Фалсафа ва равиши реализм (69)

Пайдоиши касрат дар идрокот (24)

Матни китоб:

Посух

Мо акнун ба гуфтугӯи асосӣ дар атрофи созмони “тез-антитез-синтез” намепардозем ва шарҳи комили аҷзои ин назарияи тозаро ба мақолае, ки ба хости Худои ягона ба унвони “Қувва ва феъл” хоҳем нигошт, мавкул менамоем.

Мо дар онҷо бо равшан сохтани маънои ҳаракати умумӣ, равшан хоҳем сохт, ки ин масъала айнан мазмуни ҳамон тафсирест, ки фалосифа дергоҳест мутаъарриз шуда ва ҳақиқати мутлақи ҳаракатро тақрир кардаанд: “камоли аввал билқувваи чизе, ки билқувва аст”, ё “иттиҳоди қувва ва феъл дар ҳаракат”. Ва фарқе, ки миёни ин ду тақрир ва тафсир аст ин аст, ки фалосифаи моддияти таҳаввулӣ як матлаби пухтаро бо баёни хом ва норас ва норасое тақрир намудаанд.

Оре, достони дарози “тез-антитез-синтез” ҳамон як ҷумлаи кӯтоҳи “иттиҳоди қувва ва феъл дар ҳаракат” мебошад ва роҳҳои дуру дарозе, ки фалосифаи моддӣ дар ин водӣ паймуда ва армуғонҳои тару тоза ва тозатаре, ки дар ҳар бозгашт ба ҳамроҳи худашон оварда ва дар пардаҳои мухталиф дар маърази намоиш гузоштаанд, ба таври шигифтовар ба андозае бо ҳамдигар зидду нақиз ҳастанд, ки дар ҳақиқат низоме аз бенизомӣ ташкил додаанд.

Ҳамин андоза, ки аз риштаи сухани вижаи ин мақола дур нашавем, ба натиҷаи мантиқии ин сухан пардохта ва дар мавзӯи се асли номбурда (айният, сабот, истиҳолаи иҷтимои зиддайн), ки диалектик нафй мекунад, нукотеро, ки дар мақолаҳои гузашта низ равшан шуда ёдоварӣ мекунем.

Аввалан, интифои (набудани) айният, ки донишманди моддӣ мегӯяд дуруст аст, вале ин суханро дар мавриди моддаи хориҷӣ ва таркиботи вай метавон гуфт, на дар мавриди илму идрок; зеро мо дар мақолаи 3 (Илму идрок) ба субут расонидем, ки илму идрок хоссаи таҳаввули моддиро надоранд ва ҳар сурати идрокӣ аз ҳар сурати идрокии дигар комилан ҷудо мебошад, ва ғаризаи дониш ва андешасозии мо худ гувоҳи ин назар аст. Ва албатта донишманди диалектик низ ҳамин ғаризаи инсониро дорост ва ҳеч гоҳ виҷдони дарроки вай ҳозир ба пазируфтани ҳақиқати сухани худаш нест. Зеро дар ҳамин баён ва тахотуб дилаш мехоҳад, ки айни мақсади худро ба мо (мухотаби худ) бирасонад, на ғайри ӯро. Дилаш мехоҳад, ки мо айни мақсади ӯро бипазирем, на ғайри ӯро. Виҷдонаш гувоҳ аст, ки матлаберо, ки имрӯз тақрир мекунад, ҳамон аст, ки дирӯз фаҳмида ва ҳамон аст, ки парерӯз ҷузъи маҷҳулот буд. Айният ба тавре лузуми умумӣ бо мафоҳим дорад, ки ҳатто салби айният низ биайниҳи исботи айният аст (таъаммул шавад). Ва сониян, саботро, ки диалектик нафй мекунад, чунонки дар айният гуфта шуд, дар модда дуруст мебошад, на дар сурати илмии тасаввурӣ ё тасдиқӣ.

Ростӣ, инон дар қазияҳои сипаришудаи таърихӣ ва дар биюгрофии гузаштагон ва пешиниён чӣ мепиндоранд? Оё ҳама чиз барои инсон маҷҳул аст? Ҳатто худи ин қазия низ маҷҳул аст? Оё ҳама чиз дар идроки инсон нисбӣ ва мутағайир аст, ҳатто худи ин чиз? Шояд мо бо равиши метафизик фикр мекунем ва сухани инонро намефаҳмем (чунонки мегӯянд)?! Вале дар ин фарз, оё фикрҳое дорои айният ва сабот пайдо нашуд? Ва оё дар ин сурат, як даста фикр дорои айният ва сабот ва як даста фоқиди васфи айният ва сабот пайдо хоҳад шуд? Яъне фикр метавонад, ҳам бо авсофи модда ва ҳам бе онҳо мавҷуд шавад? Яъне фикр, ки ҳамеша моддӣ аст, гоҳе моддӣ аст ва гоҳе моддӣ нест? (Ва ин таноқуз маҳол аст, вале ин донишмандон иҷтимои мутаноқизайнро сареҳан ҷоиз медонанд.

Ва солисан, иҷтимои нақизайн — ки ғолибан дар диалектик ба “иҷтимои зиддайн” таъбир мешавад — ҳам дар модда ва ҳам дар идрок маҳол аст ва ба тавре равшан мебошад, ки агар дар ҳар қазияи бадеҳӣ шак намоем (чунонки гуфтем, ки ҳусули илм дар ҳар бадеҳӣ мутаваққиф ба қазияи “истиҳолаи иртифоъ ва иҷтимои нақизайн” мебошад ва бо фарзи набудани ин қазия, “илм” мустақар намешавад), дар ҳукми нақизайн намешавад шакку тардид намуд ва ғаризаи фитрии инсон ва минҷумла худи донишманди моддии таҳаввулӣ низ бутлони ин ҳукмро намепазирад ва ин ҳама такопу, ки диалектик дар нафйи ин ҳукм мекунад ва мисолҳои бисёр, ки дар роҳи исботи ҳаққонияти даъвои худ меоварад ва таъбироти мухталиф — мисли вуҷуду адам ва билқувва ва билфеъл ва тез ва антитез ва зиддон ва мутағойирон ва мутанофиён — ки менамояд, ҳамаи онҳо гувоҳ бар ин аст, ки халт карда ва чизе дигар ба ҷойи нақизайн гирифта ва аз маҳалли калом берун афтода ва ба ҳадафи дигаре тирандозӣ менамояд, вагарна ҳеч гоҳ ҳозир нест, ки як ҳукм ҳам сад дар сад рост ва ҳам сад дар сад дурӯғ буда ва ҳам рост набошад ва ҳам дурӯғ набошад.

Оре, донишмандони диалектик мегӯянд, равиши фикри метафизик, ки “фикри мутлақ” аст, ин гирифториро пеш меоварад ва равиши фикри диалектик “нисбият” аст ва хориҷи модда низ бо вай мувофиқ мебошад ва дар хориҷи модда исботи мутлақ ва нафйи мутлақ надорем, пас ҳар исботе, ки дар хориҷ аст, бо нафй қобили ҷамъ аст.

Вале мо мегӯем: аввалан, ин, эътироф ба сиҳҳати ҳукми нақизайн аст ҳатто дар хориҷ. Зеро ҳукмеро, ки дар хориҷ исбот мекунанд (фикр нисбӣ аст ва хориҷи моддӣ мувофиқ мебошад) розӣ нестанд дурӯғ даромада ва аз хориҷ нафй шавад.

Сониян, равиши фикри худи диалектик низ равиши итлоқ аст; зеро ин донишмандон розӣ нестанд ба эшон гуфта шавад, ки ин ҳама ранҷи шумо беҳуда ва ин истидлолатон пуч ва дурӯғ аст, пас ночор ин истидлол дар эътиқодашон рост аст, ва ин як фикри мутлақе аст, ки дар мағзашон ҷойгузин шуда ва хушбахтона фикре аст бо равиши диалектик. Пас, фикр бо равиши диалектик мутлақ буда, на нисбӣ.

Усулан, чӣ гуна мутасаввар аст, ки дар мавриди назарияе бурҳон иқома шуда ва натиҷае исбот намояд ва бо ин ҳама такзиби натиҷа, ба бурҳон садама назанад?!

Ишкол

Фаразан ҳамаи суханони гузашта бо пояҳои истидлолии онҳо, ки дар ин мақолаҳо (мақолаи 3, 4, 5) зикр шуда дуруст бошанд, ин ҳақиқат қобили инкор ва иғмоз нест, ки ҳамаи улум ва идрокот ё бештари онҳо аз воқеияти моддаи хориҷӣ гирифта шуда, пас модда ба ҳар тақдир дар зоиши инҳо муассир мебошад ва мутасаввар нест, ки як мавҷуди мутаҳаввили мутакомил як падидаи собити ғайри мутағайир ба вуҷуд оварад. Ва аз ин рӯй аз пазируфтани таҳаввул дар улум ва идрокот чора ва гурезе нест ва рӯйи ин асл ҳамаи суханони диалектик дар тавсифи ҳоли улум ва идрокот ва равише, ки иттихоз карда дуруст хоҳад буд.

Посух

Он чиро усули мубарҳани гузашта иқтизо мекунад ин аст, ки бо фарзи моддӣ набудани улум ва идрокот, аз “зоиши табиӣ” наметавон дам зад ва табъан дар ин сурат табаиятҳои ҳукмӣ миёни модда ва идрокот аз миён бармехезад ва он чӣ баҳсҳои фалсафӣ дар мавриди нисбати вуҷудӣ дар миёни мавҷудоти ғайри моддӣ натиҷа гирифта, бо ҳифзи мувофиқати он дар мавриди идрокот, бояд гуфт, инсон дар мавқеи ҳусули як силсила осори моддӣ бо шароити махсус, ин падидаҳои ғайри моддӣ барояш зуҳур мекунад, ки бо модда мутобиқати махсусе доранд ҷуз ин ки модда ҳамеша ноқис ва мутаҳаввил ва он падидаҳои ғайри моддӣ томм ва собит мебошанд. Ва ин ки мо дар миёни суханони худ дар мавриди ин падидаҳо номи “зоиш” ва “таволуд” ва “истинтоҷ” ва “такаввун” ба забон меоварем, дар асари муҳити баҳс ва унс бо модда ва моддиёт буда ва ҷуз маҷоз ва тасомуҳ сурате надорад.

Ишкол

Озмоишҳои мутаволӣ нишон медиҳад, ки муҳити зиндагии инсон дар афкори вай саҳим мебошад ва ихтилофи маълумот ва афкор бо ихтилофи минтақа ва муҳити зиндагии ҳатто дар як фарди инсонӣ ба ҳасби ду замон ва ба мӯҷиби ихтилофи шароит, равшан ва ғайри қобили инкор аст. Ва ҳамчунин мо метавонем бо тарбиятҳои гуногун дар инсон афкори гуногун эҷод намоем, пас “ҳақоиқи илмӣ” махлуқи худамон ва тобеи худамон буда ва як субути ғайри қобили тағйире надоранд.

Посух

Васфи мазбур (тағйир) махсус ба як силсилаи вижае аз маълумот ва идрокот аст, ки мутобиқи хориҷии онҳо аҷзои иҷтимое аст, ки худамон ба вуҷуд меоварем ва ночор бо тағйироте, ки худамон дар аҷзоъ ва шароити иҷтимои эҷодии худамон медиҳем, идрокоти вижаи онҳо тағйир мепазиранд.

Аммо як силсила идрокоте, ки мутобиқи онҳо хориҷ аз зарфи иҷтимоъ мебошад ва бо фарзи вуҷуд ва адами инсони муҷтамаъ ё ҳар ҷонвари зиндаи иҷтимоӣ ба васфи таҳаққуқ ва вуҷуд мавсуфанд яъне буду набуди ҳайвони мудрик дар воқеияти онҳо муассир намебошад, онҳо бо ихтилофи муҳити зиндагӣ ва тарбият ва талқин ихтилоф пайдо намекунанд.

Тавзеҳи комили ин матлаб ба баёни мабсуттаре ниёзманд аст, ки дар маводди улум ва идрокот аз тариқаи дигар ва роҳи тозатаре ба ҷустуҷӯ ва баррасӣ пардохта ва улум ва идрокоти ҳақиқӣ ва эътибориро мавриди баҳсу кунҷковӣ қарор дода ва кайфияти мутобиқати онҳоро бо хориҷи худ ва хоссиятҳои дигарашонро равшан созем ва аз ин рӯй ночорем дар ҳаминҷо ин мақоларо хотима дода ва мақолаи дигареро оғоз кунем.

Масоиле, ки ин мақола ба субути онҳо пардохта ба шарҳи зер аст:

  1. Ҳар илми ҳусулӣ дар мавриди худ як илми ҳузурӣ дорад.
  2. Мо ба нафси худ ва қувваҳо ва афъоли идрокии худ ва ҳамчунин ба наҳве ба маҳсусоти аввалии худ илми ҳузурӣ дорем ва ҳар илми ҳусулӣ аз ин улуми ҳузурӣ сарчашма мегирад.
  3. Улум ва идрокот мунқасим мешаванд ба тасаввурот ва тасдиқот, ва тасаввурот мунқасим мешаванд ба ду қисм: моҳиятҳо ва эътибориёт.
  4. Дар мавриди моҳиятҳо, кунҳи маълум бар мо маълум аст.
  5. Мафоҳими эътиборӣ пас аз моҳиятҳо, маълуманд.
  6. Мафоҳими эътибориро ибтидо бо “нисбат” ва пас аз он бо “маънои мустақил” ба даст меоварем ва дар ҳама ҳол ҳикояти онҳо аз хориҷ билараз мебошад.
  7. Миқдори зиёде аз тасаввурот ба ҳасби ҳақиқат, қазия ҳастанд ва билъакс.
  8. Инқисом ба сӯйи ҳақиқат ва эътибор чунонки дар тасаввур ҳаст, дар тасдиқ низ ҳаст.
  9. Мафоҳим касрат ва инқисоми дигаре аз роҳи басотат ва тараккуб доранд.
  10. Моҳиятҳоро ба василаи таҳдиди мантиқӣ бояд шинохт.
  11. Улум ва идрокот касрате дигар ба воситаи инқисом ба бадеҳӣ ва назарӣ доранд.
  12. Ҳар маълуми тасдиқӣ фарз кунем ё худ бадеҳӣ аст ё мунтаҳӣ ба бадеҳӣ.
  13. Ҳар маълуми назарӣ ба воситаи таълифи бадеҳиёт ё назариёти мунтаҳӣ ба бадеҳиёт ё мухталит пайдо мешавад.
  14. Фарқ миёни бадеҳӣ ва фарзия.
  15. Эҳтиёҷи назарӣ ба бадеҳӣ ғайр аз синхи эҳтиёҷи ҳар қазия ба ҳукми нақизайн мебошад ва ҳукми нақизайн мӯҳтоҷун илайҳи ҳамаи маълумот аст.
  16. Чунонки маводди тасдиқоти мунтиҷа дар натиҷа муассиранд, ҳамчунин ҳайъати муқаддамот.
  17. Ҳайъат низ мисли модда ба бадеҳӣ ва назарӣ мунқасим аст.
  18. Нисбат миёни “маълуми хориҷӣ” ва миёни “сурати илмӣ” нисбати зоиш нест.

Поёни мақолаи ҳафтум

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: