Шарҳи Маснавӣ (187)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (13)

* * *

Бозгуфтани бозаргон бо тӯтӣ он чӣ дид аз тӯтиёни Ҳиндустон (2)

* * *

Бе шарике, ҷумла махлуқи Худост,

Он маволид, арчи нисбатшон ба мост.

Он афъол агарчӣ ба мо нисбат дода мешавад, аммо ҷумлаи он афъол бе он ки касе дар вуқӯи он дахил ва шарик бошад, махлуқи Худованд аст. Яъне ҳамаи осор ва афъоли мо маълули феъли Ҳақ аст ва ӯст, ки онҳоро эҷод кардааст. Агарчӣ аз як ҷиҳат, нисбати он натоиҷ ба мо ҳам воқеият дорад. Зеро он афъол аз мо содир шудааст.

Зайд парронид тире сӯйи Амр,

Амрро бигрифт тираш ҳамчу намр.

Ба унвони мисол, Зайд тире ба сӯйи Амр партоб мекунад. Он тир ҳамонанди паланги тезчанг Амрро фурӯ мегирад ва бар асари ин тир Амр маҷрӯҳ мешавад.

Намр: Паланг, сурати аслии он “намир” аст, ки бино ба зарурати қофия ба сурати мазкур омадааст.

Нукта: Тамсили Мавлоно дар бораи Зайди тирандоз ва ҳудуси олому марги Амр, ки тир хӯрдааст, айнан дар китоби “Алиршод” (таълифи Имомулҳарамайн Абулмаъолӣ Абдуллоҳ ибни Абӯмуҳаммад Абдулмалики Ҷувайнӣ, вафот дар соли 478 ҳиҷрӣ) омадааст.

Аз ин ҷо ба баъд Мавлоно вориди баҳсе каломӣ мешавад ва тамсил ва истинтоҷи ӯ мувофиқи машраби Ашъариён аст, ки инсонро холиқи афъолаш намедонанд, балки касбкунандаи он медонанд. Аммо восилони Ҳақро аз он рӯ, ки мазҳар ва маҷлои асмо ва сифоти илоҳӣ ҳастанд, мухтори комил мешумуранд. Дар ин ҷост, ки машраби Мавлоно аз машраби Ашъариён низ ҷудо мешавад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.529)

Муддати соле ҳамезоид дард,

Дардҳоро офаринад Ҳақ, на мард.

Ин захм муддатҳо мӯҷиби дарду ранҷи Амр мешавад. Ин дардҳоро Ҳақ Таъоло падид овардааст, на инсон.

Зайди ромӣ, он дам ар мурд аз ваҷал,

Дардҳо мезояд он ҷо то аҷал.

Агар Зайди тирандоз дар зимни тирандозӣ аз тарс ҷон супурад, яъне пеш аз он ки тир ба Амр исобат кунад Зайд бимирад ва лаҳзае баъд аз марги Зайд тир ба Амр бирасад, дар ин сурат, дарду ранҷе, ки аз захмҳои Амр тавлид шуда, зодаи феъли Ҳақ аст, на амали Зайд, зеро Зайд дигар вуҷуд надорад, ки маншаи асаре бошад.

Ромӣ: Тирандоз. Ваҷал: Тарс.

З-он маволиди ваҷаъ чун мурд ӯ,

Зайди ромӣ з-ин сабаб қаттол гӯ.

Вале агар бар асари дарду захме, ки бар ҷони Амр ворид омада ӯ бимирад, аз он рӯ, ки ибтидо тирро Зайд ба сӯйи ӯ афканда, пас қотили Амр ҳамон Зайд аст.

Ваҷаъ: Дард.

Он ваҷаъҳоро бад-ӯ мансуб дор,

Гарчи ҳаст он ҷумла сунъи Кирдгор.

Ҳарчанд ҳамаи он дардҳо ва захмҳо сохтаи қудрат ва машиати илоҳист, вале чун он дардҳо аз исобати тири Зайд дар ҷисму ҷони Амр падид омада, пас бояд мусаббиби онро худи Зайд бидонем.

Ҳамчунин кишту даму дому ҷимоъ,

Он маволид аст Ҳақро мустатоъ.

Афъоле назири зироат ва нафас кашидан ва дом густардан ва омезиши ҷинсӣ кардан ва ҷуз онҳо, ҷумлагӣ тибқи қудрат ва машиати илоҳӣ падид омадаанд.

Нукта: Бино ба қавли Ашъариён, исноди афъоли инсон ба ӯ, нисбати касб аст, на халқ, Худо холиқи афъол аст ва инсон косиби афъол. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.529)

Авлиёро ҳаст қудрат аз Илоҳ,

Тири ҷаста боз орандаш зи роҳ.

Дар ин ҷо гуфтори Мавлоно аз сибғаи каломи ашъария хориҷ мешавад ва муҷаддадан ранги сӯфиёна ба худ мегирад: қудрати авлиёулллоҳ аз қудрати Худо ношӣ шудааст, ба гунае ки онон қодиранд, ки тирҳои раҳошуда аз камонҳоро дубора ба ҷойгоҳи худ бозгардонанд.

Нукта: Авлиёуллоҳ (ба эътиқоди сӯфия) ба ҷиҳати фанои дар Ҳақ, қудрате Худогуна доранд ва метавонанд дар низоми ҳастӣ ба изни илоҳӣ тасарруфоте дошта бошанд, ки онро “вилояти таквинӣ” ё “халқи ба ҳиммат” гӯянд. Дар ҳақиқат, кор кори Худост, мунтаҳо орифи восил маҳалли зуҳури феъли Худо мешавад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.530)

Баста дарҳои маволид аз сабаб,

Чун пушаймон шуд вале з-он дасти Раб.

Ин байт мутазаммини ду ваҷҳ аст: яке ин ки “вале”-ро ба маънои “лекин” бигирем, бо ин тақдир, замири феъли “баста” ва “пушаймон шуд” ба ҳар валие аз авлиё бозмегардад ва маъно ин мешавад: Лекин валийи Худо чун аз зуҳури маволид ва осор нохурсанд шавад, бо қудрати Ҳақ дари иллатҳо ва асбобе, ки боиси зуҳури маволид ва осор мешавад, хоҳад баст. Ваҷҳи дуввум ин ки “вале”-ро “валӣ” бихонем ва фоъили “баста” ва “пушаймон шуд”. Бо ин тақдир маънои байт ин аст: Агар валийи Худо аз зуҳури маволид ва осор нохурсанд шавад, бо истионат аз қудрати ҳақ, дари иллатҳо ва асбобе, ки мӯҷиби зуҳури маволид ва осор мешавад, хоҳад баст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.531)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: