Шарҳи Маснавӣ (185)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (11)

* * *

Таъзими соҳирон мар Мӯсоро алайҳиссалом ки чӣ фармоӣ? Аввал ту андозӣ асо ё мо? (3)

* * *

Одам аз фирдавсу аз болои ҳафт

Поймочон аз барои узр рафт.

Ҳазрати Одам (а) аз биҳишти барин ва аз фарози ҳафт осмон ба поймочон (ба остонаи замин) фуруд омад, то аз хатои худ пӯзиш хоҳад.

Нукта: Поймочон дар асл ба маънои роҳ рафтан бо гомҳои наздик ба ҳам аст, ба ҳадде ки ду по дарҳам бипечад. Баъдҳо машойихи аҷам ба маҳалле, ки кафшҳоро берун меоваранд, поймочон итлоқ карданд. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.663-664)

Расми сӯфиён чунон будааст, ки ҳар гоҳ хӯрдае аз сӯфие ба вуҷуд меомад, вайро бозхост мекарданд. Ин амалро “моҷаро” мегуфтанд. Дар ин ҳангом “салои моҷаро” мегуфтанд, то ҳамаи фуқаро ҷамъ шаванд ва дари хонақоҳро мебастанд. Моҷаро дар ҷамоатхона ё суфрахонаи хонақоҳ сурат мегирифт ё маҳалле, ки холӣ аз ағёр буд. Муқассир дар кафшкан меистод ва сари худро бараҳна мекард ва даст бар сина мениҳод ва ба ҳоли рукӯъ дармеомад ва кафшҳоро ба нишонаи тавозӯъ бар сар мегузошт. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.657)

Машойихи сӯфия ин расмро аз он ҷо гирифтаанд, ки Худованди Мутаъол Одамро аз арши барин ба ин ҷаҳон фуруд овард, то аз хатои худ афв ва омурзиш талаб кунад. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.664)

Гар зи пушти Одамӣ в-аз сулби ӯ,

Дар талаб мебош ҳам дар тулби ӯ.

Эй толиби ҳақиқат! Агар воқеан аз тираву табори ҳазрати Одамӣ, ҳамвора дар ҳоли талаб бош ва дар зумраи пайравони ӯ қарор гир.

Сулб: Пушти камар. Тулб: Ҷамоате аз мардум, ки дар якҷо ҷамъ шаванд.

З-оташи дил в-оби дида нуқл соз,

Бӯстон аз абру хуршед аст боз.

Аз оташи дил ва ашки чашм тӯшае фароҳам ор. Яъне дар роҳи талаби Ҳақ бояд дили одамӣ бишканад, зеро боғ ба воситаи бориши абр ва тобиши хуршед сабзу хуррам мегардад.

Ту чӣ донӣ завқи оби дидагон,

Ошиқи нонӣ ту чун нодидагон.

Ту, ки ҳарис бар матоъи дунявӣ ҳастӣ, чӣ медонӣ, ки завқ ва ҳоли ҳосиломада аз ашки чашм ва инкисори қалб чист. Зеро ту монанди гадоёни ҳарис шефтаи нонӣ.

Гар ту ин анбон зи нон холӣ кунӣ,

Пур зи гавҳарҳои иҷлолӣ кунӣ.

Агар ту анбони шиками худро аз нон холӣ кунӣ, яъне агар аз шаҳавоти баҳимӣ парҳез кунӣ, андарунат пур мешавад аз гавҳарҳои гаронқадри маърифат ва яқин.

Иҷлолӣ: Гаронқадр.

Нукта: Мавлоно ба гуруснагии ихтиёрӣ, ки аз барномаҳои ҷиддии сулук аст, таваҷҷӯҳи томм дошт ва худ ба он омил буд. Ғолиби рӯзҳо рӯза мегирифт. Нақл аст, ки ҳамеша аз аҳли хона суол мекард, ки имрӯз дар хона чизе (аз таъом) ҳаст? Агар гуфтанд, хайр, ҳеч чиз нест, табассуме мекард ва мегуфт: Лиллоҳил ҳамд, ки имрӯз хонаи мо шабеҳи хонаи Паёмбар (с) аст. Ва агар мегуфтанд, таъом ҳаст, мегуфт: Аз ин хона бӯйи Фиръавн меояд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.522)

Сӯфия серӣ ва пурхӯриро нописанд мешумурданд, зеро ҳам бар ҳоҷати солик меафзояд ва ҳам шаҳвати ҷинсиро ба ҳаяҷон меоварад ва ирзои шаҳвати ҷинсӣ низ ба асбоб ва тамҳидоти дигаре ниёз дорад, ки ниҳоятан одамиро асири ҷоҳу молу мақому ҳиқду кинатӯзӣ мекунад. (Ҳамон манбаъ)

Тифли ҷон аз шири шайтон боз кун,

Баъд аз онаш бо малак анбоз кун.

Эй солик! Тифли ҷони худро аз шири шайтон бигир. Яъне магузор, ки ҷонат асири шаҳавоти ҳайвонӣ шавад ва аз он тағзия кунад ва баъд аз он метавонӣ ҷонатро бо фариштагон ёру дамсоз кунӣ.

Нукта: Мурод аз шири шайтон ҳавоҳои нафсонӣ ва омоли шайтонӣ аст. Ва чун аз ғизоҳои нафсонӣ парҳез кардӣ, ба ғизои руҳонӣ, ки ҳамоно зикру ситоиши Ҳақ Таъолост, унс ва хӯй гирӣ ва фариштасират шавӣ. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.523)

То ту торику малулу тираӣ,

Дон, ки бо деви лаъин ҳамшираӣ.

Эй толиб! То вақте ки ба палидӣ ва торикӣ оғуштаӣ ва руҳе афсурда ва тира дорӣ, бидон, ки бо деви малъун ва шайтони дарун қарин ва дамсозӣ.

Ҳамшира: Хоҳар, дар ин ҷо ба маънои ҳамроҳ ва дамсоз аст.

Луқмае, к-он нур афзуду камол,

Он бувад оварда аз касби ҳалол.

Луқмае, ки нури дил ва камоли маънавии шахсро афзоиш медиҳад, луқмаест, ки аз роҳи ҳалол касб шуда бошад.

Равғане, к-ояд чароғи мо кушад,

Об хонаш, чун чароғеро кушад.

Равғане, ки чароғи моро хомӯш кунад, равған нест, балки об аст, зеро равған бояд мӯҷиби иштиъоли оташ шавад, на хамӯшии он.

Нукта: Дар қадим навъе равғанро дар чароғҳо мерехтанд ва чароғро бо он равшан нигаҳ медоштанд. Мавлоно дар ду байти ахир мегӯяд, вақте ботинат сарду хомӯш шуд, ба навъи луқмаат таваҷҷӯҳ кун, бибин онро аз чӣ роҳе касб кардаӣ?

Илму ҳикмат зояд аз луқмай ҳалол,

Ишқу риққат ояд аз луқмай ҳалол.

Аз луқмаи ҳалол аст, ки дониш ва фарзонагӣ ба зуҳур мерасад. Ва ишқу сафои қалбӣ низ аз луқмаи ҳалол ҳосил мегардад.

Чун зи луқма ту ҳасад биниву дом,

Ҷаҳлу ғафлат зояд, онро дон ҳаром.

Вақте ки луқма ва таъоме дар ту эҷоди ҳасад ва гирифтории ахлоқӣ ва руҳӣ кунад, мӯҷиби ҷаҳлу бехабарии ту шавад, пас онро ҳаром ба шумор овар.

Ҳеч гандум кориву ҷав бар диҳад?

Дидаӣ асбе, ки куррай хар диҳад?

Ба унвони мисол, оё мумкин аст, ки ту гандум бикорӣ ва аз он ҷав ҳосил ояд? Оё дидаӣ, ки аз аспе харе мутаваллид шавад?

Луқма тухм асту бараш андешаҳо,

Луқма баҳру гавҳараш андешаҳо.

Ба унвони мисол, луқма дар ҳукми базр аст ва ҳосил ва самарааш андеша ва афкор. Луқма дар маъно, ба манзилаи дарёст ва андешаҳое, ки аз он ҳосил меояд, ба манзилаи марворидҳо.

Зояд аз луқмай ҳалол андар даҳон,

Майли хидмат, азми рафтан он ҷаҳон.

Вақте луқмаи ҳалол дар даҳон қарор гирад, дар даруни инсон гароишҳои маънавӣ ва онҷаҳонӣ ва майли тоати Худо ва хидмат ба халқ падид меояд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: