Фалсафа ва равиши реализм (68)

Пайдоиши касрат дар идрокот (23)

Нақди назариёти тарафдорони материализми диалектик дар бораи идрокот

Он чӣ марбут ба ин мақола аст, ки дар матн баён шуда ақоид ва назариёте аст, ки тарафдорони материализми диалектик рӯйи усули чаҳоргонаи фавқ ва рӯйи теорияи материалистии худ дар бораи “идрокот” ва “афкор” изҳор доштаанд. Дар ин ҷост, ки мантиқи моддигароён як манзараи аҷиб ва вазъи махсус ба худ пайдо мекунад. Усули куллии он ақоид аз ин қарор аст:

а) Ҳеч чиз худаш худаш нест. Ҳар чиз худаш ғайри худаш аст. Агар бигӯем “А А аст ва ғайри А нест” ғалат аст; зеро ин тарзи фикр яке аз он ҷо сарчашма мегирад, ки ашёро аз якдигар ҷудо ва бе робита фарз кунем. Вале мутобиқи асли аввали диалектик, ҳеч чизе (на дар хориҷ ва на дар фикр) моҳияти ҷудо аз моҳияти соири ашёъ надорад. Моҳияти ҳар чизе маҷмӯаи иртибототи мутақобили он шайъ аст бо соири ашёъ. Ва яке аз он ҷо, ки барои ашёъ моҳияти собит (чӣ дар фикр ва чӣ дар хориҷ) фарз кунем. Жорж Политсер мегӯяд:

Яксон будан ба маънои як ҷур мондан ва тағйири шакл надодан аст. Акнун бояд дид, ки аз ин хоссияти метафизик (асли яксон будан) чӣ натоиҷи амалӣ ба даст меояд. Вақте беҳтар дидем, ки мавҷудотро тағйирнопазир бишумурем, хоҳем гуфт, зиндагӣ зиндагӣ ва марг ҳам марг”.

Он чӣ метафизик қоил аст дар мавриди яксон будан ва дар мавриди ин ки ҳар чизе худаш фақат худаш аст, дар мавриди мафоҳим ва тасаввуроти зеҳнӣ аст, на дар мавриди аъёни хориҷӣ. Метафизик мегӯяд, ҳар мафҳуме дар зеҳн, ҷудо аз мафҳуми дигаре аст, ва тасаввури ҳар чиз ғайр аз тасаввури дигаре аст. Тасаввури зиндагӣ ғайр аз тасаввури марг, ва тасаввури сафедӣ ғайр аз тасаввури ҷисм ва…

Ин хоссият аз барои тасаввурот, аз он ҷо ҳосил мешавад, ки тасаввурот хоссияти моддӣ надоранд, ва агар тасаввурот моддӣ буданд, тасаввури ҳар чиз бо тасаввури ҳар чизи дигар яке мешуд, яъне воқеан аз ҳеч чизе тасаввури ташхисдиҳандае надоштем. Моддигароён рӯйи асли қонуни умумии ҳаракат, ки афкорро машмули он медонанд ва асли ин ки идрокот низ таҳти таъсири муҳит тағйири моҳият медиҳанд, чорае надоранд, ки ин асли метафизикро инкор кунанд.

Ин асл, ки моддигароён мункири он дар фикр ҳастанд, ба номи асли “айният” ё асли “ҳувият” (identity) хонда мешавад ва яке аз усул ва пояҳои аввалияи фикри башар аст.

Равоншиносии ҷадид низ вуҷуди ин асли фикриро тасдиқ кардааст. Ин асл нисбат ба тасаввуроти зеҳнӣ ҳамон мақомеро дорад, ки асли имтинои таноқуз дар тасдиқот. Ҳамон тавре, ки агар асли имтинои таноқузро аз фикри башар берун бикашем, ҳеч ҳукме нисбат ба ҳеч қазияе истиқрор пайдо нахоҳад кард, ҳамчунин агар ин аслро аз фикри башар берун бикашем, ҳеч тасаввуре нисбат ба ҳеч чиз нахоҳем дошт. Зеро лозим меояд, ки дар фикри мо тасаввури ҳар чизе айни тасаввури ҳама чиз буда бошад.

Асли табаияти ҷузъ аз кулл ё асли таъсир ва робитаи мутақобил дар табиат, мавриди қабули донишмандон аст ва ба иқрор ва эътирофи худи моддигароён, аввалин бор ин асл аз тарафи Афлотун ва Арасту иброз шуд, лекин он чӣ алъон ҳам мавриди қабули донишмандон аст, на ба ин маънӣ аст, ки моҳияти ҳар чизе маҷмӯаи иртибототи он шайъ аст бо соири ашёъ, ва ба хусус ин асл он натиҷаи бемаъниро дар мавриди тасаввурот ва афкор намедиҳад. Худи моддигароён низ билфитра асли айниятро дар афкор ва тасаввурот қабул доранд, зеро онон мегӯянд: “Ҳар падидае маҷмӯи равобит ва муносиботи худаш аст бо соири падидаҳои муҷовираш”. Пас, онон низ қабул доранд, ки ҳар падидае, ки дар садади таҳқиқи равобит ва муносиботи он бошанд, дар фикр «худе» дорад, ки шахси таҳқиқкунанда ба дунболи таъйини равобит ва муносиботи ҳамон худи падида аст (на ғайри он) бо соири падидаҳо. Моддигароён низ билфитра эътироф доранд, ки фикр дар ҳар чиз айни фикр дар бораи ҳама чиз нест ва таҳқиқи илмӣ дар бораи ҳар падида айни таҳқиқи илмӣ дар бораи соири падидаҳо нест, ва ин худ, эътироф ба асли “айният” аст ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда, “айният ба тавре лузуми умумӣ бо мафоҳим дорад, ки ҳатто салби айният низ биайниҳи мусталзими исботи айният аст”. Зеро ҳар гоҳ шахс дар садади инкори айният барояд, ҳамон айни айният ва худи ӯро мехоҳад нафй кунад, на чизи дигарро. Пас дар фикри он касе, ки дар садади инкори асли айният бармеояд, мафҳуми айният ҳамон мафҳуми айният аст, на чизи дигар.

Энгелс дар китоби “Людвиг Фейербах” (Leudwick Feuerbach) диалектикро таъриф мекунад ва мегӯяд, ки он иборат аст аз “илми қонунҳои ҳаракат, чӣ дар ҷаҳони хориҷӣ, чӣ дар андешаи инсонӣ”. Оё дар фикри Энгелс диалектик диалектик аст ё чизи дигар? Оё он гоҳ, ки дар садади таърифи диалектик аст, диалектик дар фикри вай масалан метафизик аст ва ҳазорҳо чизи дигар, ё он ки дар фикри вай диалектик фақат диалектик аст?

б) Рӯйи қонуни умумии ҳаракат ва тағйир, тамоми афкор ва аҳкоми зеҳнӣ низ дар ҷараён ва тағйиранд ва ҳеч фикр арзиши доимӣ надорад ва аз ин рӯ “ҳақиқат” муваққат аст ва ҳеч фикре аз афкори ҳақиқӣ сиҳҳати мутлақ ва доим надорад. Энгелс дар китоби “Людвиг Фейербах” мегӯяд:

Ба ин тартиб, инсон барои ҳамеша аз хостани роҳи ҳаллҳои қатъӣ ва ҳақоиқи доимӣ худдорӣ мекунад ва мутаваҷҷеҳи ҷанбаи маҳдуди ҳар навъ маълумоте мебошад, ки ин маълумот тобеи шароите мебошад, ки дар он шароит ҳосил шудааст”.

Дар мақолаи 3 исбот шуд, ки афкор ва идрокот, хасоиси умумии моддаро надоранд, ва дар муқаддима ва поварақии мақолаи 4 роҷеъ ба ин ҷиҳат, ки оё ҳақиқат муваққат аст ё доимӣ, ва оё ҳақиқат мутаҳаввил ва мутакомил аст, ба ҳадди кофӣ истидлол шуд. Дар инҷо ҳамин қадр мегӯем, ки оё теорияи фалсафии материализми диалектик ва усули мантиқии он, ҳақоиқанд ё на? Ва агар ҳақоиқанд, оё ҳақоиқи доимӣ ҳастанд ва ҷаҳони ҳастӣ ва қонунҳои табиатро барои ҳамеша тавҷеҳ мекунанд ё на? Агар аслан ҳақиқат нестанд, пас моддигароён чӣ иддаъое доранд? Ва агар ҳақиқатанд оё муваққатанд ва арзиши муваққат доранд ва рӯйи қонуни такомул ва мусалласи “тез ва антитез ва синтез” табдил ба зидди худ шуда ё мешаванд? Пас, ин ҳама ҷору ҷанҷол ва ҳаёҳу яъне чӣ ва чаро Ленин мегӯяд: “Наметавон ҳеч як аз қисматҳои аслии фалсафаи марксизмро, ки комилан бо фӯлод сохта шуда тағйир дод?” Ва агар ин теорияи фалсафӣ ва он усули мантиқӣ ҳақоиқи доимӣ ҳастанд, пас ин назария, ки “ҳар ҳақиқате муваққат аст” ғалат аст.

Ба илова, худи ин ҳукм, ки “ҳар ҳақиқате муваққат аст” оё ҳақиқат аст ё нест? Агар ҳақиқат аст, оё муваққат аст ё доимӣ? Агар доимӣ аст, пас тамоми ҳақиқатҳо муваққат нестанд ва мавриди истисно пайдо шуд. Ва агар муваққат аст, пас ба таври куллӣ ва мутлақ ва доимӣ наметавон гуфт, тамоми ҳақиқатҳо муваққат аст. Асосан, лозимаи ин назария фурӯ рафтан дар шакки мутлақ ва дам фурӯ бастан ва худдорӣ аз ҳар гуна изҳори назар дар бораи ҳар чизе аст. Ҳатто дар бораи ҳақоиқи таърихӣ ҳам наметавон изҳори назари қатъӣ кард; зеро ҳар ҳақиқати таърихӣ фикре аст, ки дар мағз ҷой дорад ва машмули қонуни тағйиру табдил аст, ва масалан ин фикр, ки “Инқилоби Октябр дар 1917 милодӣ буда” барои муддати муваққате ҳақиқат аст ва баъд аз чанде арзиши ҳақиқии худро аз даст медиҳад. Асосан, рӯйи назарияи “тағйири фикр” ҳатто ҳақиқати муваққат ҳам маънӣ надорад, яъне ҳеч фикр барои як муддати муваққат низ наметавонад боқӣ бимонад, зеро ҷараён ва тағйир ва ҳаракат лоянқатеъ аст ва ҳеч чиз дар лаҳзаи дуввум он нест, ки дар лаҳзаи аввал буда.

Ҳақиқат ин аст, ки агар барои фикр ва идрокот вуҷуди мутағайир ва гузарон ва сайёл қоил шавем, ночор бояд имкони илмро мункир шавем ва ҳама чизро маҷҳул бидонем ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда бояд гуфт, “ҳама чиз маҷҳул аст ва ҳатто худи ин қазия, ки “ҳама чиз маҷҳул аст” низ маҷҳул аст”.

Аз ин ҷиҳат аст, ки ҳукамо аз дер замон дарёфтаанд, ки наҳваи вуҷуди идрокот ғайр аз наҳваи вуҷуди ҳаракат ва тағйир аст. Мо дар поварақиҳои ҳамин мақола гуфтем, ки вуҷуди моддии шоғили макон ва мутағайир дар замон, худаш аз худаш пинҳон ва муҳтаҷаб аст, ва мо, ки ашёи маконӣ ва замонӣ ҳамаро дар ҷойи худ ва дар мартибаи худ дарк мекунем аз он ҷиҳат аст, ки идрокоти мо дорои абъоди маконӣ ва замонӣ нестанд ва ҳатто худи ҳаракатро, ки ҳеч ҷузъи мафрузе аз он бо ҷузъи мафрузи дигар дар замон муҷтамаъ нестанд, аз он ҷиҳат метавонем дарк кунем, ки фикри мо метавонад дар зарфи худ ба ҷузъи мутақаддим ва ҷузъи мутааххир – ҷузъи гузашта ва ҷузъи раванда — иҳота пайдо кунад ва ҳамаро ҳамон тавр, ки ҳастанд дар ҷойи худ ва дар мартибаи худ дар зарфи хеш бигунҷонад, ва агар фаразан афкор ва идрокот низ вуҷуди ҷамъӣ ва иҳотӣ намедоштанд, идрок муяссар набуд.

Аз як иштибоҳ ҷилавгирӣ мекунем: мо намехоҳем монанди баъзе аз фалосифаи Урупо иддаъо кунем, ки идрок кардан мусталзими сокин фарз кардани ашёъ аст, балки баръакс, назарияи мо ин аст, ки идрок ва мутолеаи ҳаракат ва тағйири воқеии ашёъ аз он ҷиҳат барои зеҳн муяссар аст, ки худи зеҳн дорои виҷҳаи собит ва ҷамъӣ ва иҳотӣ аст.

в) Байни вуҷуд ва адам, ва нафй ва исбот ихтилофе нест. Як чиз мумкин аст мавҷуд бошад ва дар айни ҳол маъдум бошад. Як қазия мумкин аст рост бошад ва дар айни ҳол дурӯғ бошад. Байни рост ва дурӯғ, ва саҳеҳ ва ғалат, ва нафй ва исбот ихтилофе нест. Жорж Политсер мегӯяд:

Дар назари олими метафизик мавҷудот ва инъикоси онҳо дар мағз ва идрокот, масоили ҷудогонае ҳастанд, ки боисте так-так ва пушти сар ҳам ба тарзи собит ва мунҷамид ва ҷудо аз тағйирот мавриди мутолеа қарор гиранд ва антитез (зидди ҳукм)-ро биловосита ва ҷудо аз ҳукм медонад, ё мегӯяд” бале, бале, ё мегӯяд: на, на… ва ғайр аз он ақидае ҷоиз нест. Ба тасаввури ӯ, аз будан ва набудан якеро бояд интихоб кард…

Энгелс дар китоби “Людвиг Фейербах” мегӯяд:

Ҳамчунин инсон, дигар аз таноқузоте, ки ба мӯҷиби улуми моварои табиати қадим собит ва тағйирнопазир қаламдод шуда буд аз қабили зиддият, дурусту нодуруст, хайру шарр, яксону мутағойир, ҳатмӣ ва иттифоқӣ ва ғайра, воҳимае надорад. Медонем, ки ин таноқузот дорои арзише нисбӣ аст ва он чӣ имрӯз “дуруст” талаққӣ мешавад, ҷанбаи нодуруст ва мустатире дорад, ки баъдҳо зоҳир хоҳад шуд. Ва он чӣ ки имрӯз “нодуруст” талаққӣ мешавад, ҷанбаи дурусте ҳам дорад, ки дар асари он дар қадим “дуруст” талаққӣ мешуд. Он чӣ ки мо воҷибулвуқӯъ медонем, мураккаб аз вақоеи комилан иттифоқӣ аст ва он чиро, ки мо иттифоқӣ медонем, фақат зоҳире аст, ки дар зери он вуҷуб ва лузум пинҳон шудааст”.

Фалсафаи моддии ҷадид чун дар табиат қоил ба асли муборизаи зиддҳо ва табдили шайъ ба зидди худ аст, ва аз тарафе ҳам афкорро сирфан моддӣ медонад, ва аз тарафи дигар байни тазодд ва байни таноқуз ва эҷобу салб фарқ нагузошта, асли имтинои таноқузро дар афкор мункир мешавад, ва албатта гирифторӣ дар як бунбастҳое низ кӯмак кардааст, то ин фалсафа худро маҷбур дидааст, ки якбора ин асли мусаллами фикриро инкор кунад ва муддаӣ шавад монее нест, ки як чиз ҳам рост бошад ва ҳам дурӯғ, ҳам саҳеҳ бошад ва ҳам ғалат.

Мо қаблан тавзеҳ додем, ки бо сарфи назар кардан аз асли имтинои таноқуз, асоси тамоми улум вожгун хоҳад шуд. Ҳамон тавре, ки гуфтем, қонуни илмӣ барои зеҳни башар яъне гароиши зеҳн ба як қазияи хосс ва эъроз аз тарафи муқобилаш. Худи шумо, ки дар фикри худ як теорияи фалсафиро пазируфтаед ва иддаъо мекунед “вуҷуд мусовӣ аст бо модда”, лобуд дар зеҳни худ ба ин қазия гароиш пайдо кардаед ва аз муқобили ин қазия, ки “вуҷуд мусовӣ нест бо модда” эъроз кардаед. Ва ҳамчунин ҳар як аз усули чаҳоргонаи диалектикро, ки пазируфтаед, ночор аз нуқтаи муқобили ин усул эъроз кардаед. Пас, шумо ҳам дар мавриди теорияи фалсафӣ ва усули мантиқии худ гуфтаед: бале, бале. Ва нисбат ба теорияи фалсафӣ ва усули мантиқии метафизик гуфтаед: на, на.

Аз улум мисол меоварем. Мо дар риёзиёт заҳмат мекашем ва бурҳоне барои як масъала иқома мекунем ва натиҷае исбот мекунем ва ночор зеҳн он натиҷаро мепазирад ва аз нуқтаи муқобили он натиҷа эъроз мекунад, зеро он натиҷаро бо нуқтаи муқобилаш қобили ҷамъ намедонад. Ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда “чӣ гуна мутасаввар аст, ки дар мавриди назарияе бурҳоне иқома шуда ва натиҷаеро исбот намояд, ва дар айни ҳол такзиби натиҷа ба бурҳон садама назанад?”

Ин буд се асли асосӣ аз усуле, ки материализми диалектик дар мавриди афкор ва идрокот дорад ва ин се асл дуруст нуқтаи муқобили се асле аст, ки соири системҳои фалсафӣ ва ба хусус метафизик дорад. Метафизик дар мавриди афкор қоил ба се асл: айният, сабот, имтинои таноқуз аст, ва хонандаи мӯҳтарам мутаваҷҷеҳ шуд, ки имкони илм мавқуф ба ин се асл аст, ки метафизик қоил аст, ва бо фарзи инкори ҳар як аз ин се асл, ҳусули илм ғайри муяссар аст.

Ошноён ба фалсафа ва таърихи фалсафа огоҳанд, ки суфастоигарӣ ҷуз инкори имкони илм чизе нест. Суфастоиёни қадим барои хароб кардани имкони илм танҳо ба инкори асли имтинои таноқуз қаноат кардаанд, вале моддигароён ду матлаби дигар изофа карданд, ки ҳар як аз он ду низ агар мавриди қабул воқеъ шавад, кофист дар нафйи имкони илм. Ва аҷаб ин аст, ки ин оқоён дар айни ҳол, теорияи фалсафӣ ва усули мантиқӣ доранд ва муддаии ҷазм дар бораи онҳо ҳастанд ва ҳол он ки суфастоиён мутаваҷҷеҳ шуда буданд, ки бо инкори асли имтинои таноқуз, аз ҳар гуна теорияи фалсафӣ ва усули ҷазмии мантиқӣ бояд чашм бипӯшанд. Аҷабтар он ки ин оқоён худро ҳомӣ ва тарафдори илм муаррифӣ мекунанд!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: