Эрон ва араб

Ёддоште аз Абдурраҳмон Юсуф Қарзовӣ, шоир, нависанда ва рӯшанфикри мисрӣ

(Ишора: Мутарҷими ин ёддошт (Сайидюнуси Истаравшанӣ) бо ин ки ба қисматҳое аз он чӣ ин нависандаи араб менависад мувофиқ нестам, вале барои огоҳии азизони хонанда бо дидгоҳ ва назари нухбаҳо ва рӯшанфикрони имрӯзи ҷаҳони араб, ин ёддоштро тарҷима ва пешкаши азизон мекунам.)

* * *

Агар мехоҳӣ бидонӣ эрониҳо чӣ гуна тавонистанд ба муваффақият даст биёбанд, шарташ ин аст, ки аввал бояд ин миллатро бишносӣ.

Хулосаи ин миллатро метавон дар қолӣ ва фарши ӯ пайдо кард… Аз ин рӯ, барои ошноӣ ва дарки ин миллат, аввал бояд бидонед, чӣ гуна як қолии дастӣ бофта мешавад.

Қолибоф ибтидо чиллакашӣ мекунад. Чиллакашӣ (ё торкашӣ) қарор додани торҳо дар канори якдигар ва ба мувозоти ҳам аст дар тӯли дор (дорбасти қолибофӣ). Ва ин кор бояд бо ҳаддиаксари диққат анҷом бишавад. Фосила миёни торҳо бояд якнавохт бошад бо милиметр. Теъдоди торҳо дар як фарши абрешимӣ, метавонад то 12 тор дар ҳар сантиметр бирасад.

Баъд аз марҳилаи чиллакашӣ, навбати гиреҳзанӣ мерасад. Гиреҳҳо дар ҳақиқат риштаҳои кӯтоҳе аз пашм ё абрешим ҳастанд, ки ба даври ду тори муқобил печида шуда ва гиреҳ мехӯранд. Теъдоди гиреҳ бар ҳасби навъи фарш, мухталиф аст. Гоҳе то 12 гиреҳ дар ҳар сантиметр ва гоҳе ҳам — ва дар қолиҳои абрешимӣ — шумори гиреҳҳо то 144 гиреҳ дар ҳар сантиметр мерасад… Ин аст сатҳи диққат ва сабру ҳавсалае, ки ҳоло мехоҳам дар бораи он сӯҳбат бикунам.

Андозаи фарш, теъдоди бофандаҳоро таъйин мекунад… Масалан, барои фарше ба андозаи ду метр, ба ду бофанда ниёз аст, ва ҳар чӣ андозаи фарш бузургтар бошад, бар шумори бофандаҳо низ афзуда мешавад.

Як фарш гоҳе ҳафтаҳо бар дорбаст боқӣ мемонад ва гоҳе ҳам моҳҳо ва аҳёнан солҳо…

Ман як фарши бузургеро дар Эрон дидам, ки падарбузург оғоз карда ва писар идома дода, сипас нава онро ба итмом расонида… Ва нава ҳам ин фаршро, баъди беш аз се даҳа кор бар рӯйи он, дар ҳароҷ ба фурӯш расонда… албатта ба чанд милюн дулор.

Фарш иборат аст аз як нақшаи ба хубӣ таърифшуда, ки аз ҳамон лаҳзаи аввал дар баробари як гурӯҳи корӣ қарор дода мешавад. Ҳар гиреҳе дорои ҷойгоҳи хосс ва ранги махсуси худ аст… Ҳамаи инҳо аз ҳамон лаҳзаи аввал ва тибқи як нақшаи аз пеш тарроҳишуда барои сохтани фарш, мадди назар қарор мегиранд… Ҳеч маҷоле ҳам барои тахаттӣ аз ин нақша вуҷуд надорад.

Замоне ки инқилоби Эрон пирӯз шуд, давлати ҷадиде рӯйи кор омад ва бо такя ба мардумонаш бапо хост; гоҳе комёб шуд ва гоҳе бо шикаст рӯ ба рӯ гардид, гоҳе тираш дуруст ба ҳадаф хӯрд ва гоҳе ҳам ба хато роҳ дод… Аммо ҳар чӣ ҳаст, давлате аст бо як пружаи калон ва мушаххас ва истротежии муайян. Эрон барои таҳаққуқ бахшидан ба пружаи калони худ, як тарҳ ва як нақшаи роҳи таърифшудаеро пеши рӯйи худ гузошт… ва бар он сабр кард ва ҳавсала ба харҷ дод; гӯӣ ин ки як фарши абрешимии холис ва дастбоф бошад… Ва дар поён, ҳамон чизе таҳаққуқ ёфт, ки мехост.

Эрониҳо (пеш аз инқилоб) барои солҳо ва солҳо буд, ки таваккалашон ба Худо буд… Яъне дар интизори зуҳури имоми мунтазар нишаста буданд ва ҷумъа ҳам баргузор намекарданд.

То ин ки Хумайнӣ омад ва назарияи “вилояти фақеҳ”-ро матраҳ кард. Фақеҳ (тибқи ин назария), метавонад ҷонишини имоми мунтазар дар барпоии давлат бишавад, ва қатъан дар намози ҷумъа низ.

Сипас Хумайнӣ реҳлат кард, дар ҳоле ки фақеҳе ба ҳаҷми Хумайнӣ набуд, то ҷойи ӯро пур кунад. Оқои Хоманаӣ дар он замон яке аз фуқаҳои дараҷаи пойин шумурда мешуд, вале мушкиле вуҷуд надошт; зеро эрониҳо тавонистанд раҳбарии инқилобро ба як муассиса ва як ниҳоди раҳбарӣ табдил кунанд, ҳамон тавр ки тавонистанд назарияи “вилояти уммат”-ро тарҳрезӣ бикунанд.

Эрониҳо ҳамчунин тавонистанд, аз дигар вижагиҳои хеш чун ирқи форсӣ, ақидаи шиъӣ, мавқеияти ҷуғрофиёӣ, торихи сафавӣ ва ғайра… баҳра бигиранд ва аз ҳамаи он як фарш ва қолии нафисе бибофанд… Ва инак, ва пас аз гузашти беш аз се даҳа аз оғози ин “бофандагӣ”, доранд меваҳои бештар ва бештареро мечинанд.

Ва аммо аъроб чӣ кор карданд?

Маҷмӯае аз низомҳои бе барнома ва бе нақшаи роҳ, ки даҳаҳост, ки натавониста коре анҷом бидиҳад. Танҳо дастоварди онҳо дар тӯли ин муддат, бақо дар арш, аз худ кардани кишвар ва таҳқири мардумони худ аст.

Тамоми он чӣ анҷом доданд ин аст, ки барои худ “қадосат” қоил шуданд ва сарват анбоштанд ва фарзандони хешро вориси он сарватҳо намуданд ва давру бари низомҳои худ қалъа сохта ва нисбат ба душманони ин уммат эъломи вафодорӣ намуданд… Ва натиҷа ин шуд, ки ба ақибуфтодатарини миллатҳо дар ҷаҳон табдил ёфтанд.

Метавонистем дар ҳамон оғоз, “пружаи калони эронӣ”-ро маҳор бикунем, агар аъроб ҳам дорои як пружаи мутазодд мебуданд. Ва ё мумкин буд, бо Эрон ҳамкорӣ ва аз он истифода бикунем, агар аъроб низ як барнома медоштанд. Аммо он чӣ рух додааст ин аст, ки пружаи калони эронӣ дар халаъи комили аъроб густариш ва тавсиъа пайдо кард, ва ҳар чӣ аъроб ақибнишинӣ карданд, пружаи Эрон бештар густариш ёфт. Ва имрӯз… ва баъд аз он ки Эрон бо тавофуқи торихии ҳастаии хеш худро бар кулли олам таҳмил кард, аъроб талош мекунанд, ҷилави Эрон биистанд ва он чиро аз даст додаанд-ро ҷуброн намоянд… ва дар пайи ёфтани як роҳи ҳалл ва бинои як “иттиҳоди арабӣ” дар баробари пружаи эронӣ ҳастанд.

Аъроб тарафдор ва фармонбардори Омрико ва “Исроил” шуда ва аз кӯмак ва ҳимояти ҳаракатҳои муқовимати зидди “Исроил” шона холӣ карданд… ва Эрон аммо, онҳоро кӯмак ва ҳимоят кард.

Ҷойгоҳи исломи суннӣ ба далели коҳиши будҷаи Азҳар тазъиф шуд ва нақши мубаллиғони Азҳар дар Офриқо, Осиё ва дигар қорраҳои ҷаҳон ба шиддат коҳиш пайдо кард… Дар муқобил, Эрон будҷа барои нашри исломи шиъиро музоъаф кард ва ин мазҳаб дар манотиқе густариш ёфт, ки агар аъроб ба вазифаи худ амал мекарданд, ҳаргиз пойи ин маҳзҳаб ба он ҷоҳо намерасид.

Аъроб Ироқро фурӯхтанд ва Эрон харид. Аъроб ақаллиятҳои шиъа дар кишварҳои худро мавриди озору азият қарор доданд ва онҳоро аз ҳуқуқашон маҳрум карданд ва Эрон ба додашон расид… Ва ҳамчунин дар ҳар заминае аз заминаҳои зиндагӣ аъроб ақиб нишастанд ва Эрон пеш рафт ва халаъҳоро пур кард.

Ноумедии аъроб, сохторҳои ҳукуматии саркӯбгар аст, ки дар шаш даҳаи торики гузашта бар онҳо ҳукумат карда ва ба хотири ин гурӯҳакҳои мусаллаҳ, кишварҳои мо ба туфолаи ҷаҳон табдил шуданд ва ҳокимони мо ба ҷинояткорони байналмилалӣ мубаддал гаштанд.

Бар хилофи он чӣ душманони Эрон тарвиҷ ва таблиғ мекунанд, аксарияти мардуми ин кишвар аз низоми ҳокимашон розӣ ҳастанд. Шояд хелеҳо бо ман мувофиқ набошанд, аммо ҳаддиақалли ин ризоят машҳуд аст, ба акси он чӣ дар бештари кишварҳои арабӣ мушоҳида мешавад, ки аксарияти мардум таҳти ҳукуматҳои ҷабру зулму ситам зиндагӣ мекунанд.

Бинобар ин, (хитоби ман ба мардуми араб ин аст, ки) шумо эрониҳоро ба хотири талошҳояшон сарзаниш накунед, балки ҳокимони нобихради худро маломат кунед, ки бо зиллатпазирии шармовари худ, моро ба ин ҷо расонданд.

Агар касе аз ман дар бораи роҳи ҳалл бипурсад, мегӯям: роҳи ҳалл ин аст, ки мардуми арабро ба ҳоли худ гузоранд, то монанди ҳар миллати пешрафта худашон бар худашон ҳукумат кунанд, ва то худашон тасмим бигиранд, ки чӣ касоне душманони онҳо бошанд ва чӣ касоне ҳампаймонҳо ва дӯстонашон, ва бо ақли мардум бозӣ накунанд. Аммо талош барои иҷбори мардум бар рафтан тибқи ҳаво ва хостаҳои ҳукком, ҳеч натиҷае нахоҳад дошт ҷуз ин ки паёмадҳои вахимтареро ба дунбол биёварад.

Дар гузашта борҳо инро гуфтаам ва ҳамин ҳоло ҳам мегӯям ва дар оянда ҳам хоҳам гуфт, то замоне ки ба дасти худамон бисозем, ба изни Худованд!

arahman.net



Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: