Ислом ва Эронзамин (2)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (2)

Вожаи “миллат”

Калимаи “миллат” калимае арабӣ аст ва ба маънои роҳу равиш аст. Дар Қуръони Карим низ ин калима ба ҳамин маънӣ омадааст. Ин калима дар 15 оят дар Қуръони Карим омадааст, вале мафҳуме, ки ин калима дар Қуръони Карим дорад, бо мафҳуме, ки имрӯз мусталаҳи форсизабонон аст ва аз он калимаи “миллият”-ро муштаққ кардаанд, мутафовит аст.

“Миллат» дар истилоҳи Қуръон ба маънои роҳу равиш ва тариқае аст, ки аз тарафи як раҳбари илоҳӣ бар мардум арза шудааст. Масалан, мефармояд:

ملة أبيكم ابراهيم

Яъне роҳу равиши падари шумо Иброҳим. Ё мефармояд:

ملة ابراهيم حنيفا

Роғиби Исфаҳонӣ дар китоби “Муфрадот ул-Қуръон” мегӯяд: “Миллат ва имлол, ки ҳамон имло аст, аз як реша аст.

فليملل وليه بالعدل

Яъне валии ӯ аз рӯйи адолат имло кунад”. Роғиб мегӯяд: “Иллати ин ки як тариқаи илоҳӣ “миллат” номида шудааст ин аст, ки аз тарафи Худованд имло ва дикта шудааст”.

Пас, аз назари Қуръон, як маҷмӯаи фикрӣ ва илмӣ ва як равише, ки мардум бояд тибқи он амал кунанд, миллат номида мешавад. Бинобар ин, миллат бо дин як маънӣ дорад, бо ин тафовут, ки як чиз ба эътиборе дин ва ба эътибори дигаре миллат номида мешавад. Ба он эътибор миллат номида мешавад, ки он чиз аз тарафи Худо ба паёмбаре имло мешавад, ки ба мардум иблоғ намояд ва мардумро бар асоси он раҳбарӣ намояд.

Уламои фиқи луғат мегӯянд, як тафовут миёни калимаи “дин” ва калимаи “миллат” ин аст, ки калимаи “дин”-ро ба Худо метавон изофа кард ва масалан гуфт: “Динуллоҳ”, яъне дини Худо, ва ҳамчунин ба фарди пайрав низ изофа мешавад, масалан гуфта мешавад: “Дини Зайд, дини Амр”.

Вале калимаи “миллат” на ба Худо изофа мешавад ва на ба фарди пайрав. Гуфта намешавад: миллати Худо ё миллати Зайд ё миллати Амр, балки ба он раҳбаре, ки аз тарафи Худо маъмури раҳбарии мардум бар тибқи тариқаи хоссе аст изофа мешавад, масалан гуфта мешавад: “миллати Иброҳим” ё “миллати Исо” ё “миллати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)”. Мисли ин аст, ки дар мафҳуми ин калима раҳбарӣ гунҷонда шудааст.

Аз ин назар метавон гуфт, калимаи “миллат” наздик аст бо калимаи “мактаб” дар истилоҳи ҷадид. Калимаи “мактаб” низ маъмулан ба раҳбари як равиш ва маслак изофа мешавад. Агар ин ҷиҳатро, ки дар калимаи “миллат” низ монанди калимаи “мактаб” имло ва дикта кардан гунҷонида шудааст мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем, шабоҳат ва наздикии ин ду калима бештар равшан мешавад.

* * *

Калимаи “миллат” дар истилоҳи имрӯзи форсӣ

Дар истилоҳи имрӯзи форсӣ, ин калима ба куллӣ мафҳуми муғойире бо мафҳуми аслии худ пайдо кардааст. Имрӯз калимаи “миллат” ба як воҳиди иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки дорои собиқаи торихии воҳид ва қонун ва ҳукумати воҳид ва аҳёнан омол ва ормонҳои муштарак ва воҳид мебошанд. Мо имрӯз ба ҷойи мардуми Олмон ва Ангилистон ва Фаронса ва ғайра, миллати Олмон, миллати Ангилистон, миллати Фаронса мегӯем. Ва аҳёнан ба ҳамаи он мардум ин калимаро итлоқ намекунем, (балки) ба як табақа аз мардум миллат мегӯем. Яъне онҳоро ба ду табақа тақсим мекунем: табақаи ҳокима ва табақаи маҳкума. Ба табақаи ҳокима калимаи “давлат” ва ба табақаи маҳкума калимаи “миллат”-ро итлоқ мекунем.

Ин истилоҳи форсӣ як истилоҳи мустаҳдас (нав) ва ҷадид аст ва дар воқеъ як ғалат аст. Дар 100 сол ва 200 сол ва 1000 соли пеш ҳаргиз ин калима дар забони форсӣ ба ин маънои ғалат истеъмол намешуд. Гумон мекунам, ин истилоҳи ҷадид аз замони машрутият ба баъд пайдо шудааст ва зоҳиран решаи ин ғалат ин буда, ки ин калимаро музофун илайҳи калимаи дигар қарор медодаанд. Масалан мегуфтаанд, пайравони миллати Иброҳим, пайравони миллати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), пайравони миллати Исо ва ҳамчунин… Баъдҳо калимаи пайравон ҳазф шуда ва гуфтаанд: миллати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), миллати Исо. Кам-кам кор ба онҷо кашида, ки гуфтаанд: миллати Эрон, миллати турк, миллати араб, миллати Ангилис. Ба ҳар ҳол, як истилоҳи мустаҳдас аст.

Аъроб имрӯз дар мавориде, ки мо калимаи “миллат”-ро ба кор мебарем, онҳо калимаи “қавм” ё калимаи “шаъб”-ро ба кор мебаранд, масалан мегӯянд: “ашшаъбул-иронӣ” ва ё “ашшаъбул-мисрӣ” ва ғайра. Мо, ки феълан дар ин баҳс калимаи “миллат” ва “миллият”-ро ба кор мебарем, ҳамон мафҳуми ҷадид ва мусталаҳи имрӯзи форсиро дар назар гирифтаем, хоҳ ғалат ва хоҳ дуруст.

* * *

Миллият аз назари иҷтимоӣ

Аз баҳси луғавӣ мегузарем ва вориди баҳси иҷтимоӣ мешавем. Кучактарин воҳиди иҷтимоӣ “хонавода” аст. Зиндагии муштараки инсонҳо то вақте ки ба зану шавҳару фарзандону фарзандзодагон ва аҳёнан ҳамсарони фарзандони онҳо маҳдуд аст, “зиндагии хонаводагӣ” номида мешавад.

Зиндагии хонаводагӣ фавқулъода қадим аст. Аз вақте ки инсон пайдо шуда, зиндагии хонаводагӣ доштааст. Ба ақидаи баъзе, аҷдоди ҳайвонии инсон ҳам каму беш зиндагии хонаводагӣ доштаанд.

Воҳиди бузургтар аз хонавода “қабила” аст. Зиндагии қабилаӣ маҷмӯаи хонаводаҳоеро, ки дар ҷадди аъло бо ҳам муштараканд дарбар мегирад. Зиндагии қабилаӣ марҳилаи такомулёфтаи зиндагии хонаводагӣ аст. Мегӯянд, дар зиндагиҳои хонаводагӣ ва инфиродии аввалияи башар, аз лиҳози молӣ ва иқтисодӣ, иштирок ҳукмфармо буд, на ихтисос, баъдҳо моликияти ихтисосӣ ба вуҷуд омадааст.

Воҳиди иҷтимоии дигаре, ки аз ин воҳид бузургтар ва такомулёфтатар аст ва шомили маҷмӯи мардуме мешавад, ки ҳукумати воҳид ва қонуни воҳиде бар онҳо ҳукумат мекунад, дар истилоҳи имрӯзи форсизабонон “миллат” номида мешавад. Воҳиди “миллӣ” мумкин аст аз маҷмӯи қабоиле фароҳам шуда бошад, ки дар аслу реша ва хун бо ҳам шариканд. Ва мумкин аст қабоиле, ки эҷодкунандаи як миллат ҳастанд, дар хуну решаи аслӣ ҳеч гуна бо ҳам иштирок надошта бошанд. Ва мумкин аст асосан зиндагии қабилаӣ дар миёни онҳо ба ҳеч ваҷҳ вуҷуд надошта бошад ва агар вуҷуд дошта бошад, фақат дар миёни баъзе аз афроди он миллат вуҷуд дошта бошад, на дар миёни ҳамаи онҳо.

Дар китоби “Усули улуми сиёсӣ” ҷилди аввал, сафҳаи 327 чунин омадааст:

Бо тафкике, ки дар қарни бистум аз “миллат” ва “мардум” мешавад, луғати “мардум” бештар барои таъйини гурӯҳи иҷтимоӣ ба кор меравад ва лекин “миллат” аз назари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, воҳиди ҷамъият аст, ки бар қаламрави арзии кишваре мустақар мешавад, ва ин истиқрор натиҷаи ваҳдати торихӣ, забонӣ, мазҳабӣ ё иқтисодӣ ё ормонҳои муштарак ва хостани идомаи зиндагии муштарак аст. Калимаи “мардум” ҷанбаи ҷомеашиносии бештаре дорад, дар ҳоле ки “миллат” бештар аз назари ҳуқуқ ва сиёсати дохилӣ ё байналмилалӣ мавриди назар қарор мегирад. Ба илова, истеъмоли ин калима дар урфи марксистҳо ва либералҳо фарқ мекунад ва бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки дар ба кор бурдан, гӯянда ё нависанда пайрави чӣ идеулужӣ ва андеша аст”.

Имрӯз дар ҷаҳон милали гуногуне вуҷуд дорад. Он чӣ онҳоро ба сурати миллати воҳид даровардааст, зиндагӣ муштарак ва қонун ва ҳукумати муштарак аст, на чизи дигар аз қабили нажод ва хун ва ғайра. Ваҷҳи муштараки ин воҳидҳо ин аст, ки ҳукумати воҳиде онҳоро идора мекунад. Баъзе аз ин миллатҳо собиқаи торихии зиёде надоранд, мавлуди як ҳодисаи иҷтимоианд мисли бисёре аз милали Ховари Миёна, ки мавлуди ҷанги байналмилали аввал ва шикасти Усмониҳоянд.

Феълан дар дунё миллате вуҷуд надорад, ки аз назари хуну нажод аз соири милал ҷудо бошад. Масалан, мо эрониҳо, ки собиқаи торихӣ низ дорем ва аз лиҳози ҳукумат ва қавонин дорои вазъи хоссе ҳастем, оё аз лиҳози хуну нажод аз соири милали муҷовир ҷудо ҳастем? Масалан, мо, ки худро аз нажоди ориё ва аъробро аз нажоди сомӣ медонем, оё воқеан ҳамин тавр аст ё дигар пас аз ин ҳама ихтилотҳо ва имтизоҷҳо, аз нажодҳо асаре боқӣ намондааст?

Ҳақиқат ин аст, ки иддаои ҷудо будани хунҳо ва нажодҳо хурофае беш нест. Нажоди сомӣ ва ориёӣ ва ғайра ба сурати ҷудо ва мустақил аз якдигар фақат дар гузашта будааст, аммо ҳоло он қадр ихтилот ва имтизоҷ ва нақлу интиқол сурат гирифтааст, ки асаре аз нажодҳои мустақил боқӣ намондааст.

Бисёре аз мардуми имрӯзи Эрон, ки эронӣ ва форсизабонанд ва доияи эронигарӣ доранд, ё арабанд ё турк ё муғул, ҳамчунон ки бисёре аз аъроб, ки бо ҳамосаи зиёде дам аз арабият мезананд, аз нажоди эронӣ ё турк ё муғул мебошанд. Шумо агар ҳамин ҳоло сафаре ба Макка ва Мадина биравед, аксари мардуми сокини онҷоро мебинед, ки дар асл аҳли Ҳинд ё Эрон ё Балх ё Бухоро ё ҷойи дигаре ҳастанд. Шояд бисёре аз касоне, ки нажодашон аз Куруш ва Дориюш аст, алъон дар кишварҳои арабӣ таассуби шадиди арабият доранд ва билъакс шояд бисёре аз авлоди Абӯсуфёнҳо имрӯз санги таассуби эроният ба сина мезананд.

Чанд сол пеш яке аз асотиди Донишгоҳи Теҳрон кӯшиш дошт, бо далел исбот кунад, ки Язид ибни Муовия як эронии асил буда, то чӣ расад ба фарзандонаш, агар дар ин сарзамин бошанд.

Пас, он чӣ ба номи миллат феълан вуҷуд дорад ин аст, ки мо феълан мардуме ҳастем, ки дар як сарзамин ва дар зери як парчам ва бо як режими ҳукуматӣ ва бо қавонини хоссе зиндагӣ мекунем, аммо ин ки ниёгон ва аҷдоди мо ҳам ҳатман эронӣ будаанд ё юнонӣ ё араб ё муғул ё чизи дигар, намедонем.

Агар мо эрониён бихоҳем бар асоси нажод қазоват кунем ва касонеро эронӣ бидонем, ки нажоди ориё дошта бошанд, бештари миллати Эронро бояд ғайри эронӣ бидонем ва бисёре аз мафохири худро аз даст бидиҳем. Яъне аз ин роҳ бузургтарин зарбатро бар миллияти эронӣ задаем. Алъон дар Эрон қавмҳо ва қабоиле зиндагӣ мекунанд, ки на забонашон форсӣ аст ва на худро аз нажоди ориё медонанд.

Ба ҳар ҳол, дар асри ҳозир дам задан аз истиқлоли хунӣ ва нажодӣ хурофае беш нест.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: