Фалсафа ва равиши реализм (71)

Идрокоти эътиборӣ (2)

Муқаддима (2)

Ҳамчунон ки қаблан ишора шуд, назарияи табаияти ақл ва мутлақи идрокоти ақлонӣ аз “асли интибоқ бо муҳит” бо назарияи таҷрибагароён — ки ҷамиъи усули ақлониро мавлуди таҷриба медонад — аз як ҷиҳат мухолиф ва бо назарияи таъаққулиюн мувофиқ аст, зеро ба вуҷуди ақл ва усули ақлонии мустақил аз таҷриба қоил аст, чизе, ки ҳаст, бар хилофи назарияи таъаққулиюн, ин усулро дорои ҷанбаи муҷаррад ва тағйирнопазир намедонад, балки онҳоро тағйирпазир ва тобеи “асли интибоқ бо эҳтиёҷот” медонад. Инак, иборатҳои зайл матлабро возеҳтар мекунад.

Дар китоби “Илмуннафси Ибни Сино ва татбиқи он бо равоншиносии ҷадид” таълифи оқои дуктур Алиакбари Сиёсӣ, раиси Донишгоҳи Теҳрон дар фасли “Назарияҳои ҷадид роҷеъ ба ақл ва мабодии он” менависад:

Яке аз ҳукамо ва равоншиносони муосир (Брюнсвиг = Brunschvicg), ки дар ин боб таҳқиқоти дақиқ дорад, мегӯяд, ҳукамо нисбат ба усули мантиқӣ, ки қабл аз зуҳури илм (ба маънои ҷадид) азҳонро ориз шуда буд, сароби дугонаеро дунбол мекунанд. Гурӯҳе хоби донишеро мебинанд, ки мунҳасиран ақлӣ аст ва ҳоҷате ба ҳиссу таҷриба надорад. Ва гурӯҳи дигар идроки ҳиссиро ба тасаввур меоваранд, ки аз ба кор андохтани фаъолияти махсуси зеҳн бениёз бошад, дар сурате ки ҳақиқат ин аст, ки илми инсон натиҷаи робита ва асари мутақобили ҳиссу ақл мебошад…

Ин робита ва асари мутақобилро баъзе аз донишмандон тобеи авомили ҳаётӣ ва амалӣ донистаанд ва бархе бештар қоил ба авомили иҷтимоӣ гардидаанд. Гурӯҳи аввал мӯътақиданд ба ин ки нафс ва ақл (нафси нотиқа) олатеро монад, ки кораш созгор сохтани инсон бо муқтазаёти зиндагӣ аст. Зиндагӣ моро водор мекунад ба ин ки дар мавориди мухталиф кирдори воҳиде дошта бошем, ва ин кайфият дар мо эҷоди одат мекунад.

Боре, ҷустуҷӯи ваҳдат дар миёни касрат яке аз заруриёти ҳаёт аст. Ва ин эҳтиёҷ ва зарурат аст, ки моро ба дарки мафоҳими муҷаррад ва куллӣ ва саранҷом ба дарки мабдаи ҳувият (idetity) (асли зарурати ҳамли шайъ бар нафс — ҳар чиз худаш худаш аст) раҳбарӣ ва ҳидоят мекунад. Ва ин мабдаъ худ мабнои соири мабодии ақлӣ ҳатто мабдаи иллият воқеъ мешавад, чӣ, иллият иборат аст аз итлоқи ниёзмандии мазкур ба умуре, ки дар замон ҷараён доранд. Ё ба иборати дигар, сохтани қаблии оянда аст дар замони ҳол. Бергсон (Bergson) махсусан ба эҳтиёҷоти фаннӣ ва санъатии башар аҳаммият дода ва онҳоро ба вуҷудоварандаи мабодии ақлӣ медонад ва мегӯяд, фикри мантиқӣ ва маъқул зодаи санъат аст…

Гурӯҳе дигар аз ҳукамо ҳусули маълумоти аввалия ва мабодии ақлияро ношӣ аз ҳайъати иҷтимоия пиндошта ё лоақал таъсири авомили иҷтимоиро дар ин маврид дар дараҷаи аввал қарор медиҳанд. Таҳқиқоти ин донишмандон дар ахлоқ ва аҳвол ва мӯътақадоти ақвоми бадавӣ, онҳоро ба ин натиҷа расондааст, ки зиндагӣ дар иҷтимоъ ва ташкилоти иҷтимоӣ ва ташрифот ва мӯътақадоти динӣ маншаъ ва мӯҷиби тасаввури замон, макон, иллат ва иллият ва соири мабодии тасаввурӣ ва тасдиқӣ гардидааст. Ва низ ҳамон таҳқиқот таваҷҷӯҳ додааст ба ин ки: бар хилофи ақидаи роиҷ ва мухтор, ақли башар аз назари мантиқӣ дар маконҳо ва замонҳои мухталиф пайваста муташобеҳ ва яксон набуда ва нест, чунонки масалан “мабдаи адами таноқуз” ихтисос ба мардумоне дорад, ки ба дараҷаи муайяне аз такомули зеҳнӣ ноил шуда ва дар иҷтимоъоти нисбатан пешрафта зиндагӣ мекунанд, вале дар миёни ақвоми бадавӣ вуҷуд надорад ва барои афроди ин ҷамоъот, ки дорои ақоиди хоссе ҳастанд ва масалан аз “тутим” баҳра мегиранд ва мумкин аст худро дар они воҳид масалан ҳам инсон ва ҳам кулоғ бидонанд, таноқуз маҳол наменамояд. На ин аст, ки дар зеҳни ин мардумон “мабодии ақлӣ” вуҷуд надошта бошад, балки ҳаст, вале ғайр аз он аст, ки дар зеҳни аъзои иҷтимоъоти мутараққӣ аст… Пас, ақл ва мабодии ақлӣ яксон ва собит дар нафси инсон ба вадиъат гузошта нашуда, балки чизе аст, ки ба таносуби ниёзмандиҳо ва муқтазаёти зиндагии иҷтимоӣ ва чигунагии тарбияти одамӣ ба тадриҷ сохта ва пардохта мешавад. Бинобар ин, ҳеч як аз назарияҳои ақлимазҳабон ва таҷрибимазҳабон ба ваҷҳе, ки баён кардаанд, наметавонад мавриди қабули равоншиносии ҷадид бошад. Зеро ҳарчанд онҳо дар таҳқиқоти худ ба роҳҳои мухталиф мераванд ва муқаддамоти гуногун ба кор мебаранд, вале саранҷом ба як мақсад ва натиҷа мерасанд, ки иборат аст аз: эътиқод ба вуҷуди ақл ва мабодии ақлӣ, ки ба сурати қатъӣ таквин ёфтааст. Ин ақлро чунонки дидем, асҳоби ақл ношӣ аз сохтмони табиии нафси инсон медонанд, ва аз ин рӯ, мӯътақид ба фитрӣ будани мабодии аввалия ва тақаддуми онҳо бар ҳиссу таҷриба ҳастанд. Ва асҳоби таҷриба онро муаххар бар ҳиссу таҷриба, ва мабодиро зода ва сохта ва пардохташудаи инҳо мепиндоранд. Таҳқиқоти дақиқе, ки дар яке ду садаи ахир дар аҳвол ва ахлоқи мардумони бадавӣ ва кӯдакон ва соири афроди инсон аз нажодҳо ва табақоти мухталиф ба амал омада, ҳукамо ва равоншиносони муосирро дар ин ақида муттафиқ сохтааст, ки: аввалан, ақл ва мабодии он ба тадриҷ ва ба таносуб бо муқтазаёти ҳаётӣ ва хусусиёти зиндагии иҷтимоӣ ва чигунагии сохтмони димоғии афроди инсон ва бо гузаштан аз печу хамҳо ва қабули суратҳои гуногун такаввун ҳосил мекунад. Сониян, чун ҳар як аз авомили ҳаётӣ ва иҷтимоӣ ва нафсонӣ ба сӯи ҳамонандӣ, балки ваҳдат ва ягонагӣ мегароянд, ақл, ки таҳти таъсири он авомил аст, дар тағйирот ва таҳаввулоти худ ҳамаҷо ва ҳамеша таваҷҷӯҳ ба усули куллии муташобеҳ дорад ва вусул ба мабдаи ҳувиятро мақсад қарор медиҳад, ва аз ин рӯ, тафоҳуми афроди башарро мумкин месозад. Солисан, бино бар усули дугонаи фавқ, ақл ҳамеша дар ҳоли татаввур ва таквин ва такмил аст ва ҳеч гоҳ ба сурати қатъӣ ва собит ва ғайри қобили тағйир дарнамеояд ва ақле, ки зоҳиран таквинёфта яъне дорои маълумоти аввалия ва мабодии ақлияи муайяне гардидааст, дар воқеъ сурате муваққат аст, ки ба худ гирифта ва қобили тағйир ва таҳаввул мебошад. Дар таъйиди ин асл, кофист мароҳилеро, ки улум тай мекунанд ва гоҳ-гоҳ сабаб мешаванд, ки нафси нотиқа аз усули илмӣ, ки “мусаллам” ба шумор мерафта рӯ бигардонад ва ба усули дигаре эътиқод ҳосил кунад, ёдовар шавем. Бинобар ин, як бори дигар такрор мекунем, ки ҳамон гуна, ки ҳадафи фаъолияти моддӣ ва бадании инсон ин аст, ки табиатро мутобиқи эҳтиёҷоти худ созад, фаъолияти нафсонӣ ҳам барои он аст, ки нафс ҳақиқат ва воқеъро бо муқтазаёти махсуси худ мутобиқат диҳад”.

* * *

Назарияи боло дар он чӣ марбут ба матлаби мост, шомили се қисмат аст:

1. Илм маҳсули ҳамкории ҳиссу ақл аст;

2. Ақл ва идрокоти ақлонӣ ба тадриҷ такаввун пайдо мекунад ва аз аввал сохтмони пардохта ва комиле надорад;

3. Усули ақлонӣ тобеи “асли интибоқ бо муҳит” аст. Аз ин матлаб ду матлаби дигар натиҷа мешавад:

а) Ақл ва усули ақлонӣ дар ҳамаи ашхос яксон ва монанди ҳам нест;

б) Ақл ва усули ақлонӣ бо тағйири авзоъ ва шароит ва эҳтиёҷот тағйир мекунад.

Назарияи мо роҷеъ ба қисмати аввал ҳамон аст, ки дар мақолаи 5 гуфтем. Дар он мақола дахолати ҳиссро дар пайдоиши як ришта тасаввурот ва дахолати виҷдонро дар пайдоиши як ришта тасаввуроти дигар ва дахолати “ҳамл” ё “ҳукм”-ро дар пайдоиши тасаввуроти умумӣ ва дахолати оқиларо дар таъмими тасаввуроти ҷузъӣ, ки аз роҳ ҳисс ё роҳи дигар ҳосил мешавад, ва ҳамчунин дахолати таҷрибаро дар пайдоиши як ришта аҳком ва тасдиқот ва дахолати мустақим ва биловоситаи ақлро дар пайдоиши як ришта аҳком ва тасдиқоти дигар, ки ба номи “бадеҳиёти аввалия” ё “усул ва мабодии ақлия” мехондем, баён кардем ва натиҷае, ки аз он мақола гирифтем ин буд, ки илми башар маҳсули ҳамкории ҳиссу ақл аст ва мо дар он мақола байни тасаввуроти муқаддам бар ҳисс ва тасдиқоти муқаддам бар таҷриба, фарқ гузоштем. Бинобар ин, дар ин қисмат, мо мувофиқи назарияи боло ҳастем, вале бо баёни махсусе, ки дар мақолаи 5 шарҳ додем ва аз такрори он бениёзем.

Дар қисмати дуввум низ назарияи мувофиқ дорем. Ин назария каму беш аз замони Арасту роиҷ буда ва Ибни Сино ба беҳтарин ваҷҳе онро тавзеҳ дода, вале мутобиқи назарияи Арасту ва Ибни Сино, нафс аз оғоз ҷавҳаре аст мустақил аз бадан, ва идрокоти ақлонӣ, ки барои вай ба тадриҷ пайдо мешавад, ба манзилаи авсоф ва авориз ё нақшҳое аст, ки вайро ориз мешавад.

Комилтарин ва ҷомеътарин назарияи “такомули тадриҷии ақл ва маъқулот” назарияи муҳкам ва бурҳонии Садрулмутааллиҳин аст, ки аз тарафе нафсро дар оғоз амре моддӣ ва ҷисмонӣ медонад, ки ба тадриҷ камоли ҷавҳарӣ ҳосил мекунад ва ба мартибаи ҳисс ва хиёл ва сипас ба мартибаи ақл мерасад, ва аз тарафи дигар, ақл ва оқил ва маъқулро муттаҳид медонад. Мутобиқи ин назария, на нафс дар оғоз ҷавҳаре аст мустақил аз бадан ва на идрокоти ақлонӣ нақшҳо ва авориз ва авсофе аст барои нафс. Мутобиқи ин назария, пайдоиши тадриҷии маъқулот айни такаввуни тадриҷии камолии ақл ва оқила аст. Бинобар ин, ақл ва идрокоти ақлонӣ ба тадриҷ такаввун пайдо мекунад ва аз аввал сохтмоне пардохта ва комиле надорад.

Ихтилофи назари мо бо назарияи фалосифа ва равоншиносони ҷадид дар қисмати севвум аст. Мо бо камоли эҳтироме, ки нисбат ба мутолеот ва мушоҳидот ва таҷрибиёти ин донишмандон қоилем ва камоли қадрдонӣ, ки аз заҳамоти ин донишмандон дар ин бора менамоем, ба худ ҳақ медиҳем, ки истинботеро, ки ин донишмандон аз мутолеоти худ кардаанд, мавриди таҷзия ва таҳлил ва интиқод қарор диҳем.

Ҳамчунон ки аз иборатҳои фавқ истифода мешавад, ин донишмандон ин назарияро бештар аз мутолеаи ахлоқ ва одот ва одоб ва сунани мухталифи мардумон пайдо кардаанд, зеро дар мутолеоти худ бархӯрдаанд, ки тарзи афкор ва ақоиди ҳар миллате мутаносиб аст бо эҳтиёҷот ва шароити махсуси зиндагонии онҳо ва низ дарёфтаанд, ки бо тағйири эҳтиёҷот ва шароити зиндагӣ тарзи фикр ва ақоиди афрод ё ҷамоъот фарқ мекунад. Ва аз тарафи дигар, ин донишмандон ҳамаи афкор ва идрокотро як ҷур ва монанди ҳам пиндоштаанд, ночор истинбот кардаанд, ки ба таври куллӣ ақл ва идрокот тобеи эҳтиёҷоти ҳаётӣ аст.

Чунин ба назар мерасад, ки бо тафкик ва тамйизе, ки мо акнун дар ин мақола байни идрокоти ҳақиқӣ (ё ҳақоиқ) ва идрокоти эътиборӣ (ё эътибориёт) медиҳем ва афкор ва мӯътақадотеро, ки бештар мавриди мутолеаи он донишмандон буда — яъне ҳамон “эътибориёт”, ки дастхуши тағйиру табдил аст — мушаххас мекунем ин суистинбот худ ба худ аз байн меравад ва мушкил ҳал мешавад.

Ва аммо он чӣ дар мавриди хусуси асли имтинои таноқуз, ки аз “ҳақоиқ” аст гуфта шуда як иштибоҳи дигаре аст, зеро аввалан фаразан “тутимия” ё даста ва табақаи дигар худашонро ҳам кулоғ ва ҳам ҳайвони дигар медонанд, рабте ба асли имтинои таноқуз надорад. Сониян, аз як нуктаи дигар набояд ғафлат кард, ва он ин ки: гоҳе зеҳн ҳукме мекунад ва ба суръат аз он ҳукм эъроз ва ба зидд ё нақизи он ҳукм мегарояд. Ва аз ин ҳукми дуввумӣ низ эъроз мекунад ва барои бори дуввум ба ҳукми аввал мегарояд ва ҳамчунин… Ва шахс мепиндорад, ки дар они воҳид зеҳн ду ҳукми мутаноқиз намудааст. Ва ин ҳолат барои азҳони басит ва содда, ки қудрати истидлоли мантиқӣ надоранд, зиёд даст медиҳад ва зеҳн ҳар андоза аз лиҳози мантиқӣ муҷаҳҳазтар буда бошад, дар аҳкоми худ собиттар ва росихтар аст.

Зеҳн модоме ки қудрати истидлоли мантиқӣ пайдо накарда рӯйи талқин ё тадоъии маъонӣ ё чизи дигар аҳком ва тасдиқоте мекунад, ки метавон онҳоро як навъ сабқи зеҳн донист. Ин қабил аҳком ба суръат тағйир ва табдил пайдо мекунанд ва ҷойи худро ба якдигар медиҳанд. Масалан, тифл, ки дар таҳти таъсири талқиноти падару модар аст, ба он чӣ онҳо мегӯянд, гароиш пайдо мекунад, ва аз ин рӯ агар падар ба ӯ бигӯяд, чунин аст, қабул мекунад, ки чунин аст. Ва агар фавран бигӯяд, чунин нест, фавран зеҳни кӯдак аз ҳукми аввали худ мунсариф мешавад, мӯътақид мешавад, ки чунин нест. Ва шояд дар миёни қабоили ваҳшӣ низ чунин бошад, ки афрод дар як “он” мӯътақид шаванд, ки кулоғанд ва дар они дигар ба суръат мӯътақид шаванд, ки кулоғ нестанд. Вале ҳеч гоҳ дар они воҳид на зеҳни кӯдак ва на зеҳни инсони ваҳшӣ ба ду тарафи нақиз гароиш пайдо намекунад. Солисан, айни эроде, ки аз тарафи тарафдорони ин назария бар назарияи таҷрибӣ ворид кардаанд, ба тариқи авло бар худашон ворид аст. Дар ҳамон китоб сафҳаи 123 менависад:

Мазҳаби таҷрибӣ ин ишколро дорад, ки усул ва қоъидаҳое, ки дар натиҷаи ҳиссу таҷриба дуруст мешавад, ҳамеша бо ҳақоиқи таҷрибӣ татбиқ намекунад ва наметавонад куллият ва қатъият дошта бошад, чӣ, мумкин аст табиат зеҳнро водор ба тағйири он мабодӣ созад. Ва аз ин рӯ, илме, ки бар ин пояҳои мутазалзил устувор гардида бо худи онҳо фурӯ мерезад ва аз байн меравад”.

Ишколи тазалзули аркони илм дар ин назария қавитар аст, зеро мутобиқи ин назария, илм маҳсули ҳамкории ҳиссу ақл аст ва мабодии ақлӣ, ки яке аз ду унсури созандаи илм ҳастанд, як вазъи собит ва мутлақ ва тағйирнопазир надоранд; зеро ин мабодӣ тибқи муқтазаёти махсуси муҳит ва эҳтиёҷоти махсуси зиндагонӣ сохта шуда ва дар сурати тағйири муқтазаёти зиндагонӣ, он қуввае, ки кораш созгор сохтани инсон бо муқтазаёти зиндагонӣ аст, ин мабодиро раҳо ва мабодии дигаре ба ҷойи ин мабодӣ ба вуҷуд хоҳад овард. Пас, ҳеч як аз усул ва қоъидаҳои илмӣ наметавонад куллият ва қатъият дошта бошад, зеро мумкин аст дар муқтазаёти зиндагонӣ тағйироте ҳосил шавад ва зеҳн маҷбур ба тарки ин мабодӣ ва пазируфтани мабодии дигаре бишавад, ва аз ин рӯ, илме, ки бар ин пояҳои мутазалзил устувор гардида бо худи онҳо фурӯ мерезад ва аз байн меравад.

Ишколи фавқро ба сурати як бурҳони сареҳ ва равшан бар радди назарияи боло метавон иқома кард; ба ин баён, ки лозимаи сиҳҳат ва қабули ин назария тазалзул ва адами эътибори ҷамиъи қоъидаҳо ва назарияҳои илмӣ ва аз он ҷумла худи ин назария аст. Яъне сиҳҳат ва эътибори ин назария мусталзими бутлон ва адами эътибори худаш аст, зеро мутобиқи ин назария — чунонки мукаррар гуфта шуд — мабодии ақлӣ, ки яке аз ду унсури созандаи қоъидаҳо ва қонунҳои илмӣ аст, фарзҳое аст, ки тибқи эҳтиёҷоти махсуси зиндагонӣ бар азҳони мо таҳмил шуда ва дар мавриди ҳеч назария ва қоидаи илмӣ наметавон гуфт, воқеъ ва нафсуламр чунин аст, балки ҳамин қадр метавон гуфт, ки ба ҳасби мабодӣ ва усуле, ки феълан бар азҳони мо таҳмил шуда, мо чунин ҳукм мекунем. Ва албатта ин назария шомили худаш низ ҳаст. Яъне дар мавриди худи ин назария низ наметавонем қоил шавем, ки дар воқеъ ва нафсуламр ақл ва мабодии ақлӣ тобеи авзоъи муҳит аст, балки ҳамин қадр метавонем бигӯем, ки ба ҳасби мабодӣ ва усуле, ки феълан бар азҳони мо таҳмил шуда мо чунин ҳукм мекунем, аммо воқеъ ва нафсуламр чӣ тавр аст? Намедонам. Пас, ин назария дар дараҷаи аввал фатво ба бутлон ва беэътибории худаш медиҳад ва худаш худашро нақз мекунад ва ба истилоҳ теша ба решаи худ мезанад.

* * *

Аз он чӣ дар боло гузашт маълум шуд, ки истеҳком, балки имкони илм, ҷуз бо назарияи ақл ва маъқулоти яқинӣ ва собит ва лоятағайяр маъно надорад ва бо қабули фарзияи таҷрибагароён дар мавриди ақл ва мабодии ақлӣ, ки дар мақолаи 5 гузашт ё фарзияи иддае аз равоншиносони ҷадид, ки дар ин ҷо шарҳ он рафт, наметавон ба илм эътимод ва итминон пайдо кард ва бояд барои ҳамеша даст аз ҷазм ва яқин шуст ва илмро канор ниҳод. Ва хонандаи мӯҳтарам агар дар матолиби мақолаҳои 4 ва 5 ва он чӣ дар ин муқаддима гузашт, ба хубӣ диққат карда бошад, ин натиҷаи сареҳ ва равшан ба дасташ меояд, ки: мо бояд қабл аз ҳар теорияи фалсафӣ ва ҳар қонуни мантиқӣ ва ҳар қоидаи илмӣ, ба вуҷуди ақл ва маъқулоти мутлақи назарӣ изъон дошта бошем. Яъне бояд ба вуҷуди як силсила идрокот изъон дошта бошем, ки дар таквин ва ташкили худ, аз нуфузи эҳтиёҷоти зиндагонӣ ва авзоъи муҳит ва кайфияти махсуси сохтмони мағз ва аъсоб ва соири авомили табиӣ озод аст ва ҳамон идрокот аст, ки пояҳои аввалияи улум ва фалсафаи назариро пайрезӣ мекунад ва албатта як силсила идрокоти дигаре низ дорем, ки тобеи муқтазаёти зиндагонӣ ҳастанд ва доиман дар тағйиру табдиланд ва як сайри нушӯъ ва иртиқоъро тай мекунанд ва дар истилоҳи ин мақола “идрокоти эътиборӣ” ва “афкори амалӣ” хонда мешаванд. Вале чунонки хоҳем дид, ин силсила идрокот рабте ба ақл ва маъқулоти мутлақи назарӣ надорад ва ин мақола кайфияти пайдоиш ва такаввун ва татаввури он идрокотро баён мекунад ва албатта пас аз мушаххас шудани ин силсила идрокот, бисёре аз иштибоҳоте, ки дар ин замина воқеъ шуда рафъ хоҳад шуд.

Матолиб ва масоили марбут ба афкори назарӣ ва афкори амалӣ зиёд ва аз ҳудуди баҳси феълии мо хориҷ аст. Ҳамин андоза, ки то кунун дар ин муқаддима гуфта шуд, барои фаҳми матолиби худи мақола кофӣ хоҳад буд. Мо агар бихоҳем дар ин муқаддима ба тафсил вориди ҳамаи он матолиб бишавем, бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ каму беш фалосифаи қадим ва ҷадид дар ин мавзӯот сухан рондаанд, бас тӯлонӣ хоҳад шуд ва албатта дар зимни худи мақола, ки кайфияти пайдоиш ва такассур ва такомули идрокоти эътиборӣ ва робитаи онҳо бо эҳтиёҷоти зиндагонӣ ташреҳ мешавад, бисёре аз он масоил маълум хоҳад шуд ва мо дар поварақиҳо тавзеҳи кофӣ хоҳем дод.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: