Шарҳи Маснавӣ (181)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (7)

* * *

Тафсири қавли Фаридуддини Аттор қаддасаллоҳу руҳаҳу (1):

* * *

Мавлоно дар ин фасл тафовут миёни солики ноқис ва солики комилро баён доштааст. Солик дар бидояти сулук бояд бар риёзат ва тарки умури мубоҳ сахт мувозибат дошта бошад, аммо вақте ба мартибаи пухтагӣ ва камоли нисбӣ расид, бад-он риёзат ва тарки умури мубоҳ ҳоҷате нест.

Сӯфия ҳолати аввалро муҷоҳада ва ҳолати дуввумро мушоҳада номанд, ки ҳокӣ аз вусул ба усул ва шуҳуди ҳақиқат аст.

Ин фасл аз Маснавӣ матолибе дорад, ки агар ба мабонии тафаккури Мавлоно ва низ сираи амалии ӯ диққат нашавад, суибардоштҳоеро дар пай хоҳад дошт. Аз он ҷумла, ибоҳагарон ва лоуболиён бо истинод ба мутуне аз ин қабил, худро муқайяд ба тарки ҳаром ва парҳез аз манҳийёти шаръия надонанд; чаро ки гӯянд, мо ба мартибаи камол расидаем ва з-ин пас таклиф аз гарданамон соқит аст.

Аммо Мавлоно ин матолибро намехоҳад бигӯяд. Зеро яке аз вижагиҳои ахлоқии Мавлоно, тақайюди дақиқи ӯ ба таколифи шаръӣ буд ва ин диққатро то охири умри худ риоят кард. На танҳо бар фароиз, ки бар навофил низ мувозибат дошт ва ҳаргиз феъли ибоҳагаронро таъйид накард. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.512)

* * *

Соҳиби дилро надорад он зиён,

Гар хурад ӯ заҳри қотилро аён.

Агар соҳибдиле ошкоро заҳре кушанда бихӯрад, он заҳр ба ӯ ҳеч зиёне нарасонад.

Соҳиби дил: Порсо, равшанзамир.

Нукта: Ҳар як аз комилон ва ноқисон мартибае доранд. Ва то вақте ки ноқис ба мартибаи комил нарасад, набояд худро бо ӯ қиёс кунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.512)

З-он ки сиҳҳат ёфт в-аз парҳез раст, 

Толиби мискин миёни таб, дар аст.

Зеро ки соҳибдил аз амрози руҳонӣ ва ахлоқӣ раҳидааст ва ба камоли саломатии руҳ даст ёфтааст ва ниёзе ба ин парҳезҳо надорад. Вале он толиби нотавон ва тозароҳ ҳанӯз дучори таб аст. Яъне ҳамчунон дилаш аз бори таъаллуқоти дунявӣ озод нашудааст. Пас, бар ӯ лозим аст, ки то мартибаи камол парҳез (аз умури мубоҳ)-ро риоят кунад.

Нукта: Агар касе хаёл кунад, ки манзури ин байт ва баёти баъдӣ ин аст, ки анҷоми воҷибот ва тарки муҳаррамот ва манҳийёт, аз шахси комил бардошта мешавад, иштибоҳ кардааст; чаро ки агар касе бо осори Мавлоно ва мабонии андеша ва сираи амалии ӯ ошноӣ дошта бошад, чунин бардоште намекунад. Зеро тарки воҷибот ва адами парҳез аз муҳаррамот ва манҳийёт, оммаву хосса ва хому пухта ва ноқису комил намешиносад, балки ҳамагонро ба табоҳии ахлоқӣ мекашонад. Паноҳ бар Худо аз ин гумони ботил! (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.513)

Гуфт пайғамбар, ки эй толибҷиро

Ҳон, макун бо ҳеч матлубе миро,

Паёмбар фармуд: Эй хостори ҷира ва мустамиррӣ! Ба ҳуш бош, ки бо ҳеч матлуб ва муроде ситез макунӣ! Яъне, эй солики мубтадӣ, ки ҳанӯз дар мартибаи талабӣ! Худро бо комилоне, ки ба мартибаи камол расидаанд, қиёс макун!

Толибҷиро: Хостори ҷира ва мустамиррӣ, хоҳ ҷираи моддӣ ё маънавӣ.

Миро: Ситез, ҷидол.

Дар ту Намрудест, оташ дармарав,

Рафт хоҳӣ, аввал Иброҳим шав.

Зеро дар ботини ту Намруди нафси аммора вуҷуд дорад, пас набояд ба оташи нафсониёт даройӣ. Агар мехоҳӣ ба миёни оташ равӣ, нахуст Иброҳим (а) шав ва он гоҳ қадам бар оташ неҳ. Яъне, эй солики муқайяд ба нафс! То вақте руҳатро ҳамонанди Иброҳими Халил (а) аз лавси овезишҳои нафсонӣ пок накардаӣ, ба дунё ва лавоҳиқи он рӯй макун.

Чун найӣ саббоҳу на дарёие,

Дар маяфган хеш аз худдройие.

Эй касе, ки муқайяд ба таъаллуқоти нафсонӣ ҳастӣ! Ҳол ки ту на шиногарӣ баладӣ ва на бо фанни дарёнавардӣ ошноӣ дорӣ, пас худсарона хешро ба коми дарё маяфкан!

Саббоҳ: Шиногар.

Ӯ зи қаъри баҳр гавҳар оварад,

Аз зиёнҳо суд бар сар оварад.

Аммо комилон, ки аз банди ҳаво растаанд ва фанни шиногарӣ ва дарёнавардиро дар баҳри дунё омӯхтаанд, аз жарфои он дарё гавҳарҳое маънавӣ сайд мекунанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: