Марги ғамангези Аттори Нишопурӣ

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Аттори Нишопурӣ

Фаридуддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Абӯбакр ибни Иброҳим машҳур ба Шайх Аттори Нишопурӣ, дар соли 540 ҳ.қ (мусодиф бо 1145 милодӣ) дар Кадкан, яке аз рустоҳои Нишопур чашм ба ҷаҳон гушуд.

Падари ӯ аттор ва табиби Нишопур буд. Фаридуддин низ дар пешаи атторӣ ва табобат ба пеш рафт, то дар авосити умр бар боли ирфон нишаст ва роҳе ба сӯйи осмон ёфт ва бо қалами шеър раванди суъуди хешро оғоз намуд.

Ҳаким Аттори Нишопурӣ чунон дар ирфон ба пеш рафт ва аз зиндони худ озод шуд, ки Мавлоно дар тавсифи сайри ирфонии ӯ чунин гуфтааст:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Қиссаи сайри ирфонии Аттор аз он ҷо оғоз мешавад, ки рӯзе Аттор дар мағозаи атториаш нишаста буд ва машғули коре буд, ки марде жӯлида ба мағозааш омад ва масъалаеро бо ӯ дар миён гузошт. Аммо Аттор ҳамчунон ба кори худ машғул буд ва ҳеч гуна таваҷҷӯҳе ба он мард накард. Дар ниҳоят он мард хашмгин шуд ва бо лаҳне шадид хитоб ба Аттор гуфт: “Ту ба шиддат машғули умури дунё шудаӣ ва аз ҳама чиз ғофилӣ, пас чӣ гуна мехоҳӣ ҷон бидиҳӣ?

Вақте мард ин суханро ба Аттор гуфт, Аттор дарёфт, ки ӯ як дарвеш аст. Ба ӯ гуфт: “Эй дарвеш! Магар ту чӣ гуна мехоҳӣ ҷон бидиҳӣ?

Он дарвеш косаи чӯбинеро, ки дасташ буд зери сараш гузошт ва ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.

Аттор баъд аз мушоҳидаи ҳоли дарвеш, даст аз касбу кор кашид ва ба хидмати «”Ориф Рукнуддин” рафт, ки дар он замон орифи маъруфе буд ва ба риёзат ва муҷоҳидат бо нафс машғул шуд ва чанд сол аз умри худро дар хидмати ин орифи бузург гузаронид.

Ин воқеа тавонист таъсире жарф бар андешаи Аттор бигузорад ва заминаи вуқӯи як ҷаҳиши фикрӣ дар адабиёт ва фалсафаи қарни панҷум ва шашум ва қарнҳои баъдро фароҳам созад.

Қасоиди баланди сӯфиёна ва маснавиҳои орифона ва осоре ба номҳои “Асрорнома”, “Илоҳинома”, “Мантиқут-тайр”, “Мусибатнома”, “Мухторнома”, “Тазкират ул-авлиё” ва девони ашъор осоре ҳастанд, ки дар натиҷаи таҳқиқи дуктур Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ, аз осори парокандаи Фаридуддини Аттори Нишопурӣ гирдоварӣ шудаанд.

Аттор низ ҳамчун бисёре аз андешамандони замони худ, бахше аз умри худро ба сайру сафар гузаронд ва ба расми соликон ҳаддиақал як бор ба Макка сафар кард.

Аз муҳкамтарин ривоят аз марги Аттори Нишопурӣ ин гуна бардошт мешавад, ки ӯ дар замони ҳамлаи муғулон ба Нишопур, кушта шудааст. Ҳамчунин ривоят шудааст, ки тоҷире бо сармояи фаровон назди муғулон омад ва гуфт, ман ҳозирам Атторро бо ин сармояи ҳангуфт харидорӣ кунам ва озод кунам. Аттор напазируфт ва гуфт: Касе хоҳад омад ва маро бо баҳои бештар аз сармояи ту хоҳад харид. Пас муғулон ӯро нафурӯхтанд ва сабр карданд, то ин ки пирамарде омад ва гуфт, ки ҳозир аст Атторро бо як гунӣ коҳ иваз кунад. Дар он ҳангом Аттор гуфт: Ба Худо қасам, ки бештар аз як гунӣ коҳ арзише надорам. Дар ин ҳангом як сарбози муғул, ки аз нафурӯхтани Аттор ба он тоҷир пушаймон буд, хашмгин шуд ва зарбае бар Аттор зад ва Аттор ҷон ба Ҷонофарин таслим намуд.

Шайх Баҳоуддин дар китоби маъруфи худ “Кашкул” ин воқеаро чунин таъриф мекунад, ки вақте лашкари муғул ба Нишопур расид, аҳолии Нишопурро қатли омм карданд ва зарбати шамшере тавассути яке аз муғулон бар дӯши Шайх хӯрд, ки Шайх бо ҳамон зарбат аз дунё рафт. Ва нақл кардаанд, ки чун хун аз захмаш ҷорӣ шуд, Шайх донист, ки маргаш наздик аст, он гоҳ бо хуни худ бар девор ин рубоиро навишт:

Дар кӯйи ту расми сарфарозӣ ин аст,

Ушшоқи туро камина бозӣ ин аст.

Бо ин ҳама аз лутфи ту навмед наям,

Шояд, ки туро банданавозӣ ин аст.



Рубрики:Ирфони назарӣ, Машоҳир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: