Шарҳи Маснавӣ (183)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (9)

* * *

Таъзими соҳирон мар Мӯсоро алайҳиссалом, ки чӣ фармоӣ? Аввал ту андозӣ асо ё мо? (1)

* * *

Соҳирон дар аҳди Фиръавни лаъин,

Чун миро карданд бо Мӯсо ба кин.

Лек Мӯсоро муқаддам доштанд,

Соҳирон ӯро мукаррам доштанд.

Дар замони Фиръавни малъун агарчи соҳирон ба сабаби кина ва инод бо ҳазрати Мӯсо (а), ба иноду ситез бархостанд, вале бо вуҷуди ин, соҳирон ҳазрати Мӯғсо (а)-ро муқаддам доштанд ва эҳтироми ӯро нигаҳ доштанд.

Лаъин: Малъун. Миро: Ситеза.

З-он ки гуфтандаш, ки фармон они туст,

Хоҳӣ аввал, он асо ту-фкан нахуст.

Зеро соҳирон ба ҳазрати Мӯсо (а) гуфтанд: Фармон фармони туст. Агар мехоҳӣ, аввал ту асоятро бар замин биандоз.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 115 ва 116 сураи Аъроф:

قَالُواْ يَا مُوسَى إِمَّا أَن تُلْقِيَ وَإِمَّا أَن نَّكُونَ نَحْنُ الْمُلْقِينَ. قَالَ أَلْقُوْاْ

Соҳирон гуфтанд: Мӯсиё! Инак ту мухторӣ, агар хоҳӣ ту нахуст асои худ дарафкан, ва агар фармоӣ, мо басоти сеҳри худ дарандозем. Мӯсо фармуд: Шумо дарафканед…”

Гуфт: Не, аввал шумо эй соҳирон!

Афганед он макрҳоро дар миён.

Ҳазрати Мӯсо (а) ба онон гуфт: Ман намеафканам, балки эй соҳирон, нахуст шумо басоти сеҳр дар афканед.

Ин қадар таъзим диншонро харид,

К-аз миро он дасту поҳошон бурид.

Ҳамин миқдор эҳтиром ва адабе, ки соҳирон дар ҳаққи Мӯсо (а) риоят карданд, дину имонашонро харид, яъне ба имони ростин роҳ ёфтанд. Вале чун ба инод ва ситез бо он ҳазрат камар баста буданд, дасту пойи онон (тавассути Фиръвн) бурида шуд.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 49 сураи Шуъаро:

لَأُقَطِّعَنَّ أَيْدِيَكُمْ وَأَرْجُلَكُم مِّنْ خِلَافٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمْ أَجْمَعِينَ

Дасту пойи шуморо ба хилофи ҳам мебурам (дасти чап бо пойи рост ё дасти рост бо пойи чап) ва он гоҳ ҳамаи шумоёнро ба дор даркашам…”

Соҳирон чун ҳаққи ӯ бишнохтанд,

Дасту по дар ҷурми он дарбохтанд.

Вақте ки соҳирон мақоми Мӯсо (а) ва мартибати волои ӯро дарёфтанд, ба ҷурми ситез ва инод, ки дар бораи Мӯсо (а) раво дошта буданд, дасту пойи худ аз даст доданд.

Луқмаву нукта-ст комилро ҳалол,

Ту найӣ комил! Махур, мебош лол.

Мавлоно дар инҷо ба ихтисор тафсири худро аз байти ёдшудаи Шайхи Аттор баён мекунад: ҳам хӯрдани таъом бар инсони комил ҳалол аст ва ҳам гуфтани калом. Яъне ӯ муҷоз аст, ки аз мавоҳиби дунё баҳра барад ва нукот ва асроре баён дорад. Чаро ки луқмаҳо дар руҳи ӯ ба нури Ҳақ табдил мешавад ва ҳар миқдор, ки лозим бидонад, нуктаҳои ҳаққонӣ ва асрори маърифатиро фош мекунад ва аз ӯҳдаи ин муҳим низ бармеояд. Вале ту, ки ҳанӯз ба камоли матлуб нарасидаӣ, дар баҳраварӣ аз мавоҳиби дунявӣ ва нуктагӯӣ ҷониби ҳазму эҳтиётро риоят кун.

Аз инҷо то чанд байти баъд яке аз одоби тариқат зикр шудааст. Ва он ин ки: мурид дар ҳузури пир бояд одоби хомӯшӣ ва ҳусни истимоъро риоят кунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.518)

Чун ту гӯшӣ, ӯ забон, не ҷинси ту,

Гӯшҳоро Ҳақ бифармуд, “анситу”.

Зеро, эй мурид! Феълан ту дар мартибаи гӯшӣ ва инсони комил дар мартибаи забон. Пас, шумо ҳамҷинси ҳам нестед. Яъне ту бояд шунаванда бошӣ ва ӯ гӯянда. Ва Худованд ба гӯшҳо амр кардааст, хамӯш бошед!

Нукта: “Анситу” (хомӯш бошед!) иқтибосе аст аз ояти 204 сураи Аъроф:

وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُواْ لَهُ وَأَنصِتُواْ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

Ҳар гоҳ Қуръон хонда шавад, гӯш фаро диҳед ва хамӯшӣ гузинед, бошад ки аз лутфу раҳмати Парвардигор бархӯрдор шавед”.

Кӯдак аввал чун бизояд ширнӯш,

Муддате хомӯш бувад ӯ ҷумла гӯш.

Ба унвони мисол, вақте ки навзод мутаваллид мешавад, ибтидо шир мехӯрад ва муддате хомӯш мемонад ва саропо гӯш мешавад.

Ширнӯш: Нӯшандаи шир, ширхор.

Муддате мебоядаш лаб дӯхтан

Аз сухан, то ӯ сухан омӯхтан.

Он навзод муддатеро бояд дар ҳоли хамӯшӣ бигузаронад, то ин ки аз суханони атрофиёнаш сухан гуфтанро ёд бигирад.

В-ар надорад гӯшу тӣ-тӣ мекунад,

Хештанро гунги гетӣ мекунад.

Ва агар он кӯдак гӯш надошта бошад, “тӣ-тӣ” мекунад. Яъне алфозе муҳмал ва бемаъноро бар забон меронад ва хештанро ба гунгӣ дар ҷаҳон шӯҳра месозад.

Нукта: Соликони мубтадӣ низ дар ҳукми навзодон ҳастанд. Яъне бояд муддатеро дар маъияти инсони комил сар кунанд ва хамӯшӣ гузинанд ва танҳо ба суханони ӯ гӯш диҳанд, то рафта-рафта забони ботинашон гӯё шавад ва битавонанд аз асрори маърифат ва дақоиқи ҳақиқат сухан гӯянд. Ва агар аз рӯйи худсарӣ ва такаббур бе он ки дар маҳзари ҳодӣ ва муршид сухани ростин омӯзанд, ба сухан биоғозанд, гуфторашон мақрун ба савоб нахоҳад буд, балки ратбу ёбисе аст, ки барҳам мебофанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.519)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: