Ислом ва Эронзамин (8)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (8)

Муборизаи эрониёни Яман бо гурӯҳе аз муртаддини араб

Қайс ибни Абдияғус, ки бо Фирӯз ва соири эрониёни муқими Яман бо Асвади каззоб мубориза мекард, пас аз даргузашти ҳазрати Расул муртад шуд ва бо Фирӯз ба ҷанг пардохт. Қайс ибни Абдияғус тасмим гирифт, ки нахуст Фирӯзро бикушад, зеро Фирӯз бо куштани каззоби Анасӣ дар миёни мардуми Яман шӯҳрате ба ҳам расонида буд ва аҳаммияти фавқулъодае барояш қоил буданд.

Қайс бо ҳила ва макр ва нақшаҳои шайтонӣ Фирӯзро шикаст дод ва бори дигар авзоъ ва аҳволи Яман, махсусан авзоъи мусалмонони эронӣ, парешон шуд ва мусалмонон ҳастаи марказӣ ва нигаҳбони ҳақиқӣ ва фидокори худро аз даст доданд.

Қайс ибни Абдияғус дар Яман аз се нафар мусалмон, ки ҳар се эронӣ буданд, тарс ва воҳима дошт ва инон иборат буданд аз: Фирӯз, Довудяҳ ва Ҷашиши Дайламӣ. Ҳангоме, ки хабари иртидоди Қайс ибни Абдияғус ба Мадина расид, Абӯбакр, ки тоза ба хилофат расида буд, ба чанд нафар нома навишт, ки аз Фирӯз ва мусалмонони эронӣ, ки мӯҷиби ҳалоки Асвади каззоб шуданд пуштибонӣ кунанд.

Қайс ҳангоме, ки шунид Абӯбакр чунин номае навишта, барои Зулкилоъ навишт, ки худ ва асҳобаш бо эрониён ҷанг кунанд ва ононро аз хоки Яман ихроҷ намоянд ва лекин Зулкилоъ ва ёронаш ба Қайс эътино накарданд ва пешниҳоди ӯро рад намуданд.

Қайс ҳангоме, ки дид касе ӯро ёрӣ намекунад, тасмим гирифт ба ҳар тариқ, ки шуда ҳарчанд бо макру фиреб, эрониёнро аз по дароварад ва Фирӯз, Довудяҳ ва Дайламиро, ки саркардагони онҳо ба шумор мераванд, бикушад.

Қайс барои асҳоби Асвади каззоб, ки дар кӯҳҳо пароканда буданд ва бо Фирӯз ва эрониён сахт душман буданд, даъватнома фиристод ва аз онон дархост намуд, ки бо Фирӯз ва эрониёни мусалмон ҷанг кунанд ва Қайсро ёрӣ намоянд. Дар асари ин даъват, ҷамоате аз асҳоби Асвади Анасӣ дар Санъо иҷтимоъ намуданд ва худро барои ҷанг бо эрониён омода сохтанд.

Дар ин ҳангом, аҳли Санъо аз ин ҷараён иттилоъ пайдо карданд ва аз асрор ва ҳақоиқи пушти парда, ки тавассути Қайс ибни Абдияғус анҷом мегирифт, мутталеъ шуданд.

Қайс бо Фирӯз ва Довудяҳ ба машварат пардохт ва бо макру ҳила авзоъ ва аҳволро бар онҳо воруна ҷилва дод ва аз ин ду нафар даъват кард, ки фардо бо ҳам ғизо бихӯранд. Инон низ даъвати вайро пазируфтанд ва қарор шуд дар мавъиди муқаррар дар манзили вай ҳозир шаванд.

Нахуст Довудяҳ ба хонаи Қайс ворид шуд ва билофосила тавассути гурӯҳе, ки қаблан омода шуда буданд, кушта шуд. Пас аз чанд лаҳза Фирӯз аз роҳ расид. Ҳамин ки вориди хона шуд, шунид, ки ду зан аз пушти бом бо ҳамдигар мегӯянд, ин мард ҳам алъон кушта хоҳад шуд, ҳамон тавр ки қабл аз расидани ӯ Довудяҳро куштанд.

Фирӯз пас аз шунидани ин сухан, билофосила аз манзил берун шуд ва ёрони Қайс чун инро диданд, вайро таъқиб карданд, лекин натавонистанд ӯро дарёбанд.

Фирӯз ба суръати тамом аз он атроф дур шуд ва дар байни роҳ Ҷашиши Дайламиро дид, ки вай барои ширкат дар ноҳор ба манзили Қайс меравад. Билофосила худро ба вай расонид ва ҷараёнро гуфт, ва бидуни диранг ҳар ду ба тарафи кӯҳи Хулон рафтанд ва дар он ҷо дар назди хешовандони Фирӯз қарор гирифтанд.

Фирӯз ва Ҷашиш ҳар ду аз кӯҳ боло рафтанд ва ёрони Қайс бо дидани ин вазъ муроҷиат намуданд. Дар ин ҳангом, ки Фирӯз аз Санъо берун шуда буд, бори дигар асҳоби Асвади Анасӣ ба фаъолият пардохтанд.

Пас аз истиқрори Фирӯз дар кӯҳи Хулон, гурӯҳе аз мусалмонони араб ва эронӣ бори дигар атрофи Фирӯзро гирифтанд. Фирӯз ҳамаи ин ҳаводисро ба Мадина гузориш дод.

Руасои қабоили араб аз ёрии Фирӯз ва эрониёни мусалмон даст бардоштанд ва роҳ бар Асвади каззоб гирифтанд. Қайс дастур дод, ҳамаи эрониёнро аз Яман ихроҷ кунанд ва ба онон дастур доданд ҳар чӣ зудтар ба сарзамини худ муроҷиат кунанд. Занон ва фарзандони Фирӯз ва Довудяҳро низ маҷбур карданд аз Яман берун раванд.

Ҳангоме, ки Фирӯз аз ин ҷараён иттилоъ пайдо кард, тасмим гирифт, ки бо Қайс ибни Абдияғус ҷанг кунад. Фирӯз барои чанд қабила аз аъроб навишт, ки вайро дар ҷанги муртаддин ёрӣ кунанд.

Дар ин мавқеъ гурӯҳе аз тоифаи Ақил, ки ба ҳимоят аз Фирӯз ва эрониён бархоста буданд, бар саворони Қайс, ки эрониёнро аз Яман берун мекарданд тохтанд ва эрониёнро аз дасти онон наҷот доданд.

Қабилаи Ак низ ба тарафдорӣ аз Фирӯз бапо хостанд ва муваффақ шуданд ҷамоати дигаре аз эрониёнро, ки дар асорати аъроби муртад қарор доштанд озод созанд. Қабилаи Ақил ва Ак муттафиқан мардони худро ба ёрии Фирӯз фиристоданд ва ҳамагон бар муртаддин, ки дар раъси онҳо Қайс қарор дошт, ҳамла оварданд. Дар натиҷа, Қайс ибни Абдияғус шикаст хӯрд ва аз майдони ҷанг фирор кард ва ёрони Асвади Анасӣ низ аз ҳам пошиданд.

Пас аз фирор кардани Қайс ва аз ҳам пошидани лашкариёни вай, худи ӯ саранҷом ба дасти муҳоҷирини Абиумайя асир шуд. Ӯро банд карда ба Мадина бурданд. Абӯбакр аз вай бозҷӯӣ кард, ки чаро Довудяҳи эрониро куштӣ? Гуфт: Ман ӯро накуштаам, вайро ба таври ниҳонӣ куштанд ва маълум нест кушандаи ӯ чӣ марде будааст. Абӯбакр низ сухани вайро пазируфт ва аз қатли ӯ даргузашт.

(Поёни қисмати аввали навиштаи оқои Аторудӣ. Қисмати дуввуми навиштаи эшон дар бахши дуввуми китоб зикр хоҳад шуд. Маохиз ва манобеи ин қисмат низ дар поёни он қисмат хоҳад омад.)

* * *

Чаро давлати сосонӣ шикаст хӯрд?

Масъалаи бархӯрди мусалмонон бо давлати Эрон ва саранҷом пирӯз шудани онон бар ҳукумати соcонӣ, яке аз масоиле буд, ки азамат ва воқеияти исломро дар назари эрониён беҳтар ҷилвагар месохт.

Дар рӯзгоре, ки мусалмонон бо давлати соcонӣ меҷангиданд, кишвари Эрон бо ҳамаи иғтишошот ва аз ҳам пошидагиҳое, ки дошт, аз назари низомӣ бисёр нерӯманд буд. Эрони он рӯз дар муқоиса бо мусалмонони он рӯз, тарафи нисбат набуд. Дар он замон ду қудрати дараҷаи аввал бар ҷаҳон ҳукумат мекард: Эрон ва Рум. Соири кишварҳо ё таҳти ҳимояти онҳо буданд ё боҷгузори онҳо. Эрониёни он рӯз чӣ аз назари сарбоз ва аслиҳа ва васоили ҷангӣ ва чӣ аз назари касрати ҷамъият ва чӣ аз назари озуқа ва таҷҳизот ва имконоти дигар, бартарии фавқулъодае нисбат ба мусалмонон доштанд. Мусалмонон ҳатто бо фунуни ҷангии он рӯз дар сатҳе, ки эрониён ва румиён ошно буданд, ошно набуданд. Мусалмонон фунуни ҷангиро ба таври комил намедонистанд, аз ин рӯ аҳаде дар он замон наметавонист он шикасти азими Эронро ба дасти мусалмонон пешбинӣ кунад.

Дар ин ҷо мумкин аст гуфта шавад, ки иллати пирӯзии мусалмонон, шӯри имонӣ ва ҳадафҳои равшан ва имон ва эътиқоди онҳо ба рисолати торихиашон ва итминони комил ба пирӯзӣ ва билохира имон ва эътиқоди муҳками онон нисбат ба Худо ва рӯзи ҷазо буд.

Албатта дар ин ки ин ҳақиқат дар ин пирӯзӣ хеле дахил будааст ҳарфе нест. Фидокориҳо ва ҷонбозиҳои онон ва суханоне, ки аз онон дар он вақтҳо боқӣ монда нишон медиҳад, ки имони онон ба Худо ва қиёмат ва сидқи рисолати Набии Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва рисолати торихии худашон, комил будааст. Мӯътақид будаанд ҷуз Худоро набояд парастиш кард ва миллатҳоеро, ки ғайри Худоро ба ҳар шакл ва ҳар сурат парастиш мекунанд, бояд наҷот дод. Барои худ рисолате қоил будаанд, ки тавҳиди илоҳӣ ва адли иҷтимоиро барқарор кунанд, табақоти мазлумро аз чанги табақоти ситамгар раҳо созанд.

Суханоне, ки дар мавоқеи мухталиф дар мақоми ташреҳи ҳадафҳои худ гуфтаанд, нишон медиҳад, ки сад дар сад огоҳона гом бармедоштаанд ва ҳадафи мушаххас ва муайяне доштаанд ва воқеан ба тамоми маъно наҳзатеро раҳбарӣ мекардаанд. Воқеан ончунон будаанд, ки Алӣ алайҳис-салом тавсиф мекунад:

وحملوا بصائرهم على اسيافهام

Ҳамоно бинишҳои равшани хешро бар дӯши шамшерҳои хеш ҳамл мекарданд”. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 148) Аммо ҷирахорони истеъмор ноҷавонмардона наҳзати исломиро дар радифи ҳамлаи Искандар ва муғул қарор медиҳанд.

Вале танҳо қудрати руҳӣ ва имонии онон кофӣ набуд, ки чунин футуҳоте насиби онҳо бишавад. Ҳар чӣ бошад, маҳол аст ҷамъияти каме, он ҳам бо он шароите, ки гуфтем, битавонад бо ҳукумате ҳамчун ҳукумати соcонӣ муқобила кунад ва онро ба куллӣ маҳву нобуд созад.

Ҷамъияти он рӯзи Эронро дар ҳудуди 140 милюн тахмин задаанд, ки гурӯҳи бешуморе аз онон сарбоз буданд, ва ҳол он ки тамоми сарбозони ислом дар ҷанги Эрону Рум ба шаст ҳазор нафар намерасиданд ва вазъ тавре буд, ки агар масалан эрониён ақибнишинӣ мекарданд, ин ҷамъият дар миёни мардуми Эрон гум мешуданд, вале бо ин ҳама — чунонки гуфтем — ҳукумати соcонӣ ба дасти ҳамин идда барои ҳамеша маҳву нобуд шуд.

Пас, иллати асосии шикасти Эронро дар ҷойи дигаре бояд ҷустуҷӯ кунем.

* * *

Норозӣ будани мардум

Ҳақиқат ин аст, ки муҳимтарин омили шикасти ҳукумати соcониро бояд норозӣ будани эрониён аз вазъи давлат ва ойин ва русуми иҷҳофомези он замон донист.

Ин нукта аз назари муаррихони шарқӣ ва ғарбӣ мусаллам аст, ки режими ҳукумат ва авзоъи иҷтимоӣ ва динии он рӯз ба қадре фосид ва хароб буд, ки тақрибан ҳамаи мардум аз он норозӣ буданд.

Ин норизоӣ ношӣ аз ҷараёнҳои чанд соли ахир баъд аз Хусрави Парвиз набуд, зеро агар руҳи мардуме ба асоси як режим ё як ойин хушбин бошад, норизоии муваққат сабаб намешавад, ки ҳангоме, ки душмани муштарак рӯ меоварад, он мардум наҷанганд. Баръакс, агар руҳи миллӣ зинда бошад, ҳарчанд авзоъи зоҳир хароб бошад, дар ин гуна мавоқеъ миллат худро ҷамъу ҷур мекунад, ихтилофоти дохилиро канор мегузорад ва якдаст ба дафъи душмани муштарак мепардозад, ҳамчунонки назири онро дар торих зиёд дидаем.

Маъмулан, ҳуҷуми душман сабаби иттиҳоди бештар ва аз миён рафтани ихтилофоти дохилӣ мешавад, аммо ин ба шарте аст, ки як руҳи зинда дар он мамлакат — ки аз мазҳаб ё ҳукумати онон сарчашма бигирад — вуҷуд дошта бошад.

Дар асри худамон мебинем, ки аъроб бо он ҳама ихтилофот ва тафриқаҳо, ки дар миёнашон ҳаст ва истеъмор ҳам онро доман мезанад, вуҷуди душмани муштарак, яъне “Исроил”, омили ваҳдати онҳо шудааст, қувваҳои ононро тадриҷан ҷамъу ҷур мекунад, шуъури онҳоро якдаст мекунад. Ин худ далел аст, ки як руҳи зинда дар ин миллат вуҷуд дорад.

Иҷтимои он рӯзи Эрон як иҷтимои табақотии аҷибе буд бо ҳамаи осоре, ки дар ин гуна иҷтимоъот ҳаст, то он ҷо, ки ҳатто оташкадаҳои табақоти мухталиф бо ҳам фарқ дошт. Фарз кунед, ки миёни мо масоҷиди ағниё аз масоҷиди фуқаро ҷудо бошад, чӣ руҳе дар мардум бедор мешавад?! Табақот баста буд, ҳеч кас ҳақ надошт аз табақае вориди табақаи дигар бишавад. Кешу қонуни он рӯз ҳаргиз иҷоза намедод, ки як баччаи кафшдӯз ва ё коргар битавонад босавод бишавад. Таълим ва таъаллум танҳо дар инҳисори аъёнзодагон ва мӯбадзодагон буд.

Дини Зартушт дар асл ҳар чӣ буд, ба қадре дар дасти мӯбадҳо фосид шуда буд, ки миллати боҳуши Эрон ҳеч гоҳ наметавонист аз рӯйи самими қалб ба он ақида дошта бошад ва ҳатто — он чунонки муҳаққиқон гуфтаанд — агар ҳам ислом дар он вақт ба Эрон наомада буд, масеҳият тадриҷан Эронро мусаххар мекард ва зартуштигариро аз миён мебурд. Равшанфикрон ва босаводони он рӯзи Эрон ва ҳамчунин марокизи илмӣ ва фарҳангии Эрони он рӯзро масеҳиён ташкил медодаанд, на зартуштиён. Зартуштиён ончунон дучори ғурур ва таассубҳои хушк ва суннатҳои ғалат буданд, ки наметавонистанд дар бораи илм ва фарҳанг ва адолат ва озодӣ биандешанд. Ва дар воқеъ масеҳият беш аз зартуштигарӣ аз вуруди ислом ба Эрон зиён дид, зеро заминаи бисёр муносиберо аз даст дод.

Беалоқагии мардуми Эрон нисбат ба ҳукумат ва дастгоҳи динӣ ва руҳонияташон, сабаб мешуд, ки сарбозони онҳо дар ҷангҳо бо майлу рағбат алайҳи мусалмонон наҷанганд ва ҳатто дар бисёре аз маворид ба онҳо кӯмак кунанд.

Эдворд Броун (Edward Browne) дар ҷилди аввали “Торихи адабии Эрон”, сафҳаи 299 мегӯяд:

Ин масъала (оё ислом ба зӯр ба Эрон таҳмил шуда ё эрониён ба рағбат исломро пазируфтаанд?)-ро профессор Орнулд, устоди дорулфунуни Алигар, дар китоби нафиси худ дар бораи таълимоти ислом, ба ваҷҳи бисёр хубе собит намудааст. Орнулд ба бетобии мӯбадони бегузашти зартуштӣ ишора мекунад ва мегӯяд, мӯбадон на танҳо нисбат ба уламои соири адён, балки дар баробари куллияи фирқаҳои мухолифи Эрон ва монавиён ва маздакиён ва урафои масеҳӣ (гинустик) ва амсоли онҳо таассуб нишон медоданд ва бад-ин сабаб ба шиддат мавриди бемеҳрӣ ва нафрати ҷамоатҳои зиёде қарор гирифта буданд. Рафтори ситамгаронаи мӯбадон нисбат ба пайравони соири мазоҳиб ва адён сабаб шуд, ки дар бораи ойини Зартушт ва подшоҳоне, ки аз мазолими мӯбадон ҳимоят мекарданд, ҳисси буғз ва кинаи шадид дар дили бисёре аз шаҳрвандони Эрон барангехта шавад ва истилои араб ба манзилаи наҷот ва раҳоии Эрон аз чанголи зулм талаққӣ гардад”.

Эдворд Броун сипас ба суханони худ чунин идома медиҳад:

… Ва мусаллам аст, ки қисмати аъзами касоне, ки тағйири мазҳаб доданд, ба тиби хотир ва ба ихтиёр ва иродаи худашон буд. Пас аз шикасти Эрон дар Қодисия, филмасал чаҳор ҳазор сарбози дайламӣ (наздики баҳри Хазар) пас аз мушовира тасмим гирифтанд ба майли худ ислом оваранд ва ба қавми араб мулҳақ шаванд. Ин идда дар тасхири Ҷалуло ба тозиён кӯмак карданд ва сипас бо мусалмонон дар Куфа сукунат ихтиёр карданд ва ашхоси дигар низ гурӯҳ-гурӯҳ ба ризо ва рағбат ба ислом гаравиданд…

Қонун ва ойин ва ҳукумати Эрон муқорини зуҳури ислом тавре буд, ки қотибаи миллати Эронро вомедошт барои мутобеат аз ҳукумат ва ойини тозае худро омода кунанд, ва ба ҳамин ҷиҳат буд, ки вақте Эрон ба дасти мусалмонон фатҳ шуд, мардуми Эрон илова бар ин ки аксуламали мухолифе аз худ нишон надоданд, худ барои пешрафти ислом заҳамоти тоқатфарсое кашиданд.

Оқои дуктур Соҳибуззамонӣ дар китоби “Дебочае бар раҳбарӣ” мегӯянд:

Тӯдаҳои мардум на танҳо дар худ дар баробари ҷозибаи ҷаҳонбинӣ ва идеулужии зидди табъизи табақотии ислом муқовимате эҳсос намекарданд, балки дуруст дар ормони он ҳамон чизеро меёфтанд, ки қарнҳо ба баҳои оҳу ашку хун харидор ва ҷоннисор ва муштоқи он буданд ва аташи онро аз қарнҳо дар худ эҳсос мекарданд…” (Дебочае бар раҳбарӣ, с.255)

Тӯдаҳои насли аввали Эрон дар садри ислом, дар баробари ормони раҳоибахши ойини нав на танҳо бо шиорҳои таблиғотии мардумфиреби хушзоҳири беботин рӯ ба рӯ нагаштанд, на танҳо фақат Паёмбари ислом борҳо тасреҳ карда буд, ки: “Ман инсоне ҳамонанди шумо ҳастам” ва ё: “Байни сиёҳи ҳабашӣ ва сайиди қурайшӣ ҷуз ба парҳезкорӣ ва тақво тафовуте вуҷуд надорад”, балки амалан низ равиши ҳукумати хулафои рошидин бавижа Алиро дар ҳадди хобу хаёли афсонаомезе, бепироятар аз он чӣ худ мехостанд ва орзуяшро дар дил доштанд содда ёфтанд… Яке аз ҳассостарин лаҳазоти бархӯрди ин ду ҷаҳонбинӣ (бархӯрди суннати мунҳатти соcонӣ ва ойини нав ислом)-ро дар басиҷи Алӣ ҳангоми лашкаркашӣ ба Шом бо кишоварзони озодшудаи эронии шаҳри Анбор бар соҳили Фурот меёбем. Ин бархӯрд мӯҷиби тақрири яке аз шевотарин ва такондиҳандатарин хутбаҳои Алӣ аст, ки аз ин пешвои беназири торихи ҷаҳондорӣ ва сиёсат, барои ҳамеша барои ибрати раҳбарони ояндаи ҷаҳон бар ҷой мондааст… Нерӯи Ироқ ба сӯйи Шом басиҷ карда буд, деҳқонони шаҳри зебои Анбор бар соҳили Фурот ба ойини Эрони қадим саф баста буданд, то мавкиби ҳумоюни Амири мӯъминонро истиқбол кунанд. Чун навбат расид, пеш давиданд. Алиро, ки аз сарбозони дигар имтиёзе надошт, бо ҳалҳала ва шодбош ва шодӣ талаққӣ карданд. Он пешвои бузург аз расми таъзиму такрими эрониён нисбат ба пешвои хеш бо баёне пурлутф инчунин интиқод мекунад: “Парвардгори Мутаъол аз ин амал розӣ нест… Дар назари Амирулмӯъминин ҳам сахт нописанд ва макруҳ аст, аҳрор ва озодагон низ ҳаргиз ба чунин нанге тан дарнамедиҳанд… Фикр кунед оё хирадманд хашми Худовандро ба баҳои машаққат ва заҳмати хеш харидор аст?…” (Ҳамон манбаъ, с.267-27)

Оқои дуктур Соҳибуззамонӣ сипас чунин мегӯяд:

Ислом нуқтаи атферо дар фалсафаи раҳбарии тӯдаҳо ба миён кашида буд; “шубон”-ро барои ҳиросати “гала” медонист, на галаро барои итфои хуношомии шубони гургсират. Ислом ҳамосаи озодии тӯдаҳо ба шумор мерафт. Раҳбар барои мардум ё мардум барои раҳбар? Ин буд пурсиши тозае, ки ислом дар баробари фалсафаи сиёсии дунёи қадим ва Эрони соcонӣ ба вуҷуд оварда буд. Дар ҷангҳои ҳафтсадсолаи Эрон ва Рум ҳеч гоҳ чунин масъалае дар баробари тӯдаҳо матраҳ нагашта буд. Сиёсати худкомаи ҳар ду имперотурӣ яке буд: мардум барои раҳбар, тӯдаҳо фидои табақоти мумтоз (Ҳамон манбаъ, с.272)

Боргоҳи бепирояи Алӣ дар Куфа қарор дошт ва маволӣ ва эрониён бо он тамоси наздик доштанд. Соддагии онро танҳо ба васф намешуниданд, балки бо дидагони хеш ба хубӣ медиданд. Аз ин рӯ агар тӯдаҳои ситамдидаи эронӣ бад-ин даъват лаббайк гуфтанд, шигифтӣ надорад..” (Ҳамон манбаъ, с.323)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: