Пайдоиши ҷаҳон ва тасодуф

Пурсиш: Тибқи назарияи “Big Bang”-и Enstein Geti, тақрибан 13.7 миллиард сол пеш як таркиш ба вуҷуд меояд ва дар ин таркиш каҳкашони Роҳи ширӣ (Milky Way), ки сайёраи мо дар он қарор дорад, аз як ҳубоби хурд ба вуҷуд омадааст. То ба ҳол ин яке аз дақиқтарин назарияҳои илми физика аст ва бисёре аз донишмандҳо бар ин ақидаанд, ки он дуруст аст ва эҳтимоли иштибоҳ будани ин назария хеле кам аст. Ҳарчанд таҳқиқоти илмӣ рӯйи ин теория ҳоло ҳам идома дорад, яке аз суолҳое, ки зеҳни донишмандонро ба худ ҷалб кардааст, ин донистани вазъияти қабл аз таркиш мебошад. Натоиҷ нишон медиҳад, ки зоҳиран пайдоиши каҳкашони Роҳи ширӣ тасодуфан ба вуҷуд омадааст ва қабл аз ин таркиш, ҳеч чизе вуҷуд надоштааст. Ин ба маънои он аст, ки пайдоиши инсон ҳам тасодуфан иттифоқ афтодааст. Оё воқеан инсон тасодуфан ба вуҷуд омадааст.

Vatandor Vatan

* * *

Посух: Ба номи Худо. Матлаби шумо дар воқеъ дар батни худ се масъаларо дарбар дорад. Яке, асли назарияи “Big Bang” аст. Масъалаи дигар ин ки: пеш аз ин таркиш (дар сурати саҳеҳ будани он), вазъият аз чӣ қарор будааст? Ва севвум он ки: оё пайдоиши мавҷудот, аз ҷумла инсон дар рӯйи замин, тасодуфӣ буда ё на?

1. Изҳори назар дар масъалаи аввал ва дуввум, фақат кори физикдонҳо ва коршиносони ҳамин ҳавза аст. Яъне, инки оё ин назария дуруст аст ё нест, ва агар дуруст бошад, пеш аз он, вазъият аз чӣ қарор будааст, инро танҳо мутахассисони ҳамин ҳавза муайян мекунанд, на касе дигар.

2. Нуктаи дигар он ки: ғолибан назди дониши физик, “вуҷуд” мусовӣ аст бо “маҳсус”. Яъне вақте физик мегӯяд, нест, яъне маҳсус нест, ва вақте мегӯяд, ҳаст, яъне маҳсус аст. На ин ки изҳори назари ӯ нозир ба “мутлақи вуҷуд” бошад. Бар хилофи дониши фалсафа, ки изҳори назари як файласуф дар бораи ҳастӣ, нозир ба “мутлақи вуҷуд” аст, на “вуҷуди хосс” (масалан вуҷуди моддӣ).

Ва ба иборати дақиқтар ва илмӣ, “вуҷуде”, ки файласуф аз он мегӯяд, нақизи “адам” (нестӣ) аст, вале “вуҷуде”, ки физик аз он мегӯяд, лузуман нақизи “адам” нест.

Бинобар ин, агар физик дар масъалаи мавриди назар бигӯяд, “пайдоиши каҳкашони Роҳи ширӣ тасодуфан ба вуҷуд омадааст ва қабл аз ин таркиш, ҳеч чизе вуҷуд надоштааст”, манзури ӯ аз “вуҷуд надоштааст” ин аст, ки: чизе, ки барои инсон қобили ҳисс бошад (масалан модда бошад), набудааст. На ин ки бигӯяд, аслан “мутлақи вуҷуд” набудааст. Зеро, изҳори назар дар бораи “мутлақи вуҷуд” (вуҷуд дар муқобили адам ва нестӣ), дар ҳавзаи таҳқиқ ва пажӯҳиши дониши физик нест, балки ин кори файласуф аст.

3. Гуфтем, ки “вуҷуде”, ки файласуф аз он мегӯяд, нақизи “адам” (нестӣ) аст. Ҳол, нестӣ чист? Оё мо дар олами воқеъ чизе ба номи “нестӣ” дорем, то масалан гуфта шавад, ки агар вуҷуд нест, пас нестӣ будааст?

Ҳақиқат он аст, ки мафҳуми “нестӣ”, ҷойе надорад ҷуз зеҳни инсон. Ва ба сухани дигар, мафҳуми “нестӣ” мафҳуме аст, ки инсон худаш онро сохта ва эътибор кардааст. Вагарна, воқеияте надорад. Шумо ҳар чӣ дар олами воқеъ тасаввур намоед, ҷуз ҳастӣ чизи дигаре нест. Ҳатто касе, ки масалан бигӯяд, нестӣ ҳаст, ӯ нохудогоҳ барои нестӣ вуҷуд қоил шуда. Яъне вуҷудро бо мафҳуми “нестӣ” таъбир карда. Вагарна “нестӣ ҳаст” яъне чӣ? Агар нестӣ бошад, пас мавҷуд будааст. Асосан, таъбири “нестӣ ҳаст”, баробар аст бо ин ки бигӯем, “ғайри вуҷуд вуҷуд аст”, мисли ин ки гуфта бошем, “ғайри инсон инсон аст”. Яъне, қоил будан ба иҷтимои ду нақиз, ки ақлан маҳол аст.

Мутаассифона, ин иштибоҳ роиҷ аст миёни авомм ва ҳатто миёни баъзе аз донишмандон, ки бо фалсафа чандон ошноӣ надоранд. Барои инҳо гоҳе “фазои холӣ” бо “нестӣ” халт мешавад. Яъне, “фазои холӣ”-ро “нестӣ” медонанд. Дар ҳоле ки “фазои холӣ” худаш аз мисдоқи вуҷуд аст. Яъне, оё “фазоли холӣ” ҳаст ё нест? Агар ҳаст, пас мисдоқи вуҷуд будааст.

Аз ин рӯ, мо дар олами воқеъ ҳар чи фарз кунем (чӣ Худобовар бошем ё атеист), он чиз, ғайр аз вуҷуд чизи дигаре нест. Бинобар ин, чӣ назарияи “Big Bang” дуруст бошад ва чӣ набошад, ва агар дуруст бошад, пас қабл аз он, вазъ аз чӣ қарор будааст, ҳамаи ин рухдодҳо дар олами воқеият рух медиҳад; воқеияте, ки ҷуз вуҷуд чизи дигаре нест.

4. Нуктаи дигар, баҳс дар бораи “тасодуф” аст. Тасодуфе, ки дар фалсафа матраҳ аст ва фалсафа онро маҳол медонад, бо тасодуфе, ки ғолибан авомм аз он дар зеҳни худ доранд, аз замин то ба осмон фарқ мекунад.

Авомм бештар тасодуфро дар баробари “падид омадани дафъӣ” қарор медиҳанд. Ва “падид омадани тадриҷӣ” пеши онҳо, ғолибан бо “тасодуф” ҳамрадиф аст. Масалан, агар гуфта бишавад, ҷаҳони маҳсус (каҳкашонҳо ва мофиҳо) дар натиҷаи як таркиш (Big Bang) ва тайи милёрдҳо сол падид омада, яъне ба сурати тадриҷӣ ба вуҷуд омада, инро тасодуф, вале агар гуфта бишавад, ҷаҳони маҳсус як дафъа (масалан аз сӯйи Худо) ба вуҷуд омада, инро тибқи як барномаи аз пеш тарроҳишуда меангоранд.

Дар ҳоле ки тасодуфе, ки фалсафа аз он мегӯяд ва онро маҳол медонад, рабте ба ин — яъне падид омадани тадриҷӣ ва ё дафъӣ — надорад. Он чӣ фалсафа аз тасодуф мегӯяд ва онро маҳол медонад, дар баробари “қонуни умумии иллият” аст. Яъне, инкори ин қонун мусовӣ аст бо қоил будан ба тасодуф. Қонуне, ки ҳамаи қонунҳои илмӣ – қонунҳои физикӣ, шимӣ, риёзӣ ва ғайра… — бидуни истино, қатъияти худро марҳуни ин қонун ҳастанд. Ҳатто он даста аз донишмандони физик, ки мункири ин қонун ҳастанд (ва шуморашон кам ҳам нест), амалан, ба ин қонун пойбанданд, ва агар инкор мекунанд, ба лиҳози теурӣ эҳтимоли онро медиҳанд. Албатта, феълан намехоҳам вориди ҷузъиёти ин баҳс ва ин ки чаро ин қонун инкорнопазир аст бишавам. Фақат ба ҳамин андоза арз кунам, ки агар қонуни умумии иллият инкор ва тасодуфро мумкин бидонем, дигар наметавонем ба ҳеч қонуне – чӣ физикӣ, чӣ риёзӣ ва ғайра – қатъият қоил бишавем, ва хулоса, кохи илм фурӯ хоҳад рехт. Ва ҳол он ки ҳатто ҳамон афроде, ки қонуни умумии иллиятро қатъӣ намедонанд, ба ҳеч ваҷҳ ҳозир нестанд, ки шумо дар мавриди изҳори назарҳои қатъии онҳо (ки бо таҷриба қатъияташ собит шуда) шак кунед. Зеро мегӯянд, ба ин далел ва он далел дурустии он қатъӣ аст. Қоил будан ба қатъияти як рухдод, яъне қоил будан ба ҳукумати қонуни иллияти умумӣ аст. (Диққат кунед!)

5. Аз ин рӯ, мо, чӣ падид омадани ҷаҳони маҳсусро тадриҷӣ ва тайи милёрдҳо сол ва дар натиҷаи як таркиш бидонем ва чӣ надонем, ин боис намешавад, ки бигӯем, пас ба сурати тасодуфӣ ба вуҷуд омадаанд. Зеро, дар худи ҳамин масъала, нохудогоҳ, пойбанди қонуни иллият ҳастем. Яъне, он ҷо, ки мегӯем, ҷаҳони маҳсус дар натиҷаи як таркиш ба вуҷуд омадааст, иборати дигари ин таъбир он аст, ки ҷаҳони маҳсус (маълул) иллаташ як таркиш будааст, на ин ки масалан як дафъа ба вуҷуд омада. Хулоса, инсоният гурезе аз қабули ин қонун надорад.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: