Ислом ва Эронзамин (5)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (5)

Миқёсҳои исломӣ

Замоне, ки ислом зуҳур кард, дар миёни аъроб масъалаи хешовандпарастӣ ва тафохур ба қабила ва нажод ба шиддат вуҷуд дошт. Арабҳо дар он замон чандон ба арабияти худ намеболиданд, зеро ҳанӯз қавмияти арабӣ ба сурате ки араб худро як воҳид дар баробари соири ақвом бибинад вуҷуд надошт. Воҳиди мавриди таассуби араб, воҳиди қабила буд.

Аъроб ба ақвом ва ашоири хеш тафохур мекарданд. Аммо ислом на танҳо ба ин эҳсосоти таассубомез таваҷҷӯҳе накард, балки бо шиддат бо онон мубориза кард. Қуръони Карим дар камоли сароҳат фармуд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ

Эй мардум! Мо ҳамаи шуморо аз як мард ва як зан офаридем ва шуморо гурӯҳҳо ва қабилаҳо қарор додем, то ба ин васила якдигарро бишносед. Ҳамоно гиромитарин шумо назди Худо, парҳезкортарини шумост”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Ин оят ва баёнот ва таъкиди Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва тарзи рафтори он ҳазрат бо ғайри аъроб ва низ қабоили мухталифи араб, роҳи исломро комилан мушаххас кард.

Баъдҳо, ки дар асари тасаллути умавиён ва сиёсати зидди исломии онҳо иддае аз аъроб унсури арабиятро пеш кашиданд ва оташи таассуботи қавмӣ ва нажодиро барафрӯхтанд, соири ақвоми мусалмон ба хусус баъзе аз эрониён, ба мубориза бо онҳо бархостанд ва шиори ин даста, ояти фавқ буд ва худро “аҳли тасвия” яъне тарафдори мусовот (баробарӣ) меномиданд. Ва ба муносибати калимаи “шуъубан”, ки дар ояти мазбур омадааст, худро “шуъубӣ” мехонданд. Мутобиқи тафсири баъзе аз муфассирон ва ривояти Имом Содиқ алайҳис-салом, мақсуд аз калимаи “қабоил” воҳидҳое назири воҳиди арабӣ аст, ки ба сурати қабила зиндагӣ мекунанд, ва мақсуд аз калимаи “шуъуб” воҳидҳои миллӣ аст, ки ба сурати як воҳиди бузургтар зиндагӣ мекунанд.

Бинобар ин, ваҷҳи ин ки “шуъубия” худро ба ин ном хондаанд равшан аст. Ва ин худ мерасонад, ки наҳзати шуъубӣ як наҳзати зидди таассуби арабӣ ва як наҳзати тарафдорӣ аз усули исломӣ будааст. Лоақал асоси ин наҳзат чунин будааст. Агар аҳёнан афроди маъдуде кори худро ба зиддият бо ислом кашонда бошанд, далел бар зидди исломӣ будани шуъубиён намешавад.

Ба эътирофи ҳамаи муаррихон, ҳазрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар мавоқеи зиёд ин ҷумларо тазаккур медод:

ايها الناس كلكم لآدم وآدم من تراب، لا فضل لعربي على عجمي الا بالتقوى

Эй мардум! Ҳамаи шумо фарзандони Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст. Араб наметавонад бар ғайри араб даъвои бартарӣ кунад, магар ба парҳезкорӣ”.

Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ривояте, ифтихор ба ақвоми гузаштаро як чизи ганднок мехонад ва мардумеро, ки бад-ин гуна аз корҳо худро машғул мекунанд, ба “ҷуъал” (суск, таракан) ташбеҳ мекунад. Асли ривоят чунин аст:

لَيَدَعَنَّ رِجَالٌ فَخْرَهُمْ بِأَقْوَامٍ إِنَّمَا هُمْ فَحْمٌ مِنْ فَحْمِ جَهَنَّمَ أَوْ لَيَكُونُنَّ أَهْوَنَ عَلَى اللَّهِ مِنْ الْجِعْلَانِ الَّتِي تَدْفَعُ بِأَنْفِهَا النَّتِنَ

Яъне онон, ки ба қавмияти худ тафохур мекунанд, ин корро раҳо кунанд ва бидонанд, ки он мояҳои ифтихор ҷуз зуғоли ҷаҳаннам нестанд, ва агар онон даст аз ин кор накашанд, назди Худо аз ҷуъалҳое (сускҳое), ки касофатро бо бинии худ ҳамл мекунанд, пасттар хоҳанд буд.

Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Салмони Эронӣ ва Билоли Ҳабаширо ҳамон гуна бо оғӯши боз мепазируфт, ки масалан Абӯзари Ғифорӣ ва Миқдод ибни Асвади Кендӣ ва Аммори Ёсирро. Ва чун Салмони Форсӣ тавониста буд гӯйи сибқатро аз дигарон бирубояд, ба шарафи “Салмону минно аҳлал-байт” (Яъне, Салмон аз мо аҳли байт аст) ноил шуд.

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамвора муроқибат мекард, ки дар миёни мусалмонон пойи таассуботи қавмӣ — ки хоҳ нохоҳ аксуламалҳое дар дигарон эҷод мекард — ба миён наёяд. Дар ҷанги Уҳуд як ҷавони эронӣ дар миёни мусалмонон буд. Ин ҷавони мусалмони эронӣ пас аз он ки зарбате ба яке аз афроди душман ворид овард, аз рӯйи ғурур гуфт:

خذها وأنا الغلام الفارسي

Яъне, “ин зарбатро аз ман таҳвил бигир, ки манам як ҷавони эронӣ!

Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) эҳсос кард, ки ҳамакнун ин сухан таассуботи дигаронро бархоҳад ангехт. Фавран ба он ҷавон фармуд, ки чаро нагуфтӣ, манам як ҷавони ансорӣ?! Яъне чаро ба чизе, ки ба ойин ва маслакат марбут аст ифтихор накардӣ ва пойи тафохури қавмӣ ва нажодиро ба миён кашиди?!

Дар ҷойи дигар Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд:

إن العربية ليست بأب والد ولكنها لسان ناطق فمن قصر به عمله لم يبلغه حسبه

Яъне, “арабият падари касе ба шумор намеравад ва фақат забони гӯёе аст. Он ки амалаш натавонад ӯро ба ҷойе бирасонад, ҳасабу насабаш ҳам ӯро ба ҷойе нахоҳад расонд”.

Дар “Равзатул-кофӣ” менависад: Рӯзе Салмони Форсӣ дар масҷиди Пайғамбар нишаста буд. Иддае аз акобири асҳоб низ ҳозир буданд. Сухан аз аслу насаб ба миён омад. Ҳар касе дар бораи аслу насаби худ чизе мегуфт ва онро боло мебурд. Навбат ба Салмон расид. Ба ӯ гуфтанд: Ту аз аслу насаби худат бигӯ. Ин марди фарзонаи таълимёфта ва тарбиятшудаи исломӣ, ба ҷойи ин ки аз аслу насаб ва ифтихороти нажодӣ сухан ба миён оварад, гуфт:

أنا سلمان بن عبد الله

Ман номам Салмон аст ва фарзанди яке аз бандагони Худо ҳастам.

كنت ضالا فهداني الله عزّ وجلّ بمحمّد

Гумроҳ будам ва Худованд ба василаи Муҳаммад маро роҳнамоӣ кард.

وكنت عائلا فأغناني الله بمحمّد

Фақир будам ва Худованд ба василаи Муҳаммад маро бениёз кард.

وكنت ملوكا فأعتقني الله بمحمّد

Барда будам ва Худованд ба василаи Муҳаммад маро озод кард. Ин аст аслу насабу ҳасаби ман.

Дар ин байн, Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ворид шуд ва Салмон гузориши ҷараёнро ба арзи он ҳазрат расонд. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) рӯ кард ба он ҷамоат, ки ҳама аз Қурайш буданд ва фармуд:

يا معشر قريش! إن حسب الرجل دينه، ومروؤته خلقه، وأصله عقله

Яъне, эй гурӯҳи Қурайш! Хун яъне чӣ? Нажод яъне чӣ? Насаби ифтихоромези ҳар кас дини ӯст, мардонагии ҳар кас иборат аст аз хулқу хуй ва шахсияти ӯ, аслу решаи ҳар кас иборат аст аз ақлу фаҳму идроки ӯ. Чӣ реша ва асли нажодӣ болотар аз ақл?! Яъне ба ҷойи ифтихор ба устухонҳои пӯсидаи гандида, ба дину ахлоқу ақлу фаҳму идроки худ ифтихор кунед.

Ростӣ, биандешед, бибинед сухане олитар ва мантиқитар аз ин метавон адо кард?!

Таъкидоти Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар бораи беасос будани таассуботи қавмӣ ва нажодӣ асари амиқе дар қулуби мусалмонон ба хусус мусалмонони ғайри араб гузошт. Ба ҳамин далел, ҳамеша мусалмонон (аъамм аз арабу ғайри араб) исломро аз худ медонистанд, на бегона ва аҷнабӣ. Ва ба ҳамин ҷиҳат, ситамҳо ва таассуботи нажодӣ ва табъизоти хулафои умавӣ натавонист мусалмонони ғайри арабро ба ислом бадбин кунад. Ҳама медонистанд, ки ҳисоби ислом аз корҳои хулафо ҷудост ва эътирози онҳо бар дастгоҳи хилофат ҳамеша бар ин асос буд, ки чаро ба қавонини исломӣ амал намешавад?!

* * *

Исломи эрониён

Аз маҷмӯи он чӣ дар мабоҳиси гузашта баён доштем, миқёс ва мизони миллӣ будан ё аҷнабӣ будани як чиз барои як миллат равшан шуд. Ва ҳам равшан шуд, ки ислом шарти аввали аҷнабӣ набудан, яъне беранг будан ва умумӣ ва инсонӣ будан ва ранги як миллати махсус надоштанро дорост.

Маълум шуд, миқёсҳои исломӣ миқёсҳои куллӣ ва умумӣ ва инсонӣ аст, на қавмӣ ва нажодӣ ва миллӣ. Ислом ба ҳеч ваҷҳ худро дар маҳдудаи таассуботи миллӣ ва қавмӣ ва нажодӣ маҳсур накарда, балки бо онҳо мубориза кардааст.

Акнун мехоҳем бибинем, оё ислом шарти дуввумро дорост ё на? Яъне, оё ислом дар Эрон пазириши миллӣ доштааст ё хайр? Ба иборати дигар, оё пешрафти ислом дар Эрон, ба хотири муҳтавои олӣ ва инсонӣ ва ҷаҳонии он будааст ва эрониён онро интихоб кардаанд, ё ҳамон тавр ки бархе изҳор медоранд, ойини мазбурро бар хилофи тамоюлоти мардуми Эрон ба онон таҳмил кардаанд?

Албатта, манзури мо ин нест, ки танҳо омили гароиши мардуми ғайри арабро ҷаҳонӣ ва умумӣ будани таълимоти исломӣ, ва ба иборати дигар, асли мусовоти исломӣ муаррифӣ кунем. Омили гароиши миллатҳо ба ислом, як силсила имтиёзҳост, ки баъзе фикрӣ ва эътиқодӣ ва баъзе ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст. Таълимоти исломӣ аз тарафе маъқул ва хирадписанд аст, ва аз тарафи дигар фитрӣ ва мафҳум. Таълимоти исломӣ як нерӯи кашиш ва ҷозибаи хоссе дорад, ки ба мӯҷиби ҳамон ҷозиба милали мухталифро таҳти нуфузи худ қарор додааст. Миқёсҳои куллӣ ва умумӣ ва ҷаҳонии ислом яке аз имтиёзҳо ва яке аз ҷанбаҳое аст, ки ба ин дин нерӯ ва ҷозиба додааст. Мо феълан дар бораи соири имтиёзҳои ислом баҳсе намекунем. Дар ин ҷо ба муносибати баҳси “миллият”, ин омилро мавриди назар қарор медиҳем.

Дар ҳудуди чаҳордаҳ қарн аст, ки эрониён мазоҳиби собиқи худро канор гузошта ва ойини мусалмониро пазируфтаанд. Дар хилоли ин қурун, садҳо милюн эронӣ бо мазҳаби исломӣ зода шуданд ва пас аз гузарондани даврони зиндагӣ бо ҳамин ойин, ҷон ба Ҷонофарин таслим карданд.

Дар миёни кишварҳои исломӣ шояд — ҷуз кишвари Арабистони Саудӣ — кишваре надошта бошем, ки ба андозаи Эрон аксарияти мардуми он мусалмон бошанд. Ҳатто кишвари Миср, ки худро пойтахти ислом медонад, ба қадри мамлакати Эрон (албатта бо ҳифзи нисбат) мусалмон надорад. Бо ин ҳол, хуб аст равшан бишавад, ки оё исломи эрониён дар тӯли чаҳордаҳ қарн иҷборӣ буда ё онҳо онро аз рӯйи самими қалб пазируфтаанд?

Хушбахтона, торихи Эрон ва ислом бо он ҳама дасисаҳое, ки истеъморгарон мехоҳанд ба кор бибаранд, комилан равшан аст ва мо барои он ки хонандагони гиромиро беҳтар бо ҳақиқат ошно кунем, ногузирем торихи Эронро варақ бизанем ва вуруди исломро дар ин кишвар аз оғоз мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: