Ислом ва Эронзамин (6)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (6)

Оғози исломи эрониён

Тибқи гувоҳии торих, Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар замони ҳаёти худашон пас аз чанд соле, ки аз ҳиҷрат гузашт, номаҳое ба сарони кишварҳои ҷаҳон навиштанд ва паёмбарии худро эълом ва онҳоро ба дини ислом даъват карданд. Яке аз он номаҳо номае буд, ки ба Хусрави Парвиз, подшоҳи Эрон навиштанд ва ӯро ба ислом даъват карданд. Вале чунонки ҳама шунидаем, Хусрави Парвиз танҳо касе буд, ки нисбат ба номаи он ҳазрат иҳонат кард ва онро дарид. Ин худ нишонаи фасоде буд, ки дар ахлоқи дастгоҳи ҳукуматии Эрон роҳ ёфта буд. Ҳеч шахсияти дигар аз подшоҳон ва ҳукком ва имперотурон чунин коре накард. Баъзе аз онон ҷавоби номаро бо эҳтиром ва тавъам бо ҳадоёе фиристоданд.

Хусрав ба подшоҳи Яман, ки дастнишондаи ҳукумати Эрон буд, дастур дод, ки дар бораи ин марди муддаии пайғамбарӣ, ки ба худ ҷуръат дода, ки ба ӯ нома бинигорад ва номи худро қабл аз номи ӯ бинависад, таҳқиқ кунад ва ҳангоми зарурат ӯро назди Хусрав бифиристад. Вале аз он ҷо, ки:

يُرِيدُونَ لِيُطْفِؤُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

(“Мехоҳанд, нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунанд ва ҳол он ки Худо агарчи кофиронро нохуш афтад, нури худро комил хоҳад гардонид». (Сураи Саф, ояти 8)) — ҳанӯз фиристодагони подшоҳи Яман дар Мадина буданд, ки Хусрав суқут кард ва шикамаш ба дасти писараш дарида шуд. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) қазияро ба фиристодагони подшоҳи Яман иттилоъ дод. Онҳо бо ҳайрати тамом хабарро барои подшоҳи Яман бурданд ва пас аз чанде маълум шуд, ки қазия ҳамчунон буда, ки Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хабар додааст. Худи подшоҳи Яман ва иддаи зиёде аз яманиҳо баъд аз ин ҷараён мусалмон шуданд ва ҳамроҳи онон гурӯҳи зиёде аз эрониёни муқими Яман низ ислом ихтиёр карданд. Дар он замон ба воситаи як ҷараёни торихӣ — ки дар китобҳои торихӣ мастур аст — иддаи зиёде аз эрониён дар Яман зиндагӣ мекарданд ва ҳукумати Яман як ҳукумати сад дар сад дастнишондаи эронӣ буд.

Низ дар замони ҳаёти Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), дар асари таблиғоти исломӣ, иддаи зиёде аз мардуми Баҳрайн — ки дар он рӯз маҳалли сукунати эрониён ва ғайри эрониён буд — ба ойини мусалмонӣ даромаданд. Ва ҳатто ҳокими он ҷо, ки аз тарафи подшоҳи Эрон таъйин шуда буд, мусалмон шуд. Бинобар ин, аввалин исломи гурӯҳии эрониён дар Яман ва Баҳрайн будааст.

Албатта агар аз назари фардӣ дар назар бигирем, шояд аввалин фарди мусалмони эронӣ Салмони Форсӣ аст. Ва чунонки медонем, исломи ин эронии ҷалил он қадр боло гирифт, ки ба шарафи “Салмону минно аҳлал-байт” ноил шуд. Салмон на танҳо дар миёни шиъаён эҳтироми зиёд дорад, балки дар миёни аҳли тасаннун низ дар радифи саҳобаи дараҷаи аввал ба шумор меравад. Касоне, ки ба Мадина мушарраф шудаанд, медонанд, ки давр то даври Масҷидуннабӣ номҳои саҳобаи бузург ва имомони мазоҳиби исломӣ навишта шудааст. Яке аз кибори саҳоба, ки номаш дар он ҷо ба унвони як саҳобаи кабир нақш шуда, Салмони Форсӣ аст.

Ҳамин миқдор собиқаи эрониён бо ислом дар замони Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) кофӣ буд, ки бисёре аз онон бо ҳақоиқи исломӣ ошно шаванд. Табъан ин худ василае буд барои ин ки хабари ислом ба Эрон бирасад ва каму беш мардуми Эрон бо ислом ошно шаванд. Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки — чунонки хоҳем гуфт — вазъи динӣ ва ҳукуматии он рӯзи Эрон тавре буд, ки мардум ташнаи як сухани тоза буданд. Дар ҳақиқат, дар интизори фараҷ ба сар мебурданд. Ҳар гуна хабаре аз ин навъ, ба суръати барқ дар миёни мардум мепечид. Мардум табъан мепурсиданд, ин дини ҷадид усулаш чист? Фурӯъаш чист?

То он ки замони хилофати Абӯбакр ва Умар фаро расид. Дар охирҳои давраи хилофати Абӯбакр ва тамоми даврони хилофати Умар, дар асари ҷангҳое, ки миёни давлати Эрон ва мусалмонон падид омад, тақрибан тамоми мамлакати Эрон ба дасти мусалмонон афтод ва милюнҳо нафар эронӣ, ки дар ин сарзамин ба сар мебурданд, аз наздик бо мусалмонон тамос гирифтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ дини исломро пазируфтанд.

Мо дар ин ҷо қисматеро, ки ҷаноби оқои Азизулоҳи Аторудӣ дар заминаи собиқаи хадамоти эрониён таҳти унвони “Хадамоти эрониён ба ислом аз кай шурӯъ шуд?” таҳия кардаанд, ки ба моқабли футуҳоти низомӣ марбут мешавад, айнан дарҷ мекунем.

(Ҷаноби оқои Аторудӣ аз фузалои бисёр боарзиш ва аз огоҳон ва китобшиносони олиқадр ҳастанд, бар бисёре аз нусхаҳои китобҳои исломӣ дар китобхонаҳои муҳим махсусан дар Ҳинд даст ёфтаанд, ки бесобиқа аст ва аз ҳамаи онҳо аксбардорӣ кардаанд. Китобе мабсут дар бораи риҷоли Хуросон дар дасти таълиф доранд, ки шояд болиғ бар чиҳил ҷилд бишавад. Аз Худованд тавфиқи бештари эшонро масъалат менамоем. М.М.)

* * *

Хадамоти эрониён ба ислом аз кай шурӯъ шуд?

“Алоқаи эрониён ба дини муқаддаси ислом аз ҳамон оғози зуҳури ин дини муқаддас шурӯъ шуд. Қабл аз ин ки шариати муқаддаси ислом тавассути муҷоҳидони мусалмон ба ин сарзамин биёяд, эрониёни муқими Яман ба ойини ислом гаравиданд ва бо майлу рағбат ба аҳкоми Қуръон таслим шуданд ва аз ҷону дил дар тарвиҷи шариати ислом кӯшиш намуданд ва ҳатто дар роҳи ислом ва мубориза бо муонидони Набии Акрам, ҷон супурданд.

Хадамоти эрониён дар интишор ва тарвиҷи дини ислом ниёзманд ба таҳқиқи бисёр доманадоре аст ва бояд гурӯҳе аз муҳаққиқон ва коршиносони маорифи исломӣ, ҳар кадом дар мавзӯе, ки тахассус доранд, дар ин маврид баррасӣ кунанд. Торихи футуҳоти исломӣ дар шарқу ғарби ҷаҳон ҳокӣ аз ҷонфишонӣ ва муҷоҳидати гурӯҳе аз мардумони эронӣ аст, ки бо хулуси ақида дар роҳи ислом аз худгузаштагӣ нишон доданд ва душманони дохилӣ ва хориҷии исломро саркӯб карданд.

Мусалмонони кишварҳои шарқӣ ва ҷануби шарқӣ монанди шибҳиқораи Ҳинд ва Покистон, Туркистони Шарқӣ, Чин, Молезӣ (Малайзия), Андунезӣ (Индонезия) ва ҷазоири уқёнуси Ҳинд марҳуни фаъолиятҳои беназири эрониёни мусалмон ҳастанд, ки бо кӯшиши пайгире аз тариқи дарёнавардӣ ва бозаргонӣ исломро ба дуртарин нуқоти Осиё расониданд ва аз тариқи таблиғ ва иршод, мардумро бо дини муқаддаси ислом ошно сохтанд.

Эрониён дар кишварҳои ғарбӣ ва шимоли Офриқо ва қораи Урупо ва Осиёи Сағир низ дар тарвиҷи дини ислом саҳми басазое доранд. Пас аз ин ки аҳолии Хуросон ва ноҳияҳои шарқии Эрон бар зидди хилофати зидди исломии умавиён қиём карданд ва басоти ҳукумати ононро, ки ба номи ислом бар мардуми мусалмон ҳукумат мекарданд барандохтанд ва Аббосиён бар арикаи хилофат мустақар шуданд, тамоми умури кишварӣ ва лашкарии мамолики ислом ба дасти эрониён махсусан хуросониён афтод ва инон тамоми маносиби сиёсии давлати исломиро дар шарқу ғарб ба даст гирифтанд.

Дар асри Маъмун ҳангоми муроҷиати вай ба Ироқ, гурӯҳе аз аъён ва ашроф ва риҷоли Хуросон бо вай ҳамроҳӣ карданд ва дар Ироқ сокин шуданд. Маъмун чун аз коршикании баъзе аз афроди хонадони худ нороҳат буд, тасмим гирифт маносиби давлатиро ба эрониён бидиҳад. Аз ин рӯ, гурӯҳе аз бузургони Эронро ба ноҳияҳои Миср ва шимоли Офриқо фиристод, то дар он ҷо мустақар шуда роҳи нуфузи мухолифонро дар он манотиқ бигиранд. Махсусан, ки ҳанӯз давлати умавиён дар Андалус вуҷуд дошт ва Аббосиён аз ин ҷиҳат ҳамвора дар нороҳатӣ ба сар мебурданд ва аз нуфузи онон ҷилавгирӣ мекарданд.

Таҳқиқ ва баррасӣ дар бораи ин хонадонҳои муҳоҷир, ки аксар аз аҳли Нишопур, Ҳирот, Балх, Бухоро ва Фарғона буданд, ниёз ба навиштани чанд муҷаллад китоб дорад ва ташреҳи хадамоти эрониёни шимоли Офриқо дар китобҳои торих ва тароҷуми риҷоли илму адаб ба тафсил зикр шудааст.

Мо ба таври ихтисор феҳристе аз фаъолиятҳои эрониёнро дар ду қисмат: яке, қабл аз вуруди дини ислом ба Эрон, ва дигар, пас аз гароиши онҳо ба ислом, зайлан менигорем. Инак, қисмати аввал:

* * *

Эрониён дар Яман

Дар овони таваллуди ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гурӯҳе эронӣ дар Яман, Адан, Ҳазрамавт ва соҳили дарёи Сурх зиндагӣ мекарданд ва ҳукумати Яманро низ дар даст доштанд. Қабл аз баррасӣ дар ин мавзӯъ, ногузир ҳастем барои равшан шудани матлаб, иллати муҳоҷират ва иқомати афроди эрониро дар Яман баррасӣ кунем, то мавзӯъ беҳтар қобили дарк бошад.

Дар замони Анушервон давлати Ҳабаша аз тариқи дарё ба Яман ҳамла овард ва ҳукумати ин минтақаро барандохт. Сайф ибни Зиязан, подшоҳи Яман ба дарбори Анушервон омад, то аз вай ёрӣ ҷӯяд ва ҳабашиёнро аз Яман берун кунад. Муаррихон навиштаанд, Сайф муддати ҳафт сол дар Тисфун (Мадоин) иқомат намуд, то иҷоза ёфт, ки бо Анушервон мулоқот кунад. Сайф ибни Зиязан ба Анушервон гуфт: Маро дар ҷанг бо ҳабашиён ёрӣ кун ва гурӯҳе аз сарбозони худро бо ман бифирист, то мамлакати худро бигирам.

Анушервон гуфт: Дар ойини ман раво нест, ки лашкариёни худро фиреб диҳам ва онҳоро ба кӯмаки афроде, ки бо ман ҳамақида нестанд бифиристам. Пас аз машварат бо дарбориён ва мушовиринаш, қарор шуд, ки гурӯҳе аз зиндониёни маҳкум ба эъдомро ҳамроҳи Сайф ибни Зиязан ба Яман бифиристанд, то ҳабашиёнро аз он ҷо ихроҷ кунанд. Ин раъй ба тасвиб расид ва мавриди амал қарор гирифт.

Теъдоди ин ҷамоатро дар ҳудуди ҳазор нафар навиштаанд, ва ҳамин ҷамоати андак тавонистанд ҳабашиёнро, ки адади онҳо аз сӣ ҳазор ҳам бештар буд, аз по дароваранд ва ҳамаро ҳалок кунанд. Фармондеҳи эрониён дар Яман ба ӯҳдаи шахсе ба номи Ваҳриз буд. Пас аз шикасти ҳабашиён ва мурдани Сайф ибни Зиязан, ҳамин Ваҳризи эронӣ, ки номи ҳақиқии он Харзод буд, дар Яман ба ҳукумат расид ва аз давлати Эрон мутобиат мекард.

* * *

Исломи Бозони эронӣ ва соири эрониёни муқими Яман

Ҳангоме ки дини муқаддаси ислом ошкор шуд ва Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) даъвати худро оғоз фармуд, ҳукумати Яман ба дасти Бозон ибни Сосони эронӣ буд. Ҷангҳои ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо қабоили араб ва мушрикони Қурайш дар замони ҳамин Бозон шурӯъ шуд. Бозон аз ҷониби Хусрави Парвиз бар Яман ҳукумат мекард ва бар сарзаминҳои Ҳиҷоз ва Таҳома низ назорат дошт ва гузориши корҳои он ҳазратро мураттабан ба Хусрави Парвиз мерасонид.

Ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар соли шашуми ҳиҷрӣ Хусрави Парвизро ба дини муқаддаси ислом даъват кард. Вай аз ин мавзӯъ сахт нороҳат шуд ва номаи он ҷанобро пора намуд ва барои Бозон, омили худ дар Яман, навишт, ки нависандаи ин номаро назди вай эъзом кунад. Бозон низ ду нафар эрониро ба номи Бобавайҳ ва Хусрав ба Мадина фиристод ва паёми Хусрави Парвизро ба он ҷаноб расониданд. Ва ин аввалин иртиботи расмии эрониён бо ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) будааст.

Ҳангоме ки хабари эҳзори ҳазрати Расул ба Эрон ба мушрикони Қурайш расид, бисёр хушвақт шуданд ва гуфтанд, дигар барои Муҳаммад халосӣ нахоҳад буд, зеро маликулмулук Хусрави Парвиз бо вай тараф шуда ва ӯро аз байн хоҳад бурд. Намояндагони Бозон бо ҳукме, ки дар даст доштанд, дар Мадина ҳузури Пайғамбар расиданд ва манзури худро дар миён гузоштанд. Ҳазрат фармуд: Фардо биёед ва ҷавоби худро дарёфт кунед. Рӯзи баъд, ки хидмати он ҷаноб омаданд, ҳазрат фармуд: Ширавайҳ дишаб шиками падараш Хусрави Парвизро дарид ва ӯро ҳалок сохт. Пайғамбар фармуд: Худованд ба ман иттилоъ дод, ки шоҳи шумо кушта шуд ва мамлакати шумо ба зудӣ ба тасарруфи мусалмонон дархоҳад омад. Инак шумо ба Яман бозгардед ва ба Бозон бигӯед, ислом ихтиёр кунад. Агар мусалмон шуд, ҳукумати Яман ҳамчунон бо ӯ хоҳад буд. Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ин ду нафар ҳадоёе марҳамат фармуд ва он ду нафар ба Яман бозгаштанд ва ҷараёнро ба Бозон гуфтанд. Бозон гуфт: Мо чанд рӯзе диранг мекунем, агар ин матлаб дуруст аз кор даромад, маълум аст, ки вай пайғамбар аст ва аз тарафи Худованд сухан мегӯяд, он гоҳ тасмими худро хоҳем гирифт.

Чанд рӯзе бар ин қазия гузашт, ки пайке аз Тисфун расид ва нома аз тарафи Ширавайҳ барои Бозон овард. Бозон аз ҷараёни қазия ба таври расмӣ мутталеъ шуд ва Ширавайҳ иллати куштани падарашро барои вай шарҳ дода буд. Ширавайҳ навишта буд, ки мардуми Яманро ба пуштибонии вай даъват кунад ва шахсеро, ки дар Ҳиҷоз муддаии нубувват аст озод бигузорад ва мӯҷиботи нороҳатии ӯро фароҳам насозад. Бозон дар ин ҳангом мусалмон шуд ва сипас гурӯҳе аз эрониён, ки онҳоро “абноъ” ва “аҳрор” мегуфтанд, мусалмон шуданд ва инон нахустин эрониёне ҳастанд, ки вориди шариати муқаддаси ислом гардиданд.

Ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Бозонро ҳамчунон бар ҳукумати Яман ибқо карданд ва вай аз ин торих аз тарафи Набии Акрам бар Яман ҳукумат мекард ва ба тарвиҷ ва таблиғи ислом пардохт ва мухолифон ва муонидонро сари ҷойи худ нишонид. Бозон дар ҳаёти ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) даргузашт ва фарзандаш Шаҳр ибни Бозон аз тарафи пайғамбар ба ҳукумат мансуб шуд. Вай низ ҳамчунон равиши падарро таъқиб намуд ва бо душманони ислом мубориза мекард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: