Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо

Ба баҳонаи солгарди даргузашти Аллома Иқболи Лоҳурӣ

Иқбол дар миёни порсигӯён аз он ҷиҳат шӯҳрат дорад, ки беш аз 7000 байт шеъри порсӣ сурудааст. Ҷолиб он ки ин шоири пуровоза ҳеч гоҳ ба Эрон наомада буд. Ва ҷолибтар он ки ашъори порсии ӯро қавитар аз ашъори урдуяш арзёбӣ кардаанд. Шояд ба ҳамин далел аст, ки ӯро “эронитарин” ғайриэронӣ номидаанд.

Нахустин касе, ки фикри вилодати кишваре саросар мусалмонро дар шибҳиқорраи Ҳинд матраҳ кард, Иқболи Лоҳурӣ буд; теурие, ки аз як хоб нашъат гирифт, вале ирода ва ҳиммати болои Иқбол онро ба самар нишонд.

Ба ростӣ бояд гуфт, ки Покистон маҳсули фикр ва идеяи Иқбол аст ва газофа нагуфтаем агар Покистонро мутаъаллиқ ба Иқбол бидонем, то Иқболро мутаъаллиқ ба Покистон.

Моҳибачаи шӯх ба шоҳинбачае гуфт:

Ин силсилаи мавҷ, ки бинӣ, ҳама дарёст.

Дорои наҳангони хурӯшандатар аз меғ,

Дар синаи ӯ дидаву нодида балоҳост.

Бо сели гаронсангу замингиру сабукхез,

Бо гавҳари тобандаву бо луълуъи лолост.

Берун натавон рафт зи сели ҳамагираш,

Болои сари мост, таҳи пост, ҳама ҷост.

Ҳар лаҳза ҷавон асту равон асту давон аст,

Аз гардиши айём на афзун шуду не кост.

Моҳибачаро сӯзи сухан чеҳра барафрӯхт,

Шоҳинбача хандиду зи соҳил ба ҳаво хост.

Зад бонг, ки шоҳинаму корам ба замин чист?

Саҳрост, ки дарёст таҳи болу пари мост!

Бигзар зи сари обу ба паҳнои ҳаво соз,

Ин нукта набинад, магар он дида, ки биност.

Шоири баландовозаи Машриқзамин 18 обонмоҳи 1256 (9 ноябри 1877) дар шаҳри Сиёлкут чашм ба сафҳаи гетӣ гушуд, дар домони хонаводае, ки то ду қарн қабл аз он Браҳман буданд ва сипас ба дини мубини ислом гаравиданд.

Вай дар барг хӯрдани китоби зиндагии хеш фарогирии илму донишро муштоқона дар Покистон оғоз кард, дар Ангилистон идома дод ва дар ниҳоят дуктурои фалсафаи хешро аз Донишгоҳи Мунихи Олмон дарёфт намуд.

Дере нагузашт, ки нахустин ҷанги хонумонсӯзи ҷаҳонӣ шӯълавар шуд ва Иқбол дар ҷунбиши исломии зидди Бритониёи Кабир, ки ҳокими мутлақи шибҳиқорраи Ҳиндустон буд, фаъолият намуд.

Дасти сарнавишт ӯро ба Маҷлиси миллии Ҳиндустон кашонд. Қалби поки Иқбол, ки барои мусалмонон ва мушкилоти фаровони онон месӯхт, ӯро ба сӯйи Шӯрои қонунгзории Панҷоб кашонд ва дар онҷо буд, ки устувор ва муҳкам ҳомии пешнависи “Қонуни асосии исломӣ” шуд, ки Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ, раҳбари Покистон онро тадвин намуда буд.

Дар асл, ташкили кишваре исломӣ ва мустақил дар шибҳиқорраи Ҳиндустон ба номи Покистон, руъёе буд, ки Иқбол онро дида ва барои Ҷиноҳ таъриф кард, афсӯс, ки умри Иқбол иҷоза надод таъбири руъёяшро ба чашм бибинад.

Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?!

Боз равшан мешавад айёми Шарқ!

Дар замираш инқилоб омад падид,

Шаб гузашту офтоб омад падид.

Иқбол дар миёни порсигӯён аз он ҷиҳат шӯҳрат дорад, ки беш аз 7000 байт шеъри порсӣ сурудааст. Ҷолиб он ки ин шоири пуровоза ҳеч гоҳ ба Эрон наомада буд. Ва ҷолибтар он ки ашъори порсии ӯро қавитар аз ашъори урдуяш арзёбӣ кардаанд. Шояд ба ҳамин далел аст, ки ӯро “эронитарин” ғайриэронӣ номидаанд.

Ӯ месарояд:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!

Ғутаҳо зад дар хамири зиндагӣ андешаам,

То ба даст овардаам афкори пинҳони шумо.

Меҳру маҳ дидам, нигоҳам бартар аз Парвин гузашт,

Рехтам тарҳи Ҳарам дар кофаристони шумо…

Фикри рангинам кунад назри тиҳидастони Шарқ

Пораи лаъле, ки дорам аз Бадахшони шумо.

Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,

Дидаам аз равзани девори зиндони шумо.

Ҳалқа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил!

Оташе дар сина дорам аз ниёкони шумо.

Ӯ фалсафаи хешро мубтанӣ бар Қуръони Карим медонад ва эътиқоди росих дорад, ки руҳи фалсафаи юнонӣ синхияте бо фалсафаи исломӣ надорад.

Он чи аз хоки ту руст, эй марди ҳур,

Он фурӯшу он бипӯшу он бихур.

Он накӯбинон, ки худро дидаанд,

Худ гилеми хешро бофидаанд.

* * *

Эй амини давлати таҳзибу дин,

Он яди байзо барор аз остин.

* * *

Хезу аз кори умам бикшо гиреҳ,

Нашъаи Афрангро аз сар бинеҳ,

Нақше аз ҷамъияти Ховар фикан,

Во ситон худро зи дасти Аҳриман!

* * *

Эй асири ранг, пок аз ранг шав,

Мӯъмини худ, кофири Афранг шав.

* * *

Риштаи суду зиён дар дасти туст,

Обрӯйи ховарон дар дасти туст…

Ақли Ҳакро зиндагӣ аз қувват аст,

Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.

* * *

Донӣ аз Афрангу аз кори Фаранг,

То куҷо дар қайди зуннори Фаранг?

Захм аз ӯ, нештар аз ӯ, сӯзан аз ӯ,

Мову ҷӯйи хуну уммеди руфӯ.

* * *

Гар ту медонӣ ҳисобашро дуруст,

Аз ҳарираш нармтар карбоси туст.

* * *

Бӯриёи худ ба қолинаш мадеҳ,

Байдақи худро ба фарзинаш мадеҳ.

* * *

Ҳушманде аз хуми ӯ май нахурд,

Ҳар кӣ хӯрд андар ҳамин майхона мурд.

Ӯ ба Мавлоно ишқ ва иродате хосс доштааст ва дар ашъораш ба он тасреҳ карда:

Ба коми худ дигар он кӯҳнамай рез,

Ки бо ҷомаш наярзад мулки Парвез.

Зи ашъори Ҷалолиддини Румӣ

Ба девори ҳарими дил биёвез.

* * *

Саропо дарду сӯзи ошноӣ,

Висоли ӯ забондони ҷудоӣ.

Ҷамоли ишқ гирад аз найи ӯ,

Насибе аз ҷалоли кибриёӣ.

* * *

Ба рӯйи ман дари дил боз карданд,

Зи хоки ман ҷаҳоне соз карданд.

Зи файзи ӯ гирифтам эътиборе,

Ки бо ман моҳу анҷум соз карданд.

* * *

Худӣ то гашт маҳҷури худоӣ,

Ба фақр омӯхт одоби гадоӣ.

Зи чашми масти Румӣ вом кардам,

Суруре аз мақоми кибриёӣ.

Шоири номдори покистонӣ ба торихи 1 урдибиҳишти соли 1317 шамсӣ дар синни 60-солагӣ чеҳра дар ниқоби хок кашид ва дар шаҳри Лоҳур ба хок супурда шуд.

* * *

Ҳама чиз дар бораи Иқбол



Рубрики:Забон ва адабиёт, Инсони муваффақ, Иқбол, Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: