Ислом ва Эронзамин (3)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (3)

Таассуботи миллӣ

Воҳиди иҷтимоӣ, хоҳ хонавода, хоҳ қабила ва хоҳ миллат (ба истилоҳи имрӯзи форсӣ) бо навъе эҳсосот ва таассубот ҳамроҳ аст. Яъне дар инсон як навъ ҳисси ҷонибдорӣ нисбат ба хонавода ва қавм ва миллати худ пайдо мешавад. Ин ҳисси ҷонибдорӣ мумкин аст дар воҳиди хеле бузургтар яъне воҳиди “қорраӣ ва минтақаӣ” низ ба вуҷуд ояд. Масалан, мардуми Урупо дар баробари мардуми Осиё як навъ ҳисси ҷонибдорӣ нисбат ба худ эҳсос мекунанд, ва билъакс мардуми Осиё дар баробари мардуми Урупо; ҳамон тавр, ки мардуми як нажод низ имкон дорад, ки чунин эҳсосе нисбат ба ҳамнажодони худ дошта бошанд.

Миллият аз хонаводаи “худхоҳӣ” аст, ки аз ҳудуди фард ва қабила таҷовуз карда, шомили афроди як миллат шудааст ва хоҳ нохоҳ аворизи ахлоқии худхоҳӣ: таассуб, уҷб, надидани айби худ (албатта айбҳои миллӣ дар миқёси миллат), бузургтар дидани хубиҳои худ, тафохур ва амсоли инҳоро ҳамроҳ дорад.

* * *

Носиюнолизм

Гароиш ба ҷанбаҳои қавмӣ ва миллӣ дар забонҳои урупоӣ “носиюнолизм” хонда мешавад, ки бархе аз донишмандони форсизабон онро “миллатпарастӣ” тарҷума кардаанд.

Носиюнолизм мутобиқи баёни гузашта, бар авотиф ва эҳсосоти қавмӣ ва миллӣ муттакӣ аст, на бар ақлу мантиқ. Носиюнолизмро набояд ба таври куллӣ маҳкум кард. Носиюнолизм агар танҳо ҷанбаи мусбат дошта бошад, яъне мӯҷиби ҳамбастагии бештар ва равобити ҳасанаи бештар ва эҳсон ва хидмати бештар ба касоне, ки бо онҳо зиндагии муштарак дорем бишавад, зидди ақлу мантиқ нест ва аз назари ислом мазмум намебошад, балки ислом барои касоне, ки табъан ҳуқуқи бештаре доранд — аз қабили ҳамсоягон ва хешовандон — ҳуқуқи қонунии зиёдтаре қоил аст.

Носиюнолизм он гоҳ ақлан маҳкум аст, ки ҷанбаи манфӣ ба худ мегирад. Яъне афродро таҳти унвони миллиятҳои мухталиф аз якдигар ҷудо мекунад ва равобити хасмонае миёни онҳо ба вуҷуд меоварад ва ҳуқуқи воқеии дигаронро нодида мегирад.

Нуқтаи муқобили носиюнолизм, “интерносиюнолизм” аст, ки қазоёро бо миқёси ҷаҳонӣ менигарад ва эҳсосоти носиюнолистиро маҳкум мекунад. Вале ҳамчунон ки гуфтем, ислом ҳамаи эҳсосоти носиюнолистиро маҳкум намекунад, эҳсосоти манфии носиюнолистиро маҳкум мекунад, на эҳсосоти мусбатро.

* * *

Миқёси миллият

Дар ибтидо чунин ба назар мерасад, ки лозимаи носиюнолизм ва эҳсосоти миллӣ ин аст, ки ҳар чизе, ки маҳсули як сарзамини муайян ё натиҷаи ибдои фикри мардуми он сарзамин аст, он чиз аз назари он мардум бояд миллӣ ба ҳисоб ояд ва эҳсосоти миллӣ ва носиюнолистӣ онро дарбар мегирад ва ҳар чизе, ки аз марзу буми дигар омадааст бояд барои мардуми ин сарзамин бегона ва аҷнабӣ ба шумор ояд.

Вале ин миқёс миқёси дурусте нест, зеро миллат аз афроди зиёде ташкил мешавад ва мумкин аст фарде аз афроди миллат чизеро ибдоъ кунад ва мавриди қабули соири афрод воқеъ нашавад ва завқи умумӣ онро тард кунад. Бидуни шак чунин чизе наметавонад ҷанбаи миллӣ ба худ бигирад.

Масалан, мумкин аст миллате як системи иҷтимоии махсусеро дар зиндагии худ интихоб кунад ва фарде ё афроде аз ҳамон миллат як системи муғойир бо системи умумӣ ибдоъ ва пешниҳод кунанд ва мавриди қабули умум воқеъ нашавад. Дар ин сурат, он системи мардуд ва матрудро сирфан ба хотири ин ки аз миёни мардум бархоста ва мубдеъ ва мубтакири он яке аз афроди ҳамон миллат буда наметавон барои он миллат як падидаи миллӣ донист. Ва баръакс мумкин аст як системи иҷтимоӣ дар хориҷ аз марзҳои як кишвар ба василаи афроде аз ғайри он миллат тарҳ шавад, вале афроди он кишвар бо оғӯши боз онро бипазиранд. Бадеҳӣ аст дар инҷо наметавонем он системи пазируфташударо ба хотири он ки аз ҷойи дигар омадааст бегона ва аҷнабӣ бихонем ва ё муддаӣ шавем, ки мардуме, ки чунин коре кардаанд, бар хилофи усули миллияти худ амал карда ва дар миллати дигар худро ҳазм кардаанд ва ё болотар, муддаӣ шавем, ки чунин мардуме худро тағйир додаанд.

Бале, дар як сурат он чизе, ки аз хориҷ расидааст бегона ва аҷнабӣ хонда мешавад ва пазириши он бар хилофи усули миллият шинохта мешавад ва аҳёнан пазириши он навъе тағйири миллият ба шумор меояд, ки он чиз ранги як миллати бахусус дошта бошад ва аз шиорҳои як миллат бегона бошад. Бадеҳӣ аст, ки дар ин сурат агар миллате шиори миллати дигарро бипазирад ва ранги он миллатро ба худ бигирад, бар хилофи усули миллияти худ амал кардааст. Масалан, нозизми Олмон ва саҳюнизми яҳуд ранги миллияти бахусусе дорад. Агар афроди як миллати дигар бихоҳанд онро бипазиранд, бар хилофи миллияти худ амал кардаанд.

Аммо агар он чиз ранги махсус надошта бошад, нисбаташ бо ҳамаи миллатҳо баробар бошад, шиорҳояш шиорҳои куллӣ ва умумӣ ва инсонӣ бошад ва миллати мавриди назар ҳам онро пазируфта бошад, он чиз аҷнабӣ ва бегона ва зидди миллӣ шумурда намешавад.

Ба ҳамин далел, ҳақоиқи илмӣ ба ҳамаи ҷаҳон таъаллуқ дорад. Ҷадвали Фисоғурис (Пифагор) ва нисбияти Эйнштейн ба қавми муайяне тааллуқ надорад ва бо ҳеч миллияте мунофот надорад, барои ин ки ин ҳақоиқ беранг аст ва рангу бӯйи қавм ва миллати махсусеро надорад.

Ба ин далел, донишмандон ва файласуфон ва паёмбарон ба ҳамаи ҷаҳониён тааллуқ доранд, ки ақоид ва ормонҳои онҳо маҳсур дар маҳдудаи як қавм ва миллат нест.

Хуршед аз миллати хоссе нест ва ҳеч миллате нисбат ба он эҳсоси бегонагӣ намекунад, зеро хуршед ба ҳамаи олам як нисбат дорад ва бо ҳеч сарзамин вобастагии махсус надорад. Агар баъзе аз сарзаминҳо камтар аз нури хуршед истифода мекунанд, марбут ба вазъи худашон аст, на ба хуршед. Хуршед худро ба сарзамине муайян вобаста накардааст.

Пас, маълум шуд сирфи ин ки як чизе аз миёни як мардуме бархоста бошад, милоки худӣ будани он намешавад, ва сирфи ин ки чизе аз хориҷи марзҳо омада бошад, милоки аҷнабӣ будан ва бегона будани он намешавад. Ҳамчунон ки собиқаи торихӣ милоки амал нест. Яъне мумкин аст миллате қарнҳо як системи хосси иҷтимоиро пазируфта бошад ва баъд тағйири назар бидиҳад ва системи навинеро ба ҷойи он интихоб кунад. Масалан, мо мардуми Эрон дар тӯли бисту панҷ қарни торихи миллӣ, монанди бисёре аз кишварҳои дигар режими истибдодӣ доштем ва акнун каму беш аз ним қарн аст, ки режими машрутаро ба ҷойи он интихоб кардаем. Режими машрутиятро мо ибдоъ ва ибтикор накардем, балки аз дунёи хориҷ ба кишвари мо омадааст, вале миллати мо онро пазируфта ва дар роҳи таҳсили он фидокориҳо кардааст.

Албатта афроди зиёде аз ҳамин миллат бо сарсахтии аҷибе муқовамат карданд, мусаллаҳона қиём карданд ва барои ҳифзи режими истибдод хуни худро рехтанд, вале аз он ҷо, ки дар ақаллият буданд ва аксарияти миллати Эрон режими машрутиятро пазируфт ва дар роҳи он фидокорӣ кард, онон шикаст хӯрданд ва оқибат таслими иродаи аксарият шуданд.

Акнун оё мо бояд режими машрутаро як режими миллӣ ва худӣ бидонем, ё назар ба ин ки дар тӯли торихи зиндагии иҷтимоӣ ва миллии мо, режими мо режими истибдод буда, на режими машрута, ва ба илова, мо ибдоъкунандаи он набудаем ва онро аз ҷойи дигар иқтибос кардаем, бояд бигӯем режими миллии мо режими истибдодӣ аст ва режими машрута барои мо як режими бегона аст?

Эъломияи ҳуқуқи башарро мо танзим накардаем ва дар танзими он ҳам ширкат надоштаем ва дар тӯли торихи миллии мо масоиле, ки дар он эъломия матраҳ аст, камтар матраҳ шудааст, вале миллати мо монанди миллатҳои дигари ҷаҳон каму беш маводди онро пазируфтааст. Акнун мо аз назари “миллияти эронӣ” дар бораи ин эъломия чӣ бигӯем? Соири миллатҳое, ки танзимкунандаи ин эъломия нестанд, дар бораи ин эъломия, ки аз хориҷи марзҳои кишварашон ба онҳо расидааст, чӣ бигӯянд? Оё эҳсосоти миллӣ эҷоб мекунад, ки ба ҳукми собиқаи торихӣ ва ба ҳукми ин ки ин эъломия аз хориҷи марзҳои онҳо сарчашма гирифтааст, бо он мубориза кунанд? Онро аҷнабӣ ва бегона бидонанд? Ё ин ки ба ҳукми ду асли мазбур: яке ин ки: ин эъломия рангу бӯйи миллати хоссе надорад, дигар ин ки: миллат онро пазируфтааст, бояд онро худӣ ва ғайри аҷнабӣ бидонанд?

Акси ин матлабро низ метавон дар назар гирифт. Яъне мумкин аст ойин ва маслак ва мароме аз миёни миллате бархезад, аммо “миллӣ” шумурда нашавад, аз боби ин ки ранги як миллати дигарро дорад, ё аз роҳи ин ки мавриди қабули ин миллате, ки аз миёни онҳо бархоста воқеъ нашудааст, масалан кеши монавӣ ва маслаки маздакӣ аз миёни миллати Эрон бархостааст, вале натавонистааст пуштибонии миллатро ба даст оварад, ба ҳамин ҷиҳат ин ду маслакро наметавон як падидаи миллӣ ба шумор овард.

Асосан, агар ингуна умурро ба эътибори ибдоъкунандагон ва пайравони маъдудашон “миллӣ” ба ҳисоб оварем, авотиф ва эҳсосоти аксариятро нодида гирифтаем.

Аз маҷмӯи матолибе, ки гуфта шуд, дониста мешавад, ки аз назари эҳсосоти миллӣ ва авотифи қавмӣ, на ҳар чизе, ки аз ватан бархост ҷанбаи миллӣ пайдо мекунад ва на ҳар чизе, ки аз марзу буми дигар омада бошад бегона ба шумор меравад, балки умда он аст, ки аввалан бидонем он чиз ранги миллати бахусусе дорад ё беранг аст ва умумӣ ва ҷаҳонӣ аст, сониян оё миллати мавриди назар он чизро ба рағбат пазируфтааст ё ба зӯр ва икроҳ.

Агар ҳар ду шарт ҷамъ шуд, он чиз худӣ ва ғайри аҷнабӣ ба шумор меравад, ва агар ин ду шарт ҷамъ нашуд, хоҳ фақат яке аз ин ду мавҷуд бошад ва хоҳ ҳеч кадом мавҷуд набошад, он чиз бегона шумурда мешавад. Ба ҳар ҳол, омили “ин ки ин чиз аз миёни чӣ миллате бархостааст” на сабаб мешавад, ки илзоман он чиз худӣ ва миллӣ маҳсуб шавад ва на сабаб мешавад, ки аҷнабӣ ва бегона шумурда шавад.

Акнун бояд вориди ин мабҳас бишавем, ки оё ислом дар Эрон воҷиди ду шарт ҳаст ё нест? Яъне оё аввалан ислом ранги миллати махсусе — масалан миллати араб – ро дорад ё дине аст ҷаҳонӣ ва умумӣ ва аз назари миллиятҳо ва нажодҳо беранг, ва сониян, оё миллати Эрон ба хоҳиш ва рағбат исломро пазируфтааст ё хайр?

Он чӣ дар бораи “миллат” ва “миллият” гуфтем, ба истилоҳи туллоб “кубро”-и баҳс буд, акнун вориди “суғро”-и баҳс бишавем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: