Фалсафа ва равиши реализм (72)

Идрокоти эътиборӣ (3)

Матни китоб:

Шоире гӯяд:

Моҳе чу ту осмон надорад,

Сарве чу ту бӯстон надорад.

Дигаре гӯяд:

Ду найза ду бозу ду марди далер,

Яке аждаҳову яке наррашер.

Ночор аз ин шеърҳои базмиву размӣ то кунун ҳазорҳо шунидаед, ки шуаро як мавзӯи базмиро — аз гулу сабзаву баҳору маю мутрибу маъшуқа — ё як мавзӯи размиро — аз мардони салаҳшӯру диловарони размҷӯву саҳнаҳои ҷангӣ — бо дасти машшотаи хаёл ороиш дода ва дар ҳиҷлаи дил ба курсии меҳр нишонида ё дар ҷилгаи ҳавлноки пиндор пештозӣ намудаанд.

Ва албатта медонем, ки ин салиқа танҳо ба шеъру шуаро ихтисос надорад, дар наср низ қобили иҷрост ва ҳамаамон каму беш ҳамин салиқаро бо ғаризаи тахайюл дошта ва ҳамарӯза дар муфрадот ва мураккаботи маъонӣ бо истиора ва тамсил, намунаҳое аз вай ба вуҷуд меоварем.

Ва медонем, ки ин кор беҳуда набуда ва дар ба кор бурдани ин салиқа ва паймоиши ин роҳ, ғараз ва ҳадафе дорем. Ва он, ҳамоно таҳйиҷи эҳсосоти дарунӣ аст, ки бо амали ташбеҳ ва истиора (1) ба даст меояд. Ва дар ҳақиқат, амали ташбеҳ ба манзилаи як муодила аст, ки дар миёни мушаббаҳ (ташбеҳшаванда) ва “мушаббаҳун биҳи” (он чӣ ба он ташбеҳ мешавад) анҷом мегирад, ки бо мулоҳизаи хоссиятҳо ва сифатҳои мушаббаҳун биҳи, эҳсосоти дарунӣ бедор шуда ва як силсила маъонии эҳсосӣ ба сӯи мушаббаҳ изофа намояд ва аз ин тамассули эҳсосӣ натиҷаи амалӣ гирифта шавад. Масалан, рухсори моҳро тасаввур намуда ва эҳсоси дарунии тозаро ба рӯйи эҳсоси меҳромезе, ки нисбат ба маъшуқа дорем гузошта ва оташи меҳрро тезтар кунем. Ё андоми маҳиб ва ҷуръат ва салобати шерро андешида ва эҳсосоти тозаро ба симои хаёлии марде ҷангҷӯ бор намуда ва мавқеияти шуҷоаташро дар дил таҳким намоем.

Ва ҳамчунин, амали истиора ба манзилаи натиҷаи муодила ва табдил аст, ки мушаббаҳун биҳиро ба ҷойи мушаббаҳ гузошта ва натоиҷи болоро мустақиман ва бемуқоиса ба даст оварем.

Акнун, агар донишманде, ки аз нуқта назари воқеъбинӣ, ба тамйизи мутобиқат ва адами мутобиқати мафоҳим ва ташхиси сидқу кизби қазияҳо мепардозад, бо ин мафоҳим ва қазияҳои истиорӣ рӯ ба рӯ шавад, албатта муфрадоти онҳоро ғайри мутобиқ бо масодиқ ва мураккабот, ва қазияҳои онҳоро козиб ташхис хоҳад дод. Зеро мутобақи хориҷии калимаи “шер” ҷонвари даранда мебошад, на инсон, ва мутобақи вожаи “моҳ” кураест осмонӣ, на хубрӯи заминӣ, ва ба ҳамин қиёс… чунонки агар калимаи “шер” ё “моҳ”-ро, бе инояти маҷозӣ, дар мавриди санг ба ҷойи вожаи “санг” истеъмол кунем, ғалат хоҳад буд (бе мутобиқат), ё агар бигӯем: “Гоҳе, ки офтоб болои сари мо мебошад, шаб аст” дурӯғ хоҳад буд (бе мутобиқат).

Вале донишманди мазбур миёни ин ду навъ ғалат ва дурӯғ, фарқе (2) хоҳад дид, ва он ин аст, ки: ғалат ва дурӯғи воқеӣ асаре надорад, вале ғалат ва дурӯғи шоирона осори ҳақиқии воқеӣ дорад. Зеро таҳйиҷи эҳсосоти дарунӣ ва осори хориҷии мутараттиб ба эҳсосоти даруниро ба дунболи худ дорад. Бисёр иттифоқ афтода, ки шунидан ё ба фикр супурдани маънои истиории як шеър ошӯб ва шӯришҳое дар ҷаҳон барпо карда ва ба роҳ андохта, ки хона ва кошонаҳое ба бод дода ва зиндагиҳое ба дасти марг супурда, ё баръакс ночизҳоеро чиз намуда ва беарзишҳоеро арзиш дода. Таърих (3) аз ин гуна ҳаводис бисёр ба ёд дорад. Ин, назарияи донишманди воқеъбин буд.

Ва агар ба сӯи як шоир ва ё ҳар касе, ки бо эҳсосоти вижаи худ як тамсил ва намуди тахайюлиро месозад нигоҳ кунем, хоҳем дид, ки барои алфози истиорӣ ё ҷумлаҳои тамсилии худ мутобақ дорад ва осори хориҷӣ низ аз вай натиҷа мегирад (агарчӣ бо аз миён рафтани эҳсосоти вижа, ҳама аз миён мераванд).

* * *

Таълиқот:

(1) “Ташбеҳ” ва “истиора” ва “тамсил” аз истилоҳоти махсуси уламои адаб дар фанни балоғат аст. Дар гуфтугӯҳои маъмулӣ, ба мутлақи баёни мушобеҳат байни чизе ва чизи дигар, “ташбеҳ” гуфта мешавад, вале дар истилоҳоти адабӣ “ташбеҳ” фақат ба мавриде итлоқ мешавад, ки ҳар ду тарафи ташбеҳ (мушаббаҳ ва мушаббаҳун биҳи) дар калом зикр шавад.

Дар ташбеҳот, агар калимоте, ки далолат бар мушобеҳат мекунад аз қабили калимоти “чун” ва “монанд” ва амсоли инҳо (дар забони форсӣ) зикр шавад, он ташбеҳ “ташбеҳи содда” талаққӣ мешавад, монанди ташбеҳи мардуми доно ба зарри холис ва ташбеҳи ашрофзодагони нодон ба сиккаи тақаллубӣ дар ин шеъри Шайх:

Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри талост,

Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд.

Бузургзодаи нодон ба шаҳраво монад,

Ки дар диёри ғарибаш ба ҳеч настонанд.

Ва агар ин калимот аз иборат исқот шавад, он ташбеҳ “ташбеҳи балиғ” хонда мешавад, монанди ташбеҳи Амири Сомонӣ ба моҳ ва ташбеҳи Бухоро ба осмон дар ин шеъри Рӯдакӣ:

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Ва аммо агар аз ду тарафи ташбеҳ фақат яке зикр шавад, мисли он ки фақат ба зикри мушаббаҳун биҳи қаноат шавад ва дар мавриде, ки мехоҳем ҳукмеро барои мушаббаҳ исбот кунем, лафзи мушаббаҳун биҳиро ба ҷойи лафзи мушаббаҳ оварда ва бо он лафзи “ориятӣ” аз мушаббаҳ таъбир кунем, истилоҳае “истиора” хонда мешавад, монанди таъбир аз маҳбуб ба моҳ дар ин шеъри Шайх:

Бибанд як нафас, эй осмон, даричаи субҳ

Бар офтоб, ки имшаб хуш аст бо қамарам.

Ва монанди таъбир аз олами тан ва алоиқи ҷисмонӣ ба зиндони Сикандар ва таъбир аз олами маънавиёт ба мулки Сулаймон дар ин шеъри Хоҷа:

Дилам аз ваҳшати зиндони Сикандар бигирифт,

Рахт барбандаму то мулки Сулаймон биравам.

Ва аммо “тамсил” навъе хосс аз ҳамон ташбеҳи истилоҳӣ аст, ки гуфтем. Ва он ин аст, ки: вазъи хосс ва кайфияти махсусе, ки аз иҷтимоъ ва иртиботи умуре чанд ҳосил мешавад, ташбеҳ шавад ба вазъи хосс ва кайфияти махсусе, ки аз иҷтимоъ ва иртиботи чанд чизи дигар ҳосил мешавад, монанди ташбеҳи вазъ ва кайфияти махсусе, ки аз нишастани қатраҳои шабнам бар барги гули сурх падид меояд ба вазъ ва кайфияти махсусе, ки аз ҷамъ шудани донаҳои арақ бар чеҳраи шоҳиде хашмгин падид меояд дар ин шеъри Шайх:

Аввали урдибиҳишти моҳи ҷалолӣ,

Булбул гӯянда бар манобири қазбон.

Бар гули сурх аз нам уфтода лаолӣ

Ҳамчу арақ бар ъузори шоҳиди ғазбон.

Ва монанди ташбеҳи ҳолати дили сахти маъшуқ ва ашки ошиқ — ки фақат ашки фаровони ошиқ метавонад дили сахти маъшуқро такон бидиҳад ва таслим кунад — ба ҳолати сангҳои саҳро ва сел, ки фақат сел метавонад он сангҳоро аз ҷо биканад ва то лаби дарё биғалтонад, дар ин шеъри Хоҷа:

Дили сангини туро ашки ман овард ба роҳ,

Сангро сел тавонад ба лаби дарё бурд.

Ва албатта ҳар як аз ташбеҳ ва истиора ақсом ва анвоъи мутааддиде дорад, толибон бояд ба китобҳои фанни балоғат муроҷеа кунанд.

Чизе, ки тазаккураш дар ин ҷо лозим аст, ин аст, ки ташбеҳи содда ихтисос надорад ба мавриди эътибориёт ва тахайюлоти шоирона, балки дар мақоми баёни ҳақоиқ ва масоили назарӣ низ метавон аз он истифода кард, мисли ин ки вақте ки мехоҳем дар дарси ҷуғрофия шакли куравии замин ва фурӯрафтагиҳои қутбайнро ба осонӣ ба шогирд таълим диҳем, заминро ташбеҳ мекунем ба як себ, ки ҳам куравишакл аст ва ҳам дар ду тараф фурӯрафтагӣ дорад. Ва аммо ташбеҳи балиғ ва истиора ва тамсил ихтисос дорад ба тахайюлоти шоирона ва эътибориёт.

* * *

(2) Уламои адаб фарқ байни “ғалат” ва “маҷоз”-ро, ки “истиора” навъе аз он аст, аз роҳи вуҷуд ва адами “алоқа”-ҳои маҷозӣ баён мекунанд.

Тавзеҳ он ки: ба ақидаи уламои адаб ҳамвора дар истеъмолоти маҷозӣ, ки лафзе дар ғайри мавриди маънои аслии худ истеъмол мешавад, мебоист, ки байни маънои аслӣ ва маънои маҷозӣ як навъ алоқа ва робитаи хоссе аз қабили”мушобеҳат” ё “муҷовират” ё “сабабият ва мусаббибият” ва ғайра вуҷуд дошта бошад. Истиора — ки яке аз анвоъи маҷозот аст — он маҷозе аст, ки алоқае, ки дар он манзур шуда “алоқаи мушобеҳат” аст, ва ба ақидаи уламои адаб, вуҷуди ин алоқаҳост, ки маҷозҳоро аз ғалатҳо мутамойиз мекунад.

Ин фарқе, ки уламои адаб баён мекунанд қобили муноқиша аст, зеро дар “истиора” лузуме надорад, ки байни мушаббаҳ ва мушаббаҳун биҳи шабоҳати воқеӣ дар кор бошад. Масалан, агар мардеро ба “шер” ташбеҳ кунем, лузуме надорад, ки воқеан он мард дорои хислати шуҷоат бошад, балки мумкин аст мардеро, ки аз ҳамаи мардум заифтар ва тарсутар аст, мо рӯйи ангезаҳои шоиронаи худ ӯро ба шери қавипанҷа ташбеҳ кунем, ҳамон тавре ки ҳазорҳо ташбеҳот ва истиорот аз ин қабил дар калимоти шуаро мавҷуд аст, ва дар айни ҳол он гуфтаҳо лутфи шеърии худро ба ҳадди аъло доро мебошад, ҳатто он ки гуфта шудааст: “Аҳсануш-шеъри акзабуҳу” яъне ҳар андоза, ки шеър дурӯғтар ва аз воқеият дуртар бошад, некӯтар аст. Фақат чизе, ки ҳаст ин аст, ки дар ташбеҳот салоҳият ва шаънияти навъии “мушаббаҳ” мӯътабар аст. Яъне ташбеҳ ва истиора дар мавриде ҷоиз аст, ки мушаббаҳ ба ҳасби навъи худ, васфи манзурро дошта бошад. Масалан, чизеро мешавад ба шер дар шуҷоат ташбеҳ кард, ки аз навъи ҳайвон буда бошад, ва аммо чизе, ки аз навъи ҳайвон нест ва шоистаи нисбати шуҷоат нест, мисли як қитъа санг, ташбеҳаш ба шер дар шуҷоат ғалат аст.

* * *

(3) Дар “Чаҳор мақола”-и Арӯзии Самарқандӣ менависад, ки:

Аҳмад ибни Абдуллоҳоҳ ал-Хуҷистониро пурсиданд, ки ту марде харбанда (харбон) будӣ, ба амирии Хуросон чун афтодӣ? Гуфт: Ба Бодғис дар Хуҷистон рӯзе девони Ҳанзалаи Бодғисӣ ҳамехондам, бад-ин ду байт расидам:

Меҳтарӣ гар ба коми шер дар аст,

Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй.

Ё бузургию ъиззу неъмату ҷоҳ,

Ё чу мардон-т марг рӯёрӯй.

Доъияе дар ман падид омад, ки ба ҳеч ваҷҳ дар он ҳолат, ки будам, розӣ натавонистам буд. Харонро бифурӯхтаму асп харидам ва аз ватани хеш реҳлат кардам ва ба хидмати Алӣ ибни ал-Лайс (Саффорӣ) шудам… Аслу сабаб ин ду байт буд”.

Низ дар “Чаҳор мақола” менависад, ки:

Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, ки “воситаи ақд”-и Оли Сомон буд, зимистон ба дорулмулки Бухоро мақом кардӣ ва тобистон ба Самарқанд рафтӣ ё ба шаҳре аз шаҳрҳои Хуросон. Як сол навбати Ҳиро (Ҳирот) буд. Наср ибни Аҳмад рӯй ба Ҳиро ниҳод. Он ҷо лашкар баросуд ва ҳаво хуш буд ва бод сард ва нон фарох ва меваҳо бисёр ва машмумот фаровон, ва лашкаре аз баҳору тобистон бархӯрдории тамом ёфтанд аз умри хеш. Меҳргон даромад ва ъасир даррасид, инсоф аз наъими ҷавонӣ бистаданд. Чун Амир Наср меҳргон ва самароти ӯ бидид, азимаш хуш омад, зимистон он ҷо мақом карданд ва чун тобистон даромад, меваҳо даррасид, Наср ибни Аҳмад гуфт: Тобистон куҷо биравем, ки аз ин хуштар мақомгоҳ набошад, меҳргон биравем! Чун меҳргон даромад, гуфт: Меҳргони Ҳиро бихӯрем ва биравем. Ҳамчунон фасле ба фасле андохт, то чаҳор сол. Лашкар малул гаштанд ва орзуи хонумон бархост. Подшоҳро сокин диданд, ҳавои Ҳиро дар сари ӯ ва ишқи Ҳиро дар дили ӯ.

Пас сарони лашкар ба наздики Устод Абӯабдуллоҳ ар-Рӯдакӣ рафтанд, гуфтанд: Панҷ ҳазор динор туро хидмат кунем агар санъате кунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, ки дилҳои мо орзуи фарзанд ҳамебарад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳамебаромад. Рӯдакӣ қабул кард ва қасидае бигуфт ва ба вақте ки Амир сабуҳ карда буд даромад ва ба ҷойи хеш биншаст ва чун мутрибон фурӯ доштанд, ӯ чанг баргирифт ва дар пардаи ушшоқ ин қасида оғоз кард:

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нашоти рӯйи дӯст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Чун Рӯдакӣ бад-ин байт расид, Амир аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинг навбате овард ва рӯй ба Бухоро ниҳод, чунонки ронин ва мӯза ду фарсанг дар пайи Амир бурданд ба Буруна ва он ҷо дар пой кард ва ъинон то Бухоро ҳеч ҷой бознагирифт”.

Дар таърихи ҳамаи милал аз ин қабил достонҳо, ки муаррифи арзиши адабиёт аст зиёд аст. Таъсири адабиёт дар руҳия ва ахлоқ ва авзоъи зиндагонии башар ва дар таҳаввулоти таърихӣ, ки дар муҷтамаъи башари рух дода агар бештар аз таъсири ақлу истидлол набошад, камтар нест. Гоҳ иттифоқ меафтад, ки як шеър ё як зарбулмасал, ки фақат арзиши шеърӣ ва адабӣ дорад, як пояи руҳияи миллатеро ташкил медиҳад. Ба шаҳодати таърих, ғолиби таҳаввулот ва инқилоботи илмӣ ва фалсафӣ ва санъатӣ, ки дар дунё падид омада ба дунболи инқилобҳои адабӣ буда. Дар тамаддуни ҷадиди Урупо таъсири вуҷуди шуаро ва нависандагони бузурги кишварҳои урупоӣ, камтар аз таъсири вуҷуди уламои табиӣ ва риёзӣ ва фалосифа ва мухтареъин ва мукташифин набудааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: