Шарҳи Маснавӣ (186)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (12)

* * *

Бозгуфтани бозаргон бо тӯтӣ он чӣ дид аз тӯтиёни Ҳиндустон (1)

* * *

Кард бозаргон тиҷоратро тамом,

Бозомад сӯйи манзил шодком.

Бозаргон тиҷоратро ба поён расонид ва шодмон ба сӯйи хонааш бозомад.

Ҳар ғуломеро биёвард армуғон,

Ҳар канизакро бибахшид ӯ нишон.

Он бозаргон тибқи ваъдае, ки дода буд, барои ғуломонаш армуғонҳое овард ва ба ҳар як аз канизонаш низ ҳадияе бахшид.

Гуфт тӯтӣ: Армуғони банда ку?

Он чи гуфтӣ в-он чи дидӣ, боз гӯ.

Тӯтӣ ба бозаргон гуфт: Пас армуғони ман ку? Ҳар чи шунидӣ ва ҳар чи дидӣ бароям таъриф кун.

Гуфт: На. Ман худ пушаймонам аз он,

Дасти худ хоёну ангуштон газон,

Ман чаро пайғоми хоме аз газоф,

Бурдам аз бедонишиву аз нашоф?

Бозаргон ба тӯтӣ гуфт: Ман аз он пайғоме, ки ба тӯтиёни Ҳиндустон расондам, сахт пушаймонам, ба тавре ки ҳанӯз ҳам ангушти надомат ба дандон мегазам, ки чаро ман аз сари нодонӣ ва беақлӣ, хабаре беҳударо расондам?!

Хоён: Сифати фоъилӣ аст ба маънои ҷаванда, дар ҳоли ҷавидан ва хоидан. Нашоф: Ҷунун, девонагӣ.

Гуфт: Эй хоҷа, пушаймонӣ зи чист?

Чист он к-ин хашму ғамро муқтазист?

Тӯтӣ аз бозаргон пурсид: Эй хоҷа! Пушаймонии ту барои чист? Чӣ чизе хашму андӯҳи туро барангехтааст?

Гуфт: Гуфтам он шикоятҳои ту,

Бо гурӯҳе тӯтиён, ҳамтои ту.

Бозаргон ҷавоб дод: Он шикоятҳои туро дар Ҳиндустон ба дастае аз тӯтиёни ҳамнавъи ту расондам.

Он яке тӯтӣ зи дардат бӯй бурд,

Заҳрааш бидриду ларзиду бимурд.

Яке аз тӯтиён ҳаминки дарду ранҷи туро эҳсос кард ва ба мақсуд ва манзурат пай бурд, заҳрааш таракид ва ларзид ва бар замин афтод ва мурд.

Ман пушаймон гаштам, ин гуфтан чӣ буд?

Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?

Албатта, ман аз гузориши пайғоми ту ба тӯтиёни Ҳиндустон пушаймон шудам, вале пас аз он ки пайғоматро расондам ва он ҳодиса иттифоқ афтод, дигар пушаймонӣ чӣ суде дорад?!

Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,

Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.

Дар ин ҷо Мавлоно мунтақил мешавад ба мавзӯи забон ва лузуми ҳифзи он: нуктае, ки аз даҳон хориҷ мешавад, онро монанди тире бидон, ки аз камон раҳо мегардад ва ба парвоз дармеояд.

Нукта: Аз ин рӯст, ки уламои ахлоқ забонро “азаррул-ҷавореҳ” (зиёновартарин узви бадан) лақаб додаанд. (Ҷомеъус-саъодот, ҷ.2, с.350)

Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!

Банд бояд кард селеро зи сар,

Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,

Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.

Эй писари маънавӣ! Он тире, ки аз камон раҳо мешавад, дигар бознахоҳад гашт. Ва селро бояд аз сарчашмааш баст, то вайронӣ накунад. Вале агар сел аз сарчашмаи он масдуд нашавад, дунёеро фаро мегирад. Ва дар он сурат агар ҷаҳонро ба коми вайронӣ андар кашад, ҷойи ҳеч гуна шигифтӣ нест (аз бас, ки офати забон зиёнбор аст.)

Феълро дар ғайб асарҳо зоданист

В-он маволидаш ба ҳукми халқ нест.

Ҳар феъл ва амале, ки аз одамӣ содир мешавад, чӣ хайр ва чӣ шарр, дар олами ғайб ва пушти пардаи маҳсусот асарҳое дорад. Ва он асарҳо ҷумлагӣ бо машиати илоҳӣ дар арсаи ҷаҳон падид меояд ва дар ихтиёри инсон нест.

Нукта: Маволид ба маънои фарзандон ҷамъи мавлуд аст. Аммо дар истилоҳи аҳли калом, иборат аст аз: осор ва афъоле, ки бар феъли дигар мутараттиб бошад (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.665)

Тавлид

Мавлоно аз ин ҷо то чанд байти дигар, масъалаи каломии “тавлид”-ро матраҳ кардааст. Тавлид аз истилоҳоти мӯътазилиён аст. Ба ақидаи инон, афъол ё бе восита аз инсон содир мешавад ва дар он сурат ӯ фоъили мубошир аст, ё бо воситаи феъли дигар аз ӯ ба зуҳур мерасад, ки онро “фоъили биттавлид” гӯянд. Пас, тавлид эҷоди феъл аст ба воситаи феъли дигар, монанди ҳаракати даст ва ҳаракати калид ва боз кардани қуфл, ки феъл ва амали нахустин бидуни восита (мубошир) аст, ва амалҳои пас аз он ки ҳамзамон бо он ҳусул мепазирад, тавлид аст… Мӯътазила мегӯянд, феъли мубошир ва тавлид, ҳар ду мустанад ба қудрати одамӣ аст ва фарқе миёни онҳо дар истинод ба инсон вуҷуд надорад, магар аз он ҷиҳат, ки яке бе восита ва дигаре бо восита дар вуҷуд меояд.

Ашъариён миёни аъмоли инсон фарқе намегузоранд ва ҳамаи онҳоро раъсан феъли Ҳақ Таъоло ва эҷоди вай тасаввур мекунанд. Ва ин истилоҳи тавлидро ҳам ба кор намебаранд. Зеро ақидаи онон чунин аст, ки ҳамаи коинот бе восита ба Ҳақ иртибот доранд ва ба иродаи ӯ ҳусул мепазиранд. Мавлоно низ бар вифқи ақидаи Ашъариён, ҳамаи афъолро бе восита мустанад ба Ҳақ донистааст. (Албатта, бо баёне, ки махсуси худи Мавлоност.)

Аммо тавзеҳе дар осори аъмоли инсон: ҳар як аз суханон ва корҳои инсон дар худи ӯ ва дигарон инъикосе баҷо мегузорад. Бисёре аз онҳо мумкин аст бидуни қасд ва илтифот сурат гирад. Аммо осор ва инъикоси он бар дигарон қатъӣ аст. Иддаеро ба мувофиқат ва ҷамъеро ба мухолифат бармеангезад. Ҳарчанд гуфтор ва рафтори одамӣ араз аст ва ба фано меравад, вале осори он мумкин аст то замоне дароз ва ҳатто адворе мадид бар ҷой монад ва насл ба насл мунтақил шавад. Албатта, ин осор дар ҳитаи ихтиёри фоъили он нест, вале ба ҳар ҳол аз осор ва натоиҷи феъли ӯст. Феъли инсон дуруст монанди реге аст, ки ба буркае афканда мешавад ва билофосила дар таги об фурӯ менишинад ва аз назарҳо нопадид мегардад, аммо дар пайи он, доираҳое зиреҳвор бар сатҳи об падид меояд ва муддатҳо барҷой мемонад. Аз ин рӯст, ки одамӣ бояд мувозиби кор ва гуфтори худ бошад, ва бидонад, ки ҳар сухане ё коре аз ӯ ба зуҳур мерасад, натоиҷе хуш ё нохуш ба ҳамроҳ хоҳад дошт, ки он натоиҷ аз ихтиёри ӯ берун аст ва наметавонад бар он иҳота ёбад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.667)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: