Фалсафа ва равиши реализм (74)

Идрокоти эътиборӣ (5)

Матни китоб:

5. Ин амали фикриро тибқи натоиҷи гузашта метавон таҳдид карда ва гуфт, амали номбурда ин аст, ки бо авомили эҳсосӣ ҳадди чизеро ба чизи дигаре бидиҳем ба манзури тартиби осоре, ки иртибот бо авомили эҳсосии худ доранд;

6. Ин идрокот ва маъонӣ чун зоидаи авомили эҳсосӣ ҳастанд, дигар иртиботи тавлидӣ (1) бо идрокот ва улуми ҳақиқӣ надоранд ва ба истилоҳи мантиқ, як тасдиқи шеъриро бо бурҳон намешавад исбот кард, ва дар ин сурат, бархе аз тақсимоти маъонии ҳақиқӣ дар мавриди ин маъонии ваҳмӣ — мисли бадеҳӣ ва назарӣ ва монанди зарурӣ ва маҳол ва мумкин — ҷорӣ нахоҳад буд;

7. Мумкин аст ин маъонии ваҳмиро асл қарор дода ва маъонии ваҳмии дигаре аз онҳо бисозем ва ба воситаи таркиб ва таҳлил, касрате дар онҳо пайдо шавад (сабки маҷоз аз маҷоз).

Бо тааммул дар атрофи баёни гузашта бояд изъон намуд ба ин ки мумкин аст инсон ё ҳар мавҷуди зиндаи дигар (ба андозаи шуъури ғаризии худ) дар асари эҳсосоти дарунии хеш — ки мавлуди як силсила эҳтиёҷоти вуҷудии марбут ба сохтмони вижааш мебошад — як ришта идрокот ва афкоре бисозад, ки бастагии хосс ба эҳсосоти мазбур дошта ва ба унвони натиҷа ва ғоят, эҳтиёҷоти номбурдаро рафъ намояд ва бо бақо ва завол ва табдили авомили эҳсосӣ ва ё натоиҷи матлуба, зоил ва мутабаддил шавад (ва инҳо ҳамон улум ва идрокоти эътиборӣ ба маънои хосс мебошанд, ки дар охири мақолаи 5 тазаккур дода шуд).

* * *

Таълиқот:

(1) Ин матлаб, ки идрокоти эътиборӣ наметавонанд бо идрокоти ҳақиқӣ иртиботи тавлидӣ пайдо кунанд, аз муҳимтарин нукоти қонунҳои тафаккур аст ва аз назари фанни мантиқ — ки қонунҳои аслии тафаккурро баён мекунад — камтар масъалае аст, ки арзиши ин масъаларо дошта бошад, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ғафлат аз ин нуктаи фаннӣ мӯҷиби лағзишҳои зиёде аз барои бисёре аз фалосифа ва ғайри фалосифа дар қадим ва ҷадид шудааст, ки ба баъзе аз онҳо иҷмолан ишора хоҳем кард.

Аз он чӣ ба наҳви ихтисор дар ин ҷо зикр мекунем, хонандаи мӯҳтарам ҳадс хоҳад зад, ки таҳқиқи муфассали ин мабҳаси мантиқӣ, дар хӯри як рисолаи мустақилле аст, вале тавзеҳоти зайл бо ҳамаи ихтисор бо такя ба қисматҳое, ки дар мақолаи 5 гузашт, сарриштаи матлабро ба дасти хонандаи мӯҳтарам хоҳад дод. Ин тавзеҳотро дар чаҳор қисмат баён мекунем:

1. Иртиботи тавлидӣ яъне чӣ?

2. Афкор ва идрокоти ҳақиқӣ чӣ гуна бо якдигар иртиботи тавлидӣ пайдо мекунанд?

3. Чаро афкор ва идрокоти эътиборӣ наметавонанд бо афкор ва идрокоти ҳақиқӣ иртиботи тавлидӣ пайдо кунанд?

4. Тариқи сайру сулуки фикрӣ дар эътибориёт чист?

* * *

Иртиботи тавлидӣ яъне чӣ?

Олитарин ва дар айни ҳол шигифтангезтарин фаъолиятҳои зеҳнӣ ҳамон аст, ки тибқи истилоҳоти мантиқӣ “фикр” номида шудааст. Фаъолияти фикрӣ ин аст, ки зеҳн барои он ки матлаберо, ки бар вай маҷҳул аст бар хеш маълум созад, маълумот ва иттилооти қаблии худро васила месозад яъне онҳоро ба тарзи махсусе таҷзияву таълиф ва таҳлилу таркиб мекунад, то билохира он маҷҳулро табдил ба маълум месозад. Иттилоот ва маълумоти қаблии зеҳн ба манзилаи “сармоя”-и кори вай ба шумор меравад, ки дар онҳо амал мекунад ва аз онҳо суд мебарад ва бар миқдори аслӣ меафзояд.

Албатта дар ин ки ҳудуди комёбии зеҳн дар ин фаъолият чӣ қадр аст ва то чӣ андоза зеҳн метавонад бо истифода аз маълумот ва иттилооти худ ба кашфи ҷадид ноил шавад, ва ё ин ки дар ҳар фикре чӣ андоза сармояи аслӣ лозим аст ва худи он сармояҳо аз куҷо ва аз чӣ роҳ ба даст меояд, ва ҳам дар ин ки тарзи сулук ва рафтор ва қонунҳои аслии ин ҷунбишу фаъолият чист, ихтилофи назарҳое буда ва ҳаст, ва ҳамин ихтилофи назарҳост, ки равишҳои мухталифи мантиқиро ба вуҷуд овардааст. Вале дар асли мавзӯъ, ки зеҳн як навъ фаъолияте мекунад ва дар он фаъолият маълумот ва иттилооти қаблиро васила қарор дода маҷҳулеро табдил ба маълум месозад, байни уламои мантиқ ё фалосифа ё равоншиносон ихтилофе нест. Ва ҳатто ҳиссимаслактарин уламо низ изъон доранд, ки вусули зеҳн ба як қонуни таҷрибӣ, илова бар мушоҳидаи мустақим ва озмоиши амалӣ, ниёзманд ба фаъолияти вижаи фикрӣ бар асоси истифода аз маълумот ва иттилооти қаблӣ аст. Зеҳн ба василаи фаъолияти фикрӣ пешравӣ мекунад яъне маҷҳулеро табдил ба маълум месозад ва аз ин роҳ бар маълумоти хеш меафзояд. Ва мумкин аст ин пешравӣ идома пайдо кунад ва чунонки донистем ин пешравӣ ба худии худ ва ибдоъии маҳз нест, балки дар натиҷаи тасарруф ва мавриди истифода қарор додани маълумот ва иттилооти қаблии зеҳн аст. Ва дар ҳақиқат ҳамон маълумот ва идрокоти қаблӣ аст, ки боиси ин пешравӣ ва ба вуҷуд оваранда ва падидоварандаи ин идроки ҷадид аст. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки афкор ва идрокоти ҷадиде, ки ба василаи амали тафаккур барои зеҳн ҳосил мешавад, ҳамвора аз навъи ҳамон маълумот ва иттилооти қаблӣ аст ва байни онҳо синхият барқарор аст. Пас, ҳамон тавре ки дар матни мақолаи 5 гузашт: “Бастагӣ ва робитаи маълумот ва иттилооти қаблӣ бо натиҷаи ҷадиде, ки ба воситаи амали тафаккур аз онҳо ба даст омада, ба “таволуд ва бороварии моддӣ” холӣ аз шабоҳат нест”.

Робитаи тавлиде, ки дар боло ном бурда шуд, нозир ба ҳамин матлаб аст. Яъне иборат аст аз алоқае шабеҳи таволуд ва падару фарзандӣ, ки ба воситаи амали тафаккур (тибқи усул ва қонунҳои мантиқ) байни баъзе аз идрокот бо баъзеи дигар барқарор мешавад.

* * *

Идрокоти ҳақиқӣ чӣ гуна иртиботи тавлидӣ пайдо мекунанд?

Донистан ин ки идрокоти ҳақиқӣ чӣ гуна иртиботи тавлидӣ пайдо мекунанд, мавқуф бар ин аст, ки бидонем, зеҳн ҳангоме ки дар такопӯ ва ҷунбиш аст ва мехоҳад маҷҳулеро бар хеш маълум созад, воқеан чӣ мехоҳад? Ва он чизе, ки ба даст овардани он чиз мӯҷиби табдили маҷҳул ба маълум мешавад чист?

Зеҳн таҳти таъсири ғаризаи ҳақиқатҷӯӣ ё омили дигар, ду мафҳумро бо якдигар муқоиса мекунад ва мехоҳад робитаи воқеии онҳоро — аз “талозум” ё “таъонуд” ё “индироҷ” ё “тасовӣ” — дарёбад. Дар ин муқоиса, гоҳе ба ишкол барнамехӯрад ва бидуни он ки эҳтиёҷ ба такопӯ ва ҷунбиш дошта бошад, робитаро меёбад (аз қабили бадеҳиёти аввалия ва маҳсусот ва виҷдониёт) ва гоҳе ба ишкол бармехӯрад яъне эҳтиёҷ ба такопӯ ва ҷунбиш дорад. Ин такопӯ ва ҷунбиш барои пайдо кардани восита аст, ки дар истилоҳи мантиқ “ҳадди авсат” хонда мешавад. Зеҳн барои пайдо кардани ҳадди авсат талош мекунад ва маълумот ва иттилооти қаблии хешро мавриди тафтиш ва мутолеа қарор медиҳад. Агар дар миёни онҳо чизеро, ки салоҳияти восита шудан дошта бошад пайдо кард, натиҷаи матлубро мегирад. Нақше, ки ҳадди авсат дорад ин аст, ки бо ҳар ду мафҳуми мавриди назар робитаи равшан ва возеҳ дорад ва ба воситаи миёнҷӣ воқеъ шудани худ, он дуро ба якдигар марбут месозад. Дар мақоми ташбеҳ гуфтаанд, айнан мисли ин аст, ки инсон мехоҳад аз рӯйи ҷӯйи обе бипарад ва наметавонад, он гоҳ сангеро пайдо мекунад ва ба васати ҷӯйи об мегузорад ва бо гузоштани як по рӯйи санг аз ҷӯй убур мекунад.

Шумо масалан гирифтории сахте пайдо кардаед ва медонед, ки фалон шахс агар қадам ҷилав бигузорад, метавонад он гирифториро рафъ кунад, аммо намедонед, ки оё ӯ ҳозир ба чунин иқдоме хоҳад шуд ё на? Муддате мутаҳайир мешавед ва ба андеша фурӯ меравед. Як вақт ба ёдатон меояд, ки он шахс бо падари шумо собиқаи дӯстӣ ва рафоқат дошта. Фавран мутмаин мешавед, ки агар тақозо бикунед, мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҷо донистани собиқаи дӯстӣ “ҳадди авсат” воқеъ шуда. Яъне робитаи он шахсро бо “мусоидат” намедонистед ва аз ин рӯ мураддад будед, ки оё мусоидат мекунад ё намекунад, вале пас аз он ки ёдатон афтод, ки бо падаратон собиқаи дӯстӣ дошта ва робитаи “дӯстӣ”-ро бо “мусоидат кардан ба авлод” медонед, фавран ҳукм мекунед, ки “пас бо ман мусоидат хоҳад кард”.

Дар масоили улум беҳтарин мисол риёзиёт аст. Шумо ибтидо намедонед, ки зовияи А мусовӣ аст бо зовияи Б ё мусовӣ нест, вале аз ин ки “зовияи А мусовӣ аст бо зовияи В ва зовияи В мусовӣ бо зовияи Б” фавран бо иттико ба қонуни куллии “Ду чизи мусовӣ бо як чиз, мусовии якдигаранд” матлабро кашф мекунед (ҳамон тавре ки дар мақолаи 5 гузашт, ин гуна қиёсот мунҳал ба ду қиёс аст ва ду бор эҳтиёҷ ба “ҳадди авсат” пайдо мешавад).

Пас, ҳангоме ки зеҳн дар такопӯ ва ҷунбиш аст ва мехоҳад маҷҳулеро табдил ба маълум созад, дар ҳақиқат мехоҳад робитаи воқеӣ байни ду мафҳумро ба даст оварад ва оқибат аз роҳи миёнҷӣ шудани як мафҳуми севвум, ба натиҷаи матлуб мерасад. Пас, иртиботи тавлидии идрокот ба ин тартиб аст, ки: аз идроки робитаи “ҳадди авсат” бо як мафҳум ва идроки робитааш бо мафҳуми дигар, идроки робитаи худи он ду мафҳум тавлид мешавад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки пешравии фикрии зеҳн бар асоси дарки равобит аст, ва он равобит, воқеӣ аст, яъне ҳарчанд “фикр” як навъ фаъолият аст, вале ин фаъолият дилбахоҳ ва озод нест, балки тобеи воқеъ аст. Ва агар зеҳн биловосита ё маъалвосита ҳукм ба талозум ё таъонуд ё тасовӣ ё индироҷ мекунад, аз он ҷиҳат аст, ки дар воқеъ чунин аст.

Муҳаққиқони мантиқ дар фанни бурҳони мантиқ дар мақоми таҳқиқи он, ки дар муқаддамоте, ки дар бурҳон ба кор бурда мешавад, байни мавзӯъ ва маҳмул чӣ гуна робитае бояд барқарор бошад, то битавонад дар натиҷа зеҳнро ба кашфи як робитаи воқеӣ бирасонад, яъне воқеан битавонад “ҳақиқате”-ро маълум созад, шароите зикр кардаанд ва аз ҳама муҳимтар се шарт аст: “зотият, зарурат, куллият” ва албатта аз ҳар як аз ин шурут маънои хоссеро дар назар гирифтаанд, ки дар китоби бурҳон мастур аст ва он кас, ки ба таври машруҳ ва мабсут ва муҳаққиқона ин матлабро баён карда Ибни Сино дар мантиқи “Шифо” аст. Хоҷа Насируддини Тӯcӣ низ дар “Асосул-иқтибос” ва дар “Мантиқут-таҷрид” каму беш мутобиқи он чӣ Шайх баён карда ишорае кардааст. Вале ҷумҳури мантиқдонон ва фалосифаи исломӣ ин нукоти муҳимро мавриди ғафлат қарор додаанд ва ҳамин тағофул маншаи лағзишҳои зиёде шудааст. Донишмандони ҷадид низ, ки ба масоили мантиқӣ аҳаммияти шоёне додаанд, ба ин тарз ва равиш ворид ва хориҷ нашудаанд.

Он чӣ барои матлаби феълии мо лозим аст ҳамин қадр аст, ки фикри мантиқӣ ва сайру сулуки бурҳонӣ муттакӣ бар равобити воқеии муҳтаваёти зеҳн аст ва заминаи фаъолияти ақлонӣ ва фикрӣ, ки арзиши мантиқӣ дошта бошад, дар ҷое фароҳам аст, ки байни мафоҳим дар воқеъ робита барқарор бошад. Ва аммо тафсили чигунагии ин равобитро аз фанни бурҳони мантиқ бояд ҷустуҷӯ кард.

* * *

Чаро идрокоти эътиборӣ наметавонанд бо идрокоти ҳақиқӣ иртиботи тавлидӣ пайдо кунанд?

Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ то кунун гуфта шуд, посухи ин пурсиш возеҳ аст. Зеро чунонки донистем, асоси такопӯ ва ҷунбиши фикрӣ ва ақлонии зеҳн, равобити воқеии муҳтаваёти зеҳнӣ аст ва чун мафоҳими ҳақиқӣ дар зоти худ бо якдигар муртабитанд, заминаи ин фаъолияти зеҳнӣ дар миёни онҳо фароҳам аст. Ва аз ин рӯ зеҳн метавонад ба ташкили қиёсот ва бурҳонҳои мантиқӣ муваффақ шавад ва аз порае ҳақоиқ, ҳақоиқи дигареро бар хеш маълум созад. Вале дар эътибориёт ҳамвора равобити мавзӯъот ва маҳмулот вазъӣ ва қарордодӣ ва фарзӣ ва эътиборӣ аст ва ҳеч мафҳуми эътиборӣ бо як мафҳуми ҳақиқӣ ва ё як мафҳуми эътибории дигар робитаи воқеӣ надорад. Ва аз ин рӯ заминаи такопӯ ва ҷунбиши ақлонии зеҳн дар мавриди эътибориёт фароҳам нест. Ва ба иборати дигар — ки бо истилоҳоти мантиқӣ наздиктар аст — мо наметавонем бо далеле, ки аҷзои онро ҳақоиқ ташкил додаанд (бурҳон) як муддаъои эътибориро исбот кунем. Ва низ наметавонем бо далеле, ки аз муқаддамоти эътиборӣ ташкил шуда “ҳақиқате” аз ҳақоиқро исбот кунем. Ва ҳам наметавонем аз муқаддамоти эътиборӣ ташкили бурҳон дода, як амри эътиборӣ натиҷа бигирем.

Масалан, дар ҳақоиқ “тақаддуми шайъ бар нафс (худаш)” ва “тараҷеҳи било мураҷҷиҳ” ва “тақаддуми маълул бар иллат” ва “тасалсули иллатҳо” ва “даври иллатҳо” ва “таворуди иллатҳои мутаъаддида бар маълули воҳид” ва “судури маълулоти мутаъаддида аз иллати воҳид” ва “арази било мавзӯъ” ва “иҷтимои ду арази мутамосил ё мутазодд дар мавзӯи воҳид” ва “тақаддуми замонии машрут бар шарт” маҳол аст, ва “интифои кулл бо интифои ҷузъ” ва “интифои машрут бо интифои шарт” ва “интифои мамнӯъ бо вуҷуди монеъ” зарурӣ аст, ва “ҷаъли моҳият” ва “ҷаъли мафоҳими интизоъӣ аз қабили сабабият ва мусаббибият” номаъқул аст. Дар мавриди ҳақоиқ метавон ба ин усули куллӣ тавассул ҷуст ва барои нафй ё исботи чизе натиҷа гирифт. Яъне дар мавриди як амри ҳақиқӣ метавон ба “тақаддуми шайъ бар нафс” ё “тараҷеҳи било мураҷҷиҳ” ва дар мавриди иллат ва маълули ҳақиқӣ ба қонуни “имтинои тақаддуми маълул бар иллат” ва “имтинои тасалсули иллатҳо ва даври иллатҳо ва таворуди иллатҳои мутаъаддида бар маълули воҳид ва судури маълулоти мутаъаддида аз иллати воҳид” ва дар мавриди араз ва мавзӯи ҳақиқӣ ба “имтинои арази било мавзӯъ” ва “имтинои иҷтимои мислайн ва иҷтимои зиддайн” ва дар мавриди шарт ва машрути ҳақиқӣ ба “имтинои тақаддуми машрут бар шарт” ва дар мавриди кулл ва ҷузъи ҳақиқӣ ба “зарурати интифои кулл бо интифои ҷузъ” истинод ҷуст ва натиҷа гирифт.

Вале дар мавриди иллат ва маълули эътиборӣ ва шарт ва машрути эътиборӣ ва араз ва мавзӯи эътиборӣ ва кулл ва ҷузъи эътиборӣ ба ҳеч як аз ин усул ва қоъидаҳо наметавон тавассул ҷуст ва натиҷа гирифт. Зеро дар эътибориёт, “тақаддуми шайъ бар нафс” ва “тараҷеҳи било мураҷҷиҳ” ва “тақаддуми маълул бар иллат” маҳол нест ва “интифои кулл бо интифои ҷузъ” ва “интифои машрут бо интифои шарт” зарурӣ нест ва “ҷаъли моҳият” ва “ҷаъли сабабият” номаъқул нест.

Аз ин ҷо равшан мешавад, ки адами тамйиз ва тафкики эътибориёт аз ҳақоиқ, аз лиҳози мантиқӣ фавқулъода хатарнок ва зиёновар аст ва истидлолҳое, ки дар онҳо риояти нукоти боло нашавад, фоқиди арзиши мантиқӣ аст, хоҳ он ки барои исботи “ҳақоиқ” ба муқаддамоте, ки аз умури эътиборӣ ташкил шудааст истинод шавад — мисли ғолиби истидлолоти мутакаллимон, ки ғолибан “ҳусну қубҳ” ё соири мафоҳими эътибориро дастовез қарор дода ва хостаанд аз ин роҳ дар боби мабдаъ ва маъод натиҷа бигиранд, ва мисли бисёре аз истидлолоти “моддигароён”, ки аҳком ва хоссиятҳои эътибориётро дар ҳақоиқ ҷорӣ донистаанд ва мо ба тадриҷ ба ҳама ё баъзе аз онҳо ишора хоҳем кард — ва хоҳ он ки дар эътибориёт ба усул ва қоъидаҳое, ки аз мухтассоти ҳақоиқ аст, ки барои намуна чанд мисол дар боло зикр шуд, истинод шавад, монанди бештари истидлолоте, ки маъмулан дар “фанни усул” ба кор бурда мешавад.

* * *

Тариқи сайру сулуки фикрӣ дар эътибориёт чист?

Дар умури эътиборӣ робита байни ду тарафи қазия ҳамвора фарзӣ ва қарордодӣ аст ва эътиборкунанда ин фарз ва эътиборро барои вусул ба ҳадаф ва маслиҳат ва ғояте намуда ва ҳар гуна ки беҳтар ӯро ба ҳадаф ва маслиҳати манзури вай бирасонад, эътибор мекунад. Ягона миқёси ақлонӣ, ки дар эътибориёт ба кор бурда мешавад, лағвият ва адами лағвияти эътибор аст ва албатта дар ин ҷиҳат хусусияти эътиборкунандаро бояд дар назар гирифт. Масалан, агар эътибор эътибори хаёлӣ ва ваҳмӣ аст, масолеҳ ва аҳдофи он қувваро бояд дар назар гирифт, ва агар эътибор эътибори ақлӣ аст, масолеҳ ва аҳдофи он қувваро бояд дар назар дошт. Ва ҳамчунин фарқ аст байни эътибороти қонунии як нафар башар ва эътибороти қонунӣ, ки ба василаи “ваҳйи илоҳӣ” таъйин мешавад.

Вале дар ин ҷиҳат фарқе нест, ки ҳар кас ва ҳар чиз ва ҳар фард ва ҳар даста, ки чизеро эътибор мекунад, ғоят ва ҳадафе дар эътибори худ дорад ва вусул ба он ҳадафро мақсад қарор медиҳад. Ва агар чизеро барои мақсади хоссе эътибор кард, мумкин нест, ки айни ҳамон қувваи эътиборкунанда чизи дигареро эътибор кунад, ки ӯро аз вусул ба он мақсад дур кунад. Пас, ягона миқёси сайру сулуки фикрӣ дар эътибориёт ҳамоно миқёси лағвият ва адами лағвият аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: