Ислом ва Эронзамин (9)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (9)

Нуфузи ором ва тадриҷӣ

Ҳар чӣ рӯзгор мегузашт, бар алоқа ва иродати эрониён нисбат ба ислом ва бар рӯйоварии рӯзафзуни онон ба ислом ва тарки кешҳо ва ойинҳои қаблӣ ва одобу русуми пешин афзуда мешуд.

Беҳтарин мисол, адабиёти форсӣ аст. Ҳар чӣ замон гузаштааст, таъсири ислом ва Қуръон ва ҳадис дар адабиёти форсӣ бештар шудааст. Нуфузи ислом дар осори удабо ва шуаро ва ҳатто ҳукамои қуруни шашум ва ҳафтум ба баъд, бештар ва машҳудтар аст, то шуаро ва удабо ва ҳукамои қуруни севвум ва чаҳорум. Ин ҳақиқат аз муқоисаи осори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ бо осори Мавлавӣ ва Саъдӣ ва Низомӣ ва Ҳофиз ва Ҷомӣ комилан ҳувайдост.

Дар муқаддимаи китоби “Аҳодиси Маснавӣ” (таълифи марҳум Бадеуззамони Фурӯзонфар) пас аз он ки мегӯяд: “Аз қадимтарин аҳд, таъсири мазомини аҳодис дар шеъри порсӣ маҳсус аст” ва ба ашъоре аз Рӯдакӣ истишҳод мекунад, мегӯяд:

Аз охирҳои қарни чаҳорум, ки фарҳанги исломӣ интишори тамом ёфт ва мадорис дар нуқоти мухталиф таъсис шуд ва диёнати ислом бар соири адён ғолиб омад ва муқовимати зартуштиён дар ҳамаи билоди Эрон бо шикасти қатъӣ ва ниҳоӣ мувоҷеҳ гардид ва фарҳанги Эрон ба сибғаи исломӣ ҷилвагарӣ оғоз ниҳод ва пояи таълимот бар асоси адабиёти арабӣ ва мабонии дини ислом қарор гирифт, биттабъ таваҷҷӯҳи шуаро ва нависандагон ба нақли алфоз ва мазомини арабӣ фузунӣ гирифт ва калимот ва амсол ва ҳиками пешиниён (қабл аз ислом) дар назму наср камтар меомад; чунонки ба ҳасби муқоиса, дар сухани Дақиқӣ ва Фирдавсӣ ва дигар шуарои аҳди сомонӣ ва аввалҳои аҳди ғазнавӣ номи Зартушт ва Авасто ва Бузруҷмеҳр ва ҳиками вай бештар дида мешавад, то дар ашъори Унсурӣ ва Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ, ки дар охирҳои қарни чаҳорум ва аввалҳои қарни панҷум мезистаанд”.

Низ торих нишон медиҳад, ки ҳар чӣ истиқлоли сиёсии эрониён бештар шуда, иқболи онҳо ба маънавиёт ва воқеиёти ислом фузунӣ ёфтааст.

Тоҳириён ва Оли Буя ва дигарон, ки нисбатан истиқлоли сиёсии комиле доштанд, ҳаргиз ба фикри ин наафтоданд, ки Авасторо дубора зинда кунанд ва дастуроти онро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд, балки баръакс бо талошҳои пайгир барои нашри ҳақоиқи исломӣ кӯшиш мекарданд.

Эрониён пас аз сад сол, ки аз фатҳи Эрон ба дасти мусалмонон гузашт, нерӯи низомии азиме ба вуҷуд оварданд. Дастгоҳи хилофати умавӣ дар асари иҷҳофот ва инҳирофот аз таълимоти исломӣ, мавриди беалоқагии умуми мусалмонон – ба ҷуз аъробе, ки рӯйи таассуби арабӣ гом бармедоштанд — воқеъ шуд. Эрониён бо қудрат ва нерӯи худ тавонистанд хилофатро аз хонадони умавӣ ба хонадони аббосӣ мунтақил кунанд. Қатъан дар он замон агар мехостанд ҳукумати мустақилли сиёсӣ ташкил диҳанд ва ё ойини куҳани хешро таҷдид кунанд, барои онон комилан мақдур буд, вале дар он вақт на ба фикри таъсиси ҳукумати мустақил дар баробари дастгоҳи хилофат афтоданд ва на ба фикри таҷдиди ойини куҳан ва дур афкандани ойини ҷадид. То он вақт тасаввур мекарданд бо тағйири хилофат аз дудмоне ба дудмони дигар, метавонанд ба орзуи худ, ки зиндагӣ дар зилли як ҳукумати динии исломӣ дар партави Қуръони Карим буд ноил гарданд.

То он ки давраи Банӣ Аббос пеш омад ва аз дудмони аббосӣ низ норозӣ шуданд. Дар давраи Банӣ Аббос ҷанг миёни Тоҳир ибни Ҳусайн ва сипоҳи эронӣ ба тарафдорӣ аз Маъмун аз як тараф, ва Алӣ ибни Исо ва сипоҳиёни араб ба тарафдории Амин аз тарафи дигар воқеъ шуд. Ғалабаи Тоҳир ибни Ҳусайн бар сипоҳиёни тарафдори Амин бори дигар нишон дод, ки қудрати низомӣ дар ихтиёри эрониён аст. Дар айни ҳол, дар ин мавқеъ низ эрониён на ба фикри истиқлоли сиёсӣ афтоданд ва на ба фикри ин ки дини исломро канор бигузоранд. Эрониён ҳангоме ба фикри истиқлоли сиёсӣ афтоданд, ки аз ҳукуматҳои арабӣ ва ин ки онҳо як ҳукумати воқеан исломӣ бошанд, сад дар сад маъюс шуданд.

Аммо дар айни ҳол танҳо ба истиқлоли сиёсӣ қаноат карданд ва нисбат ба ойини муқаддаси ислом сахт вафодор монданд. Ағлаби эрониён дар давраи истиқлоли сиёсии Эрон мусалмон шудаанд. Истиқлоли сиёсии Эрон аз аввалҳои қарни севвуми ҳиҷрӣ шурӯъ шуд ва то он вақт ҳанӯз бисёре аз мардуми Эрон ба кешҳо ва ойинҳои қадим аз қабили зартуштӣ ва масеҳӣ ва собеӣ ва ҳатто будоӣ боқӣ буданд. Сафарномаҳое, ки дар қарни севвум ва чаҳорум навишта шуда ҳикоят мекунад, ки то он замонҳо дар Эрон оташкадаҳо ва калисоҳои фаровон вуҷуд доштааст, баъдҳо кам-кам аз адади онҳо коста шуда ва ҷойи онҳоро масоҷид гирифтааст.

Торихнависони исломӣ хонадонҳои чандеро аз эрониён ном мебаранд, ки то қарнҳои дуввум ва севвум, балки то қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ҳамчунон ба дини Зартушт боқӣ будаанд ва дар иҷтимои мусалмонон, мӯҳтарам мезистаанд ва сипас он динро тарк кардаанд. Мегӯянд: Сомон, ҷадди аълои Сомониён, ки аз набераҳои салотини соcонӣ аст ва худ аз бузургони Балх будааст, дар ҳудуди қарни дуввум, ва ҷадди аълои хонадони Қобус, ки онҳо низ ҳукумат ва фармонравоӣ ёфтанд дар қарни севвум, ва Меҳёри Дайламӣ, шоири забардаст ва маъруфи эронӣ дар охирҳои қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ба дини ислом гаравиданд.

Мардуми Табаристон ва қисматҳои шимолии Эрон то сесад сол пас аз ҳиҷрат ҳанӯз дини ҷадидро нашинохта буданд ва бо давлати хулафо ба душманӣ бармехостанд. Бештари мардуми Кирмон дар тамоми муддати хилофати умавиҳо зартуштӣ монданд ва дар рӯзгори Истахрӣ (соҳиби китоби “Алмасолик вал-мамолик”) зартуштиёни Форс аксариятро ташкил медодаанд. Мақдисӣ соҳиби китоби “Аҳсанут-тақосим” низ, ки аз муаррихон ва ҷуғрофинависони бузурги ҷаҳони ислом аст ва худ ба Эрон мусофират кардааст, дар сафҳаи 39 ва 420 ва 429 китоби худ, аз зартуштиёни Форс ва нуфузи бисёри онҳо ва эҳтироми онҳо назди мусалмонон, ки аз соири аҳли зимма мӯҳтарамтар будаанд ёд кардааст.

Бино ба гуфтаи ин муаррих, дар ҷашнҳои зартуштиён дар он вақт ҳамаи бозорҳои шаҳрро озин мебастаанд ва дар идҳои Наврӯз ва Меҳргон мардуми шаҳр дар суруру шодӣ бо эшон ҳамоҳанг мешудаанд. Мақдисӣ дар сафҳаи 323 “Аҳсанут-тақосим” роҷеъ ба мазҳаби аҳли Хуросон мегӯяд: “Дар он ҷо яҳудӣ бисёр аст ва масеҳӣ кам ва аснофе аз маҷус дар он ҷо ҳастанд”. Масъудӣ, муаррихи исломӣ вафотёфта дар нимаи аввали қарни чаҳорум, ки ӯ низ ба Эрон мусофират кардааст ва бо ин, ки эронӣ нест, ба торихи Эрон ва осори Эрон алоқаи хоссе нишон медиҳад, дар китоби “Атанбиҳ вал-ишроф” сафаҳоти 91 ва 92 аз хонадони мӯҳтараме аз мардуми Истахр ном мебарад, ки китоби торихи ҷомеъе аз давраи Соcониён дар даст доштаанд ва Масъудӣ аз он китоб истифода кардааст. Масъудӣ ҳатто номи мӯбади замони худро мебарад. Маълум мешавад, мӯбади зартуштиён ба эътибори иддаи фаровони зартуштӣ шахсияти мумтозе ба шумор меомадааст.

Масъудӣ дар ҷилди аввали “Муруҷуз-заҳаб” сафҳаи 382 таҳти унвони “Фи зикрил-ахбор ъан буютин-нирон ва ғайриҳо” аз оташкадаҳои Зартушт ёд мекунад. Аз он ҷумла аз оташкадае дар Доробҷурд ном мебарад ва мегӯяд: “Дар ин торих, ки соли 332 ҳиҷрӣ аст, он оташкада мавҷуд аст ва маҷус он андоза, ки ба оташи он оташкада эҳтиром мегузоранд ва онро таъзиму тақдис мекунанд, оташи ҳеч оташкадаи дигарро чунин таъзим намекунанд”.

Инҳо ҳама мерасонад, ки — чунонки гуфтем — эрониён тадриҷан исломро пазируфтаанд ва ислом тадриҷан ва махсусан дар давраҳои истиқлоли сиёсии Эрон бар кеши зартуштӣ ғалаба кардааст. Аҷиб ин аст, ки зартуштиён дар садри ислом, ки давраи сиёдати сиёсии араб аст, озодӣ ва эҳтироми бештаре доштаанд аз давраҳои мутааххиртар, ки худи эрониён ҳукуматро ба даст гирифтаанд. Ҳар андоза, ки эрониён мусалмон мешуданд, ақаллияти зартуштӣ вазъи номуносибтаре пайдо мекард ва эрониёни мусалмон аз аъроби мусалмон таассуби бештаре алайҳи зартуштигарӣ иброз медоштанд ва зоҳиран ҳамин таассуботи эрониёни тозамусалмон сабаб шуд, ки иддае аз зартуштиён аз Эрон ба Ҳинд муҳоҷират карданд ва ақаллияти порсиёни Ҳиндро ташкил доданд.

Дар ин ҷо бад нест сухани Мистер Фрой, нависандаи китоби “Мероси бостонии Эрон”-ро аз сафҳаи 396 он китоб нақл кунем. Ӯ мегӯяд:

Аз манобеи исломӣ чунин бармеояд, ки Истахр дар Форс, ки яке аз ду конуни ойини зартуштӣ дар Эрони соcонӣ (конуни дигараш дар Шизи Озарбойҷон) буд, дар рӯзгори ислом низ ҳамчунон шукуфон монд. Андак-андак шабакаи оташгоҳҳо бо кам шудани зартуштиён рӯ ба костӣ ниҳод. Бо ин ҳама, бештари мардуми Форс то қарни даҳуми мелодӣ ҳамчунон ба ойини Зартушт вафодор монданд ва пас аз он то рӯзгори кишваргушоии Салҷуқиён дар садаи ёздаҳум боз гурӯҳи анбӯҳе зартуштӣ дар Форс мезиистанд. Шарҳи ҷолибе аз пайкор миёни мусалмонон ва зартуштиён дар шаҳри Козирун дар замони Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Шаҳриёр ал-Козирунӣ, ки бунёнгузори яке аз фирқаҳои мутасаввифон аст ва дар соли 1034 мелодӣ даргузаштааст, дар даст дорем.

Бисёре аз зартуштиён ба роҳнамоии ин шайх ба ислом гаравиданд, вале аз ин китоб (китоби “Муъҷамул-булдон”-и Ёқут) ва низ аз китобҳои дигари исломӣ чунин бармеояд, ки мавқеияти зартуштиён ҳамчунон устувор будааст.

Омили Козирун дар рӯзгори Оли Буя, ки аз он ҷо бар саросари Форс фармон меронд, зартуштӣ буд ва Хуршед ном дошт. Вай дар дидаи фармонравои буяи Шероз чунон пойгоҳи баланде дошт, ки ин шоҳзодаи буяӣ фармон дод, то Шайх Козирунӣ назди ӯ биравад ва сарзанишҳои ӯро ба сабаби ошӯбе, ки барои мусалмон кардани мардум барпо карда буд, бишинавад”. (с.117-121)

Мусалмонон ва зартуштиён ду гурӯҳи умдаи форсӣ буданд ва масеҳиён ва яҳуд бисёр андак буданд. Дар сафҳаи 399 менависад:

Ҳар чӣ бар доманаи андешаҳои исломӣ афзуда мешуд, ҷунбишҳои гуногун монанди сӯфигарӣ ва шиъагарӣ равнақ меёфт ва дар натиҷа паноҳгоҳе барои эрониёне, ки наметавонистанд аз андешаҳои кӯтоҳ ва тавсиъанаёфтаи зартуштӣ пайравӣ кунанд, падид меомад. Ҳангоме ки фармонравоёни дайламии Эрон ба ташайюъ гаравиданд ва бахшҳои ғарбии Эронро аз дасти халифа ба дар бурданд ва саранҷом дар соли 945 мелодӣ (334 ҳиҷрӣ) бар Бағдод даст ёфтанд, ойини Зартушт рӯ ба завол ниҳод. Дигар Оли Буя ислом ва забони арабиро баргузиданд, зеро ки ин ҳар ду ҷанбаи байналмилалӣ гирифта буд ва ҳол он ки зартуштиён ба маҳаллоти махсуси зартуштинишин ронда шуда буданд. Чунин менамояд, ки рӯйи ҳам рафта Оли Буяи шиъамазҳаб дар баробари пайравони мазҳабҳои дигар мусомиҳа ва бурдборӣ пеша карда буданд, зеро хулафои суннӣ ва бисёре аз гумоштагони расмии суннимазҳабро бар сари корҳо бар ҷой мегузоштанд. Чунонки гуфтем, омили зартуштии Козирун низ аз ҷумлаи ин гуна касон буд. Аммо Оли Буя бештар дилбастагӣ ба суннатҳои арабии хонадони Алӣ алайҳис-салом ва фарҳанги исломӣ доштанд, то ба сарбаландиҳои гузаштаи Эрон. Масалан, Азудуддавла, яке аз подшоҳони Оли Буя, дар соли 955 мелодӣ (344 ҳиҷрӣ) дастур дод, то катибае дар Тахти Ҷамшед ба арабӣ бикунанд”.

Чӣ омиле сабаб шуд, ки қарнҳо баъд аз заволи сиёдати сиёсии араб, мардуми Эрон гароиши бештаре нисбат ба ислом нишон бидиҳанд? Оё ҷуз ҷозибаи ислом ва созгории он бо руҳи эронӣ чизи дигаре дар кор будааст?

Худи ҳукуматҳои мустақилли эронӣ, ки аз лиҳози сиёсӣ душмани ҳукуматҳои арабӣ буданд, беш аз ҳукуматҳои арабӣ посдори ислом ва муайид ва мураввиҷи уламои ислом ва мушаввиқи хидматгузорони ислом буданд. Донишмандонро дар таълиф ва таснифи китобҳои исломӣ ва дар таълими улуми исломӣ кӯмак мекарданд.

Шӯру ҳаяҷоне, ки эрониён нисбат ба ислом ва улуми исломӣ дар тӯли чаҳордаҳ қарни ислом ҳатто дар ду қарни аввал — ки Сэр Ҷон Малкуми ангилисӣ (John Malcolm) номи онҳоро ”Ду қарни сукут” гузоштааст — нишон доданд, ҳам аз назари ислом бесобиқа буд ва ҳам аз назари Эрон. Яъне на миллати дигаре ғайр аз эронӣ он қадр шӯру ҳаяҷон ва ишқ ва хидмат нисбат ба ислом нишон додааст ва на эрониён дар давраи дигаре барои ҳадафи дигаре (чӣ миллӣ ва чӣ мазҳабӣ) ин қадр шӯру ҳаяҷон нишон додаанд.

Эрониён пас аз истиқлол бидуни ҳеч музоҳимате метавонистанд ойин ва русуми куҳани худро эҳё кунанд, вале накарданд, балки бештар ба он пушт карданд ва ба ислом рӯ оварданд, чаро? Чун онҳо исломро бо ақл ва андеша ва хостаҳои фитрии худ созгор медиданд, ҳеч гоҳ хаёли таҷдиди ойин ва русумеро, ки солҳо мӯҷиби азоби руҳии онон буд, дар сар намепарваронданд ва ин суннате аст, ки тибқи шаҳодати торих дар тӯли ин чаҳордаҳ қарне, ки ислом ба Эрон омадааст ҳамчунон боқӣ ва побарҷост. Ва агар мулоҳиза мекунед, ки афроди маъдуди маълумулҳоле дар ин рӯзгор ва аҳёнан замонҳои гузашта сухан аз таҷдиди ойин ва русуми қадим ба миён овардаанд, набояд онҳоро ба ҳисоби миллати Эрон овард. Зеро ки эрониён — ҳамон тавр ки пас аз ин низ муфассалан шарҳ хоҳем дод — борҳо нишон додаанд, ки аз худи аъроб исломро бо руҳиёти худ созгортар донистаанд ва далели он ин ҳама хадамоти содиқонае аст, ки онон дар тӯли ин чаҳордаҳ қарн ба ислом ва Қуръон намудаанд; хадамоте, ки бо ихлос ва имони аҷибе ҳамроҳ будааст ва мо ба ёрии Худо дар сафаҳоти оянда шарҳи нисбатан ҷомеъе перомуни бархе аз хадамоти арзандаи онон хоҳем дод, то ҳамагон бидонанд, ки миллати Эрон чӣ гуна бо ҷону дил ойини мусалмониро пазируфта ва онро мувофиқ бо ақл ва андеша ва танҳо посухгӯи хостаҳои виҷдонии худ донистааст. Ва ҳамин ҳақиқат аст, ки моро ба ёди фармоиши Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) меандозад, ки фармуд:

Ба Худо қасам, ман рӯзеро мебинам, ки ҳамин эрониён, ки шумо барои ислом бо онон меҷангед, бо шумо биҷанганд, то шуморо мусалмон кунанд”.

Ду ҷараён дар Эрон пеш омада ва сабаб шудааст, ки иддае — дониста ё надониста — муғолата кунанд ва онҳоро навъе муқовимат ва аксуламали мухолиф аз тарафи эрониён дар муқобили ислом ва лоақал дар муқобили аъроб қаламдод кунанд: эҳёи забони форсӣ ва дигар мазҳаби ташайюъ. Аз ин рӯ лозим аст мо дар бораи ин ду падида, ки яке ба забони расмии мо марбут аст ва дигаре ба мазҳаби расмии Эрон, то он ҷо, ки бо ин масъала иртибот дорад, баҳсу таҳқиқ намоем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: