Шарҳи Маснавӣ (184)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (10)

* * *

Таъзими соҳирон мар Мӯсоро алайҳиссалом ки чӣ фармоӣ? Аввал ту андозӣ асо ё мо? (2)

* * *

Карри аслӣ, к-иш набуд з-оғоз гӯш,

Лол бошад, кай кунад дар нутқ ҷӯш?

Кари модарзод, ки аз ибтидои таваллуд аз қувваи шунавоӣ маҳрум аст лол мешавад. Чунин касе барои сухан гуфтан кай такопӯ мекунад? Яъне ҳеч талоше барои гуфтан намекунад.

Нукта: Агар касе аз модар ношунаво мутаваллид шавад, табъан лол низ хоҳад буд. Манзур ин аст, ки то гӯш надиҳӣ, нотиқ ва гӯё нашавӣ. Ҳамин тавр онон, ки нисбат ба истимоъи маорифи руҳонӣ ношунаво ҳастанд, ба мартибаи фаҳму идрок намерасанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.519)

З-он ки аввал самъ бояд нутқро,

Сӯйи мантиқ аз раҳи самъ андаро.

Зеро сухан ва гуфтор нахуст ба гӯш ва қувваи шунавоӣ ниёз дорад. Пас, эй толиби ҳақиқат! Ту низ бояд аз роҳи гӯш сухан гуфтан омӯзӣ.

“Удхулул-абёта мин абвобиҳо,

Ват-лубул-ағроза фӣ асбобиҳо”.

Барои даромадан ба хонаҳо бояд аз дарҳои он ворид шавед, ва барои найл ба мақсуд ва матлуби худ бояд хоҳони тавассул ба иллатҳо ва сабабҳои он шавед.

Нукта: Мисроъи аввали байти фавқ иқтибосест аз қисмате аз ояти 189 сураи Бақара:

وَلَيْسَ الْبِرُّ بِأَنْ تَأْتُوْاْ الْبُيُوتَ مِن ظُهُورِهَا وَلَكِنَّ الْبِرَّ مَنِ اتَّقَى وَأْتُواْ الْبُيُوتَ مِنْ أَبْوَابِهَا

Ва некӣ он нест, ки аз пушти хонаҳо дарйед, балки некӣ он аст, ки касе тақво пеша кунад ва ба хонаҳо аз дари онҳо дарояд…” Манзури байт: шунидан дарвозаи гуфан ва фаҳмидан аст.

Нутқ, к-он мавқуфи роҳи самъ нест,

Ҷуз ки нутқи холиқи бетамъ нест.

Сухане, ки ба роҳи гӯш ва ҳусни истимоъ бастагӣ надорад, фақат сухани офаридгор аст. Яъне илми Ҳақ мутаваққиф бар шунидани ӯ нест. Чаро ки ӯ ҳеч чашмдоште аз халқ надорад.

Мавқуф: Манут, мутаваққиф.

Нукта: Барои ҳамин аст, ки ӯро “Самад” гӯянд. Ҳама бад-ӯ ниёз доранд ва ӯ ба касе ниёз надорад. Мавлоно тибқи шеваи писандидаи худ, ба мушоҷироти лафзӣ ва муноқишоте, ки дар воқеъ бозичаи кӯдакони тариқ аст, на лоиқи машойихи таҳқиқ, дарнаёмадааст. Чунон ки нутқи холиқро матраҳ мекунад ва коре ба лаффозиҳои фирқаҳо дар ин мавзӯъ надорад.

Дар ин ки Худо мутакаллим аст, ҳеч ихтилофе нест, балки бар сари кайфият ва ҳудусу қидами он ихтилоф аст. Ашоира каломро ду қисм донанд: лафзӣ ва нафсӣ. Ҳанобила каломи илоҳиро қадим ва қоим ба зот шумуранд. Ва ҷамъе аз ҳукамо каломро офариниш донанд ва ҳам мавҷудеро “калима” гӯянд. Мавлоно мегӯяд, каломи Худо ҳар чи бошад, аз нақисаи ниёз муназзаҳ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.520)

Мубдеъ аст ӯ, тобеъи устод не,

Муснади ҷумла, варо иснод не.

Он офаридгори беҳамто падидоварандаи ҳар чиз аст, ва аз устоде пайравӣ намекунад. Яъне ҳеч муаллиме надорад. Ӯ такягоҳи ҳамагон аст ва худ ҳеч такягоҳе надорад.

Мубдеъ: Падидоваранда. Муснад: Такягоҳ.

Боқиён, ҳам дар ҳираф, ҳам дар мақол

Тобеъи устоду мӯҳтоҷи мисол.

Вале дигарон яъне ҳамаи офаридагон ва мардумон, барои омӯхтани пеша ва калом, вобаста ба омӯзгор ва устод ҳастанд, зеро бидуни омӯзгор ва сармашқ наметавонанд санъат ва каломе биёмӯзанд.

Ҳираф: Пешаҳо, санъатҳо, ҷамъи ҳирфа.

З-ин сухан гар нестӣ бегонае,

Далқу ашке гир дар вайронае.

Эй солик! Агар аз ин сухан бегона нестӣ, яъне бо ҳақиқати ин калом ошноӣ дорӣ, бирав ба вайронае хилват хирқаи дарвешонае бипӯш ва ашк бирез.

Нукта: Дастур ин аст, ки соликон бояд нисбат ба дунё беэътино бошанд ва доим дар ҳоли тавба ва инобат.

З-он ки Одам з-он ъитоб аз ашк раст,

Ашки тар бошад дами тавбапараст.

Зеро Одам (а) аз он ъитоб (сарзаниш) ба василаи ашки чашм наҷот ёфт. Ашки резон ва фаровон бояд ҳамроҳ бо нафасҳои тавбаи тавбакорон бошад. (Албатта, ашке наҷотбахш аст, ки аз сӯзи дил барояд, на аз оташи нифоқ ва риёкорӣ.)

Баҳри гиря омад Одам бар замин,

То бувад гирёну нолону ҳазин.

Ҳазрати Одам (а) барои гиристан ба замин ҳубут кард, то он ки дар замин нолону гирёну андӯҳбор шуд. (Чунонки тибқи ривоёт, вақте Одам (а) аз биҳишт ба замин ҳубут кард, муддати дивист сол бар исёни пешини худ гирист.)

Ҳазин: Андӯҳгин.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: