Зебуннисо (1)

Қисмати аввал

Зебуннисо бо тахаллуси “Махфӣ” дар 10-уми шавволи соли 1048 ҳ.қ (15 феврали 1638 милодӣ) дар Ҳинд дар хонаводаи подшоҳи темурӣ Аврангзеб мутаваллид шуд. Модараш Дилрасбону духтари Шоҳнавозхон яке аз бозмондаҳои Шоҳ Исмоили Сафавӣ, поягузори сулолаи Сафавия дар Эрон буд.

Зебуннисо чун духтари бузурги хонавода буд, мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи падар қарор гирифт. Падараш барои тарбияти ӯ асотиди зубда ва ботақвое интихоб кард.

Вай дуруси арабӣ, сарфу наҳв, фиқҳ ва дигар улуми исломии маъмули даврони хешро фаро гирифт. Илова бар шеър, дар тасвиргарӣ ва хат низ маҳорати лозимро касб карда, аз устодони барҷастаи рӯзгори хеш баҳра бурд. Дар зимни таҳсили илм, Қуръонро ҳифз карда, аз ибодот ва умури хайрия низ ғофил намонд.

Падараш амволи фаровоне ба ӯ бахшид ва бо дар ихтиёр гузоштани мустахдимон ва коргузорони зиёде, ба зиндагии пурнозу неъмати ӯ равнақ бахшид. Зебуннисо дорои китобхонаи бошукӯҳе будааст, чунонки Моҳир мегӯяд:

Китобхонаи олам варақ-варақ дидам,

Хатти ту дидаму гуфтам, ки муддао ин ҷост.

Шоирон ва донишмандони бузурге ба кохи ӯ рафту омад дошта ва подошҳо гирифтанд, ки дар бахши дигари ҳамин мақола ба ихтисор номе аз онон ба миён омадааст.

Бидуни шак, теъдоди ҳамфикрон ва афроде, ки дар хидмати ӯ буда ё ба маҳзараш мерасиданд зиёд будаанд, ба гунае ки метавон гуфт, тамоми фузалои муосири ӯ ба дарбораш роҳ ёфтаанд. Бо ин васф, фурсати зиёде лозим аст, то битавон ба таври муфассал ва машрӯҳ дар бораи ин бонуи шоир сухан гуфт.

* * *

Чаро Зебуннисо издивоҷ накард?

Муаррихон ва тазкиранигорон ба иттифоқ навиштаанд, Зебуннисо ҳамсаре надоштааст. Бархе назири Девонбегӣ иллати онро маноъати табъи вай донистаанд. Бархе дигар навиштаанд, ки ин бонуи бузург барои ҳамсарии худ касеро лоиқ намедид. Шояд ин назар ба воқеият наздиктар бошад; чаро ки “Махфӣ” зане оқил, фарзона ва ҳунарманд буд, дар ҳоле ки хостгоронаш ҳама аз мардуми дунёталаб ва аҳли сиёсат буданд. Ӯ тибқи маъмули замони худ, бояд бо касе издивоҷ мекард, ки бо русуми салотини Ҳинд мутобиқ бошад ва чунон шахсе ҷуз яке аз шоҳзодагон каси дигаре наметавонист бошад; афроде, ки аз дониш ва ҳунар тиҳӣ буданд ва ҳаргиз наметавонистанд мавқеияти Зебуннисоро дарк кунанд. Аз тарафи дигар, агар ба ҳамсарии шахси дигаре, хориҷ аз хонадони салотин, ризоят медод, падараш намепазируфт. Пас чорае набуд ҷуз он ки муҷаррад бимонад.

Зебуннисо дар посухи падараш, ки аз ӯ хоста буд иллати издивоҷ накардани худро баён кунад, чунин навишт:

Ниҳоли саркашу гули бевафову лолаи дуранг

Дар ин чаман ба чӣ умед ошён бандам?

Падараш бисёр моил буд, ки духтари мавриди алоқааш шавҳар интихоб кунад, аммо чунонки гуфта шуд, “Махфӣ” касеро ҳамшаъни худ намедид:

Гар бувад мардӣ тасарруф аз барои шавҳарӣ,

Наварӯси даҳрро дидори домоде бас аст.

Хулоса, Зебуннисо аз миёни мардони замони хеш шавҳари ҳамшаъни худ наёфт ва ҳамчунон бидуни издивоҷ аз дунё чашм фурӯ баст, дар ҳоле ки майли ботинӣ ба издивоҷ дар ӯ ҳамонанди дигар духтарон вуҷуд дошт, чунонки дар яке аз ғазалҳои худ ба ин ҳақиқат ишора кардааст:

Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,

Ғунчаи боғи дили мо зеби дасторе нашуд.

Кори мо охир шуду охир зи мо коре нашуд,

Мушки хоки мо ғубори кӯчаи ёре нашуд.

Солҳо хуни ҷигар дар нофи оҳу шуд кара

Ҳар ки омад дар ҷаҳон будаш харидоре, вале

Пир шуд Зебуннисо ӯро харидоре нашуд.

Дар Ҳинд чунин расм буд, ки ҳар духтаре, ки мехост омодагии худро барои шавҳардорӣ нишон диҳад, гули наргис ба сар мезад. Рӯзе Зебуннисо дар боғи худ гардиш мекард, гули наргисе таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб намуд. Бидуни таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ, чанд гули наргис чид ва дар миёни гесувони худ гузошт. Дар ин ҳангом, падараш вориди боғ шуд ва он манзараро дид. Зебуннисо ба худ омад ва хиҷолат кашид. Ӯ барои рафъи иштибоҳ, бидуни таъаммул ин байтро барои падар суруд:

Нест наргис, ки бурун карда сар аз афсари ман,

Ба тамошои ту берун шуда чашм аз сари ман.

Яъне ин дастаи гули наргис, ки дар миёни мӯҳои сарам намоён аст, гуле нест, ки аломати омодагӣ барои издивоҷ бошад, балки чашм аст, ки барои тамошои ту аз сарам берун омада ва дар миёни гесувонам ҷо гирифтааст. Ногуфта намонад, ки дар миёни шоирон, ташбеҳи чашм ба наргис фаровон дида мешавад.

* * *

Хонадони Зебуннисо

Падари Зебуннисо, Муҳйиддин Муҳаммад ном дошт, дар соли 1068 ҳ.қ ба салтанат расид ва дар соли 1118 ҳ.қ даргузашт. Оламгир, Аврангзеб, Подшоҳи Ғозӣ ва ғайра… алқоби ӯст. Муҳйидддин аз тарафи модар (мулаққаб ба Мумтозмаҳал) эронӣ аст. Модари “Махфӣ” Дилрасбону духтари Шоҳнавозхон ва наваи Рустамхон ибни Султон Ҳусайнмирзо ибни Баҳроммирзо ибни Шоҳ Исмоили Сафавӣ аз дудмони маъруфи Сафавия аст.

Рустамхон дар соли 1002 ҳ.қ пас аз ҳамлаи ӯзбакҳо, ба Ҳинд омад ва дар он ҷо мақомҳои сиёсӣ ва низомии болое гирифт. Ӯ марде адиб ва шоир буда, “Фидоӣ” тахаллус дошт.

Аврангзеб дар шаби сешанбеи 23 зиҳиҷҷаи соли 1046 ҳ.қ дар синни 18-солагӣ бо ин бонуи мӯҳтарам издивоҷ намуд. Аврангзеб дорои 9 писару духтар буд, ки танҳо ба зикри номи онҳо басанда мекунем.

Хоҳарони Зебуннисо иборатанд аз: Зинатуннисо Бегим, Бадруннисо Бегим, Зубдатуннисо Бегим ва Меҳруннисо Бегим

Бародарони вай, ки ҳама Муҳаммад ном доштанд, ба лақаб хонда мешуданд ва иборатанд аз: Муаззам, Аъзам, Акбар, Комбахш ва Қутбуддин Баҳодур (Шоҳиолам).

Дар байни ин чаҳор хоҳар, фақат Зинатуннисо аҳл илму адаб будааст. Дар бораи ӯ навиштаанд: Ҳофизи каломуллоҳи маҷид буда ва масҷиди бузурге ба номи Зинатулмасоҷид дар Шоҳиҷаҳонобод сохтааст, ки ҳамакнун низ мавҷуд аст. Ин шеър аз забони худаш бар мазори вай навишта шудааст:

Мӯниси мо дар лаҳад фазли Худо танҳо бас аст,

Сояе аз абри раҳмат қабрпӯши мо бас аст.

* * *

Зебуннисо аз забони худаш

Зебуннисо бонуе мутадайин ва равшанзамире буда ва ба ҳазрати Паёмбар (с) ва хонадони ӯ иродаи вижае доштааст. Ӯ месарояд:

Ба маҳшар гар гуноҳатро бибахшад шафқати Эзад,

Зи каф осон мадеҳ “Махфӣ” ту домони шафоатро.

* * *

Боз имрӯз дилам сӯйи Хуросон рафтааст,

Риштаи куфр буридасту ба имон рафтааст.

* * *

Аз гадоёни ту(в)ам Шоҳи Хуросон мададе,

Ки чу мурғони ҳарам дар ҳарамат ҷо гирам.

* * *

Дӯстӣ бо душмани Оли Паямбар кай кунам?

Ман, ки лофи дӯстӣ бо Оли Ҳайдар мезанам.

* * *

“Махфиё” дар рӯзи маҳшар бенасиб аз Кавсар аст

Он ки дасти дӯстӣ бар домани Ҳайдар назад.

* * *

“Махфӣ” дар сухани худ ба истилоҳоти сӯфиён ишора мекунад ва худро аз афроде медонад, ки дар масири тасаввуф бо тадбир ва чашми боз қадам ниҳодааст.

Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,

Зебу зинат бас ҳаминам номи ман Зебуннисост.

Дар гузашта, расм чунин буд, ки сӯфиён ва гоҳ орифон барои худ улгуе муаррифӣ мекарданд. Аз ин рӯ, “Махфӣ” низ дар ашъори худ аз чанд улгуи саршинос назири Маҷнун, Кӯҳкан, Мансур ва ғайра ном бурда, аз ҳар кадом сифотеро баргирифтааст; аз Маҷнун биёбонгардӣ, аз Мансур бар дор шудан ва аз Кӯҳкан мазлумият, танҳоӣ ва ба ҳаққи хеш нарасидан.

Мезанам лофи “Аналҳақ” бар сари бозори ишқ,

Тоза Мансуре дигар, бар дор хоҳам карду рафт.

* * *

Лозимаи ошиқист бар сари дор омадан,

Шод зи худ сохтан хотири ағёрро.

* * *

Ҳақ ба Маҷнун аст тарки кӯйи Лайлӣ гар кунад,

Ишқ чун ғолиб шавад, маскан биёбон мешавад.

* * *

Дар ҳақиқат рутбаи ошиқ кам аз маъшуқ нест,

Ишқро бояд чун Маҷнун марди олиҳиммате.

* * *

Зебуннисо дар ин ашъор худро намуна ва улгуи орифони асри хеш муаррифӣ карда ва муддаӣ аст, ки чеҳраи ӯ ҷилвагоҳи Мансур ва Маҷнун аст. Ӯ ҳарчанд худ ба сиришти занонааш эътироф карда ва бар ин асос, худашро Лайлӣ ба ҳисоб меоварда на Маҷнун, лекин сифоти руҳии ӯ сифоти мардона ва Маҷнунгуна аст.

Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,

Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.

* * *

Ба қалами Сайидмуҳсини Саъидзода

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин мақола

Реклама


Рубрики:Бонувон, Забон ва адабиёт, Машоҳир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: