Шарҳи Маснавӣ (188)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (14)

* * *

Бозгуфтани бозаргон бо тӯтӣ он чӣ дид аз тӯтиёни Ҳиндустон (3)

* * *

Гуфта ногуфта кунад аз фатҳи боб,

То аз он на сих сӯзад, на кабоб.

Он валийи Худо ба воситаи фатҳи бобе, ки барояш ҳосил гашта, гуфтаро ногуфта мекунад. Албатта ба сурате ки на сих сӯзаду на кабоб.

Нукта: Устод Ҷаъфарӣ навиштааст: “Зеро на ишколи тахаллуфи маълул аз иллат лозим меояд ва на натиҷаи кори авлиёуллоҳ коре номаъқул ба назар мерасад”. (Тафсир ва нақди таҳлилии Маснавӣ, ҷ.1, с.731) Аммо тавзеҳи Устод Ҷаъфарӣ бо мабонии андешаи Мавлоно намесозад. Зеро Мавлоно, бо он ки ба низоми иллият ва сабабият ақида дорад, вале монанди Ашоъира тахаллуфи маълул аз иллатро муҷоз мешумурад. Мурод аз “фатҳи боб”, каромот ва хориқулодоте аст, ки ба воситаи таҷаллиёти илоҳӣ, бар валийи Худо макшуф шавад.

“Каромат” хориқи одате аст, ки аз валӣ сар занад ва “мӯъҷиза” хориқи одате аст, ки аз набӣ зоҳир шавад. Мавлоно судури мӯъҷиза ва кароматро мамкин медонад. Валӣ мӯътақид аст, ки он чӣ мӯҷиби имони ҳақиқии шахс мегардад, руъяти хориқи одат нест, балки таҷонуси руҳӣ бо валйи соҳиби даъват аст. Хавосси авлиё каромоти худро махфӣ медоштанд ва одатан наъл воруна мезанад ва каромате изҳор намекарданд, зеро алоқа ба доштани кароматро низ аз тасвилоти нафс медонистанд. Чунонки Шайх Ҳасани Харақонӣ гӯяд: “Ҳазор манзил аст бандаро ба Худо. Аввалин манзил каромот аст”. (Тазкиратул-авлиё, с.35) Ва Абӯалии Ҷузҷонӣ гӯяд: “Соҳиби истиқомат бош, на соҳиби каромат, ки нафси ту каромат хоҳад ва Худой истиқомат”. (Ҳамон манбаъ, с.119) Мавлоно бартарин кароматро табдили хӯйи инсон аз бадӣ ба хубӣ донад.

Аз ҳама дилҳо, ки он нукта шунид,

Он суханро кард маҳву нопадид.

Қудрати тасарруфи валӣ ба қадрест, ки ӯ метавонад асари калимот ва суханонро аз лавҳи замири муридон нопадид созад. (Валийи Худо бо тасарруфоти руҳии худ метавонад васвасаҳои шайтониро аз ҷони мурид бизудояд.)

Гар-т бурҳон бояду ҳуҷҷат, миҳо!

Бозхон: “Мин оятин ав нунсиҳо”.

Бузурго! Агар дар ин маврид ба бурҳон ва ҳуҷҷате ниёз дорӣ, ба ояти шарифаи 106 сураи Бақара муроҷеа кун ва бихон, ки мефармояд:

مَا نَنسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِّنْهَا أَوْ مِثْلِهَا أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللّهَ عَلَىَ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Ҳеч оятеро мансух нагардонем ва ё ба фаромӯшӣ насупорем, магар он ки беҳтар аз он ё монанди онро биёварем. Оё намедонӣ, ки Худованд бар ҳар чиз тавоност”.

Миҳо: Бузурго, эё бузург.

Ояти “Ансавкуму зикри” бихон,

Қудрати нисён ниҳоданшон бидон.

Низ ояти 110 сураи Мӯъминунро бихон, ки мефармояд:

 فَاتَّخَذْتُمُوهُمْ سِخْرِيًّا حَتَّى أَنسَوْكُمْ ذِكْرِي وَكُنتُم مِّنْهُمْ تَضْحَكُونَ

Он гоҳ шумо, эй кофирон, бандагони баргузидаи маро ба масхара гирифтед, то ба он сабаб аз ёди ман ғофил шудед ва бар он бандагон ришханд мезадед”. Бингар ба қудрати маънавии авлиёуллоҳ, ки чӣ сон нуқуши васвасаҳои шайтониро аз лавҳи замири муридон мезудоянд.

Нукта: “Ансавкум” аз боби исноди феъл аст ба сабаб, чунонки Замахшарӣ гӯяд:

بتشاغلكم بهم على تلك الصفة

Ба сабаби иштиғоли шумо ба кори ришханди бандагони Худо”. (Кашшоф, ҷ.3, с.205)

Табарсӣ низ дар тавзеҳи “ансавкум” гӯяд:

اي نسيتم ذكري لاشتغالكم بالسخرية

Яъне ба сабаби иштиғоли шумо ба ришханди мӯъминон фаромӯш кардед”. (Маҷмаъул-баён, ҷ.7, с.120) Табарсӣ баъд аз зикри ин матлаб мегӯяд, ки бархе аз муфассирон фоили “ансавкум”-ро мӯъминоне донанд, ки мавриди ришханди бадкорон қарор гирфтаанд. Ва ин қавл мувофиқи назари Мавлоност. Мавлоно аз ду ояти ахир натиҷа мегирад, ки қудрати авлиё монанди қудрати Ҳақ Таъолост. Дасти валийи Худо дасти Худост. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.531-532)

Чун ба тазкиру ба нисён қодиранд,

Бар ҳама дилҳои халқон қоҳиранд.

Аз он рӯ, ки авлиёуллоҳ қодиранд, ки ҳам матолибро ба ёди муридон оваранд ва ҳам онро аз лавҳи нуфуси онон бизудоянд. Пас, бар ҳамаи дилҳои мардум чира ва мусаллатанд.

Тазкир: Матлаберо ба ёди касе овардан. Нисён: Фаромӯшӣ.

Нукта: Зоҳиран манзури Мавлоно ин аст, ки пир қудрати тасарруф дар ботини муридро дорад, бад-ин сурат, ки метавонад осори афъол ва ақволро аз замири мурид пок кунад ва сурати зеҳнии ӯро дигар созад.

Чун ба нисён баст ӯ роҳи назар,

Кор натвон кард в-ар бошад ҳунар.

Агар валӣ (инсони комил) ба василаи фаромӯшӣ ва нисён роҳи фикру назарро бар касе фурӯ бандад, он шахси дигар натавонад коре ва амале анҷом диҳад, гарчӣ ҳунарманд ва соҳиби фазл бошад.

“Хилтуму сухрийятан” аҳлас-суму,

Аз нубӣ хонед то “ансавкуму”.

Эй ҳавопарастон! Шумо пардохтед ба ришханди бузургон ва соҳибони камол, инак, аз Қуръони Карим ояти

حَتَّى أَنسَوْكُمْ ذِكْرِي

— ро тиловат кунед.

Нубӣ: Қуръони Карим.

Нукта: “Хилтум” (пиндоштед) аз афъоли қулуб аст, ки бо ду мафъул мутаъаддӣ мешавад: мафъули аввал “сухрийя” ва мафъули дуввум “аҳлас-суму” аст. Аммо Никелсун назари Акбарободиро саҳеҳ медонад, ки гуфтааст: “Хилтум дар асл ба сурати “хузтуму” навишта шуда, ки он низ ба ҷойи “иттахазтуму” омадааст.” (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.260)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: