Фалсафа ва равиши реализм (73)

Идрокоти эътиборӣ (4)

Матни китоб:

Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад:

1. Ин маъонии ваҳмӣ дар зарфи “таваҳҳум” мутобақ доранд, агарчӣ дар зарфи хориҷ мутобақ надоранд. Яъне дар зарфи тахайюл ва таваҳҳум масалан инсон мисдоқи шер ё моҳ аст, агарчӣ дар зарфи хориҷ чунин нест. Яъне дар пиндор ҳадди шер ё моҳ ба инсон дода шуда агарчӣ дар хориҷ аз он як мавҷуди дигаре аст (1);

2. Ин масодиқи тоза дорои ин ҳудуд ҳастанд то ҷое, ки эҳсосот ва ангезаҳо мавҷуданд, ва бо аз миён рафтани онҳо, аз миён мераванд ва бо табаддули онҳо мутабаддил мешаванд, чунонки масалан метавон рӯзе як фарди инсонро аз рӯйи эҳсосоти вижа “шер” тасаввур кард ва рӯзе дигар ба воситаи бурузи эҳсосоти дигаре “муш” қарор дод. (2) Пас, ин маъонӣ қобили тағйир мебошанд ва бо табдили авомили вуҷудии худ (эҳсосоти дарунӣ) мутабаддил мешаванд;

3. Ҳар як аз ин маъонии ваҳмӣ рӯйи ҳақиқате устувор аст (3), яъне ҳар ҳадди ваҳмиро, ки ба мисдоқе медиҳем, мисдоқи дигари воқеӣ низ дорад, ки аз он ҷо гирифта шуда. Масалан, агар инсонеро “шер” қарор додем, як шери воқеӣ низ ҳаст, ки ҳадди шер аз они ӯст;

4. Ин маъонии ваҳмӣ дар айни ҳол, ки ғайри воқеӣ ҳастанд, осори воқеӣ доранд, пас метавон гуфт, агар яке аз ин маъонии ваҳмӣ фарз кунем, ки асари хориҷӣ (муносиб бо асбоб ва авомили вуҷуди худ) надошта бошад, аз навъи ин маъонӣ набуда ва ғалати ҳақиқӣ ё дурӯғи ҳақиқӣ хоҳад буд (лағв, беасар). Пас ин маъонӣ ҳеч гоҳ лағв нахоҳад буд.

* * *

Таълиқот:

(1) Амали “ташбеҳ” ва “истиора” ба ҳукми ғариза ва фитрат дар миёни тамоми афрод ва тавоиф ва қабоили башар маъмул буда ва мебошад, тамоми мардум ҳамвора дар назму насри худ ба кор бурда ва мебаранд ва амалан байни мардум дар ба кор бурдан ва ба кор набурдани ташбеҳот ва истиорот ихтилофе нест, вале уламои адаб дар мақоми тавҷеҳ илмӣ ва баёни моҳияти ин амали ғаризӣ бо якдигар ихтилоф доранд.

Ҷумҳури уламои адаб қабл аз Саккокӣ истиораро аз шуъуни алфоз медонистанд ва мӯътақид буданд, ки истиора ҷуз нақли макон додани алфоз ва ба кор бурдани лафзе ба ҷойи лафзи дигар ба воситаи алоқаи мушобеҳат байни маъонии он ду лафз чизе нест. Масалан, инсон ҳангоме ки мехоҳад бифаҳмонад фалон шахсе, ки меояд шуҷоати шер дорад, ба ҷойи он ки номи худашро бибарад, мегӯяд: “Шер омад”. Яъне калимаи “шер”-ро, ки номи он ҳайвони махсус аст ва зарбулмасали шуҷоат аст, ба ҷойи номи худи он шахс мегузорад ва бо он лафзи “ориятӣ” аз он шахс таъбир мекунад. Пас, моҳияти истиора иборат аст аз ба кор бурдани лафзе ба ҷойи лафзи дигаре, ки байни маънои он ду лафз мушобеҳат вуҷуд дорад, ба манзури исботи яке аз авсофи яке аз ин ду барои дигарӣ.

Вале Саккокӣ (вафотёфтаи қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ) мӯътақид шуд, ки истиора аз шуъуни алфоз нест, балки аз шуъуни маъонӣ аст. Яъне аз аъмоли махсуси зеҳн аст ва дар мавриди амали истиора ҳеч гоҳ лафз аз ҷойи худ такон намехӯрад ва дар ғайри маънои аслии худ истеъмол намешавад. Истиора ҳақиқатан як амали нафсонӣ ва зеҳнӣ аст, яъне инсон дар зеҳни худ фарз ва эътибор мекунад, ки “мушаббаҳ” яке аз масодиқи “мушаббаҳун биҳи” аст ва хориҷ аз онҳо нест ва ҳадд ва моҳияти мушаббаҳун биҳиро дар тахайюли худ мунтабиқ ба мушаббаҳ мекунад. Ҳамвора бинои муҳовираи башар дар мақоми таъбир ва илқои матлаб ба мухотаб, бар ин аст, ки мутакаллим дар зимни каломи худ муддаӣ аст, ки “мушаббаҳ” асосан аз масодиқи “мушаббаҳун биҳи” аст. Қароини лафзӣ ва муҳовироти умумии башар таъйидкунандаи ин матлаб аст. Масалан, дар мисоли гузашта, ҳангоме ки инсон дар ҳоле ки шахси муайянеро мавриди ишора қарор медиҳад ва ба мухотаби худ мегӯяд: “Шер меояд”, як ҷумла ба ҷойи ду ҷумла ба кор бурдааст: яке ин ки: “Фалон шахс меояд” ва дигар он ки: “Фалон шахс мисдоқи моҳияти шер аст ва ҳадди шер бар ӯ мунтабиқ аст”. Муфоди ҷумлаи зимнии дуввум, ки фарз ва эътибори шер будани як нафар инсон аст (ба ҳасби фарз ва эътибори мутакаллим) моҳияти истиораро ташкил медиҳад.

Баъд аз Саккокӣ иддае аз уламои адаб ин назарияро пазируфтаанд ва албатта ин назария танҳо ҷанбаи адабӣ дорад ва моҳияти “истиора”-ро, ки амали махсусе аст ва сару кор бо муҳовирот ва муколимот дорад тавҷеҳ мекунад, вале ҳангоме ки амали зеҳн ва тарзи андешасозии нафсро дар мавриди мутлақи “эътибориёт” мавриди мутолеаи дақиқ қарор медиҳем, назарияи Саккокиро дуруст мебинем. Ин аст маънои ҷумлаи матн, ки мегӯяд: “Дар пиндори худ ҳадди чизеро ба чизи дигар медиҳем”.

* * *

(2) Тағайюр ва табаддули афкор ва тасаввуроти эътиборӣ, чӣ дар эътибориёти ахлоқӣ ва чӣ дар эътибориёти иҷтимоӣ ва чӣ дар эътибориёти шеърӣ, зиёд аст ва усули куллии ин тағйирот ба тадриҷ дар тайи худи мақола хоҳад омад. Аз ҳама мутағайиртар эътибориёти шеърӣ аст, ки шояд натавон таҳти зобити куллӣ даровард. Шоир аз он ҷиҳат, ки шоир аст ва сару кораш аз тарафе бо эҳсосот ва аз тарафе бо қувваи мутахайила аст, ҷаҳонро ва он чӣ дар он аст ҳамвора бо нерӯи тахайюл ва бо айнаки эҳсосот ва тамоюлоти махсуси худ мебинад.

Қазоватҳои шоирона дар мавриди ҳар чизе, ҳамвора аз равобити маънавии шоир ва он чиз ҳикоят мекунад, на аз авсофи воқеии он чиз. Ва ба иборати дигар, афкори шоирона инъикоси воқеияти хориҷӣ нест, балки инъикоси эҳсосоти дарунии худи шоир аст. Эҳсосоти дарунии шоир ба ҳасби авзоъ ва аҳвол, мухталиф аст, ва аз ин рӯ қазоватҳои шоирона дастхуши ҳамин ихтилофот аст; ба хилофи қазоватҳои ақлонӣ ва назарӣ, ки аз нуфузи ин авомил озод аст. Шоир таҳти таъсири эҳсосоти вижа ва нерӯи тахайюл, кӯҳеро коҳ ва коҳеро кӯҳ мебинад, дар як ҳол чизеро дар камоли ҳусн ва зебоӣ ва дар ҳоли дигар ҳамон чизро дар ниҳояти зиштӣ ва ноҳинҷорӣ мебинад ва ҳамчунин…

Мутобиқи нақли Арӯзии Самарқандӣ, ҳангоме ки Фирдавсӣ ҳанӯз “Шоҳнома”-ро пеши Султон Маҳмуд набурда буд ва умеди ҳимоят ва мусоидат аз ӯ дошт, ин ашъорро дар васфи Султони Ғазнавӣ суруд:

Ҷаҳондор — Маҳмуд, шоҳи бузург 

Ба обишхур орад ҳаме мешу гург.

Зи Кашмир то пеши дарёи Чин

Бар ӯ шаҳрёрон кунанд офарин.

Чу кӯдак лаб аз шири модар бишуст,

Ба гаҳвора “Маҳмуд” гӯяд нахуст.

Ту низ офарин кун, ки гӯяндаӣ,

Бад-ӯ номи ҷовид ҷӯяндаӣ.

Напечад касе сар зи фармони ӯй,

Наёрад гузаштан зи паймони ӯй...

То ин ки мегӯяд:

Ба тан жандапилу ба ҷон Ҷабраил, 

Ба каф абри баҳман, ба дил рӯди Нил.

Вале пас аз он ки “Шоҳнома”-ро пеши Султон Маҳмуд бурд ва ҳосидон сиоят карданд ва гуфтанд “ӯ марде рофизӣ аст ва далели рофизӣ буданаш ҳам ин аст, ки дар оғози “Шоҳнома” аз аҳли байти пайғамбар ном бурда” ва султон инояте ба Фирдавсӣ накард, Фирдавсӣ сад байт дар ҳиҷои шоҳи Ғазнавӣ суруд ва баъдҳо дар асари хоҳиши Сипаҳбуд Шаҳриёр, подшоҳи Табаристон, он ашъорро маҳв кард. Ин абёт аз он ҷумла аст:

Парасторзода наёяд ба кор,

Агарчанд бошад падар шаҳриёр…

Ба тангӣ набуд шоҳро дастгоҳ,

Вагарна маро барнишондӣ ба гоҳ.

Чу андар табораш бузурге набуд,

Надонист номи бузургон шунуд.

* * *

(3) Калимаи “ҳақиқӣ” бар афкор ва идрокоти назарӣ аз он ҷиҳат итлоқ мешавад, ки ҳар як аз онҳо тасвири як амри воқеӣ аст ва ба манзилаи аксе аст, ки аз як воқеият бардошта шуда. Ва аммо бар афкор ва идрокоти амалӣ ва эътиборӣ калимаи “ваҳмӣ” итлоқ мешавад. Ва ин аз он ҷиҳат аст, ки ҳеч як аз он идрокот тасвир ва инъикоси як амри воқеӣ нест ва аз як воқеият ҳикоят намекунад ва мисдоқе ҷуз он чӣ инсон дар зарфи таваҳҳуми хеш фарз намуда надоранд.

Нуктае, ки тазаккураш лозим аст ин аст, ки мумкин аст баъзе чунин бипиндоранд, ки мафоҳими эътиборӣ (масалан, мафҳуми моликият ва мамлукият) чун мафоҳими фарзӣ ва қарордодӣ ҳастанд ва мутобақи хориҷӣ надоранд, пас сирфан ибдоъӣ ва ихтироъӣ ҳастанд, яъне азҳон аз пеши худ бо як қудрати халлоқаи махсусе ин маъониро вазъ ва халқ мекунанд. Вале ин тасаввур саҳеҳ нест, зеро ҳамон тавре ки дар мақолаи 5 гуфтем, қувваи мудрика чунин қудрате надорад, ки аз пеши худ тасвире бисозад — аъамм аз он ки он тасвир мисдоқи хориҷӣ дошта бошад (ҳақоиқ) ё надошта бошад (эътибориёт) — ва ҳамон тавре ки дар он мақола машруҳан баён шуд, модоме ки қувваи мудрика бо як воқеияте иттисоли вуҷудӣ пайдо накунад, наметавонад тасвире аз он бисозад ва фаъолияте, ки зеҳн аз худ нишон медиҳад, иборат аст аз анвоъи тасарруфоте, ки дар он тасвирот менамояд аз қабили ҳукм ва таҷрид ва таъмим ва таҷзия ва таркиб ва интизоъ.

Ин ҷо мумкин аст ин ишкол ё суол ба назар бирасад, ки он зобитаи куллӣ, ки дар мақолаи 5 баён шуд, дар мавриди “идрокоти ҳақиқӣ” содиқ аст ва дар “эътибориёт” содиқ нест, зеро ҳамон тавре ки дар боло ишора шуд, ҳақоиқ мисдоқи воқеӣ доранд ва пайдоиши онҳоро аз роҳи иттисоли вуҷудии қувваи мудрика бо мисдоқҳои воқеӣ метавон тавҷеҳ кард, ба хилофи эътибориёт, ки мисдоқи воқеӣ надоранд, пас оё метавон гуфт, ки зеҳн мафоҳими эътибориро аз пеши худ вазъ ва халқ мекунад? Посухи ин ишкол возеҳ аст. Зеро чунонки ба тадриҷ дар зимни мақола маълум хоҳад шуд, ҳеч як аз идрокоти эътиборӣ аносури ҷадид ва мафҳумоти тозае дар муқобили идрокоти ҳақиқӣ нестанд, ки оризи зеҳн шуда бошанд ва мо ночор бошем роҳи вуруди онҳоро ба зеҳн тавҷеҳ кунем, балки ҳақиқат ин аст, ки ҳар як аз мафоҳими эътибориро, ки дар назар бигирем, хоҳем дид бар рӯйи ҳақиқате устувор аст, яъне як мисдоқи воқеӣ дорад ва нисбат ба он мисдоқ ҳақиқат аст ва ориз шудани он мафҳум барои зеҳн аз роҳи ҳамон мисдоқи воқеӣ аст. Чизе, ки ҳаст, мо барои вусул ба манзур ва мақсудҳои амалии худ, дар зарфи таваҳҳуми худ чизи дигареро мисдоқи он мафҳум фарз кардаем ва он мисдоқ ҷуз дар зарфи таваҳҳуми мо мисдоқи он мафҳум нест. Ва дар ҳақиқат ин амали хосси зеҳнӣ, ки мо номашро “эътибор” гузоштаем, як навъ баст ва густарише аст, ки зеҳн рӯйи авомили эҳсосӣ ва ангезаҳои ҳаётӣ дар мафҳумоти ҳақиқӣ медиҳад ва ин худ як навъ фаъолият ва тасарруфе аст, ки зеҳн бар рӯйи аносури идрокӣ менамояд. Ва фарқи ин фаъолият ва тасарруфи зеҳнӣ бо тасарруфоте, ки дар мақолаи 5 шарҳи онҳо рафт, ин аст, ки ин тасарруф таҳти таъсири тамоюлоти дарунӣ ва эҳтиёҷоти зиндагонӣ (ба таври иродӣ ё ғайри иродӣ) воқеъ мешавад ва бо тағйири онҳо тағйир мекунад; ба хилофи он тасарруфот, ки аз нуфузи ин авомил озод аст. Бинобар ин, мафоҳими эътиборӣ аз мафоҳими ҳақиқӣ иқтибос шудааст ва ҳамон тавре ки дар мақолаи 4 гуфта шуд, ки хатои мутлақ надорем ва ҳар хатое аз саҳеҳе пайдо шудааст, эътибор ва фарзи мутлақ ҳам надорем, тамоми мафоҳими эътиборӣ аз мафоҳими ҳақиқии ҳиссӣ ё интизоъӣ иқтибос шудааст ва ин аст маънои ҷумлаи он матн, ки: “Ҳар як аз ин маъонии ваҳмӣ рӯйи ҳақиқате устувор аст”. Ва албатта дарки ин матлаб дар мавриди эътибориёти шеърӣ (мисоли “Шер меояд”) возеҳ аст ва дар мавриди эътибориёти амалӣ ва иҷтимоӣ низ бо баёнҳое, ки ба тадриҷ дар матн ва поварақиҳо мешавад, ин матлаб возеҳ хоҳад шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: