Зебуннисо (2)

Қисмати дуввум

Васфи Зебуннисо аз забони дигарон

Пардаорои ҳавдаҷи иззу ъуло, нурбахши тутуқи азамату эътило, зубдаи мукаррамоти дудмони хилофат, усваи муқаддасоти хонадони шарофат, бориқаи анвари соҳати донишу ҳушмандӣ, ломеъаи найири саодату сарбаландӣ, зеби маснади иззат, мухаддираи китоби азамат Зебуннисо Бегим…” (Оламгирнома, Муҳаммад Козим, с.368)

Равшанфармои ситораи анҷуми нуввоб Зебуннисо Бегим… Шеъраш офтоби мизони нозукбандӣ ва ширинзабонӣ аст. Дасти муборакаш дар ҷавоҳири рақамӣ ва рангиннависӣ низ назир надошт…” (Тазкираи шуъарои Кашмир, Муҳаммад Аслаҳмирзо, с.106)

Зебуннисо Бегим… Ҳам дар ҳоли ӯ навиштаанд, сабияи Оламгир подшоҳи Ҳиндустон аст, ки бисёр соҳиби камол ва мураббии уламо ва фузало буда, саводи арабӣ ва форсии ӯ хуб ва хутуташ марғуб… Аз фарти маноъат, қабули завҷ нанамудааст…” (Ҳадиқатуш-шуъаро, Сайид Аҳмад Девонбегӣ, с.2159)

Зебуннисо духтари Оламгир подшоҳи Ҳиндустон аст ва дар Ҳиндустон камтар зане монанди ӯ дорои камолот ва фазлу донишҳои гуногун аст. Сӯфимаслак буда, шеъри покиза мегуфт ва “Махфӣ” тахаллус намуда, девони ӯ баном аст…” (Базми Эрон, Оятуллоҳзодаи Яздӣ, ба нақл аз “Занони суханвар”, ҷ.2, с.159)

Ин шоҳзода, ки фурӯғи ҷаҳон, балки нури занон буда ё ба саъйи падари бузургвор ё назар ба истеъдод ва қобилият дар камол расме татаббуъӣ баста, дар фунуни хат дасте ёфта, дар тариқи шоирӣ соҳирӣ карда, девоне ба андозаи понздаҳ ҳазор шеър дар понздаҳ сол пеш аз ин ба назари фақир омада…” (Маҳмудмирзо Қоҷор, ба нақл аз “Занони суханвар”, ҷ.2, с.158)

* * *

Дидгоҳи каломӣ ва машраби фалсафии Зебуннисо

Гардиши гардуни дун гар зери дастозор нест,

Санги нокомӣ чаро бар пойи ланге мезанад?

* * *

Махфиё, дар ғами айём зи ағёр манол,

Ҳар чӣ ояд ба сар, аз бахти забун меояд.

* * *

Нестӣ омад вуҷуди ҳастии аҳли вуҷуд,

Кофир аз ҳарби мусалмонӣ, мусалмон кай шавад?

* * *

Ба оби замзаму Кавсар агар бишӯяндаш,

Зи рӯйи бахти сияҳгуна, сияҳ наравад.

* * *

Аз сурудаҳои Зебуннисо пайдост, ки ба бахту шонс ақида дошта ва аз ин хислат бо номи забунӣ ёд кардааст.

* * *

Мавъиза ва ҳикматҳо

Махфиё, наздики аҳли ҳиммат аз дунҳимматист

Ҳар замон онро, ки зикри номи Ҳотам меравад.

* * *

Зи нокомӣ ба дарди дил на танҳо ман гирифторам,

Ба олам ҳар киро бинӣ, ба дарде мубтало бошад.

* * *

Макун андешаи мозӣ, машав дар фикри мустақбал,

Ғанимат дон ҳамин дамро, ки ин дам кимиё бошад.

* * *

Биное мениҳӣ ҳар рӯз бар қасри амал аз нав,

Зи баҳри дин, муҳаққар хонае ҳам сохтан дорад.

Туро сарфи ғами дунё тамоми умр шуд “Махфӣ”

Ба кори охират ҳам соате пардохтан дорад.

* * *

Миёни олиму ҷоҳил баробари сари мӯй

Тафовуте набувад то ки илм бе амал аст.

* * *

Назар ба айби касон аз камоли бебасарист,

Ба айби хеш назар кун, ки айни биноист.

* * *

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.

* * *

Чанд рӯзе бо ғаму миҳнат бисозу лаб бибанд,

Ҳеч неше нест, “Махфӣ”, к-аз пайи он нӯш нест.

* * *

Зи баҳри ном чӣ ҷидду барои нанг чӣ ҷаҳд,

Чу анқариб на номасту не нишон аз ман.

* * *

Баҳри рӯзӣ макун андеша, ки “Махфӣ” охир

Ризқ мақсум расад гарчи пасу пеш расад.

* * *

Баҳри ду рӯзи умр, ки ин низ мубҳам аст

Андешаҳои ботили ин кору бор чист?

* * *

Рӯзи азал чу гашта муқаддар насиби кас

Чандин ба деги ҳирс биҷӯшад касе чаро?

* * *

Гар нашоти умр хоҳӣ, бо ҳама якранг бош,

Сулҳ кун бо дигарон, бо хештан дар ҷанг бош!

* * *

Нақди диндорӣ дар асри хеш

Зебуннисо дар заминаи интиқод аз зоҳидони динфурӯш ва динфурӯшони зоҳиднамо, ки дар банди хӯру хобу шаҳват гирифторанд, ашъоре сурудааст, ки ба намунаҳое аз он ишора мекунем:

Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,

Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.

* * *

Сари ҷанг аст бо Маҷнун аз он аҳли шариатро,

Ки дар дарси муҳаббат нуктае бар ҳар сухан гирад.

* * *

Қасам ба Каъбаи ҳоҷоту Аҳмади мурсал,

Ки бегуноҳии ман боиси гуноҳи ман аст.

* * *

Масоили иҷтимоӣ

Масоил ва мушкилоти иҷтимоии замон низ аз диди “Махфӣ” пинҳон намондааст. Абёти зер намунае аз сурудаҳои Зебуннисо дар ин замина аст:

Гар ба ҷӯш ояд танӯри дидаи ғамдидагон,

Нохудо гар Нӯҳ бошад, ғарқи тӯфон мешавад.

* * *

Зи оҳи сарди мазлумон ҳазар, “Махфӣ”, ки ҳар оҳе

Ба заҳр олуда сад пайкони пинҳон дар бағал дорад.

* * *

Ҷафоҷӯё, ситамкоро, ҳазар аз оҳи мазлумон,

Ки тири оҳи мазлумон ниҳон дар санг асар дорад.

* * *

Инъикоси сурудаҳои дигарон дар шеъри “Махфӣ”

Ашъор ва сурудаҳои шоирони нағзгӯйи бомаърифат назири Ҳофиз дар шеъри Зебуннисо инъикос ёфтааст; чунонки вай дар байти зер ба сароҳат аз Ҳофиз сухан ба миён оварда, мегӯяд:

“Махфӣ” муроди хештан аз оҳу нола хост,

Зоҳид шароби Кавсару Ҳофиз пиёла хост.

Ин сифат — ҳамон тавр ки дар ин байт омада — дар саросари девонаш машҳуд ва намоён аст. Махфӣ дар муқобили ҳазрати Маъшуқ аз равиши оҳу гиря истифода кардааст. Ӯ дар посух ба Ҳофиз, ғазале сурудааст, ки матлаъи он чунин аст:

Ғам мекунад фузунӣ, эй дӯстон, Худоро,

Шояд нуҳуфта монад ин роз ошкоро.

Ғазали Ҳофиз чунин оғоз мешавад:

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,

Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.

* * *

Ба қалами Сайидмуҳсини Саъидзода

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин мақола



Рубрики:Бонувон, Забон ва адабиёт, Машоҳир

Метки: ,

1 reply

  1. Нестӣ омад вуҷуди ҳастии аҳли вуҷуд,
    Кофир аз ҳарби мусалмонӣ, мусалмон кай шавад?

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: