Фалсафа ва равиши реализм (70)

Мақолаи шашум

Идрокоти эътиборӣ (1)

Муқаддима (1)

Мабҳасе, ки дар ин мақола мехоҳем вориди он бишавем низ аз мабоҳиси марбут ба олами зеҳн ва идрокот аст. Он чӣ дар ин мақола мавриди баррасӣ ва таҷзия ва таҳлил қарор мегирад, қисмате аз идрокот аст, ки дар истилоҳи ин силсиламақолот “идрокоти эътиборӣ” хонда мешаванд.

Идрокоти эътиборӣ дар муқобили идрокоти ҳақиқӣ аст. Идрокоти ҳақиқӣ инкишофот ва инъикосоти зеҳнии воқеъ ва нафсуламр аст, ва он чӣ дар мақолаи 5 дар баёни ақсоми тасаввурот ва ақсоми тасдиқот ва тарзи пайдоиши онҳо барои зеҳн гуфта шуд, марбут ба идрокоти ҳақиқӣ буд. Ва аммо идрокоти эътиборӣ фарзҳое аст, ки зеҳн ба манзури рафъи эҳтиёҷоти ҳаётӣ, онҳоро сохта ва ҷанбаи вазъӣ ва қарордодӣ ва фарзӣ ва эътиборӣ дорад ва бо воқеъ ва нафсуламр сару коре надорад. Идрокоти ҳақиқиро метавон дар бурҳонҳои фалсафӣ ё илмӣ — табиӣ ё риёзӣ — ҷо дод ва натиҷаи илмӣ ё фалсафӣ гирифт. Ва ҳамчунин метавон аз як бурҳони фалсафӣ ё илмӣ як идроки ҳақиқӣ таҳсил намуд, вале дар мавриди эътибориёт наметавон чунин истифодае кард, ва ба иборати дигар, идрокоти ҳақиқӣ арзиши мантиқӣ дорад ва идрокоти эътиборӣ арзиши мантиқӣ надорад. Идрокоти ҳақиқӣ тобеи эҳтиёҷоти табиии мавҷуди зинда ва авомили махсуси муҳити зиндагонии вай нест ва бо тағйири эҳтиёҷоти табиӣ ва авомили муҳит тағйир намекунад. Ва аммо идрокоти эътиборӣ тобеи эҳтиёҷоти ҳаётӣ ва авомили махсуси муҳит аст ва бо тағйири онҳо тағйир мекунад. Идрокоти ҳақиқӣ қобили татаввур ва нушӯъ ва иртиқо нест, ва аммо идрокоти эътиборӣ як сайри такомулӣ ва нушӯъ ва иртиқоъро тай мекунад. Идрокоти ҳақиқӣ мутлақ ва доим ва зарурӣ аст, вале идрокоти эътиборӣ нисбӣ ва муваққат ва ғайри зарурӣ аст.

Ин ҷост, ки бо як матлаби муҳим мувоҷеҳ мешавем. Ва он ин ки: оё воқеан мо ду қисм идрокот дорем: як қисм, ҳақиқӣ ва мутлақ ва собит ва озод аз нуфузи эҳтиёҷоти табиӣ ва авомили муҳит, ва як қисм, фарзӣ ва нисбӣ ва мутатаввир ва тобеи эҳтиёҷоти табиӣ ва авомили муҳит? Ва агар воқеан ин тавр аст, имтиёз ва мушаххасоти ин ду қисм аз якдигар чист?

Тамйиз ва тафкики идрокоти ҳақиқӣ аз идрокоти эътиборӣ, бисёр лозим ва зарурӣ ва адами тафкики онҳо аз якдигар, бисёр музир ва хатарнок аст. Ва ҳамин адами тафкик аст, ки бисёре аз донишмандонро аз по даровардааст, ки баъзе эътибориётро ба ҳақоиқ қиёс карда ва бо равишҳои ақлонии махсуси ҳақоиқ, дар эътибориёт сайр кардаанд. Ва баъзе баръакс натиҷаи мутолеоти худро дар мавриди эътибориёт, дар бораи ҳақоиқ таъмим додаанд ва ҳақоиқро монанди эътибориёт мафоҳиме нисбӣ ва мутағайир ва тобеи эҳтиёҷоти табиӣ пиндоштаанд.

* * *

Дар охирҳои мақолаи 5 он ҷо, ки аз “асли сабот” сухан ба миён омад, гуфтем, ки идрокот хоссияти тағйирро надоранд. Он гоҳ дар матни он мақола, матлабе ба сурати ишкол зикр шуд, ва он ин ки: “Озмоишҳои мутаволӣ нишон медиҳад, ки муҳити зиндагии инсон дар афкори вай дахил мебошад ва ихтилофи маълумот ва афкор бо ихтилофи минтақа ва муҳити зиндагӣ ҳатто дар як фарди инсон ба ҳасби ду замон ва ба мӯҷиби ихтилофи шароит, равшан ва ғайри қобили инкор аст, ва ҳамчунин мо метавонем бо тарбиятҳои гуногун, дар инсон афкори гуногуне эҷод намоем, пас ҳақоиқи илмӣ махлуқи худамон ва тобеи худамон буда ва як субути ғайри қобили тағйире надоранд”.

Ҳамчунин, дар поварақиҳои ҳамон мақола он ҷо, ки ихтилофи назари мантиқи таъаққулӣ ва мантиқи таҷрибиро дар боби “усул ва мабодии куллии ақлӣ” ташреҳ мекардем, гуфтем, ки баъзе аз фалосифа ва равоншиносони ҷадид пайдоиши усул ва мабодии ақлӣ — яъне ҳамон тасдиқотеро, ки дар истилоҳи мантиқи таъаққулӣ “бадеҳиёти аввалияи тасдиқӣ” хонда мешавад — маълули авомили ҳаётӣ ё иҷтимоӣ донистаанд.

Назарияи ин донишмандон бо назарияи мантиқи таъаққулӣ дар ин ҷиҳат, ки ин усули ақлонӣ мавлуди таҷриба нест, мувофиқ аст ва назарияи мантиқи таҷрибиро рад мекунад. Вале аз лиҳози собит ва якнавохт будан ва тағйир накардани ин усул, бо мантиқи таъаққулӣ мухолиф аст. Зеро мутобиқи ин назария, пайдоиши ин усул ҳамвора мутаносиб ва муртабит бо муҳити табиӣ ё иҷтимоии инсон аст ва бо тағйири муҳити табиӣ ё иҷтимоӣ, қаҳран тағйир ва табдил пайдо мекунад. Вале мутобиқи назарияи таъаққулиюн, ақл ва усули ақлонӣ тобеи вазъи муҳит нест ва бо тағйири муҳит тағйир намекунад.

Ин назария муттакӣ ба мутолеот ва мушоҳидоте аст, ки иддае аз донишмандон дар руҳияи ақвом ва милал ва тавоифи мухталиф намудаанд. Ин мутолеот ин донишмандонро ба ин натиҷа расондааст, ки усули ақлонӣ аввалан дар назди ҳамаи мардумон яксон нест. Ва сониян, вазъи собит ва якнавохте надорад, балки бо эҳтиёҷот ва муқтазаёти зиндагии онон муртабит аст ва бо тағйири он эҳтиёҷот тағйир мекунад. Мутобиқи ин назария, тамоми усул ва мабодии ақлӣ аҳкоми вазъӣ (усули мавзӯа) ҳастанд, ки зеҳн ба манзури созгор сохтани инсон бо муҳити зиндагониаш он усулро вазъ карда ва бо тағйири муҳити зиндагонӣ ва пайдоиши эҳтиёҷоти ҷадид, зеҳн ночор ин усулро тарк ва усули дигареро, ки мутаносиб бо он эҳтиёҷот бошад, вазъ хоҳад намуд. Бинобар ин, ақл ва идрокоти ақлонӣ бо эҳтиёҷоти зиндагонӣ ва авомили ҳаётӣ ё иҷтимоӣ, ки тавлидкунандаи он эҳтиёҷот аст, робитаи махсус дорад ва он робита ҳамоно “робитаи тобеият ва матбуият” аст.

Барои ташреҳи назарияи фавқ ва ҳам барои фаҳми дақиқи матолибе, ки дар зимни худи мақола хоҳад омад, ночорем ба ду асл аз усуле, ки дар илмулҳаёт (зистшиносӣ) мавриди қабули аҳли фан аст ва назарияи фавқ низ мубтанӣ ба он ду асл аст ишора кунем:

1. Асли кӯшиш барои ҳаёт:

Уламои илмулҳаёт дар мутолеоти худ ба ин натиҷа расидаанд, ки мавҷуди зинда дар як кӯшиши доимӣ аст. Ин кӯшиши доимӣ ба тарафи ҷалби нафъ ва фирор аз зиён мутаваҷҷеҳ аст. Ҳар кӯшиш ва фаъолияте, ки аз мавҷуди зинда сар мезанад, манзур ва мақсуде дар он нуҳуфтааст ва он манзур ё ҷалби манфиате аз манофеъ ва ё дафъи зарар ва хатаре аз мазорр ва хатароти ҳаёт аст. Ва бинобар ин, меҳвари тамоми фаъолиятҳои мавҷуди зинда идомаи ҳаёт ё такмили он аст. Ин асл яъне “асли кӯшиш барои идомаи ҳаёт ё такмили он” гоҳе ба номи “асли кӯшиши бақо” хонда мешавад.

Ин асл яке аз аслҳое аст, ки Дарвин (Darwin) дар назарияи маъруфи худ роҷеъ ба “табдил ва такомули анвоъ”  (Transformism ) ба он такя кардааст. Ин мақола роҷеъ ба ин асл баёни махсусе дорад, ки дар тайи худи мақола хоҳад омад.

2. Асли интибоқ бо муҳит:

Мавҷуди зинда дар кӯшише, ки барои ҳаёт мекунад, ночор аст худро тавре муҷаҳҳаз бисозад, ки битавонад дар муҳите, ки ҳаст, ба ҳаёти худ идома диҳад. Ва тардиде нест, ки авомили табиӣ ва шароити идомаи ҳаёт ҳамеша ва ҳамаҷо яксон нест, балки мухталиф ва мутафовит аст. Ин ихтилоф ва тафовути шароити идомаи ҳаёт қаҳран мӯҷиби ихтилоф ва тафовути эҳтиёҷоти ҳаётии мавҷуди зинда мешавад. Яъне идомаи ҳаёт дар ҳар муҳите мусталзими муҷаҳҳаз будани мавҷуди зинда ба васоил ва абзорҳо ва таҷҳизоти махсусе аст, ки эҳтиёҷоти махсуси он муҳитро рафъ кунад.

Уламои илмулҳаёт — ва махсусан ҷонваршиносон — дар мутолеоти худ ба ин нукта бархӯрдаанд, ки ҳамвора бо тағйири муҳит ва тағйири эҳтиёҷот, дар вазъи таҷҳизоти вуҷудии мавҷуди зинда тағйироте ҳосил мешавад, ки бо муҳит ва эҳтиёҷоти ҷадид мутаносиб аст.

Ин тағйироти вуҷудӣ гоҳе худ ба худ ва пинҳон аз шуъури мавҷуди зинда вуқӯъ пайдо мекунад ва гоҳе ошкор. Яъне гоҳе мавҷуди зинда аз рӯйи илм ва шуъур ва ирода ин тағйиротро эҷод мекунад ва гоҳе бидуни он, ки худ таваҷҷӯҳ дошта бошад, ин тағйирот ва таҷҳизот пайдо мешавад; чунонки масалан агар инсонеро ба иртифои зиёд бибаранд, худ ба худ бар иддаи эритротситҳои хуни вай афзуда мешавад, то битавонанд оксигенро, ки дар он иртифоъ тақлил ёфта ба миқдори кофӣ ба худ ҷалб кунанд, ҳамчунон ки дар наботот низ каму беш ин асл ҳукмфармост. Ин асл ба номи “асли интибоқ бо муҳит” хонда мешавад. Бисёре аз уламои ҳайвоншиносӣ пайдоиши аъзо ва ҷавореҳ ва ҷиҳозоти аҷиби бадании ҳайвонотро рӯйи ҳамин асл тавҷеҳ кардаанд.

Дар ин ки вазъи сохтмони вуҷудии мавҷуди зинда мутаносиб бо эҳтиёҷоти вай аст ва ҳам дар ин ки тағйири эҳтиёҷот мӯҷиби тағйироте дар сохтмони вуҷудии мавҷуди зинда аз лиҳози таҷҳизоти ҳаётӣ мешавад ва ин тағйири таҷҳизот ҳамвора мутаносиб бо рафъи ниёзмандиҳои ҳаётӣ аст ва ба тавре аст, ки мӯҷиботи идомаи ҳаётро фароҳам месозад, уламои ҳайвоншиносӣ тардиде надоранд ва аз қадим ҳам каму беш таваҷҷӯҳе ба ин матлаб шуда — Ибни Сино дар калимоти худ ишорае ба ин матлаб кардааст — вале дар ин ки иллати ҳақиқии ин тағйирот дар сохтмони вуҷудии мавҷуди зинда чист ва ҳам дар ин ки ҳудуди ин тағйирот чӣ қадр аст ва мавҷуди зинда то чӣ андоза қудрат дорад, ки фаъолият карда худро бо муҳит созгор ва барои идомаи ҳаёт омода кунад, ихтилоф аст. Баъзе иллати ин тағйиротро ҳамон авомили табиии муҳит медонанд ва баъзе худи эҳтиёҷро эҷодкунанда ва падидоваранда медонанд ва баъзе нерӯи ҳаётиро, ки аз он ба “нафси номия” (дар наботот) ва “нафси ҳайвония” (дар ҳайвонот) таъбир мешавад, иллати ин тағйирот ва таҷҳизот медонанд ва баъзе мустақиман ин тағйиротро мустанад ба иллатҳои мовароуттабиа медонанд. Қадри мусаллам ин аст, ки илм то кунун натавонистааст иллати воқеии ин тағйиротро нишон бидиҳад, ва он чӣ гуфта шудааст, аз қабили назарияҳои фалсафӣ аст, ки бо истидлолоти фалсафӣ бояд сиҳҳату суқми онҳоро санҷид. Мо дар ин ҷо наметавонем аз матлаби худамон хориҷ шуда вориди ин матлаб бишавем, ночор ба ҷойи дигар мавкул мекунем. Он чӣ марбут ба матлаби феълии мост, ҳамин қадр аст, ки чунин асле ба номи “асли интибоқ бо муҳит”, ки мо барои он ки маънои оммтареро шомил шавад, онро “асли интибоқ бо эҳтиёҷот” мехонем бар вуҷуди мавҷуди зинда ҳукмфармост ва ин интибоқ гоҳе пинҳон аз шуъур ва гоҳе ошкор воқеъ мешавад ва ин асл ҳам бар шуъуни ҷисмонӣ ва ҳам бар шуъуни нафсонӣ ҳоким аст яъне аз ҷиҳозоти мухталифи баданӣ гирифта то эҳсосоти қалбӣ ва малакоти ахлоқӣ ва авотиф ва тамоюлоти дарунӣ, ҳама маҳкуми ин асл ҳастанд.

Ин ҷост, ки бо як матлаби фавқулъода муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ ва бесобиқа, ки беш аз ҳар чиз бо мантиқ ва фалсафа сару кор дорад, мувоҷеҳ мешавем. Ва он иборат аст аз “робитаи ақл ва идрокоти ақлонӣ бо асли интибоқ бо муҳит”. Яъне оё ҳамон тавре, ки соири шуъуни ҷисмонӣ, балки нафсонии мавҷуди зинда ҳамвора тибқи асли “интибоқ бо эҳтиёҷот” мутаносиб аст бо муҳит ва эҳтиёҷоти ҳаётӣ, ва бо тағйири он муҳит ва он эҳтиёҷот тағйир мекунад, ақл ва идрокоти ақлонӣ ва махсусан усул ва мабодии ақлонӣ, ки ба номи”бадеҳиёти аввалия” хонда мешаванд ва дар мақолаи 5 исбот шуд, ки он усул аз лиҳози мантиқӣ “миқёс”-ҳои аслии фикри башаранд ва пояҳои афкори фалсафӣ ва илмӣ — риёзӣ ва табиӣ — рӯйи он усул гузошта шудааст (низ) тобеи асли куллии интибоқ бо муҳит аст ва ҳар муҳите ақли хосс ва усули ақлонии махсусеро эҷоб мекунад ва ҳамон омил ё авомиле, ки дар соири қисматҳои сохтмони вуҷудии мавҷуди зинда таҷҳизоте мутаносиб бо эҳтиёҷот ба вуҷуд меоварад ва бо тағйири эҳтиёҷот, он таҷҳизотро тағйир медиҳад, аъмоли ақлониро низ таҳти контроли худ дорад ё на?

Ва ба иборати дигар, дар ҳоли ҳозир як силсила усул ва мабодии ақлонӣ дар дасти мо ҳаст ва мо рӯйи он усул ва мабодӣ фалсафа ва мантиқ ва улуми риёзӣ ва табиии худро бино кардаем, оё ин усул тобеи асли интибоқ бо муҳит аст ва зеҳн дар таҳти таъсири омил ё авомили татбиқдиҳанда, ин усулро вазъ ва фарз карда ва бо тағйири авзоъи муҳити табиӣ ё иҷтимоӣ ва тағйири эҳтиёҷот, ин усул ҷойи худро ба “усули мавзӯа”-и дигаре хоҳад дод ё на? Ва агар чунин аст, мо чӣ итминоне метавонем ба илм ва фалсафа ва мантиқ дошта бошем?

Мусалламан, то ин матлаб таҳқиқ нашавад, матолиб ва масоиле, ки дар мақолаҳои 4 ва 5 гузашт, ноқис хоҳад буд, балки то таклифи ин матлаб равшан нашавад, асосан пойи мантиқ ва фалсафа ва улум ба ҷойе банд нахоҳад буд. Ва махсусан аз он ҷиҳат таҳқиқи ин матлаб лозим аст, ки баъзе аз фалосифа ва равоншиносони ҷадид — чунонки хоҳем дид — муддаӣ шудаанд, ки мушоҳидот ва мутолеоти онҳо дар ақоид ва афкори милали мухталиф, онҳоро ба ҳамин натиҷа расондааст.

Масъалаи таъйини робитаи ақл ва идрокоти ақлонӣ бо “асли интибоқ бо эҳтиёҷот” як масъалаи нав ва бесобиқае аст, ки дар ин мақола матраҳ шуда ва иллаташ ин аст, ки ду асли биологии фавқ, ки мехоҳем робитаи афкор ва идрокотро бо онҳо бисанҷем, ду асле аст, ки беш аз як қарну ним аз вуруди онҳо дар саҳнаи илм намегузарад ва ин ду асл бештар аз тарафи ду шахсияти маъруф — яке Ламарк (Lamarck, 1744-1829) ва яке Дарвин (1809-1882) — мавриди таъйид ва тақвият қарор гирифт ва ҳарчанд собиқан ба ин ду асл каму беш таваҷҷӯҳи мухтасаре шуда буд, вале тардиде нест, ки бисёр мухтасар ва ночиз будааст.

Рӯйи ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳукамое, ки тарафдори назарияи сабот ва яксонӣ ва якнавохтии ақл ва усули ақлонӣ будаанд — аз худи Арасту гирифта то Форобӣ ва Ибни Сино ва Садрулмутааллиҳин дар машриқ ва то Декорт ва пайравонаш дар мағриб — вориди ин мабҳас нашудаанд ва то он ҷо, ки мо иттилоъ дорем, ин аввалин мартиба аст, ки ба василаи ин силсиламақолот аз афкор ва идрокот ва робитаи онҳо бо ду асли биологӣ ба номи “асли кӯшиш барои ҳаёт” ва “асли интибоқ бо эҳтиёҷот” сухан ба миён меояд ва ба таври мустақил тавзеҳ ва ташреҳ мешавад, ки идрокот бар ду гуна аст: ҳақиқӣ ва эътиборӣ, ва идрокоти эътиборӣ мавлуди “асли кӯшиш барои ҳаёт” ва тобеи “асли интибоқ бо эҳтиёҷот” аст ва монанди бисёре дигар аз шуъуни ҷисмонӣ ва нафсонӣ як сайри такомулӣ ва “нушӯъ ва иртиқоъ”-ро тай мекунад ва ин сайр аз чӣ нуқта оғоз ва чӣ гуна ва ба чӣ тартиб тайи мароҳил мекунад ва чӣ қоъидаҳо ва қонунҳое дорад, ба хилофи афкор ва идрокоти ҳақиқӣ, ки тобеи ин асл нест ва як вазъи собит ва мутлақ ва якнавохте дорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: