Ислом ва Эронзамин (1)

Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ислом аз назари миллияти эронӣ (1)

Мо ва ислом

Ба тавре, ки торих шаҳодат медиҳад, мо эрониён дар тӯли зиндагонии чандинҳазорсолаи худ, бо ақвом ва милали гуногуни олам ба иқтизои авомили торихӣ гоҳе равобити дӯстона ва гоҳе равобити хасмона доштаем. Як силсила афкор ва ақоид дар асари ин равобит аз дигарон ба мо расидааст, ҳамчунонки мо низ ба навбаи худ дар афкор ва ақоиди дигарон таъсир кардаем. Ҳар ҷо, ки пойи қавмият ва миллияти дигарон ба миён омада муқовамат карда ва дар миллияти дигарон ҳазм нашудаем. Ва дар айни ин ки ба миллияти худ алоқаманд будаем, ин алоқамандӣ зиёд таассубомез ва кӯр-кӯрона набуда ва сабаби кӯрботинии мо нагаштааст, то моро аз ҳақиқат дур нигоҳ дорад ва қувваи тамйизро аз мо бигирад ва дар мо инод ва душманӣ нисбат ба ҳақоиқ ба вуҷуд оварад.

Аз ибтидои давраи ҳахоманишӣ, ки тамоми Эрони кунунӣ ба изофаи қисматҳое аз кишварҳои ҳамсоя таҳти як фармон даромад, тақрибан ду ҳазору понсад сол мегузарад. Аз ин бисту панҷ қарн, наздик чаҳордаҳ қарни онро мо бо ислом ба сар бурдаем ва ин дин дар матни зиндагии мо ворид ва ҷузъи зиндагии мо будааст; бо одоби ин дин коми атфоли худро бардоштаем, бо одоби ин дин зиндагӣ кардаем, бо одоби ин дин Худои ягонаро парастидаем, бо одоби ин дин мурдаҳои худро ба хок супурдаем. Торихи мо, адабиёти мо, сиёсати мо, қазоват ва додгустарии мо, фарҳанг ва тамаддуни мо, шуъуни иҷтимоии мо, ва билохира ҳама чизи мо, бо ин дин тавъам будааст.

Низ ба эътирофи ҳамаи огоҳон, мо дар ин муддат хадамоти арзанда ва фавқулъода ва ғайриқобили тавсифе ба тамаддуни исломӣ намудаем ва дар тараққӣ ва таъолии ин дин ва нашри он дар миёни соири мардуми ҷаҳон, аз соири милали мусалмон — ҳатто худи аъроб — бештар кӯшидаем. Ҳеч миллате ба андозаи мо дар нашр ва ишоъа ва тарвиҷ ва таблиғи ин дин фаъолият надоштааст.

Бинобар ин, ҳақ дорем равобити ислом ва Эронро аз ҷиҳоти мухталиф мавриди баррасӣ қарор диҳем ва саҳми худро дар нашри маорифи исломӣ ва низ саҳми исломро дар тараққии моддӣ ва маънавии хеш бо диққати комил ва бо иттико ба мадорики мӯътабари торихӣ равшан намоем.

* * *

Миллатпарастӣ дар асри ҳозир

Яке аз масоиле, ки дар қарни ҳозир мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифтааст, масъалаи “миллият” аст. Дар ин рӯзҳо бисёре аз милали олам аз ҷумла мусалмонони эронӣ ва ғайри эронӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоссе пайдо кардаанд ва ҳатто бархе аз онон ба қадре дар ин масъала ғарқ шудаанд, ки ҳадду ҳисобе барои он наметавон қоил шуд.

Ҳақиқат ин аст, ки масъалаи миллиятпарастӣ дар асри ҳозир барои ҷаҳони ислом мушкили бузурге ба вуҷуд овардааст. Гузашта аз ин ки фикри миллиятпарастӣ бар хилофи усули таълимоти исломӣ аст (зеро аз назари ислом ҳамаи миллатҳо баробар ҳастанд), ин фикр монеи бузурге аст барои ваҳдати мусалмонон.

Чунонки медонем, ҷомеаи исломӣ аз милали мухталифе ташкил шудааст, ва дар гузашта, ислом аз милали мухталиф ва гуногун, як воҳид ба вуҷуд овард ба номи ҷомеаи исломӣ. Ин воҳид акнун низ воқеан вуҷуд дорад. Яъне воқеан дар ҳоли ҳозир як воҳиди бузурги ҳафтсад милюнӣ (имрӯза наздик ба аз якуним милёрдӣ) вуҷуд дорад, ки фикри воҳид ва ормони воҳид ва эҳсосоти воҳид дорад ва ҳамбастагии нерӯманде миёни онон ҳукмфармост. Ҳар андоза ҷудоӣ миёни онҳост, марбут ба худи онон нест, марбут ба ҳукуматҳо ва давлатҳо ва сиёсатҳост. Ва дар қуруни ҷадид қудратҳои урупоӣ ва омрикоӣ омили асосии ин ҷудоӣ ҳастанд. Бо ҳамаи инҳо, ҳеч як аз ин омилҳо натавонистааст асоси ин ваҳдатро, ки дар руҳи мардум қарор дорад аз байн бибарад. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Амри ҳақро ҳуҷҷату даъво яке,

Хаймаҳои мо ҷудо дилҳо яке.

Аз Ҳиҷозу Чину Эронем мо,

Шабнами як субҳи хандонем мо.

Афроде аз ҳамин воҳид ҳамасола як иҷтимои тақрибан як милюну ним нафариро дар маросими ҳаҷ ташкил медиҳанд.

Аммо аз ин тараф, фикри миллиятпарастӣ ва нажодпарастӣ фикре аст, ки мехоҳад милали мухталифро дар баробари якдигар қарор диҳад. Ин мавҷ дар қуруни ахир дар Урупо боло гирифт. Шояд дар онҷо табиӣ буд, зеро мактабе, ки битавонад милали Урупоро дар як воҳиди инсонӣ ва олӣ ҷамъ кунад, вуҷуд надошт. Ин мавҷ дар миёни милали шарқӣ ба василаи истеъмор нуфуз кард. Истеъмор барои ин ки асли “Тафриқа биандоз ва ҳукумат кун!”-ро иҷро кунад, роҳе аз ин беҳтар надид, ки ақвом ва милали исломиро мутаваҷҷеҳи қавмият ва миллият ва нажодашон бикунад ва онҳоро саргарми ифтихороти мавҳум намояд. Ба ҳиндӣ бигӯяд, ту собиқаат чунин асту чунон, ба турк бигӯяд, наҳзати ҷавонони турк эҷод кун ва “понтуркизм” ба вуҷуд овар, ба араб — ки аз ҳар қавми дигар барои пазириши ин таассубот омодатар аст – бигӯяд, рӯйи урубат (арабият) ва “понарабизм” такя кун, ва ба эронӣ бигӯяд, нажоди ту ориёст ва ту бояд ҳисоби худро аз араб, ки аз нажоди cомӣ аст ҷудо кунӣ.

Фикри миллият ва таҳйиҷи эҳсосоти миллӣ аҳёнан мумкин аст осори мусбат ва муфиде аз лиҳози истиқлоли порае аз миллатҳо ба вуҷуд оварад, вале дар кишварҳои исломӣ беш аз он ки осори хубе ба бор оварад, сабаби тафриқа ва ҷудоӣ шудааст. Ин миллатҳо қарнҳост, ки ин марҳиларо тай кардаанд ва по ба марҳилаи олитарӣ гузоштаанд. Ислом қарнҳост, ки ваҳдате бар асоси фикр ва ақида ва идеулужӣ ба вуҷуд овардааст. Ислом дар қарни бистум низ нишон додааст, ки дар муборизоти зиддиистеъморӣ метавонад нақши қотеъе дошта бошад.

Дар муборизоте, ки дар қарни бистум ба василаи мусалмонон бар зидди истеъмор сурат гирифт ва мунҷар ба наҷоти онҳо аз чанголи истеъмор шуд, беш аз он ки омили миллият таъсир дошта бошад, омили ислом муассир будааст, аз қабили муборизоти Алҷазоир, Андунезӣ, кишварҳои арабӣ ва Покистон.

Оре, ин миллатҳо қарнҳост нишон додаанд, ки бо ангезаи фикрӣ ва эътиқодӣ ва бар асоси як идеулужӣ метавонанд ваҳдат ба вуҷуд оваранд ва қиём кунанд ва худро аз чанголи истеъморгарон наҷот диҳанд. Савқ додани чунин мардуме ба сӯйи омили эҳсоси миллият, ҳаққан ҷуз иртиҷоъ номе надорад.

Ба ҳар ҳол, мавҷи унсурпарастӣ ва нажодпарастӣ, ки силсилаҷунбони он урупоиёнанд, мушкили бузурге барои ҷаҳони ислом ба вуҷуд овардааст. Мегӯянд, иллати ин ки марҳум Сайидҷамолуддини Асадободӣ миллияти худро махфӣ мекард ин буд, ки намехост худро ба як миллати муайян вобаста муаррифӣ кунад ва аҳёнан баҳонае ба дасти истеъморгарон бидиҳад ва эҳсосоти дигаронро алайҳи худ барангезад.

Мо ба ҳукми ин ки пайрави як ойин ва маслак ва як идеулужӣ ба номи ислом ҳастем, ки дар он унсури қавмият вуҷуд надорад, наметавонем нисбат ба ҷараёнҳое, ки бар зидди ин идеулужӣ таҳти ном ва унвони миллият ва қавмият сурат мегирад, бетафовут бимонем.

Ҳама медонем, ки дар ин авохир афроде бешумор таҳти унвони дифоъ аз миллият ва қавмияти эронӣ, муборизаи васеъеро алайҳи ислом оғоз кардаанд ва дар зери ниқоби мубориза бо араб ва арабият, муқаддасоти исломиро ба боди иҳонат гирифтаанд.

Осори ин мубориза бо исломро, ки дар Эрон дар китобҳо, рӯзномаҳо, маҷаллоти ҳафтагӣ ва ғайра мебинем, нишон медиҳад, як амри иттифоқӣ ва тасодуфӣ нест, як нақшаи ҳисобшуда аст ва манзуре дар кор аст.

Таблиғоти зартуштигарӣ низ, ки ин рӯзҳо боло гирифта ва мӯд шуда, як фаъолияти сиёсии ҳисобшуда аст. Ҳама медонанд, ки ҳаргиз эронӣ имрӯз ба дини зартуштӣ барнахоҳад гашт, таъолими зартуштӣ ҷойи таъолими исломиро нахоҳад гирифт, шахсиятҳои маздакӣ ва монавӣ ва зартуштӣ ва ҳамаи касоне, ки имрӯз таҳти унвони дурӯғини миллӣ муаррифӣ мешаванд ва ҳеч сифати мушаххасе ҷуз инҳироф аз таълимоти исломӣ надоштаанд — хоҳ он ки расман ба номи мубориза бо ислом фаъолият карда бошанд ё мубориза бо қавми арабро баҳона қарор дода бошанд — ҳаргиз ҷойи қаҳрамонони исломиро дар дили эрониён нахоҳанд гирифт. Ҳаргиз Муқаннаъ ва Синбод ва Бобаки Хуррамдин ва Мозиёр ҷойи Алӣ ибни Абӯтолиб ва Ҳусайн ибни Алӣ ва ҳатто Салмони Форсиро дар дили эрониён нахоҳанд гирифт. Инҳоро ҳама медонанд.

Вале дар айни ҳол, ҷавонони хом ва бехирадро метавон бо таҳрики эҳсосот ва таассуботи қавмӣ ва нажодӣ ва ватанӣ, алайҳи ислом барангехт ва робитаи ононро бо ислом қатъ кард. Яъне агарчи намешавад эҳсосоти мазҳабии дигаре ба ҷойи эҳсосоти исломӣ нишонид, вале мешавад эҳсосоти исломиро табдил ба эҳсосоти зидди исломӣ кард ва аз ин роҳ хидмати шоёне ба истеъморгарон намуд. Аз ин рӯ мебинем, афроде, ки ба куллӣ зидди дин ва зидди мазҳаб ва зидди Худо ҳастанд, дар осори худ ва навиштаҳои пуч ва бемағзи худ, аз зартуштигарӣ ва авзоъи Эрони қабл аз ислом ҳимоят мекунанд. Ҳадафашон равшан ва маълум аст.

Мо мехоҳем дар ин баҳси худ бо ҳамон мантиқе, ки ин афрод ба кор мебанданд, вориди баҳс шавем. Яъне мантиқи миллият ва эҳсосоти миллӣ ва носиюнолистӣ. Оре, бо ҳамин мантиқ, ҳарчанд таваҷҷӯҳ дорем, ки ба қавли Иқбол, “Миллатпарастӣ худ навъе таваҳҳуш аст”. Таваҷҷӯҳ дорем, ки эҳсосоти миллӣ то он ҷо, ки ҷанбаи мусбат дошта бошад ва натиҷааш хидмат ба ҳамватанон бошад, қобили таваҷҷӯҳ аст, вале он ҷо, ки ҷанбаи манфӣ ба худ мегирад ва мӯҷиби табъиз дар қазоват, дар дидан ва надидани хубиҳо ва бадиҳо ва дар ҷонибдориҳо мешавад, зидди ахлоқ ва зидди инсоният аст. Таваҷҷӯҳ дорем, ки мантиқи олитаре аз мантиқи эҳсосоти миллӣ ва носиюнолистӣ вуҷуд дорад, ки тибқи он мантиқ, илм ва фалсафа ва дин фавқи марҳилаи эҳсосот аст. Эҳсосоти қавмӣ ва ғурурҳои миллӣ дар ҳар куҷо матлуб бошад, дар ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фалсафӣ ва динӣ матлуб нест. Як масъалаи илмӣ ё як назарияи фалсафӣ ё як ҳақиқати диниро ҳаргиз ба далели ин ки миллӣ ва ватанӣ аст, наметавон пазируфт, ҳамчунонки ба баҳонаи ин ки бегона ва аҷнабӣ аст, наметавон нодида гирифт ва рад кард. Рост гуфта он ки гуфтааст: “Илм ва дин ва фалсафа ватан надорад, ҳамаҷоӣ ва ҳамагонӣ аст”, ҳамчунонки риҷоли илм ва риҷоли дин ва риҷоли фалсафа низ ватан надоранд, ҷаҳонӣ мебошанд, ба ҳамаи ҷаҳон таъаллуқ доранд, ҳамаҷо ватани онҳост ва ҳамаи ҷаҳониён ҳамватани онҳо ҳастанд. Оре, ҳамаи инҳоро медонем.

Аммо мо феълан ба ин мантиқи олии ақлӣ ва инсонӣ коре надорем. Мехоҳем бо ҳамон мантиқи эҳсосотӣ, ки шоистаи инсонҳои такомулнаёфта аст, вориди баҳс шавем.

Мехоҳем бибинем, бо мантиқи эҳсосоти миллӣ, оё бояд исломро амре худӣ ба шумор оварем ё амре бегона ва аҷнабӣ? Оё бо миқёси миллият, ислом ҷузъи миллияти эронӣ аст ва эҳсосоти носиюнолистии эронӣ, бояд онро дарбар гирад ё хориҷ аз он аст?

Аз ин рӯ бояд баҳси худро дар ду қисмат идома диҳем: аввал дар бораи миқёси “миллият”, яъне милоки ин ки чизе, ки ҷузъи миллияти як қавм ё хориҷ аз миллияти як қавм қарор диҳем, чист? Қисмати дуввум дар бораи ин ки тибқи ин миқёс, оё ислом аз назари миллияти эронӣ як амри “худӣ” аст ё як амри бегона ва аҷнабӣ? Дар воқеъ баҳси мо куброе дорад ва суғрое. Қисмати аввал куброи баҳс аст ва қисмати дуввум суғрои баҳс.

Зимнан, муқоисае низ аз ин ҷиҳат миёни ислом ва зартуштигарӣ ба амал хоҳад омад. Маълум хоҳад шуд, ки бо меъёрҳо ва миқёсҳои миллӣ, оё ислом бештар ҷанбаи миллии эронӣ дорад ё зартуштигарӣ?

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: