Фалсафа ва равиши реализм (66)

Пайдоиши касрат дар идрокот (21)

Матни китоб:

Ишколи 2

Агар чунончи илм ба назариёт аз илм ба бадеҳиёт тавлид шуда ва бадеҳиёт аз қонуни таволуд мустасно мебошанд, дигар таваққуфи бадеҳӣ ба бадеҳии дигар мафҳум надорад, бо ин ки мегӯед, ҳамаи қазияҳо — аъамм аз назарӣ ва бадеҳӣ — ба қазияи “имтинои иҷтимоъ ва иртифои нақизайн” мутаваққиф мебошад. (1)

Посух

Агар бо зеҳни равшан як қазияро — аъамм аз бадеҳӣ ва назарӣ — тааммул кунем, хоҳем дид, худ ба худ бо қатъи назар аз хориҷ ва маҳкийи худ, мумкин аст бо хориҷ мутобиқат бикунад ё накунад (эҳтимоли сидқу кизб) ва ҳеч гоҳ намепазирем, ки як қазия бо ҷамиъи қайдҳои воқеии худ, ҳам мутобиқатро дошта бошад ва ҳам надошта бошад. Яъне ҳам рост буда бошад ва ҳам дурӯғ буда бошад, ва ҳам рост набуда бошад ва ҳам дурӯғ набошад. Ва аз ин рӯй, ихтиёри яке аз ду тараф (исбот ва нафй) дар истиқрори илм (идроки монеъ аз нақиз ба истилоҳи мантиқ) кофӣ нест, балки тарафи дигарро низ ибтол бояд кард. Ва ин кор дахле ба модда ва сурати қазияҳо надорад, балки бо фарзи тамомияти модда ва сурат дар як қазия, барои истиқрори илм бояд яке аз ду тарафи сидқ ва кизбро исбот ва тарафи дигарро нафй кард.

Фарқе, ки бадеҳиёт бо назариёт доранд ин аст, ки назариёт барои дарёфти модда ва сурат мустаманди дигарон ҳастанд, вале бадеҳиёт модда ва суратро аз худ доранд, чунонки дар табиат ҳар таркиби мафруз мустаманди охирин моддаи таҳлилӣ буда, вале модда дигар модда намехоҳад, балки худ модда аст. Пас, синхи эҳтиёҷи ҳар қазия ба қазияи “истиҳолаи иҷтимоъ ва иртифои нақизайн” (аввалул-авоил ба истилоҳи фалсафа), ғайр аз синхи эҳтиёҷи назарӣ ба бадеҳӣ мебошад, ки эҳтиёҷи моддӣ ва сурӣ аст.

Тавзеҳ ин ки: мо агар як бурҳони риёзиро масалан бо натиҷааш дар назар гирифта ва мавриди баррасӣ қарор диҳем ва бо тааммули кофӣ чашмро бо бурҳон пур карда ва ба сӯи натиҷа нигоҳ кунем, ва билъакс натиҷаро ба дасти идрок супурда ва ба бурҳон муроҷеа намоем, дар ин ҳаракати фикрӣ бо ду пешомади тоза мувоҷеҳ хоҳем шуд: яке ин ки агар маводди бурҳони мафрузро бо маводди бурҳони дигаре иваз кунем – масалан, қазияҳои мустаъмала дар як бурҳони табииро бо қазияҳои мустаъмала дар як бурҳони риёзӣ иваз кунем машрут бар ин ки шакл ва тартиб маҳфуз бимонад — хоҳем дид, “натиҷа” равобити худро бо бурҳон қатъ карда ва суқут кард. Дигар ин ки агар ҷойи муқаддимоти бурҳон ва тартиби онҳоро баҳам занем, хоҳем дид, “натиҷа” ихтилол пайдо намуд.

Аз ин баён натиҷа гирифта мешавад:

1. Чунонки маводди тасдиқоти мунтиҷа (муқаддамот) дар ҳусули натиҷа муассир ҳастанд, ҳамчунин ҳайъат ва тартиби муқаддамот дар натиҷа таъсир доранд;

2. Чунонки маводди қазияҳо яъне қазияи бетаълиф, бадеҳӣ доранд, ҳамчунон ҳайъат ва таълиф аз ҷиҳати дахолат дар натиҷа ё худ бадеҳӣ аст ё мунтаҳӣ ба бадеҳӣ. (Тафсили ин матлабро аз баҳси қиёсоти назарӣ ва бадеҳии мантиқ бояд ба даст овард.)

Ҳамон тавре ки аз ин баён равшан аст, таваққуфе, ки назарӣ ба бадеҳӣ пайдо мекунад ё дар таваллуди модда аз модда аст ва ё дар таваллуди сурат аз сурат ва дахл ба таваққуфи ҳукм ба як ҳукми дигар надорад. Ва он чӣ гуфта шуд, ки ҳамаи қазияҳо ба қазияи “имтинои иҷтимоъ ва иртифои нақизайн” мутаваққиф мебошад, мурод аз вай таваққуфи илм ва ҳукм аст, на таваққуфи моддӣ ва сурӣ.

* * *

Таълиқот:

(1) Собиқан гуфтем, ки аҳкоми зеҳнӣ бар ду қисм аст: бадеҳӣ ва назарӣ. Бадеҳӣ низ бар ду қисм аст: бадеҳии аввалӣ ва бадеҳии сонавӣ. Мантиқдонон ва фалосифа порае аз қазияҳоро ба унвони “бадеҳии аввалӣ” ном мебаранд, аз қабили ҳукм ба “имтинои таноқуз” ва ҳукм ба ин ки “миқдорҳои мусовӣ бо як миқдор, мусовии якдигаранд” ва ҳукм ба “имтинои ишғоли ҷисми воҳид дар они воҳид ду маконро” ва ҳукм ба “имтинои ишғоли ду ҷисм дар они воҳид як маконро”.

Аз миёни ҳамаи ин бадеҳиёти аввалия, асли “имтинои иҷтимои нақизайн ва иртифои нақизайн” — ки барои риояти ихтисор, аз он асл ба “асли имтинои таноқуз” таъбир мекунем – “аввалул-авоил” ва “уммул-қазоё” хонда мешавад. Дар ин ҷо ин суол пеш меояд, ки маънои аввалул-авоил будани он чист? Агар соири бадеҳиёт бадеҳии аввалианд ва зеҳн ба сирфи арза шудани мавзӯъ ва маҳмул ҳукм мекунад ва ҳеч гуна ниёзмандӣ ба ҳеч чизи дигар надорад, пас ҳама барбаранд ва “аввалул-авоил” яъне чӣ? Ва агар ҳукми зеҳн дар мавриди онҳо мутаваққиф аст бар ҳукм ба имтинои таноқуз, пас он аҳком воқеан бадеҳӣ нестанд ва назарӣ ҳастанд.

Дар мақоми посух ба ин ишкол чанд назария аст:

а) Ин ки соири қазияҳо воқеан бадеҳӣ нестанд, балки назарӣ ҳастанд ва маънои аввалул-авоил будан ва уммул-қазоё будани асли имтинои таноқуз ин аст, ки ҷамиъи қазияҳо аз он истинтоҷ мешавад, ин назария қобили қабул нест, зеро аввалан, хилофи он чизе аст, ки ҳар кас дар виҷдони худ меёбад. Ва сониян, агар ҷамиъи бадеҳиёти дигар назарӣ бошанд, ниёзманд ба истидлол хоҳанд буд ва чунонки медонем, дар ҳар истидлол ду муқаддима (суғро — кубро) бояд мафруз ва мусаллам бошад, пас ҳаддиақал илова бар “асли имтинои таноқуз” як асли бадеҳии дигар бояд дошта бошем, ки аввалин қиёсро ташкил диҳанд. Ва ба илова, лозим аст натиҷа шудани ҷузъиро аз куллӣ (интоҷи шакил аввал) биловосита пазируфта бошем, яъне инро низ ба таври бадеҳӣ тасдиқ карда бошем. Пас ин назария, ки асли бадеҳӣ мунҳасир аст ба асли имтинои таноқуз, қобили қабул нест.

б) Соири аслҳои бадеҳӣ асосан аслҳо балки ҳукмҳои ҷудогонае нестанд, балки айни “асли имтинои таноқуз” ҳастанд, ки дар мавориди мухталиф ба кор бурда мешавад. Масалан, асли имтинои таноқуз дар мавриди “миқдорҳо” ба сурати “қонуни мусовот” ва дар мавриди “иллият” ба сурати “асли имтинои судфа” ва дар мавориди дигар ба суратҳои дигар таъбир мешавад.

Ин назария низ қобили қабул нест, зеро ихтилофи қазияҳо тобеи ихтилофи аҷзои ташкилдиҳанда яъне мавзӯъ ва маҳмул аст. Мавзӯъ ва маҳмул дар соири усул бо мавзӯъ ва маҳмул дар ин қазия мухталиф аст, ва ба илова, ишколи дуввум, ки бар назарияи аввал ворид буд бар ин назария низ ворид аст.

в) Асли имтинои таноқуз ва соири бадеҳиёт ҳама бадеҳии аввалӣ ҳастанд ва дар айни ҳол ҳамаи он бадеҳиёт ниёзманд ба “асли имтинои таноқуз” ҳастанд. Чизе, ки ҳаст, навъи ниёзмандии бадеҳиёти аввалия ба “асли имтинои таноқуз” бо ниёзмандии назариёт ба бадеҳиёт, мухталиф аст. Навъи ниёзмандии назариёт ба бадеҳиёт ин аст, ки назариёт тамоми ҳастии худро мадюни бадеҳиёт ҳастанд, яъне натиҷае, ки аз як қиёс гирифта мешавад, айнан монанди фарзанде аст, ки мавлуди падару модар аст, вале навъи ниёзмандии бадеҳиёти аввалия ба аввалул-авоил таври дигаре аст ва онро ба ду наҳв метавон тақрир кард. Яке, ба ҳамон тақрире, ки дар матн шуда, ки ҳукми ҷазмӣ иборат аст аз: “идроки монеъ аз тарафи мухолиф”. Масалан, ҳукми ҷазмӣ дар бораи ин ки “Зайд қоим аст” вақте муяссар мешавад, ки ҳукм ҳолатеро ба худ бигирад, ки эҳтимоли адами қиёмро садд кунад ва садди ин эҳтимол бидуни кӯмаки асли имтинои таноқуз муяссар нест, ва бо кӯмаки асли адами таноқуз аст, ки илм ба ин ки “Ҳатман Зайд қоим аст ва хилофи он нест” сурати вуқӯъ пайдо мекунад. Ва агар ин аслро аз фикри башар берун бикашем, зеҳн ба ҳеч чизе ҳолати ҷазмӣ ва илми қатъӣ пайдо намекунад. Пас, ниёзмандии ҳамаи илмҳои бадеҳӣ ва назарӣ ба асли имтинои таноқуз, ниёзмандии ҳукм аст дар ҷазмӣ будан.

Тақрири дигар ин ки: агар “асли имтинои таноқуз” дар фикр мавҷуд намебуд, ҳеч илме монеи вуҷуди илми дигар намешуд. Тавзеҳ он ки: баъзе аз илмҳо (идрокоти ҷазмӣ) монеи вуҷуди илмҳои дигар нест, мисли илм ба ин ки “ин коғаз сафед аст” бо илм ба ин ки “Зайд истода аст”. Вале баъзе илмҳо монеи вуҷуди илмҳои дигар, балки монеи вуҷуди порае аз эҳтимолот аст, мисли илм ба ин ки “Зайд истода аст” монеи илм ба ин аст, ки “Зайд ноистода аст”. Ин монеъият бо дахолати асли имтинои таноқуз сурат мегирад, ва агар ин аслро аз фикри башар берун бикашем, ҳеч илме монеи ҳеч илме нахоҳад буд, бинобар ин монеъе дар фикр нахоҳад буд, ки шахс дар айни ин ки илми ҷазмӣ дорад ба ин ки “Зайд қоим аст”, илми ҷазмӣ пайдо кунад, ки “Зайд қоим нест” ё лоақал эҳтимол бидиҳад, ки “Зайд қоим нест”.

Бино бар тақрири аввал, агар асли имтинои таноқузро аз фикри башар бигирем, пояи “ҷазм” ва “яқин” хароб хоҳад шуд ва зеҳн дар шакки мутлақ фурӯ хоҳад рафт ва ҳеч гуна тасдиқи ҷазмӣ дар ҳеч мавзӯе барои зеҳн ҳосил нахоҳад шуд, ҳарчанд садҳо ҳазор “бурҳон” ҳамроҳи худ дошта бошад. Ва бино бар тақрири дуввум ҳеч ҷазме монеи ҷазми дигар нахоҳад шуд ва монеъе нахоҳад буд, ки зеҳн дар айни ин ки ба як тарафи қазия (нафй ё исбот) гароидааст, ба тарафи дигар низ бигарояд ва ҳеч тараферо интихоб накунад. Ва бино бар ҳар ду тақрир, асоси ҷамиъи қонунҳои илмӣ хароб хоҳад шуд, зеро қонуни илмӣ яъне интихоб ва гароиши зеҳн ба як тарафи бахусус. Ва агар аслан гароише дар кор набошад (шакк) ё гароиш дутарафӣ бошад, қонуни илмӣ барои зеҳн маъно надорад. Масалан, рӯйи усули ҳандасаи Уқлидисӣ зеҳн ин масъаларо, ки “се зовияи мусаллас мусовӣ бо ду қоима аст” ба унвони як қонуни илмӣ пазируфта ва ин як қазияи мӯҷиба аст, ки зеҳн ба ҳукми бурҳони риёзӣ ва асли имтинои таноқуз, ба ӯ гароидааст ва аз нақизи вай, ки “се зовияи мусаллас мусовӣ нест бо ду қоима” эъроз кардааст. Ҳоло агар фарз кунем, ки асли имтинои таноқузро аз фикр берун бикашем ва қаҳран зеҳн ҷазм ва гароиш пайдо накунад (бино бар тақрири аввал), дигар ин асл барои зеҳн қонуни илмӣ нахоҳад буд ва ё ин ки дар айни ҷазм ва гароиш ба вай, ба нақизи вай ҳам гароиш пайдо кунад (бино бар тақрири дуввум), ин масъала ва нақизи ин масъала ҳар ду барои зеҳн баробар аст ва ҳамон тавре, ки мумкин аст ин масъала қонуни илмӣ бошад, метавонем нақизи ӯро қонуни илмӣ бидонем ва ба ҳар ҳол аз қонуни илмӣ будан, ки маънояш интихоби яктарафии зеҳн аст, берун хоҳад рафт.

Асл имтинои таноқуз такягоҳи тамоми аҳкоми бадеҳӣ ва назарии зеҳн аст. Садрулмутааллиҳин дар мақоми тамсил мегӯяд, нисбати асли имтинои таноқуз бо соири усул ва тасдиқоти бадеҳӣ ва назарӣ монанди нисбате аст, ки дар олами аъён зоти воҷибулвуҷуд бо соири мавҷудот дорад, яъне маъият ва қаюмият аст, ки “Агар нозе кунад, аз ҳам фурӯ резанд қолабҳо”. Ҳақиқат ҳам ҳамин аст, зеро агар ин аслро, ки “зербино”-и ҳақиқии тамоми усули фикрӣ аст, аз фикри башар берун бикашем, ҷуз шакки мутлақ ва тасаввурҳои дарҳаму барҳам ва орӣ аз тасдиқ ё тасдиқҳои дарҳаму барҳам ва орӣ аз интихоб чизе боқӣ намемонад. Ва ҳаққан бояд номи “аслул-усул” ба вай дода шавад.

Асли имтинои таноқуз мавриди қабули тамоми азҳони башарӣ аст ва воқеан наметавон инсонеро пайдо кард, ки дар ҳоққи зеҳни худ мункири ин асл бошад. Яъне мумкин аст инсоне пайдо шавад, ки ба воситаи урузи шубаҳот аз ин ҳукми фитрии зеҳни худ ғафлат кунад ва ё вуҷуди онро инкор кунад, вале мумкин нест, ки инсоне пайдо шавад, ки воқеан дар зеҳни худ ин ҳукмро надошта бошад. Донишмандони ҷаҳон аз қадим ва ҷадид — таҷрибӣ ва таъаққулӣ — вуҷуди чунин аслеро дар фикри башар мункир нашудаанд. Аз донишмандони қадим касоне, ки дар садади инкори ин асл баромадаанд, суфастоиён ҳастанд ва аз донишмандони ҷадид тарафдорони мантиқи диалектик мункири ин асл шудаанд.

Пайравони материализми диалектик саъй доранд, ки баъзе дигар аз қудамои Юнонро, ки қоил ба ҳаракат дар табиат шудаанд ва ё он ки фалсафаи хешро рӯйи асли муборизаи аздод дар табиат таъсис кардаанд, мункири асли имтинои таноқуз дар фикр ҷилва бидиҳанд ва аз ин ҷиҳат аст, ки Ҳероклит (Heraclit), файласуфи ақдами Юнонро аҳёнан мункири асли имтинои таноқуз дар фикр муаррифӣ мекунанд, вале ҳақиқат ин аст, ки қабл аз Ҳегел (Hegel), ки бонии диалектики ҷадид аст, ба истиснои суфастоиён каси дигар ё дастаи дигар расман мункири ин асли фикрӣ нашудааст. Худи Ҳегел низ мутаваҷҷеҳ шудааст, ки он чӣ ӯ мегӯяд, рабте ба асли имтинои таноқуз надорад, вале моддигароён рӯйи иллатҳои хоссе ҷиддан ба мухолифат бо ин асл бархостаанд. Моддигароён дар мантиқ ва фалсафаи хеш ба бунбастҳое мерасанд, ки ҷуз бо инкори ин асли бадеҳӣ роҳи фироре надоранд. Мо дар поварақиҳои мақолаи 4, ба баъзе аз ин бунбастҳо ишора кардем ва анқариб тавзеҳи бештаре дар атрофи матлаб хоҳем дод.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: