатро (то ҳудуде) ёфта буданд, ва пас аз расидан, таълимоте барои муридон бар ҷой гузошта ва пайравонашон пас аз онҳо тибқи таълимот ва омӯзаҳои устоди худ амал карданд ва мекунанд.

Аммо омӯзаҳои ҳар як, аз омӯзаҳои дигарӣ фарқ мекард. Масалан, Кунфусиюс — ки омӯзаҳояш омехтае аз фалсафа ва ирфон аст – офариниши ҷаҳонро мубтанӣ бар қонуни “қутбият” медонист; ба ин маъно, ки аз “ҳастии мутлақ” нахуст мавҷуде ягона — ки худи Кунфусиюс онро “қутби бузург” мехонд – бармехезад ва ҳамроҳи он, қутби дигаре, ки қисматпазир аст ба вуҷуд меояд. Ва аммо Будо, баъд аз тайи мароҳили сайру сулук ва расидан ба “равшанбинӣ” (тибқи истилоҳи будоиҳо), “ҳақиқат”-ро Худо намедонист, чунонки бештари раҳравони ин роҳ ба хусус урафои исломӣ, расидан ба ҳақиқатро, ҳамон расидан ба Худо медонанд. Ҳақиқат аз дидгоҳи онон ҷуз Худо нест. Будо мулҳид набуд, аммо дар роҳи расидан ба ҳақиқат, ба илоҳиёт ва моварои табиат беэътино буд.

Хулоса, таҳзиби нафс ва пок кардани дарун аз олудагиҳо ва сайру сулуки маънавӣ бо роҳнамоии як муршид, инсонро ба мақомҳо ва ҷойҳое мерасонад ва ҳақоиқе бар ӯ макшуф мешавад. Дар ин матлаб касе ба ҷуз моддигароёни часпида ба замин, шакку тардид надорад.

Аммо ин ки чаро омӯзаҳои ҳар як аз инҳо аз таълимоти дигарӣ фарқ мекард ва яксон нест, дар нуктаи дуввум (он ҷо, ки дар бораи мояҳои тасаввуф ва ирфон дар фарҳанги исломӣ баҳс хоҳам кард) сабаби ин ихтилоф тавзеҳ ва ташреҳ хоҳад шуд.

* * *

Хуб, пас аз зуҳури ислом, ин роҳ ва ин тариқат, дар миёни мусалмонон низ роиҷ буд ва ба номи “тасаввуф” ё “ирфон” машҳур аст. Албатта, лозим ба ёдоварист, ки он чӣ аз ирфон ва тасаввуф, ки дар фарҳанги исломӣ матраҳ аст, нусха ва айни он чӣ Кунфусиюс ва ё Будо ё урафои масеҳӣ ё яҳудӣ мегӯянд нест ва ирфони исломӣ аз замин то ба осмон бо онҳо фарқ мекунад, вале дар асли ин ки роҳи ҳамаи онон иборат аз: сайру сулуки маънавӣ, таҳзиби нафс, риёзат, пок кардани дарун аз олудагиҳо ва софӣ намудани дил аст, ҳама шабеҳи ҳаманд.

Аз ин рӯ, урафо ва сӯфиёне мисли Иброҳими Адҳам, Боязиди Бастомӣ, Зуннуни Мисрӣ, Шақиқи Балхӣ, Ҷунайди Бағдодӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Абӯбакри Шиблӣ, Абӯсаъиди Абулхайр, Муҳйиддин ибни Арабӣ, Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Балхӣ, Баҳодуддини Нақшбанд ва садҳо дигар аз акобири ирфон ва тасаввуфи исломӣ, чандон фарқе бо Кунфусиюс ва ё Будо надоранд ва балки бисёре аз урафои исломӣ, дар мақомоти маънавӣ, ба маротиб аз Будо ё Кунфусиюс баландтар ҳастанд. Мунтаҳо, чун урафо ва сӯфиҳои исломӣ худро пайрави ойини ислом ва аз уммати ҳазрати Муҳаммад (с) медонистанд, аз ин рӯ пас аз онҳо мазҳаб ва дини хоссе тибқи омӯзаҳояшон шакл намегирифт. (Албатта, ин ки тариқате хосс ва пайравоне доштанд ва доранд, ғайр аз ин аст, ки барояшон дине ҷудо дуруст бишавад.) Бинобар ин, агар билфарз исломе набуд (ки Худоро шукр ҳаст), чи басо дар ҳар як аз сарзаминҳои исломӣ “Будо” ё “Кунфусиюсе” пайдо мешуд ва барои худаш пайравоне пайдо мекард.

* * *

2. Мояҳои тасаввуф ва ирфон дар фарҳанги исломӣ:

Ин ки дар боло гуфтем, ирфон ва тасаввуфи исломӣ айни он чӣ Кунфусиюс ё Будо гуфтаанд нест, бад-ин ҷиҳат аст, ки дар худи манобеи асили исломӣ (Қуръон ва суннат) мояҳои ирфон ва тасаввуф ёфт мешавад. Баъзе ноогоҳон чунин мепиндоранд, ки ирфон ва тасаввуфе, ки дар фарҳанги исломӣ матраҳ аст, чизе гирифташуда аз фарҳангҳои бегона мебошад. Ин иддаъо дуруст нест. Зеро дар мавриди сайру сулук ва тайи мароҳили қурби Ҳақ то охирин манозил, кофист бархе оятҳои марбут ба “лиқоуллоҳ” ва оятҳои меъроҷи Расули Акрам (с)-ро мавриди назар қарор бидиҳем. Дар Қуръон сухан аз нафси аммора, нафси лаввома ва нафси мутмаинна омадааст, сухан аз илми ифозӣ ва ладуннӣ ва ҳидоятҳои маҳсули муҷоҳида омадааст:

وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا

Касоне, ки дар (роҳи) мо муҷоҳида кунанд, ҳар ойина бар рӯяшон роҳҳоямонро боз хоҳем намуд”. (Сураи Анкабут, ояти 69) Дар Қуръон аз тазкияи нафс ба унвони ягона сабаби растгорӣ ёд шудааст:

قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا

Ба дурустӣ растгор шуд касе, ки нафсро тазкия ва пок гардонид, ва ба ростӣ ноумед ва бебаҳра шуд касе, ки нафсро олуда (ба гуноҳон) намуд”. (Сураи Шамс, оятҳои 9 ва 10)

Дар ривоятҳо низ ба маъонии баланде бармехӯрем. Тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои садри ислом, аз як силсила воридоти руҳӣ, равшанбиниҳои қалбӣ, сӯзу гудозҳо ва ишқҳои маънавӣ ҳикоят мекунад. Аз Анас (р) ривоят шуда, ки мегӯяд:

Рӯзе Расули Худо (с) роҳ мерафт, ки баногаҳ ҷавоне аз ансор бо ӯ рӯ ба рӯ шуд. Паёмбар (с) аз ӯ пурсид:

— Ҳолат чӣ гуна аст, эй Ҳориса?

Ҳориса гуфт:

— Дар ҳоли имони ҳақиқӣ ба Худо ба сар мебарам.

Паёмбар (с) фармуд:

— Чӣ мегӯӣ? Ҳар сухане ҳақиқат ва нишонае дорад, ҳақиқат ва аломати имонат чист?

Ҳориса дар ҷавоб гуфт:

— Аломати имонам ин аст, ки бар дунё ва матоъи он пушт кардам, шабҳоямро бо шабзиндадорӣ гузарондам ва рӯзҳоямро бо рӯзадорӣ. Он гоҳ чунон шудам, ки гӯӣ ҳамакнун Арши Парвардигорамро мебинам, ки барои расидагӣ ба ҳисоби мардум насб шудааст. Гӯӣ ҳаминак аҳли биҳиштро мебинам, ки дар биҳишт якдигарро зиёрат мекунанд. Ва гӯӣ ҳамакнун аҳли дӯзахро мебинам, ки дар азоб басар мебаранд.

Он гоҳ ҳазрати Паёмбар (с) ба ӯ фармуд:

— Басират ва биноӣ пайдо кардаӣ ва ин ҳолати худро нигаҳ дор.

Ба асҳоби худ фармуд:

— (Ҳориса) бандае аст, ки Худованд имонро дар қалбаш мунаввар кардааст.

Ҳориса ба Паёмбар (с) арз кард:

— Аз Худо бароям бихоҳ, ки маро ба мақоми шаҳодат ноил гардонад.

Паёмбар (с) барояш дуо кард, ӯ дар набарди Бадр шаҳид шуд”.

(Иқозул‒ҳимам, ҷ.1, саҳ.151, Ашшомила)

Ин оятҳо ва ривоятҳо ва шабеҳи онҳо кофӣ буда, ки заминасози пайдоиши ирфон ва тасаввуф дар фарҳанги исломӣ бишавад, ба иловаи сулуки ҳазрати Паёмбар (с) ва меъроҷи он ҷаноб (с), ки дар қурби илоҳӣ, ба мақом ва ҷойгоҳе мерасад, ки ҳатто фариштаи ваҳй яъне ҳазрати Ҷабраил (а) натавониста ба он мақом бирасад.

Асосан, як нуктаро арз кунам. Ин ки дар ҷомеаи исломӣ иддае ба унвони фалосифа зуҳур карданд, иддае ҳам ба унвони мутакаллимон, гурӯҳе низ ҳамчун муҳаддисон ва фуқаҳо ва ғайра, инҳо ҳикоятгари он аст, ки заминаи ин улум ва ин тариқаҳо дар батни маорифи исломӣ (Қуръон ва суннат) вуҷуд дошта. Агар дар миёни урафо ва сӯфия инҳирофе пайдо шудааст, ин фақат хосси ин гурӯҳ нест, балки инҳироф дар миёни ҳар тоифа ва гурӯҳе чӣ фақеҳон, чӣ муҳаддисон, чӣ фалосифа ва чӣ ғайра падид омада ва танҳо мухтасси сӯфия набудааст.

* * *

Хуб, ҳоло ба асли баҳс баргардем. Он чӣ ирфон ва тасаввуфи исломиро аз тариқати дигарон – мисли Кунфусиюс ва Будо – ҷудо ва мумтоз мекунад ин аст, ки урафо ва сӯфияи исломӣ барои сайру сулуки маънавӣ, чаҳор “сафар” қоиланд, бад-ин тартиб:

1. Сафари аввал: Аз халқ оғоз мешавад ва ба Ҳақ меанҷомад. Дар ин сафар, ҳамаи шаҳавот ҳамчун зарандӯзӣ, мақомпарастӣ ва ҳамаи разоил ба канор гузошта мешавад ва солик худро аз ҳамаи бадиҳо пиройиш мекунад ва ба сӯйи Ҳақ раҳсипор мешавад. Дар ин сафар, сару кори солик бо Ҳақ аст ва дағдағаи висол ба Ҳақро дорад;

2. Сафари дуввум: Аз Ҳақ оғоз мешавад ва дар Ҳақ идома меёбад ва ба кӯмаки Ҳақ ба Ҳақ хатм мешавад. Дар ин сафар, солик мекӯшад, то худро ба авсоф ва асмои Ҳақ биёрояд. Саъйи солик дар ин сафар бар ин аст, ки бо дасти пур аз сафар баргардад ва ҳушёрӣ ва бедориро ба даст оварад ва дар ҳоли яқза (ҳушёрӣ) ба сӯйи мардум раҳсипор шавад. Дар ин сафар, басирати воқеӣ ва ҳақиқӣ ба даст меояд ва чашми солик чашми худоӣ мешавад;

3. Дар сафари севвум, мабдаъи сафар Ҳақ аст, мақсад халқ. Дар ин сафар, бо андӯхтаҳое, ки фароҳам кардааст, бо раъфат ва утуфати комил ба сӯйи халқ раҳсипор мешавад, вале худсарона не, балки ба кӯмаки Ҳақ;

4. Сафари чаҳорум: Аз халқ дар халқ ба сӯйи Ҳақ. Яъне инсон илоҳӣ мешавад ва ранги Худо мегирад ва замоне, ки ороста ба ахлоқи илоҳӣ ва мазҳари асмоуллоҳ шуд, ба миёни мардум омада, бо инояти илоҳӣ ва файзи рубубӣ либоси нубувват ва рисолатро бар тан мекунад ва ё кисвати вилоят мепӯшад ва дар ҷиҳати саодати дунё ва охирати ҷомеа қадам мегузорад ва ба масъулиятҳояш амал мекунад. Бинобар ин, набӣ ва расул ва валӣ мазҳар ва таҷаллии инсони комили мукаммиланд.

Чунон ки равшан аст, сафари чаҳорум мухтасси анбиё ва фиристодаҳои Худо ва авлиёи илоҳист.

Урафои исломӣ таъкид мекунанд, ки агар солик дар яке аз ин сафарҳо таваққуф кунад ва ба далоиле натавонад ба сафари баъдӣ идома диҳад ва зудтар аз мавъид ба сӯйи халқ баргардад, баъид нест умур бар ӯ муштабаҳ гардад ва суханони инҳирофомез аз ӯ содир шавад. Намунааш, ба тасреҳи худи урафо, Мансури Ҳаллоҷ аст. Ҳаллоҷ ҳанӯз дар миёнаи роҳ буд. Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ дар сабаби судури “Аналҳақ” аз Мансур мегӯяд, ин нақси маърифат ва мушоҳида аст. Ӯ Ҳаллоҷро касе медонад, ки ҳанӯз дар мароҳили оғозини сулук аст, ки “маҳалли таҷаллӣ”-ро бо “мутаҷаллӣ” яке пиндошта.

Ва ба илова, урафо ба шиддат муридони худро аз ифшои асрор манъ ва наҳй мекарданд. Зеро чи басо он чӣ аз ҳақоиқ, ки як нафар орифи вораста дар натиҷаи сайру сулук ба онҳо расидааст, агар онро ба забон ҷорӣ кунад, ба назари як нафар шахсе, ки қадаме дар сайру сулук набардошта, на танҳо печида ва ғайри мафҳум, балки навъе куфру илҳод намоён шавад. Орифону сӯфиҳо ин нуктаро хуб дарк мекарданд. Аз ин рӯст, ки шадидан аз фош сохтани асрори худ барои бегонагон ва ба қавли худашон “номаҳрамон”, парҳез менамуданд ва муридони худро ҳам аз фош кардани асрор барои ғайри аҳлаш барҳазар менамуданд. Коре, ки Ҳаллоҷ бар он пойбанд нашуд ва он гоҳ, ба он бало гирифтор ва сараш ба дор рафт. Аз Абӯбакри Шиблӣ дар бахши пешин нақл кардем, ки пас аз қатли Ҳаллоҷ мегуфт: “Ақидаи ман ва Ҳаллоҷ яке буд, аммо ӯ изҳор дошт ва ман кетмон кардам”.

Ин ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) мефармоянд “Бо мардум ба андозаи фикру андешаҳояшон сухан гӯед”, ба ин маъност, ки эй ориф ва эй сӯфӣ! Он чиро ба он расидӣ ва ёфтӣ, мабодо пеши як нафар инсон, ки аз ин маъонӣ баҳрае надорад, фош созӣ. Ӯ, ки намефаҳмад, агар барояш ин асрорро ошкор кунӣ, чи басо туро ба куфру илҳод нисбат диҳад.

* * *

Яке дигар аз тафовутҳои решаии ирфон ва тасаввуфи исломӣ аз тариқаҳои амсоли Кунфусиюс ва Будо дар ин аст, ки роҳнамои солик дар ислом, ё худи ваҳй аст (дар мавриди ҳазрати Паёмбари Акрам (с)) ва ё омӯзаҳои касе, ки ба ӯ ваҳй шуда. Паёмбари Акрам (с), ки ба мақоме аз қурби илоҳӣ расида, ки ҳатто фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраили Амин (а) ба он нарасидааст, ҳақиқат ба тамом бар ӯ макшуф гардида:

بسم الله الرحمن الرحيم. وَالنَّجْمِ إِذَا هَوَى. مَا ضَلَّ صَاحِبُكُمْ وَمَا غَوَى. وَمَا يَنطِقُ عَنِ الْهَوَى. إِنْ هُوَ إِلاَّ وَحْيٌ يُوحَى. عَلَّمَهُ شَدِيدُ الْقُوَى. ذُو مِرَّةٍ فَاسْتَوَى. وَهُوَ بِالأُفُقِ الأَعْلَى. ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّى. فَكَانَ قَابَ قَوْسَيْنِ أَوْ أَدْنَى. فَأَوْحَى إِلَى عَبْدِهِ مَا أَوْحَى. مَا كَذَبَ الْفُؤَادُ مَا رَأَى. أَفَتُمَارُونَهُ عَلَى مَا يَرَى. وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَى. عِندَ سِدْرَةِ الْمُنتَهَى. عِندَهَا جَنَّةُ الْمَأْوَى. إِذْ يَغْشَى السِّدْرَةَ مَا يَغْشَى. مَا زَاغَ الْبَصَرُ وَمَا طَغَى. لَقَدْ رَأَى مِنْ آيَاتِ رَبِّهِ الْكُبْرَى

Ба номи Худованди Худованди Раҳматгари Меҳрубон. Савганд ба ахтар (Қуръон) чун фуруд меояд. Ёри шумо (яъне ҳазрати Муҳаммад (с)) на гумроҳ шуда ва на дар нодонӣ монда. Ва аз сари ҳавас сухан намегӯяд. Ин сухан ба ҷуз ваҳйе, ки ваҳй мешавад нест. Онро (фариштаи) шадидулқуво ба ӯ фаро омӯхт; (суруши) нерӯманде, ки даристод, дар ҳоле ки ӯ дар уфуқи аъло буд, сипас наздик омад ва наздиктар шуд, то (фосилааш) ба қадри (тӯли) ду (интиҳои) камон ё наздиктар шуд. Он гоҳ ба бандааш он чиро бояд ваҳй кунад, ваҳй фармуд. Он чиро дил дид, инкораш накард…” (Сураи Наҷм, оятҳои 1-11)

Урафои исломӣ дар партави таълимот ва омӯзаҳои исломӣ ва Қуръони Карим ва роҳнамоиҳои ҳазрати Расули Акрам (с) аст, ки ба сӯйи Ҳақ раҳсипор мешавад, ва аз ин рӯ, дар ташхиси ҳақиқат ҳаргиз амр бар эшон муштабаҳ намешавад. Бар хилофи дигарон (амсоли Кунфусиюс ва Будо), ки вақте ҳақиқат нотамом барояшон макшуф мешавад, амр бар эшон муштабаҳ мегардад ва дар ташхиси он дучори иштибоҳ мегарданд, ва бинобар ин, мебинем, ки калимоти онон дар мавриди ҳақиқат мухталиф аст.

Сирраш дар он аст, ки ҳақиқат фақат ва фақат дар партави ваҳй аст, ки бар солик чунонки ҳаст макшуф мегардад. Сайру сулуки маънавӣ ва таҳзиби нафс ва риёзатҳои шоққа соликро то ҷоҳое мерасонад, дар ин шакке нест, вале намудор шудани ҳақиқат чунонки ҳаст, бидуни кӯмаки ваҳй муяссар нест.

* * *

3. Матлабе дар бораи қишр (пӯст) ва лубб (мағз):

Дар калимоти баъзе аз сӯфия ва урафо бо ин иборат бархӯрдаед, ки ҳақиқатро лубб (мағз) ва шариатро қишр (пӯст) унвон намуда ва тасреҳ карда ва мекунанд, ки ҳадаф мағз (яъне ҳақиқат) аст ва пӯст (яъне шариат) танҳо як васила аст. Ва аз ин рӯ, бархе аз сӯфия (на ҳамаи эшон) бо инчунин бардоште, ба шариат беэътиноӣ ҳам кардаанд. Яъне, вақте ба ҳақиқат, ки расидӣ, ба ҳадаф ноил омадаӣ ва дигар ниёзе ба пойбандӣ ба шариат намемонад. Яъне, шариат (дастурҳо ва амру наҳйҳои илоҳӣ) бо расидани ту ба ҳақиқат, рисолат ва вазифаашон ба анҷом расида.

Бо ин ки дар манобеи исломӣ инчунин таъбиротеро суроғ надорем, ки аз ҳақиқат ба мағз ва аз шариат ба пӯст таъбир шуда бошад, аммо дар ин ки ҳадаф қурби Худост ва дастуроти илоҳӣ — аз намозу рӯзаву соири ибодот – василаҳои расондани банда ба он ҳадафи воло ва ниҳоист, тардиде нест, дар Қуръони Карим ба онҳо тасреҳ шуда. Масалан, дар бораи ҳадаф аз намоз мефармояд:

وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي

Ва намозро барпо бидор ба ҳадафи ёди ман”. (Сураи Тоҳо, ояти 14)

Ва ё ҳадаф аз вуҷуби рӯзаро ҳусули тақвои илоҳӣ мешуморад ва мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо муқаррар шудааст ҳамон гуна ки бар касоне ки пеш аз шумо (буданд) муқаррар шуда буд, бошад, ки парҳезгорӣ кунед”. (Сураи Бақара, ояти 183)

Аммо лозимаи васила донистани ин умур, ҳаргиз ба маънои ин нест, ки вақте масалан ба ҳадаф ноил омадӣ, инҳо дигар бояд раҳо шаванд. Ин натиҷагирӣ аз дидгоҳи ислом ҳаргиз дуруст нест. Зеро, аввалан, агар ин натиҷагирӣ дуруст бошад, нахустин касе, ки ба онҳо пойбанд намемонд, шахси ҳазрати Паёмбари Акрам (с) буданд, ки аҳаде ба мақоме маънавӣ, ки эшон расидааст, нарасида, вале бо ин ҳама, аз касрати ибодат гоҳе поҳои муборакаш варам мекард.

Ва сониян, ин аъмол, фориғ аз он ки василаи расондани банда ба ҳадаф аст, аз ҷиҳате нишондиҳандаи бандагии банда дар баробари Худост. Банда ба ҳар мизон, ки ба қурби илоҳӣ ноил ояд, ба ҳамон андоза бар бандагии ӯ афзунтар мегардад, на ин ки бо ноил омадан ба мақоми қурби илоҳӣ, аз бандагии ту коста шавад.

Аз ҳамин рӯст, ки дар манобеи исломӣ, аз дастуроти шариат ҳаргиз бо қишр (пӯст) таъбир нашуда, балки ба шохаву баргҳо ва самараву меваҳои дарахт таъбир гардида. Ба ин маъно, ки мева ва самараи ноил омадан ба мақоми қурби илоҳӣ, ин ибодот аз намозу рӯзаву ҳаҷҷу соири маносик аст.

Ҳол, агар фарзро бар ин бигирем, ки шариат ба истилоҳ қишр (пӯст) будааст ва ҳақиқат лубб, аммо бояд донист, ки он чӣ аз лубб муҳофизат мекунад ва ӯро аз осебҳои эҳтимолӣ нигаҳ медорад, ҳамин қишр аст, вагарна агар қишр набошад, ки мағз ва лубб ё аслан намерасад ва ё бар асари осебҳо солим ва тандуруст намемонад ва куллан аз байн меравад.

Гузашта аз инҳо, аз ҳама муҳим он аст, ки ҳамин ба истилоҳ “қишр” аст, ки ойини исломро ба сурати як воҳиди ғайри муташаттит нигаҳ дошта. Вагарна, дар хилоли 1400 соли умри ислом, мо имрӯза як уммати муташаттит ва бо ибодатҳо ва маносики мутафовитро доштем, ки ҳеч чизаш бо ҳам воҳид набуданд.

Асосан, чаро ифроту тафрит шавад. Яъне, иддае фақат ба зоҳири дин пойбанд бошанд ва сӯфия ва урафоро инкор намоянд, ва иддае ҳам фақат ба ботини дин таваҷҷӯҳ карда ва зоҳирро нодида бигиранд. Ҳар ду бояд бошад.

Ҳол, ин матлабро арз кардам барои баёни матлаби ахир, ки дар зайл арз хоҳам кард.

* * *

4. Нақши фуқаҳои исломӣ дар ҳифзи шариат:

Агар сӯфия ва урафо дар тӯли торихи ислом дар густариш ва таблиғи ислом хадамоти фаровоне кардаанд ва метавон гуфт, тақрибан 70 дарсади сарзаминҳои исломӣ ба баракати талошҳо ва кӯшишҳо ва сафарҳои эшон ба ислом гаравида, аммо аз сӯйи дигар, ин фуқаҳои исломӣ буданд, ки исломро ҳифз ва ба сурати якпорча нигаҳ дошта омадаанд; бо таълифи китобҳои фиқҳӣ ва баёни аҳком ва ҳалолу ҳаромҳои шаръӣ ва ғайра.

Агар фуқаҳои исломӣ дар раъси умури муслимин қарор намегирифтанд ва сахтгириҳои эшон набуд, имрӯза аз ислом чизе боқӣ намемонд. Бар хилофи он ки агар урафо ва сӯфияе мисли Мансури Ҳаллоҷ дар раъси умур қарор мегирифтанд, ки дар он сурат, бо таваҷҷӯҳ ба саҳлангориҳои эшон ба зоҳири дин ва ба истилоҳ ҳамон “қишр”, имрӯз исломе, ки бароямон аз онҳо боқӣ мемонд, дар он ҳама чиз — аз таъолим ва омӯзаҳои ҳиндуҳо гирифта то омӯзаҳои масеҳияту соири адён ва макотиб — дида мешуд. Аммо фуқаҳо басон қалъае манеъ истоданд ва нагузоштанд, ҳар ғалат ва ҳар бидъате вориди ин ойин бишавад.

Ин ки Ҷунайди Бағдодӣ, ки худ як фақеҳи шариатмадор буд, дар баробари шогирди худ Ҳаллоҷ истод ва бо ӯ мухолифат кард, ба ҳамин хотир будааст, ки медонист, гуфтор ва кирдорҳои шогирдаш ба нафъи ислом ва муслимин нест. Ҷунайд бе шак дар ирфон ва тасаввуф, дорои мақоме буд бас болотар аз Ҳаллоҷ, вале маҳдуда ва қаламрави худро мешинохт ва медонист, ки чиро бояд бигӯяд ва чиро набояд ошкор кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба дор овехтани Ҳаллоҷ ҳарчанд амале нодуруст ва носаҳеҳ ва золимона менумояд, вале дарсе гардид барои сӯфиҳо ва урафо, ки ҳадди худро бишносанд ва ҳар суханеро ба забон ҷорӣ накунанд ва сабаби ташаттут ва тафарруқи ҷомеаи исломӣ нашаванд. Ва воқеан ҳам, пас аз ҳодисаи ғамангези Ҳаллоҷ, сӯфия ва урафо ҳавосси худро ҷамъ карданд ва ғалати ӯро такрор накарданд ва дар адами ифшои асрор бештар худро пойбанд намуданд.

Ба ҳамин андоза иктифо мекунам, ҳарчанд сухан дар ин мавзӯъ бисёр аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Машоҳир, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: