Ислом ва Эронзамин (7)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (7)

Иртидоди Асвади Анасӣ ва муборизаи эрониён бо вай

Пас аз муроҷиати Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ҳаҷҷатулвидоъ, чанд рӯзе аз фарти хастагӣ мариз шуда бистарӣ гардиданд. Асвади Анасӣ аз бемории Пайғамбар иттилоъ пайдо кард ва пиндошт, ки Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ин нохушӣ раҳоӣ пайдо нахоҳад кард. Аз ин рӯ, дар Яман иддаои нубувват кард ва гурӯҳеро даври худ ҷамъ намуд. Иддаи касире аз аъроби Яман перомуни вайро гирифтанд.

Иртидоди Асвади Анасӣ нахустин иртидодест, ки дар ислом падид омад. Анасӣ бо қабоиле аз араб, ки перомуни вайро гирифта буданд, ба тарафи Санъо ҳамла овард. Шаҳр ибни Бозони эронӣ, ки ҳокими ҳазрати Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буд ва дар маркази Санъо ҳукумат меронд, худро барои дафъи Асвади каззоб, ки бар зидди ислом қиём карда буд, омода сохт. Асвад бо ҳафтсад савор ба ҷанги Шаҳр ибни Бозон омад ва байни ин ду ҷанги сахте даргирифт. Шаҳр ибни Бозон дар ин ҷанг кушта шуд. Ва ин нахустин фарди эронӣ аст, ки дар роҳи ислом ба шаҳодат расид.

Асвади Анасӣ пас аз куштани вай, бо зани Шаҳр ибни Бозон издивоҷ кард ва бар ҳамаи Яман то Ҳазрамавт, Баҳрайн, Эҳсоъ ва биёбонҳои байни Наҷд ва Тоиф тасаллут пайдо кард ва ҳамаи қабоили Яманро мутеи худ сохт ва фақат тане чанд аз аъроб таслими ӯ нашуданд ва ба тарафи Мадинаи Мунаввара муроҷиат намуданд.

Пас аз кушта шудани Шаҳр ибни Бозон, риёсати эрониёнро Фирӯз ва Довудяҳ ба ӯҳда гирифтанд. Инон ҳамчунон дар тариқаи ислом ва мутобеат аз Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) собит монданд ва равиши Бозон ва фарзандаш Шаҳр ибни Бозонро аз даст надоданд.

Дар ин байн, ҷараёни кушта шудани Шаҳр ибни Бозон ва ҳаводиси Яман ба иттилои ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расид ва мусалмонони Мадина мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҷамоате аз араби сарзамини Яман муртад шуда перомуни Асвади каззобро гирифтаанд.

* * *

Номаи ҳазрати Расул ба эрониёни Яман

Ҷашиши Дайламӣ, ки аз эрониёни мусалмони Яман буд гӯяд: Ҳазрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) барои мо нома навиштанд, ки бо Асвади каззоб ҷанг кунем. Фармони Пайғамбари ислом барои Фирӯз, Довудяҳ ва ман (Ҷашиш) содир шуда буд ва мо маъмур шуда будем, ки бо душманони ислом ба таври ошкор ва пинҳон ҷанг кунем ва фармони ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро ба ҳамаи мусалмонон бирасонем. Фирӯз, Довудяҳ ва ман (Ҷашиши Дайламӣ) фармони Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро ба ҳамаи эрониён расонидем.

Дайламӣ гӯяд: Мо шурӯъ кардем ба мукотиба ва даъвати мардум, ки худро барои ҷанг бо Асвади Анасӣ муҳайё созанд. Дар ин ҳангом Асвад аз ҷараён мутталеъ шуд ва барои эрониён паёме фиристод ва онҳоро таҳдид кард, ки агар бо вай сари ҷанг ва ситез дошта бошанд, чунону чунин хоҳад шуд. Мо дар посухи вай гуфтем: Ҳаргиз сари ҷанг бо шумо надорем. Ва лекин Асвад ба суханони мо эътимоде пайдо накард ва ҳамвора аз эрониён бим дошт, ки имкон дорад вайро аз пой дароваранд.

Дар ин гиру дор, номаҳое аз Омир ибни шаҳр ва Зизуд ва чанд ҷойи дигар расид. Мардум дар ин номаҳо моро ба ҷанг бо Асвад ташвиқ мекарданд ва навиди мусоидат ва ҳамроҳӣ медоданд. Сипас мутталеъ шудем, ки ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) барои ҷамоате дигар низ нома навиштаанд ва фармон додаанд, ки аз Фирӯз ва Довудяҳ ва Дайламӣ пуштибонӣ кунанд ва ононро дар муқобили Асвади каззоб ёрӣ намоянд. Аз ин рӯ, мо дар миёни мардум пуштибон пайдо кардем.

* * *

Кушта шудани Асвади Анасӣ ба дасти эрониён

Асвади Анасӣ аз тавтиаи эрониён эҳсоси хатар кард ва дарёфт, ки ин мавзӯъ ба ҷойи ҳассосе хоҳад расид.

Ҷашиши Дайлами гӯяд: Озод, зани Шаҳр ибни Бозон, ки дар тасарруфи Асвад буд, моро бисёр мусоидат мекард ва роҳнамоиҳои вай моро саранҷом пирӯз гардонид.

Дайламӣ гӯяд: Ба Озод гуфтам: Асвад шавҳари туро кушт ва ҳамаи хешовандонатро ҳалок кард ва аз дами шамшер гузаронид ва занонро тасарруф кард. Озод, ки зане боғайрату шаҳомат буд, гуфт: Ба Худо савганд, ки ман мардеро монанди Асвад душман намедорам, Асвад марде бераҳм аст ва ҳеч ҳаққеро аз Худованд муроъот намекунад ва ба маҳраму номаҳрам ақида надорад.

Озод гуфт: Шумо тасмими худро бо ман дар миён гузоред, ман низ он чӣ дар манзили Асвад мегузарад, бо шумо дар миён хоҳам гузошт.

Дайламӣ гӯяд: Аз назди Озод берун шудам ва он чӣ байни ман ва ӯ ҷараён пайдо кард, ба иттилои Фирӯз ва Довудяҳ расонидам. Дар ин ҳангом, марде аз дар дохил шуд ва Қайс ибни Абдияғусро, ки бо мо ҳамкорӣ мекард, ба манзили Асвад даъват кард. Қайс ба иттифоқи чанд нафар, ба манзили Асвад рафтанд ва лекин натавонистанд осебе ба вай бирасонанд.

Дар ин ҳангом, байни Қайс ва Асвад суханоне радду бадал шуд ва Қайс бори дигар ба манзили Фирӯз ва Довудяҳ ва ман (Дайламӣ) муроҷиат кард ва гуфт: Инак, Асвади каззоб мерасад ва шумо ҳар коре, ки дилатон мехоҳад, бо вай анҷом диҳед. Дар ин вақт, Қайс аз манзил берун шуд ва Асвад бо гурӯҳе аз атрофиёнаш ба тарафи мо омад. Дар наздики манзил, дар ҳудуди дивист гову шутур буд. Вай дастур дод, ҳамаи он говон ва шутуронро куштанд. Асвад фарёд зад: Эй Фирӯз! Оё рост аст, ки дар назар дорӣ маро бикушӣ ва бо ман ҷанг кунӣ? Дар ин вақт Асвад ҳарбаеро, ки дар даст дошт, ба тарафи Фирӯз ҳавола кард ва гуфт: Туро монанди ин ҳайвонот сар хоҳам бурид. Фирӯз гуфт: Чунин нест. Мо ҳаргиз бо ту сари ҷанг надорем ва қасди куштани туро ҳам надорем, зеро ту домоди эрониён ҳастӣ ва мо ба эҳтироми Озод, ба ту осебе нахоҳем расонид. Ба илова, ки ту акнун пайғамбарӣ ва умури дунё ва охират дар дасти ту қарор дорад.

Асвад гуфт: Бояд қасам ёд кунӣ, ки нисбат ба ман хиёнат накунӣ ва вафодор бошӣ. Фирӯз суханоне бар забон ронд ва бо вай ҳамроҳӣ кард, то аз хона берун шуданд. Дар ин ҳангом ки Фирӯз ба иттифоқи Асвад аз хона берун шуда роҳ мерафтанд, ногаҳон шунид, ки марде аз вай сиоят (хабаргирӣ) мекунад, Асвад ҳам ба ин марди соъӣ (хабарчин) мегӯяд: Фардо Фирӯз ва руфақояшро хоҳам кушт. Ногаҳон Асвад мутаваҷҷеҳ шуд, ки Фирӯз гӯш медиҳад.

Дайламӣ гӯяд: Фирӯз аз назди Асвад муроҷиат кард ва ҷараёни ғадр ва ҳилаи вайро дар миён гузошт. Мо дунболи Қайс фиристодем ва ӯ низ дар маҷлиси мо ширкат кард. Пас аз муддате мушовира, тасмим гирифтем бори дигар бо Озод, зани Асвад музокира кунем ва ҷараёнро ба иттилои вай бирасонем ва аз назари вай низ иттилое ба даст оварем.

Дайламӣ гӯяд: Ман назди Озод рафтам ва мавзӯъро бо вай дар миён гузоштам ва ҳамаи қазоёро ба иттилои ӯ расонидам. Озод гуфт: Асвад ҳамеша аз худ метарсад ва ҳеч итминоне ба ҷонаш надорад. Ҳангоме ки дар манзил қарор мегирад, тамоми атрофи ин қаср ва роҳҳое, ки ба он мунтаҳӣ мешавад, мавриди назари маъмурон аст ва ҳаракати ҳар ҷунбандаеро зери назари худ мегиранд. Бинобар ин, роҳи вусул ба ин сохтмон барои афроди оддӣ имкон надорад. Танҳо ҷойе, ки Асвад бидуни ҳофиз ва нигаҳбон истироҳат мекунад, ҳамин утоқ аст. Шумо фақат дар ин ҷо метавонед ӯро дарёбед ва ӯро аз пой дароваред. Ва мутмаин бошед, ки дар утоқи хоби вай, ҷуз шамшер ва чароғе, чизи дигаре нест.

Дайламӣ гӯяд: Ман аз назди Озод берун шудам ва дар назар доштам аз қаср хориҷ гардам. Дар ин ҳангом, Асвад аз утоқ хориҷ шуд ва то маро дид, бисёр нороҳат гардид. Вай дар ҳоле ки дидагонаш аз фарти ғазаб сурх шуда буд, гуфт: Аз куҷо омадӣ ва чӣ касе ба ту иҷоза дод, бидуни изни ман, ба хона ворид шавӣ?

Дайламӣ гӯяд: Вай сарамро чунон фишор дод, ки наздик буд аз пой дароям. Дар ин ҳангом, Озод аз дур ҷараёнро дид ва фарёд баровард: Асвад! Аз вай даргузар! Ва агар вай фарёди Озодро нашунида буд, маро мекушт. Озод ба Асвад гуфт: Вай писарамуи ман аст ва ба дидани ман омадааст. Аз вай даст бикаш! Асвад пас аз шунидани ин суханон, даст аз ман бардошт ва маро раҳо кард ва ман аз қаср берун шудам ва ба назди дӯстони худ омада ҷараёнро бо онон дар миён гузоштам. Дар ин ҳангом ки саргарми гуфтугӯ дар ин мавзӯъ будем, қосиде аз тарафи Озод омад ва гуфт: Вақти фурсат аст ва шумо метавонед ба мақсуди худ бирасед ва ҳар тасмимеро, ки дар назар гирифтаед, ҳар чӣ зудтар ба марҳилаи амал дароваред.

Ба Фирӯз гуфтем: Ҳар чӣ зудтар худро ба Озод бирасон. Вай ба суръат худро ба Озод расонид. Озод ҷараёнро комилан бо вай дар миён гузошт.

Фирӯз гӯяд: Мо дар хориҷи сохтмоне, ки Асвад дар он зиндагӣ мекард, роҳе аз зерзамин ба утоқи вай боз кардем ва афродеро дар деҳлизи он қарор додем, то дар мавқеи лузум, худро аз хориҷ ба ин утоқ бирасонанд ва вайро бикушанд.

Фирӯз пас аз ин, дохили утоқ шуд ва бо Озод монанди ин ки ба дидани вай омадааст, нишаст ва машғули гуфтугӯ шуданд. Дар ин ҳангом, ки Фирӯз бо Озод саргарми сухан буд, Асвад аз дар ворид шуд ва чун чашмонаш ба Фирӯз афтод, сахт нороҳат шуд. Озод ҳангоме ки нороҳатии Асвадро мушоҳида кард, ғайраташ ба ҷӯш омад ва гуфт: Вай аз хешовандони ман аст ва бо ман нисбати наздик дорад. Асвад бо камоли нороҳатӣ Фирӯзро аз утоқ хориҷ кард ва ӯро аз қаср берун кашид.

Чун шаб шуд, Фирӯз, Дайламӣ ва Довудяҳ ҳар се нафар тасмим гирифтанд аз роҳи зерзамин худро ба утоқи махсуси Асвад бирасонанд ва ӯро аз пой дароваранд.

Пас аз ин ки муқаддамоти куштани Асвадро аз ҳар ҷиҳат фароҳам оварданд, назари худро бо дӯстон ва ҳамфикрони худ дар миён ниҳоданд ва мавзӯъро ба иттилои баъзе аз қабоили араб монанди Ҳамдон ва Ҳимяр расониданд.

Дайламӣ гӯяд: Мо шаб даст ба кор шудем ва аз зерзамин роҳе ба утоқи Асвад боз кардем ва худро ба даруни утоқи вай расонидем. Дар миёни утоқ як чароғ месӯхт ва рӯшноии мухтасаре аз он мушоҳида мешуд. Мо ба Фирӯз эътимод доштем, зеро вай марде шуҷоъ ва бебок ва ҳам зӯрманд ва қавӣ буд. Ба Фирӯз гуфтем: Бингар дар рӯшноӣ чӣ чиз мебинӣ? Фирӯз берун шуд дар ҳоле ки мобайни ӯ нигаҳбонон қарор гирифта буданд. Ҳангоме ки бар дари утоқ расид, садои хур-хуре шунид. Маълум шуд, Асвад дар хоб фурӯ рафта ва нафираш баланд шудааст ва Озод, занаш низ дар гӯшае нишаста. Ҳангоме, ки Фирӯз ба дари утоқ расид, ногаҳон Асвад аз хоб парид ва баланд шуд ва дар ҷойи худ нишаст ва фарёд баровард: Эй Фирӯз! Маро бо ту чӣ кор аст?!

Дар ин ҳангом, Фирӯз мутаваҷҷеҳ шуд, ки агар муроҷиат кунад, ба дасти нигаҳбонон кушта хоҳад шуд ва Озод низ ҳалок хоҳад шуд. Ногаҳон худро ба даруни утоқ афканд ва хештанро ба рӯйи Асвад андохт ва бо вай галовез шуд ва монанди шутури нар бар вай ҳамла овард ва сарашро гирифт ва ӯро хафа кард.

Ҳангоме ки мехост аз утоқ берун равад, Озод гуфт: Мутмаин ҳастӣ, ки ин мард кушта шуда ва ҷон аз колбадаш даромадааст? Фирӯз гуфт: Оре, кушта шуд ва ту аз вай роҳат шудӣ. Фирӯз аз утоқ берун шуд ва ҷараёнро ба иттилои мо, ки дар канори деҳлизи зерзамин будем расонид. Мо низ дохили утоқ шудем, дар ҳоле ки Асвади каззоб ҳанӯз монанди гов фарёд бармеовард. Сипас бо корди бузурге сарашро аз тани вай ҷудо кардем ва бад-ин тариқ минтақаи Яманро аз вуҷуди нопокаш пок сохтем.

Дар ин лаҳза, изтиробе дар атрофи утоқи махсуси вай падид омад ва сару садо баланд шуд. Нигаҳбонон аз атрофу акноф ба тарафи сохтмони маскунии Асвад омаданд ва фарёд бароварданд: Чӣ шудааст? Озод, зани Асвад гуфт: Мавзӯи тозае нест, пайғамбар дар ҳоли нузули ваҳй аст ва дар асари ваҳй, бад-ин ҳолат афтодааст. Ва бад-ин тариқ нигаҳбонон аз атрофи утоқ пароканда шуданд ва мо аз хатар ҷастем.

Пас аз рафтани нигаҳбонон, бори дигар сукут фазои утоқро фаро гирифт ва мо чаҳор нафар (яъне Фирӯз, Довудяҳ, ман (Ҷашиши Дайламӣ) ва Қайс) дар ин фикр афтодем, ки руфақои худро чӣ гуна аз ин ҷараён мутталеъ созем. Дар назар гирифтем, фарёд бизанем, ки Асвадро куштем. Ва ҳамин назарияро дар ҳангоми тулӯи фаҷр ба марҳилаи амал даровардем. Пас аз тулӯи фаҷр, шиореро, ки қарор буд, бо садои баланд эълом кардем ва дар охири ин фарёд, мусалмонон ва куффор расиданд ва аз вуқӯи қазияи бузурге иттилоъ пайдо карданд.

Дайлами гӯяд: Сипас шурӯъ кардам ба азон гуфтан ва бо садои баланд гуфтам: “Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ” ва эълом кардам, ки “Ъиҳла” яъне Асвади каззоб дурӯғ мегуфт ва бидуни ҳақ худро пайғамбар муаррифӣ мекард. Дар ин мавқеъ, сари ӯро ба тарафи мардум афкандам. Пас аз ин ҷараён, гурӯҳе аз нигаҳбонони вай, ки кушта шудани вайро мушоҳида карданд, шурӯъ карданд ба ғорати қасри вай ва ҳар чӣ дар он буд, ба яғмо бурданд, ва ба таври куллӣ дар як лаҳза он чӣ дар он кох ҷамъ шуда буд, аз байн рафт ва торумор шуд. Бад-ин тариқ як иддаои ботил ва дурӯғ, ки мӯҷиби қатли нуфуси бешуморе гардид нобуд шуд.

Пас аз ин, ба аҳли Санъо гуфтем, ҳар кас яке аз асҳоби Анасиро мушоҳида кард, дастгир кунад. Бад-ин тартиб, гурӯҳе аз ёрони Асвад тавқиф гардиданд. Ҳангоме ки тарафдорони Асвад аз ҷойгоҳи худ даромаданд, мушоҳида карданд, ки ҳафтод нафар аз руфақои онҳо нопадид мебошанд. Дӯстони Асвад ҷараёнро барои мо навиштанд. Мо низ барои онон навиштем он чиро, ки онҳо дар даст доранд барои мо вогузоранд ва мо низ он чиро дар ихтиёр дорем, ба замин хоҳем гузошт.

Ин пешниҳод ба марҳилаи амал даромад ва лекин ёрони Асвад баъд аз ин натавонистанд ҳамдигарро мулоқот кунанд ва тасмимоти ҷадиде бигиранд, ва мо комилан аз шарри онон осуда шудем. Асҳоби Асвад баъд аз кушта шудани вай, ба биёбонҳои байни Санъо ва Наҷрон паноҳ бурданд ва дигар аз мудохила дар умур мамнӯъ шуданд. Дар ин ҳангом куллияи уммол ва ҳуккоми ҳазрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба тарафи маркази ҳукумат ва маҳалли худ рафтанд ва бори дигар авзоъ ва аҳвол ба ҳоли оддӣ баргашт.

Хабари кушта шудани Асвад ба суръат ба иттилои мусалмонон дар Мадинаи Мунаввара расид. Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунад: Дар шабе, ки Асвади каззоб кушта шуд, аз тариқи ваҳй хабари кушта шудани вай ба иттилои Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расид ва ҳазрат фармуданд: Анасӣ кушта шуд ва қатли вай ба як дасти муборак, ки аз як хонаводаи муборак мебошад воқеъ гардидааст. Мусалмонон аз ҳазрати Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пурсиданд: Кадом мард вайро кушт? Фармуд: Фирӯз.

Айёми ҳукумат ва риёсати Асвад дар Яман ва ноҳияҳои он се моҳ ба тӯл анҷомид. Фирӯз гӯяд: Чун Асвадро куштем, авзоъ ва аҳвол ба сурати оддӣ даромад ва монанди рӯзҳои қабл аз вай, бори дигар амну оромиш сарзамини Яманро фаро гирифт. Маоз ибни Ҷабал, ки аз тарафи Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) имоми ҷамоати аҳли Яман буд ва дар давраи Асвад хонанишин шуда буд, бори дигар даъват шуд, ки намозро аз сар гирад ва иқомаи ҷамоат кунад. Мо аз ҳеч чиз бок надоштем ҷуз андаке аз саворони тарафдори Асвад, ки дар атрофи Яман пароканда шуда буданд. Дар ин ҳангом ки авзоъ ва аҳвол ором шуда буд, хабари даргузашти Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расид ва бори дигар оромиш баҳам хӯрд ва риштаи умур аз ҳам гусехта гардид.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: