Он чи маъшуқ аст, сурат нест он

Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст:

“Гуфт: Он мунаҷҷим мегӯяд, ки ғайри афлоку ин кураи хокӣ, ки мебинем, шумо даъвӣ мекунед, ки беруни он чизе ҳаст. Пеши ман, ғайри он чизе нест. Ва агар ҳаст, бинумоед, ки куҷост?

(Мавлоно) фармуд, ки он суол фосид аст аз ибтидо; зеро мегӯӣ, ки бинумоед, ки куҷост? Ва онро, худ ҷой нест.

Ва баъд аз он, биё бигӯ, ки эътирози ту аз куҷост ва дар чӣ ҷой аст? Дар забон нест ва дар даҳон нест, дар сина нест. Ин ҷумларо биков ва пора-пора ва зарра-зарра кун, бибин, ки ин эътироз ва андешаро дар инҳо ҳама ҳеч меёбӣ?

Пас донистем, ки андешаи туро ҷой нест. (Ва) чун ҷойи андешаи худро надонистӣ, ҷойи холиқи андешаро чун донӣ?

Чандин ҳазор андеша ва аҳвол бар ту меояд, ба дасти ту нест ва мақдур ва маҳкуми ту нест. Ва агар матлаъи (ҷойи баромадани) инро донистаӣ, ки аз куҷост, онро афзудаӣ. Мамарре (гузаре) аст ин ҷумла чизҳоро бар ту, ва ту бехабар, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад ва чӣ хоҳад кардан?

Чун аз иттилоъи аҳволи худ оҷизӣ, чӣ гуна таваққӯъ медорӣ, ки бар холиқи худ мутталеъ гардӣ?

Мегӯяд, ки дар осмон нест. Эй саг! Чун медонӣ, ки нест?

Оре, осмонро важа-важа (ваҷаб ба ваҷаб) паймудӣ, ҳамаро гардидӣ, хабар медиҳӣ, ки дар ӯ нест? Қаҳбаи худро, ки дар хона дорӣ надонӣ, осмонро чун хоҳӣ донистан?

Ҳей осмон шунидаӣ ва номи ситораҳо ва афлок чизе мегӯӣ. Агар ту аз осмон мутталеъ мебудӣ ё сӯйи осмон важае боло мерафтӣ, аз ин ҳарзаҳо нагуфтӣ.

Ин чи мегӯем, ки Ҳақ бар осмон нест, муроди мо он нест, ки бар осмон нест… Осмон бар ӯ муҳит нест ва ӯ муҳити осмон аст; таъаллуқе дорад ба осмон аз ин бе чуну чӣ гуна, чунонки ба ту таъаллуқ гирифтааст бе чуну чӣ гуна. Ва ҳама дар дасти қудрати ӯст ва мазҳари ӯст ва дар тасарруфи ӯст. Пас берун аз осмону аквон (ҳастиҳо) набошад ва ба куллӣ дар он набошад, яъне ки инҳо бар ӯ муҳит набошад ва ӯ бар ҷумла муҳит бошад.

Яке гуфт, ки пеш аз он ки замину осмон буд ва курсӣ буд, ӯ куҷо буд?

Гуфтем: Ин суол аз аввал фосид аст. Зеро ки Худой он аст, ки ӯро ҷой нест, ту мепурсӣ пеш аз ин ҳам куҷо буд? Охир, ҳамаи чизҳои ту бе ҷост, ин чизҳоро, ки дар туст, ҷойи онро донистӣ, ки ҷойи ӯро металабӣ?

Чун бе ҷой аст аҳвол ва андешаҳои ту, ӯро ҷой чӣ гуна тасаввур бандад? Охир холиқи андеша аз андеша латифтар бошад. Масалан, ин банно (сохтмонсоз), ки хона сохт, охир ӯ латифтар бошад аз ин хона. Зеро ки сад чунин ва ғайри ин банноӣ, корҳои дигар ва тадбирҳои дигар, ки як ба як намонад, он марди банно тавонад сохтан. Пас, ӯ латифтар бошад ва азизтар аз бино (сохтмон). Аммо он лутф дар назар намеояд, магар ба воситаи хона ва амале, ки дар олами ҳисс дарояд, то он лутфи ӯ ҷамол намояд.

Ин нафас (бухори даҳон) дар зимистон пайдост ва дар тобистон пайдо нест, на он аст, ки дар тобистон нафас мунқатеъ шуд ва нафас нест, илло тобистон латиф аст ва нафас латиф аст, пайдо намешавад ба хилофи замистон.

Ҳамчунин ҳамаи авсофи ту ва маъонии ту латифанд, дар назар намеоянд, магар ба воситаи феъле. Масалан, ҳилми ту мавҷуд аст, аммо дар назар намеояд, чун бар гуноҳкор бибахшоӣ, ҳилми ту маҳсус шавад. Ва ҳамчунин қаҳҳории ту дар назар намеояд, (ва) чун бар муҷриме қаҳр ронӣ ва ӯро бизанӣ, қаҳри ту дар назар ояд. Ва ҳамчунин ило мо ло ниҳоя (яъне метавон то бе поён мисол зад).

Ҳақ Таъоло аз ғояти лутф дар назар намеояд. Осмону заминро офарид, то қудрати ӯ ва сунъи ӯ дар назар ояд ва лиҳозо мефармояд:

 أَفَلَمْ يَنظُرُوا إِلَى السَّمَاء فَوْقَهُمْ كَيْفَ بَنَيْنَاهَا

(Оё мункирони Ҳақ осмонро фарози худ наменигаранд, ки мо чӣ гуна бинои муҳкам асос ниҳодаем. Сураи Қоф, ояти 6)

* * *

Дар Маснавӣ низ дар посухи ин гуна эътирозот, ки “агар ҳаст, бинумоед куҷост?”, гӯяд:

Ҳуҷҷати мункир ҳамин омад, ки ман

Ғайри ин зоҳир намебинам ватан.

Ҳеч н-андешад, ки ҳар ҷо зоҳирест,

Он зи ҳикматҳои пинҳон мухбирест.

Ба назари Мавлоно, дар ҳақиқат макон доми ломакон ва сурат каманди сайди бе сурат аст ва мункир дарнамеёбад, ки худ ошиқи ломакон аст:

Сурати шаҳре, ки он ҷо меравӣ,

Завқи бесурат кашидат, эй равӣ!

Пас ба маънӣ меравӣ то ломакон,

Ки хушӣ ғайри макон асту замон.

Сурати ёре, ки сӯйи ӯ шавӣ,

Аз барои мӯнисияш меравӣ.

* * *

Он чи маъшуқ аст, сурат нест он,

Хоҳ ишқи ин ҷаҳон, хоҳ он ҷаҳон.



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: