Фалсафа ва равиши реализм (67)

Пайдоиши касрат дар идрокот (22)

Матни китоб:

Ишкол

Донишмандони моддияти таҳаввулӣ (1) мегӯянд, ҳамаи ин назариёти гузашта, ки аз баёни собиқ натиҷа гирифта шуда ва асоси мантиқи ҷомидро мечинад, мантиқи худро рӯйи се асли зерин устувор менамояд:

1. “Асли айният”, яъне ҳар чиз худаш айни худаш мебошад;

2. “Асли сабот”, яъне ҳар шаъйе дар лаҳзаи дуввумӣ, ҳамон аст, ки дар лаҳзаи аввалӣ буд;

3. “Асли имтинои иҷтимои зиддайн”, яъне вуҷуд ва адам якҷо гирд намеоянд. (Иҷтимои нақизайнро, ки иҷтимои сидқу кизб ё иҷтимои салбу эҷоб аз як ҷиҳати ҳақиқӣ буда бошад, табдил ба мутаноқизайн сипас табдил ба зиддайн кардаанд ва маънии вуҷуд ва адамро аз маънии эҷобу салб тавсиъа дода ва ба мавриди қувва ва феъл шомил гирифта ва сипас ин таъбир ва тафсирро намудаанд).

Вале пас аз ин ки илми имрӯза бо пешрафти шигарф ва тозаи худ қонуни таҳаввул ва такомули умумиро сару сурат дода ва созмони тез ва антитез ва синтез (будан-набудан-шудан)-ро таъсис намуд, дигар такягоҳе барои се асли номбурдаи метафизик ва мантиқи вай намонда ва аз арзиши дерини худ афтодаанд. Зеро ба мӯҷиби созмони номбурда, ҳар мавҷуде воқеияти буд ва ҳастии худро дорост, ки ҳофизи вазъи феълии ӯ мебошад, ва чун дар табаддул аст, набуд ва нестии худро ҳамроҳи худ дошта ва мепарварад ва аз маҷмӯи ин ҳастӣ ва нестӣ ва буду набуд, мавҷуди дигар пайдо мешавад, ва дар айни ҳол, ки маротиби сегона (буд ва набуд ва шуд) ба се марҳилаи мутараттиби ин мавҷуд мутаъаллиқ мебошад, аз марҳилаи дуввуми вай (набуд) низ шурӯъ карда ва мунтабиқ мешаванд, яъне “набуд”, “буд” ва “шуд”, “набуд” мешавад ва як вуҷуди баъдӣ, ки аз “шуд” ба воситаи табаддул ба вуҷуд омада “шуд” мешавад ва ба ҳамин қиёс…

Бо ин тартиб, дигар мавриде барои асли сабот ва айният ва имтинои иҷтимои зиддайн намемонад. Донишмандони моддӣ бо такя ба ин назария, пас аз ин баёни иҷмолӣ, ба яке-яке аз бадеҳиёт ва ҳамчунин ба назариёте, ки дар бобҳои мухталифи мантиқ исбот шуда ҳамла намуда ва беарзишии онҳоро бо баёнҳое, ки аз ин баён сарчашма мегиранд, ибтол намуда. Масалан, дар мавриди “ҳадд” (таъриф) мегӯянд, ҳадд, ки мантиқи метафизик мегӯяд, ки маҷмӯаи аҷзоъи моҳияти шайъ муаррифи ӯст, вақте метавонад дуруст буда бошад, ки шайъ моҳияте ҷудо аз дигар моҳиятҳо дошта бошад, ва ҳол он ки чунин нест. Вақте метавонад дуруст буда бошад, ки моҳияти шайъ дар як ҳоли собит бимонад, ва ҳол он ки чунин нест. Вақте метавонад дуруст буда бошад, ки шайъ зидди худро надошта бошад, ва ҳол он ки чунин нест.

Ва масалан, дар мавриди шакли аввали қиёси иқтиронӣ мегӯяд: дар мисоли маъруфи “Ҳар инсон ҳайвон аст, ва ҳар ҳайвон ҳассос аст, пас ҳар инсон ҳассос аст” вақте ин шакл ин натиҷаро дода ва инсон ҳассос хоҳад буд, ки инсон моҳияте ҷудо аз дигар моҳиятҳо дошта бошад ва инсон инсон бимонад ва ғайри инсон набошад, ва ҳол он ки ин ҷур нест. Ва дар ғайри ин ду маврид низ, назири ин ишколотро кардаанд. Ва чунонки равшан аст, ҳамаи онҳо аз тақрири се асли номбурда, ки диалектик нафй менамояд, сарчашма мегиранд.

* * *

Таълиқот:

(1) Фалсафаи моддии ҷадиде, ки ба номи “материализми диалектик” хонда мешавад ва ду шахсияти маъруф ба номи Карл Маркс (Karl Marx) ва Фридрик Энгелс (Friedrich Engels) бониёни аслии он ба шумор мераванд, дорои як теорияи фалсафӣ ва як равиши мантиқӣ аст. Теорияи фалсафии вай “материалистӣ” аст, ки вуҷудро мусовӣ бо модда медонад ва вуҷуди моварои моддиро мункир аст. Ва равиши мантиқи вай, шева ва равиши хоссе аст, ки дар тарзи таҳқиқ ва роҳ ёфтан ба маърифати табиат пеш гирифта ва мӯътақид аст, ки танҳо бо ин равиш ва ин тарзи таҳқиқ аст, ки метавон табиатро шинохт ва ба он маърифати ҳақиқӣ ҳосил кард. Ин равиши таҳқиқ, ки ҳамон равиши диалектикии марксистӣ аст, иборат аст аз тарзи тафаккури мубтанӣ бар чанд асл аз усули куллӣ, ки ҳоким бар табиат аст, ва ба ақидаи онон, ягона тарзи тафаккур ва шеваи мутолеае, ки табиат ва аҷзоъи табиатро он тавр, ки ҳаст мешиносонад, ҳамоно мутолеае аст, ки тибқи ин усул сурат бигирад. Ин усул аз ин қарор аст:

а) Моҳияти ҳар чизе иборат аст аз робитаи он чиз бо соири аҷзоъи табиат. Ҳеч чиз ва ҳеч ҷузъе аз аҷзоъи табиат ба худии худ қобили шиносоӣ нест, ва бинобар ин, агар мавҷуде аз мавҷудоти табиатро бихоҳем мутолеа кунем, бояд маҷмӯи иртибототи вайро бо соири ашёъ ба даст оварем ва онро дар таҳти таъсири муҳити махсусе, ки хоҳ нохоҳ моҳияти ӯро таҳти нуфуз гирифтааст, мутолеа кунем. Сталин (1879-1953) дар ҷузваи “Материализми диалектик” ва “Материализми таърихӣ” мегӯяд:

Методи диалектикӣ мӯътақид аст, ки ҳеч гуна падидае дар табиат мунфаридан ва бидуни дар назар гирифтани равобити он бо соири падидаҳои муҳиташ, наметавонад мафҳум воқеъ шавад; зеро падидаҳо дар ҳар ришта аз табиат, ки тасаввур кунем, вақте хориҷ аз шароити муҳит дар назар гирифта шаванд, ба амре бемаънӣ табдил хоҳанд шуд”.

Ин асл ба унвони “асли табаияти ҷузъ аз кулл” ва ё “асли таъсири мутақобил” ва ё “асли пайвастагии умуми ашёъ” хонда мешавад.

б) Ҳама чиз доиман дар тағйир ва ҳаракат ва шудан аст. Сукун вуҷуд надорад ва фикр низ, ки аз хоссиятҳои табиат аст, тобеъи ҳамин қонуни тағйир ва ҳаракат аст. Энгелс мегӯяд:

Дунёро набояд ба сурати махлуте аз ашёи собит ва тамомшуда тасаввур намуд, балки дунё иборат аст аз махлуте аз сайрҳои таҳаввулӣ, ки дар он мавҷудоте, ки зоҳиран собит мебошанд ва ҳамчунин инъикоси ин мавҷудот дар замири инсон, ки ҳамон афкор бошад, доиман дар ҳоли сайри таҳаввулӣ ва инҳидом мебошанд.”

Ин асл маъмулан “асли тағйир” ё “асли ҳаракат” ё “асли такомул” хонда мешавад.

в) Тағйир ва ҳаракат ҳамвора ба ҳолати якнавохт нест, лаҳазоте фаро мерасад, ки ин тағйироти тадриҷӣ ҳолати шадид ва инқилобӣ ба худ мегирад ва мунҷар ба тағйир дар кайфият мешавад. Сталин мегӯяд:

Диалектик бар хилофи метафизик, сайри такомулиро як ҷараёни соддаи нашъу намо, ки дар он тағйироти каммӣ мунҷар ба тағйироти кайфӣ нашавад, намедонад, балки такомулро аз тағйироти камаҳаммият ва пинҳонии каммӣ медонад, ки ба тағйироти кайфии ошкор ва асосӣ мунтаҳӣ мегардад.”

Ин асл маъмулан ба номи “асли ҷаҳиш” хонда мешавад.

г) Ҳаракати такомулии ашёъ дар натиҷаи таноқузот ва тазоддҳое, ки дар дохили ашёъ вуҷуд дорад сурат мегирад. Сталин мегӯяд:

Методи диалектик бар он аст, ки ҷараёни такомули паст ба олӣ натиҷаи такомул ва тавсиъаи ҳамоҳанги падидаҳо набуда, балки баръакс дар асари бурузи тазоддҳои дохилии ашёъ ва падидаҳо ва дар тайи як “мубориза” байни тамоюлоти мутазодд, ки бар асоси он тазоддҳо қарор гирифтааст анҷом мегирад”.

Жорж Политсер (Georges Politzer) дар “Усули муқаддимотии фалсафа” мегӯяд:

На танҳо умур ба якдигар табдил мешаванд, балки ҳеч амре ба танҳоӣ ва ҳамон, ки ҳаст, намемонад ва иборат аз чизе хоҳад буд, ки шомили зидди худаш низ ҳаст ва ҳар чиз обистани зидди худ мебошад. Умури олам дар айни ҳол, ҳам худ ва ҳам зидди худ мебошанд… Тағйир ва таҳаввули умур аз он ҷиҳат аст, ки дорои тазодд мебошанд ва таҳаввул аз он ҷиҳат даст медиҳад, ки ҳеч чиз бо худаш созгор нест. Тухме, ки дар зери мурғ аст, дар дохили худ ду қувва дорад: яке он ки мехоҳад тухмро ба ҳолати худ нигаҳ дорад, дигаре он ки мехоҳад тухмро табдил ба ҷӯҷа кунад. Аз ин рӯ, тухм бо худаш созгор нест… Чизе, ки аз “нафй” муштаққ мешавад, ҳолати исбот пайдо мекунад. Ҷӯҷа исботе аст, ки аз нафйи тухм хориҷ мешавад. Ин яке аз мароҳили такомул аст. Мурғ аз тағйири ҷӯҷа ба вуҷуд меояд ва дар хилоли ин таҳаввул байни қувваҳое, ки мехоҳанд ҷӯҷаро ба ҳамин ҳол нигаҳ доранд ва қувваҳое, ки мехоҳанд ҷӯҷаро ба мурғ табдил кунанд, кашмакаш аст. Мурғ нафйи ҷӯҷа аст ва ҷӯҷа ба навбаи худ маҳсули нафйи тухм мебошад. Пас, мурғ нафй дар нафй аст ва ин шеваи умумии такомули диалектикӣ аст:

1. Исбот, ки “тез” ном дорад (ҳукм);

2. Нафй: “анти тез” (зидди ҳукм);

3. Нафй дар нафй: “синтез”.

Ин асл маъмулан ба номи “асли тазодд” ё “асли муборизаи аздод” хонда мешавад.

* * *

Ҳамон тавре, ки гуфта шуд, теорияи фалсафии материализми диалектик бар асоси моддият ва нафйи вуҷуди моварои моддӣ қарор дорад, ва тарзи тафаккури мантиқии вай бар асоси усули чаҳоргонаи фавқ мебошад. Мо дар ин мақола, ки афкор ва идрокот ва кайфияти пайдоиши такассур дар идрокотро мавриди таҷзия ва таҳлил қарор додаем, аз мавзӯи баҳс хориҷ нашуда вориди интиқоди теорияи материалистӣ ва баҳс дар атрофи усули чаҳоргонаи диалектик намешавем. Он чӣ марбут ба теорияи куллии фалсафӣ аст, ба таври машруҳ дар мақолаи 14, ва он чӣ марбут ба тавҷеҳи қонунҳои куллӣ ва усули умумии ҳоким бар табиат аст, дар мақолаи 10 баён хоҳем кард.

Ҳар як аз усули чаҳоргонаи диалектик каму беш аз қадим ва ҷадид дар мақоми тавҷеҳи қонунҳои умумии табиат тарафдороне дошта ва дорад, ва баъзе аз он усул бо қатъи назар аз нуқтаҳои заъфе, ки дар мантиқи моддигароён аст, қобили қабул аст, ва мо муфассалан дар мақолаи 10 дар ин хусус гуфтугӯ хоҳем кард.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: