Ислом ва Эронзамин (4)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (4)

Интерносиюнолизми исломӣ

Ин масъала мусаллам аст, ки дар дини ислом миллият ва қавмият ба маъное, ки имрӯз миёни мардум мусталаҳ аст, ҳеч эътиборе надорад, балки ин дин ба ҳамаи миллатҳо ва ақвоми мухталифи ҷаҳон бо як чашм нигоҳ мекунад ва аз оғоз низ даъвати исломӣ ба миллат ва қавми махсусе ихтисос надоштааст, балки ин дин ҳамеша мекӯшидааст, ки ба васоили мухталиф решаи миллатпарастӣ ва тафохуроти қавмиро аз беху бун решакан кунад.

Дар ин ҷо лозим аст дар ду қисмат баҳс кунем: аввал ин ки ислом аз оғози зуҳури хеш доияи ҷаҳонӣ доштааст. Дуввум ин ки миқёсҳои исломӣ миқёсҳои ҷаҳонӣ аст, на миллӣ ва қавмӣ ва нажодӣ.

* * *

Доияи ҷаҳонии ислом

Бархе аз урупоиён иддао мекунанд, ки Пайғамбари ислом дар ибтидо, ки зуҳур кард, фақат мехост мардуми Қурайшро ҳидоят кунад, вале пас аз он ки пешрафте дар кори худ эҳсос кард, тасмим гирифт, ки даъвати хешро ба ҳамаи милали араб ва ғайри араб таъмим диҳад.

Ин сухан як тӯҳмати ноҷавонмардона беш нест, ва илова бар ин ки ҳеч далели торихӣ надорад, бо усул ва қароине, ки аз оятҳои аввалияи Қуръон — ки бар Пайғамбари Акрам (с) нозил шуд — истифода мешавад мубойинат дорад.

Дар Қуръони Маҷид оятҳое ҳаст, ки нузули онҳо дар Макка ва дар ҳамон аввалҳои кори беъсати Пайғамбари ислом буда ва дар айни ҳол ҷанбаи ҷаҳонӣ дорад.

Яке аз ин оятҳо оятест дар сураи Таквир, ки аз сураҳои кучаки Қуръон аст. Ин сура аз сураҳои маккӣ аст, ки дар аввалҳои беъсат нозил шудааст. Он оят чунин аст:

إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَالَمِينَ

Нест ин, магар як тазаккур ва бедорбош барои тамоми ҷаҳониён”. (Сураи Таквир, ояти 27)

Дар ояти дигар, ки дар сураи Сабаъ аст мефармояд:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

Туро нафиристодем, магар он ки барои ҳамаи мардум башоратдиҳанда ва боздоранда бошӣ, вале бештари мардум намедонанд”. (Сураи Сабаъ, ояти 28)

Низ дар сураи Анбиё мефармояд:

وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِن بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ

Ва ҳар ойина навиштем дар Забур пас аз зикр, ки “замин” ба бандагони солеҳи ман хоҳад расид”. (Сураи Анбиё, ояти 105)

Низ дар сураи Аъроф мефармояд:

قُلْ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنِّي رَسُولُ اللّهِ إِلَيْكُمْ جَمِيعًا

Эй мардум! Ман фиристодаи Худоям бар ҳамаи шумо”. (Сураи Аъроф, ояти 158)

Дар Қуръон ҳеч ҷо хитобе ба сурати “Ё айюҳал-араб!” (Эй арабҳо!) ё “Ё айюҳал-қурашиюн!” (Эй аҳли Қурайш!) пайдо намекунед. Оре, гоҳе дар бархе аз ҷоҳо хитоби “Ё айюҳал-лазина оману!” (Эй касоне ки имон овардаед!) ҳаст, ки матлаб марбут ба хусуси мӯъминон аст, ки ба Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гаравидаанд (ва дар ин ҷиҳат ҳам фарқ намекунад, мӯъмин аз ҳар қавм ва миллате бошад, дохили хитоб ҳаст), вагарна дар мавориди дигар, ки пойи умум дар миён буда унвони “Ё айюҳан-нос!” (Эй мардум!) омадааст.

Як матлаби дигар дар ин ҷо ҳаст, ки таъйидкунандаи ҷаҳонӣ будани таълимоти исломӣ ва вусъати назари ин дин аст. Ва он ин ки: оятҳои дигаре дар Қуръон ҳаст, ки аз муфоди онҳо як навъ изҳори беэътиноӣ ба мардуми араб аз назари қабули дини ислом истинбот мешавад. Муфоди он оятҳо ин аст, ки ислом ниёзе ба шумо надорад. Фаразан шумо исломро напазиред, ақвоми дигаре дар ҷаҳон ҳастанд, ки онҳо аз дилу ҷон исломро хоҳанд пазируфт. Балки аз маҷмӯи ин оятҳо истинбот мешавад, ки Қуръони Карим руҳияи он ақвоми дигарро аз қавми араб барои ислом муносибтар ва омодатар медонад. Ин оятҳо ба хубӣ ҷаҳонӣ будани исломро мерасонад, чунонки дар сураи Анъом мефармояд:

فَإِن يَكْفُرْ بِهَا هَؤُلاء فَقَدْ وَكَّلْنَا بِهَا قَوْمًا لَّيْسُواْ بِهَا بِكَافِرِينَ

Агар инон (аъроб) ба Қуръон кофир шаванд, ҳамоно мо касонеро хоҳем гуморид, ки қадри онро бидонанд ва ба он кофир набошанд”. (Сураи Анъом, ояти 89)

Низ дар сураи Нисо мефармояд:

إِن يَشَأْ يُذْهِبْكُمْ أَيُّهَا النَّاسُ وَيَأْتِ بِآخَرِينَ وَكَانَ اللّهُ عَلَى ذَلِكَ قَدِيرًا

Агар Худо бихоҳад, шуморо мебарад эй мардум, ва дигаронро ба ҷойи шумо меоварад. Худованд бар ҳар чизе тавоност”. (Сураи Нисо, ояти 133)

Низ дар сураи Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

وَإِن تَتَوَلَّوْا يَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُونُوا أَمْثَالَكُمْ

Агар шумо (ба ислом ва Қуръон) пушт кунед, гурӯҳе дигар ҷойи шуморо хоҳанд гирифт, ки монанди шумо набошанд”. (Сураи Муҳаммад (с), ояти 38)

Дар зайли ин оят ҳазрати Имом Боқир алайҳис-салом мефармояд: “Манзур аз қавми дигар, маволӣ (эрониён) ҳастанд”.

Низ Имом Содиқ алайҳис-салом фармуд: “Ин амр, яъне пушт кардани мардуми араб бар Қуръон, таҳаққуқ пайдо кард ва Худованд ба ҷойи онҳо маволӣ (яъне эрониён)-ро фиристода ва онҳо аз ҷону дил исломро пазируфтанд”. (Руҷӯъ шавад ба тафсири Маҷмаъул-баён)

Мақсуди мо феълан ин нест, ки бигӯем, он қавми дигар эрониён буданд ё ғайри эрониён, балки инро мехоҳем бигӯем, ки аз назари ислом, қавми араб ва ғайри араб аз назари қабул ё радди ислом баробар буданд, ва ҳатто арабҳо ба хотири беэътиноиҳое, ки ба ислом мекарданд, кароран мавриди сарзаниш воқеъ мешуданд. Ислом мехоҳад ба аъроб бифаҳмонад, ки онҳо чӣ имон биёваранд ва чӣ наёваранд, ин дин пешрафт хоҳад кард, зеро ислом дине нест, ки танҳо барои қавми махсусе омада бошад.

Матлаби дигаре, ки дар ин ҷо хуб аст тазаккур дода шавад, ин аст, ки ин амр яъне хуруҷи як ақида, як фикр, як дин ва як маслак аз марзҳои маҳдуд ва нуфуз дар марзҳо ва мардуми дурдаст, ихтисос ба ислом надорад. Ҳамаи адёни бузурги ҷаҳон, балки маслакҳои бузурги ҷаҳон, он андоза ки дар сарзаминҳои дигар мавриди истиқбол қарор гирифтаанд, дар сарзамини аслӣ, ки аз он ҷо зуҳур кардаанд, мавриди истиқбол қарор нагирифтаанд.

Масалан, ҳазрати Масеҳ алайҳис-салом дар Фаластин (минтақае аз машриқзамин) ба дунё омад ва акнун дар мағрибзамин беш аз машриқ масеҳӣ вуҷуд дорад. Аксарияти азими мардуми Урупо ва Омрико масеҳӣ ҳастанд. Онҳо ҳатто аз лиҳози қора ва минтақа низ бо ҳазрати Масеҳ ҷудо ҳастанд. Баръакс, худи мардуми Фаластин ё мусалмонанд ё яҳудӣ. Агар масеҳӣ вуҷуд дошта бошад, бисёр кам аст. Оё мардуми Урупо ва Омрико нисбат ба дини Масеҳ эҳсоси бегонагӣ мекунанд?

Ман намедонам, чаро худи урупоиён, ки илқокунандаи ин афкори тафриқаандоз ҳастанд, ҳаргиз дар бораи худашон ин ҷур фикр намекунанд ва фақат ба абзорҳои истеъмориашон ин афкорро талқин мекунанд. Агар ислом барои эронӣ бегона аст, масеҳият низ барои урупоӣ ва омрикоӣ бегона аст.

Иллат равшан аст. Онҳо эҳсос кардаанд, ки дар сарзаминҳои шарқӣ ва исломӣ, фақат ислом аст, ки ба сурати як фалсафаи мустақилли зиндагӣ, ба мардуми он ҷо руҳи истиқлол ва муқовимат медиҳад. Агар ислом набошад, чизи дигаре, ки битавонад бо андешаҳои истеъмории сиёҳу сурх мубориза кунад, вуҷуд надорад.

Будо низ — чунонки медонем — дар Ҳинд мутаваллид шуд, аммо милюнҳо нафар мардуми Чин ва сарзаминҳои дигар ба ойини вай гаравидаанд.

Зартушт агарчӣ ойинаш тавсиъа пайдо накард ва аз ҳудуди Эрон хориҷ нашуд, вале бо ин ҳама, мазҳаби зартуштӣ дар Балх бештар ривоҷ ёфт, то Озарбойҷон, ки мегӯянд, маҳди Зартушт будааст.

Макка низ, ки маҳди Пайғамбари ислом буд, дар оғоз ин динро напазируфт, вале Мадина, ки фарсангҳо аз ин шаҳр фосила дошт, аз он истиқбол кард.

Аз баҳс дар мазоҳиб хориҷ мешавем ва маромҳо ва маслакҳоро дар назар мегирем. Маъруфтарин ва нерӯмандтарин маслак дар дунёи имрӯз “кумунизм” аст. Кумунизм дар куҷо пайдо шуд ва аз чӣ мағзе таровуш кард ва чӣ миллатҳое онро пазируфтанд? Карл Маркс ва Фридрик Энгелс ду нафар олмонӣ буданд, ки пояи кумунизми имрӯзро рехтанд. Карл Маркс охирҳои умри худро дар Ангилистон гузаронд. Пешбинии худи Маркс ин буд, ки мардуми Ангилистон қабл аз соири миллатҳо ба кумунизм хоҳанд гаравид, вале миллати Олмон ва миллати Ангилистон зери бори ин маром нарафтанд ва мардуми Русияи Шӯравӣ онро пазируфтанд. Маркс ҳам пешбинӣ намекард, ки фикри ӯ ба ҷойи Олмон ва Ангилистон, дар кишвари дурафтодаи Шӯравӣ ва ё Чин ривоҷ ёбад.

Боз аз ин носиюнолистҳои дуоташа бояд бипурсем: чаро мардуми Шӯравӣ ва мардуми Чин эҳсосоти носиюнолистиашон гул намекунад ва кумунизмро ба узри ин ки аз марзҳои хориҷи кишвар расидааст ва зидди эҳсосоти миллӣ аст, тард намекунанд? Агар ҳамчу сухане ба онҳо бигӯед, ба шумо механданд ва хоҳанд гуфт:

Ҳин, макун “ло ҳавл”, Имронзодаам,

Ки зи “ло ҳавл” он тараф афтодаам.

Ин мавзӯъ, ки ойин ё мароме аз маҳалли худаш хориҷ шавад ва дар ҷойи дигар аҳаммият ва нуфузи бештар пайдо кунад, масъалаи тозае нест ва ислом дар ҳамон оғози кор ин масъаларо пешбинӣ кард ва бо таън задан ба аъробе, ки ба Қуръон кофир буданд, ояндаи дунёи пуршукӯҳи худро дар миёни милали дигар ба ҳамагон навид дод.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: