Шарҳи Маснавӣ (182)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (8)

* * *

Тафсири қавли Фаридуддини Аттор қаддасаллоҳу руҳаҳу (2):

* * *

Комиле гар хок гирад, зар шавад,

Ноқис ар зар бурд, хокистар шавад.

Агар инсони комил масалан аз замин муште хок бардорад, он мушти хок ба тиллои пурбаҳо табдил шавад. Вале инсони ноқис ва солики мубтадӣ агар тилло ба даст оварад, он тилло ба хокистар бадал шавад.

Чун қабули Ҳақ бувад он марди рост,

Дасти ӯ дар корҳо дасти Худост.

Зеро инсони комил мақбули даргоҳи ҳазрати Ҳақ Таъолост, бад-ин сабаб дар ҳар коре дасти ӯ ба манзилаи дасти Худост. Яъне ӯ воситаи иҷрои машиати илоҳист.

Дасти ноқис дасти шайтон асту дев,

З-он ки андар дом таклиф асту рев.

Аммо дасти инсони ноқис ба манзилаи дасти шайтон ва дев аст. Зеро ӯ дар доми таклиф ва ҳилаҳои нафс ва шайтон аст. Яъне феълан ибодотро мутакаллифона анҷом медиҳад, на ошиқона, ва пайваста зуҳду таъаббуд, дар ӯ эҷоди ғурур ва худбинӣ мекунад, на раҳоӣ аз худ.

Рев: Ҳила ва найранг.

Ҷаҳл ояд пеши ӯ, дониш шавад,

Ҷаҳл шуд илме, ки дар ноқис равад.

Агар ҷаҳл ба назди инсони комил ояд, ба илм ва маърифат дигар шавад, вале илме, ки ба назди инсони ноқис равад, ба ҷаҳл бадал гардад.

Нукта: Ҷаҳле, ки дар зоти инсони комил аст, айни дониш ва маърифат аст. Зеро ҷаҳли ӯ аз дониш ва маърифати волои ӯ сарчашма гирифта, на аз ҷаҳли мутлақ, ки дар авомм аст. Зеро олимон ва навобиғ маҷҳулоти бисёр доранд, вале афроди оддӣ маҷҳулоташон андак аст. Боз тавон гуфт: ғояти илм таҳзиб ва тасфияи нафс аз ғубори хубдинӣ ва худписандӣ аст, на ҳифзи алфоз ва истилоҳоти улум ва касби эътибор, чунонки Қуръони Карим дар ояти 5 сураи Ҷумъа фармояд:

مَثَلُ الَّذِينَ حُمِّلُوا التَّوْرَاةَ ثُمَّ لَمْ يَحْمِلُوهَا كَمَثَلِ الْحِمَارِ يَحْمِلُ أَسْفَارًا

Онон, ки дониши Таврот (ё ҳар китоби осмонии дигар)-ро андӯхтанд, вале ба ҳақиқати он амал накарданд, ҳамонанди рамаи хароне ҳастанд, ки китобе чанд бар пушт ҳамл кунанд…” Ва дар мавриди он донишманди сиёҳдил (Балъами Боъуро) фармояд:

فَمَثَلُهُ مَثَلُ الْكَلْبِ

Ӯ ҳамчун саг аст…” Бинобар ин, ҳар он ки аз андӯхтани илм ва ҳифзи алфозе чанд, дучори уҷбу хубдинӣ шавад, илмро ба ҷаҳл табдил кардааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.515)

Ҳар чӣ гирад иллатӣ, иллат шавад,

Куфр гирад комиле, миллат шавад.

Ба унвони мисол, шахси бемор ҳар чӣ бихӯрад, бар асари хӯрдани он чиз боз беморияш афзуда мешавад. Ва агар инсони комиле куфрро пеша кунад, ҳамон куфрро ба мазҳаб ва ойини ҳақ мубаддал созад.

Иллатӣ: Бемор.

Нукта: Масалан, дар бораи соҳир Имом Алӣ (а) фармояд:

الساحر كافر

Ҷодугар кофир аст”. Пас, сеҳр куфр аст, ва таълиму таъаллуми он ҳаром аст. Аммо касе, ки ба қасди хайр ва хидмат ба дигарон, ба кори сеҳру соҳирӣ пардозад, амали савоб касб кардааст. Бад-ин тартиб, инсони вораста куфрро ба дин мубаддал мекунад. Ва ё тавон гуфт: куфру бутпарастӣ сурати мамсухи яктопарастӣ аст. Парастиши бут низ нишон аз ин аст, ки парастиш ва убудият амре фитрӣ аст, мунтаҳо одамӣ бар асари кажбинӣ, ба ҷойи парастиши холиқи ҳақиқӣ, ба сӯйи буту санам рӯй мекунад. Пас, орифи комил бад-ин нукта воқиф аст, ки бутпарастӣ баёнкунандаи робитаи банда ва холиқ аст, аз ин рӯ, бут низ дар назари ориф ба унвони мазҳари парастиш ва бандагӣ ҷилва мекунад; чунонки Шайх Маҳмуди шабистарӣ гӯяд:

Мусалмон гар бидонистӣ, ки бут чист?

Бидонистӣ, ки дин дар бутпарастист.

В-агар мушрик зи бут огоҳ гаштӣ,

Куҷо дар дини худ гумроҳ гаштӣ?

Даруни ҳар буте ҷонест пинҳон,

Ба зери куфр имонест пинҳон.

Ҳамеша куфр дар тасбеҳи Ҳақ аст,

“Ва ин мин шайъ” гуфт инҷо чӣ даққ аст?

* * *

Эй миро карда пиёда бо савор,

Сар нахоҳӣ бурд, акнун пой дор.

Эй пиёда, ки бо савора меситезӣ! Бидон, ки аз ин ситез саратро ба саломат нахоҳӣ бурд.

Нукта: Мурод аз пиёда мубтадӣ ва солики тозароҳ аст, ва мурод аз савора муршид ва орифи комил. (Шарҳи кабири Анқуравӣ, ҷ.2, с.656)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: