Эпикур ва “маргандешӣ”

Пурсиш: Эпикур, файласуфи юнонӣ мегӯяд: “Марги ман беаҳаммият аст, зеро то ман ҳастам, бо ман нест ва вақте марг аз роҳ мерасад, ман нестам”. Оё маргандешӣ хосси Худобоварон аст? Чун ба назар мерасад, маҳз маргандешӣ мардумро ниёзманди анбиё мекунад, чунонки Мавлавӣ мегӯяд: Тӯтии нуқли шакар будем мо // Мурғи маргандеш гаштем аз шумо. Фарқи маргандешии як атеист аз як Худобовар дар чист?

Vatandor Vatan

* * *

Посух: Ба номи Худо. Бо баррасии масоили зерин, посухи ин пурсиш равшан мешавад:

1. Эпикур ва фалсафаи вай;

2. Оё Худобоварӣ натиҷаи маргандешӣ аст?

3. Чӣ касоне баҳси маргро матраҳ ва таъкид мекунанд, ки набояд ба он андешид ва аз он тарсид?

4. Иллати тарс аз марг аз назари Ибни Сино.

* * *

1. Эпикур ва фалсафаи вай:

Фалсафаи Эпикур (файласуф ва донишманди шаҳири юнонӣ) яке аз макотиби фикрии муҳим дар Юнони бостон ба шумор меояд. Эпикур лаззатпарастӣ, парҳез аз парешонхотирии дунявӣ, ҷустуҷӯи оромиши нафс (ataraxia) ва раҳоӣ аз ташвиш ва ранҷ (aponia)-ро таблиғ мекард. Ӯро аз аввалин файласуфони моддӣ (материалист) шумурдаанд. Баъд аз маргаш низ мактаби фалсафии ӯ, яъне Эпикуризм, мавриди таваҷҷӯҳи иддаи зиёде қарор гирифт.

Чунонки гуфтем, фалсафаи Эпикур пиромуни масъалаи “лаззат” давр мезанад ва ин мавзӯъ барои вай ба ҳадде муҳим буд, ки мегӯянд, бар рӯйи дарвозаи “Боғи Эпикур” ин ҷумла навишта шуда буд: “Эй меҳмон! Ту дар инҷо шоду хуррам хоҳӣ зист, зеро дар инҷо саодат хайри аълост”.

Албатта, манзури Эпикур аз лаззат, лаззоти ҷисмонӣ набуд, балки лаззат дар итоат аз ақл ва зиндагӣ бар тибқи меъёрҳои хирад буд. Эпикур бо ҳар навъ лаззати ҷисмонӣ ба хусус лаззати шаҳвати ҷинсӣ, мухолиф буд, зеро ақида дошт, ки: “Ҳеч кас аз омезиши ҷинсӣ хайр надидааст. Агар касе зиёне аз он надида бошад, бояд хеле худро хушбахт бидонад”.

Ба ақидаи Эпикур, болотарин лаззат, “набудани дард” аст ва он чӣ дардро бартараф мекунад, хирадмандӣ аст. Ва хирадмандӣ ҳам дар ин аст, ки мо худро аз шарри шаҳват, пурхӯрӣ ва “тарс аз марг” бираҳонем ва аз рақобат, ҳасодат ва шӯҳратталабӣ бипарҳезем ва фақат ба фикри ба даст овардани “оромиши замири ботин” бошем.

Бале, ин ҷумла аз ӯ машҳур аст, ки: “Маргро бо мо сару коре нест, зеро ки хайру шарр дар эҳсос вуҷуд дорад ва марг эҳсосро аз байн мебарад… Ваҳшатноктарин маргро бо мо сару коре нест, зеро то замоне ки мо зиндагонӣ мекунем, марг нест, ва чун марг ояд, мо нестем. Бинобар ин, марг нест на барои зиндагон, чун ҳастанд, ва на барои мурдагон, чун нестанд”.

(Фалсафаи Эпикур, Жон Брун (Jean Brun), тарҷумаи Абулқосими Пурҳусайнӣ)

Ин буд хулоса ва фишурдаи андешаи Эпикур.

* * *

2. Оё Худобоварӣ натиҷаи маргандешӣ аст?

Пеш аз баёни ин ки чӣ касоне масъалаи марг ва тарс аз онро бештар матраҳ мекунанд (ки дар матлаби севвум ба он хоҳам пардохт), ибтидо лозим аст баён бидорам, ин ки мефармоед: “Ба назар мерасад, маҳз маргандешӣ мардумро ниёзманди анбиё мекунад”, истинтоҷи дурусте нест. Зеро, имон ба Худо ва дин ва пайравӣ аз паёмбарон, рабте ба “маргандешӣ” надорад.

Асосан, рабт додани масъалаи Худобоварӣ ба “маргандешӣ”, бештар аз тарафи мухолифони дингаройӣ ва Худобоварӣ матраҳ мешавад. Онҳо гумон мекунанд, ки агар касе ба Худо имон дошта ва аз дине пайравӣ мекунад, ба ин хотир аст, ки чун аз марг метарсад. Дар ҳоле ки аслан чунин нест.

Зеро агар касе ба Худо ва дин бовар дорад, ба ин далел аст, ки чун бо ақл ва хиради худ Худоро ёфта ва ё ба ҳукми фитрат ба ӯ гаройида ва паёмбарони илоҳиро фиристодаҳои Худо ба сӯйи мардумон барои ҳидоят ва роҳнамоии инсонҳо дониста. Ҳол, чӣ масъалаи марг матраҳ бошад ё набошад. Ин ду бо ҳам иртиботе надоранд.

Бале, дар марҳилаи баъд аз имон ба Худо ва пас аз он ки дин барояш мегӯяд, ки зиндагии одамӣ бо марг поён намепазирад, балки марг танҳо як интиқол аз дунёе ба дунёи дигар аст, дар ин ҷост, ки дар ӯ навъе тарс эҷод мегардад, он ҳам на тарс аз худи марг, ҳаргиз, балки тарс аз рӯзи қиёмат ва рӯзи ҷазо.

Ва ба сухани дигар, қазия дуруст баръакс аст. Яъне, имон ба Худо ва Худогаройӣ на он ки натиҷаи тарс аз рӯзи ҷазо бошад, балки баръакс, тарс аз рӯзи ҷазо натиҷаи имон ба Худост. Аз ин рӯ, ин ки мефамоед: “Ба назар мерасад, маҳз маргандешӣ мардумро ниёзманди анбиё мекунад”, инстинтоҷи дурусте нест.

Ва ин байте ҳам, ки аз Мавлоно овардаед, рабте ба масъалаи мавриди назар надорад. Мавлоно ин ҷо аз забони мухолифони анбиё матлаберо баён медорад. Ва он ин ки: қавми муониди Сабо хитоб ба паёмбарон мегӯянд, пеш аз он ки шумо зуҳур кунед, мо тӯтиёни ширинкалом будем, аммо акнун ба сабаби вуҷуди шумо, ба парандагоне табдил шудаем, ки доиман дар андешаи марг ва фано фурӯ рафтаем. Мурод аз “мурғи маргандеш” дар ин ҷо чуғд ва бум аст.

Хуб, ин ҳарфи мухолифони паёмбарон аст, на баёни ҳоли Худобоварон. Ва иттифоқан ин як нуктаи бисёр зариф аст. Дар ҳар замон ва маконе, ҳарфи мухолифони дин ва паёмбарон ҳамин аст. Фикр мекунанд, Худогаро будан, диндор будан, шариатмадор будан яъне ахму будан, азодор будан ва шум будан аст, ва хулоса, одами бедин аз назари онон, “тӯтии ширинкалом” аст ва инсони Худобовар “чуғди шум”:

Тӯтии нуқли шакар будем мо,

Мурғи маргандеш гаштем аз шумо.

* * *

3. Чӣ касоне баҳси маргро матраҳ ва таъкид мекунанд, ки набояд ба он андешид ва аз он тарсид?

Ин матлаб бисёр муҳим аст, ки бидонем, асосан чӣ касоне бештар масъалаи марг ва маргандеширо матраҳ мекунанд? Оё Худобоварон ё мухолифони онон, яъне касоне, ки на ба Худо имон доранд ва на ба дин ва на ба рӯзи қиёмат?

Ва ба сухани дигар, оё касе аз марг метарсад, ки маргро ҷуз интиқол аз як дунё ба дунёи дигар намедонад, ё касе, ки маргро нестӣ ва нобудӣ мепиндорад?

Бисёр равшан ва ҳувайдост, ки ин дастаи дуввуманд, ки аз марг ваҳшат доранд ва нигарон ҳастанд, на гурӯҳи аввал. Ва иттифоқан, ҳамин ваҳшат ва нигаронӣ аст, ки амсоли Эпикурро ба ин водошта, ки ба инсонҳо ва ба хусус пайравони худаш, ин тавсияро бикунад, ки: аз марг наҳаросанд ва “хирадмандӣ дар ин аст, ки худро аз “тарс аз марг” бираҳонем”.

Вагарна, Худобовар на танҳо аз марг наметарсад, балки ҳамчун ҳазрати Алӣ (а) муштоқи он аст ва онро растгорӣ мешуморад, он ҷо ки мегӯяд:

وَاللهِ لاَبْنُ أَبي طَالِب آنَسُ بالمَوْتِ مِنَ الطِّفْلِ بِثَدْي أُمِّهِ

Савганд ба Худо, унс ва алоқаи фарзанди Абӯтолиб ба марг, аз алоқаи тифл ба пистони модараш бештар аст…” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 5)

Аммо касе, ки дар тангнои андешаҳои норасо ва маҳдуди материалистӣ гирифтор аст, қатъан аз марг нигарон аст, зеро аз назари ӯ марг нестӣ аст. Ӯ ранҷ мебарад, ки чаро ин тан (ки ба гумони ӯ, тамоми ҳувият ва шахсият аз ҳамин тан аст) аз байн меравад, бинобар ин, андешаи марг боиси бадбинии ӯ ба ҷаҳон мегардад. Ин аст, ки Эпикур ба амсоли ин афрод тавсия мекунад, ин андеша зиндагии шуморо ба ҳам мерезад, ба он наяндешед, балки ҳамин ки феълан ҳастед, ба он биандешед, аз он лаззат бибаред. Ва он гоҳ ин фалсафаро матраҳ мекунад, ки: “то замоне ки мо зиндагонӣ мекунем, марг нест, ва чун марг ояд, мо нестем…”

Ҳувайдост, ки чӣ касоне мухотаби ӯ ҳастанд! Мухотаби ӯ дар дараҷаи аввал худаш ва сипас касоне ҳастанд, ки маргро нобудӣ ва нестӣ медонанд ва он гоҳ нигарон аз инанд, ки чаро нобуд мешаванд? Зеро “нигаронӣ аз марг” зоидаи майл ба хулуд ва ҷовидонагӣ аст. Дар фитрати инсон ин майл ба вадиъа гузошта шуда. Ва аз он ҷо, ки дар табиат ҳеч майле беҳуда нест, метавон ин майлро далеле бар бақои башар пас аз марг донист. Ин ки моддигароён аз фикри нест шудан ранҷ мебаранд, худ далел бар ин аст, ки мо нест намешавем. Агар мо зиндагии муваққат ва маҳдуд медоштем, орзуи хулуд ва ҷовидонагӣ ба сурати як майл дар мо ба вуҷуд намеомад. Вуҷуди ҳар майле дар инсон, далели вуҷуди камолест, ки майл ба сӯйи он мутаваҷҷеҳ аст.

Пас, нигаронии онҳо аз марг ба ин далел аст, ки маргро нестӣ пиндоштаанд, ҳол он ки марг барои инсон нестӣ нест. Марг, аз даст додани як ҳолат ва ба даст овардани як ҳолати дигар аст. Вақте хок табдил ба гиёҳ мешавад, марги ӯ рух медиҳад, вале на ба маъноии нобудии он, балки хок шакли собиқи худро аз даст дода ва дар вазъ ва ҳолати дигаре зиндагӣ пайдо кардааст. Мавлавӣ гӯяд:

Аз ҷамодӣ мурдаму номӣ шудам

В-аз намо мурдам, ба ҳайвон барзадам.

Мурдам аз ҳайвониву Одам шудам,

Пас чӣ тарсам? Кай зи мурдан кам шудам?

Ҳамлаи дигар бимирам аз башар,

То барорам аз малоик парру сар.

В-аз малак ҳам боядам ҷастан зи ҷӯ,

“Куллу шайъин ҳолик илло ваҷҳуҳу”.

* * *

4. Иллати тарс аз марг аз назари Ибни Сино.

Холӣ аз фоида нест ин ҷо назари Ибни Сино дар иллати тарс аз маргро биёварем. Шайхурраис мегӯяд:

وأمّا من‌ يخاف‌ من‌ الموت‌ فلانه‌ لا يعلم‌ أين‌ ستكون‌ عودته‌ ورجوعه‌، أو لانّه‌ يظنّ انّ ذاته‌ ستنحلّ، ونفسه‌ وحقيقته‌ ستبطل‌ بانحلال‌ بدنه‌ وبطلان‌ تركيبه‌، فهو يجهل‌ بقاء نفسه‌ ولا يعلم‌ كيفيّة‌ المعاد، فهو في‌ الواقع‌ لا يخاف‌ من‌ الموت‌ بل‌ يجهل‌ أمراً كان‌ حريّاً به‌ أن‌ يعلمه‌. وعلّة‌ خوفه‌ انّما هي‌ جهله‌، هذا الجهل‌ الذي‌ دفع‌ بالعلماء الی طلب‌ العلم‌ ومشقّة‌ سبيله‌، وجعلهم‌ يتركون‌ لذّات‌ الجسم‌ وراحة‌ البدن‌ في‌ سبيله. وبناءً علی هذه‌ الحقيقة‌ فانّ الموت‌ سوف‌ لن‌ يوجد الاضطراب‌ ولا الحيرة‌ والفزع‌ للعارف‌ والمؤمن‌، بل‌ انّه‌ سيُثير فزع‌ الافراد الذين‌ ابتعدوا عن‌ تجرّد النفس‌ بالانغمار في‌ عالم‌ المادّة‌ والشهوات‌، والذين‌ لم‌ يعرفوا ربّهم‌ بسبب‌ عدم‌ معرفة‌ عوالم‌ القرب‌ وعدم‌ الانس‌ بها، اولئك‌ الذين‌ يجعلهم‌ جهلهم‌ في‌ فزع‌ واضطراب‌ دائمين‌. أمّا المؤمن‌ الذي‌ لم‌ يتخطّ طريق‌ الحقّ قدماً واحداً، والذي‌ وافق‌ بين‌ عمله‌ وصفاته‌ وبين‌ الحقّ وأمر الحقّ، فطوي‌ كشحه‌ في‌ هذه‌ الدنيا عن‌ عالم‌ الغرور وتجافي‌ عنه‌، ومال‌ الی دار الخلود والابديّة‌، وكان‌ عاشقاً ومحبّاً للقاء الله‌، فهو كذلك‌ عاشق‌ للموت‌، عاشق‌ للتجرّد، لانّه‌ محبّ لله‌ مؤمن‌ بفردانيّته‌، فهو يتمنّي‌ كلّ يوم‌ أن‌ يخلع‌ لباس‌ البدن‌ ويرتدي‌ خلعة‌ التجرّد وزيّه‌، بل‌ انّه‌ يسعي‌ علی الدوام‌ ليقلّل‌ كلّ يوم‌ درجةً من‌ غروره‌ ومجازه‌، ويقترب‌ كلّ يوم‌ درجةً من‌ إدراك‌ المعني‌ والحقيقة‌، حتّي‌ يصل‌ الی الحد الذي‌ تصبح‌ لديه‌ جميع‌ الامور الدنيويّة‌ الفانية‌ مدفونة‌ في‌ سراب‌ البطلان‌ والعدم‌، وحتي‌ يتحقّق‌ لديه‌ تجلّي‌ عالم‌ الانوار والحقيقة‌

Ва аммо касе, ки аз марг метарсад, ба иллати он аст, ки намедонад бозгашти ӯ ба сӯйи куҷост. Ё он ки гумон мекунад, чун бадани ӯ мунҳал шавад ва таркиби он ботил гардад, зоти ӯ мунҳал шуда ва нафс ва ҳақиқати ӯ ботил мегардад ва ба бақои нафси худ ҷоҳил аст ва кайфияти маъодро намедонад; бинобар ин, дар воқеъ аз марг наметарсад, балки ҷоҳил аст ба амре, ки сазовор аст онро бидонад. Бинобар ин, иллати хавфи ӯ ҳамон ҷаҳли ӯст…

Бино бар ин воқеият, марг барои марди ориф ва мӯъмини бедор эҷоди изтироб ва даҳшат ва ваҳшат намекунад. Бале, барои афроде, ки аз таҷарруди нафс ба сабаби ғӯтаварӣ дар олами модда ва шаҳватҳо, дур шуда ва Худои худро нашинохтаанд, ба иллати адами унс ва ошноӣ бо аволими қурб эҷоди ваҳшат мекунад ва ҷаҳолати онҳо пайваста онҳоро ҳаросон ва музтариб медорад. Вале марди мӯъмин, ки аз роҳи ҳақ қадаме фаротар наниҳода ва кирдор ва сифоташро бар ҳақ ва амри ҳақ татбиқ намуда ва дар ин дунё пушт ба олами ғурур намуда ва майлу рағбати худро ба дори хулуд ва абадият намудааст ва ошиқи лиқои Худо будааст, ин ошиқи марг аст, ошиқи таҷарруд аст; чун дӯстдори Худост, мӯъмин ба фардонияти ӯст. Ҳар рӯз орзу мекунад, ки либоси баданро халъ ва ба нури таҷарруд ороста гардад, балки пайваста мекӯшад то ҳар рӯз як дараҷа аз ғурури ӯ кам гардад ва як дараҷа ба идроки маънӣ ва ҳақиқат наздиктар шавад, то сарҳаде, ки тамоми умури дунявӣ ва фонӣ дар назди ӯ ба сароби бутлон ва нестӣ мадфун шуда ва таҷаллии олами анвор ва ҳақиқат бар ӯ мутаҳаққиқ гардад.”

(Илоҳиёти Шифо, мабҳаси “Рисолатуш шифо мин хавфил-мавт)

* * *

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Нақду назар, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: