Зебуннисо (3)

Қисмати севвум

Истилоҳоти ирфонии Зебуннисо

Дар суханони орифон ва сӯфиён ба вожаҳое бармехӯрем, ки зоҳире нописанд доранд, аммо аз назари онон муқаддас ва зебо буда, маъонии хоссеро ҳамл мекунанд. Онон ба зоҳири зишти алфоз коре надоранд ва ба фиребандагии калимот — ки аз таваҷҷӯҳ ба зоҳири онҳо дар зеҳни ҳар шунаванда ва хонандае падид меояд — таваҷҷӯҳ накарда ва дар дарёи маъонии алфоз фурӯ мераванд ва барои ҳар калимае маънои хоссе дар назар мегиранд.

Ин суханон дар тӯли торихи ирфони порсӣ аз оғози давраи исломӣ то асри ҳозир ҷанҷолҳое барпо кардааст. Бархе ба иллати ҷумуди фикрӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ, калимоти ёдшударо дар маънои зоҳирии он истеъмол карда ва ба қаринаҳои он таваҷҷӯҳ накардаанд. Бархе дигар аз рӯйи амд ва бо илм бо маънои ғайри зоҳирии ин вожаҳо, аз онҳо барои саркӯб ва тахриби афкори баланди шоирон ва орифон истифода кардаанд.

Зебуннисо низ дар ашъори худ аз калимоте чун мастӣ, шароб ва ғайра баҳра ҷуста, монанди дигар орифон мафҳуми ғайри зоҳирии онҳоро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода ва гоҳ тавзеҳи онҳоро дар матни сурудаҳояш ҷо додааст, ки барои равшан шудани матлаб ба чанд намуна басанда мекунем:

Ошиқам, аммо даме бе ёр натвонам нишаст,

Масти ҷоми ишқаму ҳушёр натвонам нишаст.

* * *

Мо масти шароби ҷоми ишқем,

Бадмастии мо на аз шароб аст.

* * *

Қатъ бод дасти бедарде, ки аз рӯйи ҳавас

Гаҳ сари зулфи парешону гаҳе кокул гирифт.

Бешак, равшан аст, ки ин истилоҳот таъбире маҷозӣ беш нест, вагарна чунин ҷасорате ба боргоҳи парданишини ифофу исмат гуноҳе нобахшуданӣ аст. Ҳамчунин дар ҷойи дигар мегӯяд:

Хоҳӣ, ки туро дар назар ояд рухи хубон,

Бо рӯйи накӯ ойина(в)аш покназар бош.

* * *

Олудагӣ зи домани покам намеравад,

Сад раҳ ба оби замзам агар шустушӯ кунам.

* * *

Бистар зи бӯрёи ҳақиқат намесазад

Он кас, ки дар либоси шариат фақир нест.

* * *

Нозам ба сари ҳиммати парвона, ки дар ишқ

Ҷон додаву пур сӯхтаву гарми самоъ аст.

* * *

Чашми маънӣ баргушо, эй дил, ки мисли офтоб

Зери ҳар як хирқае сад муршиди комил гум аст.

* * *

Бе рӯйи ёр бода бинӯшад касе чаро?

Рӯйи риё ба ишқ фурӯшад касе чаро?

* * *

Тафсири ишқ

Зебуннисо дар зимни сурудаҳои худ ишқро ба гунае зебо тафсир карда, ки бо диққат дар абёти зер равшан мешавад:

Гар ба куништ меравад ва-р ба тавоф Каъбаро,

Бо Самад аст дарди дил, “Махфӣ”, бутпарастро.

* * *

Зи дониш ном бурдан нанги ишқ аст,

Ҷунун зинатдеҳи авранги ишқ аст.

* * *

Сабо ба булбули шӯрида гӯ, ки дар раҳи ишқ

Маҷоли дам задану ҷойи худнамойӣ нест.

* * *

Гар набошад завқи маъшуқиву ошиқпарварӣ,

Хубрӯёнро ба сӯйи ошиқон наззора чист?

* * *

Танҳо ба роҳи ишқ на Фарҳод сар ниҳод,

Роҳест роҳи ишқ, ки сарҳо дар-ӯ гум аст.

Зебуннисо дар девони худ гоҳе ба сурати Фарҳоду Лайливу Маҷнун низ зоҳир шудааст, лекин аз ҳар кадом ҷилваи вижаеро дар назар доштааст. Ҳадафи ӯ ҷустуҷӯи Худост ва Лайливу Маҷнун намудҳои илтиҳоби қалб аст, ки гоҳе ба сурати Лайлӣ ва гоҳе ба сурати Маҷнун ва гоҳе дар чеҳраи Фарҳод зоҳир мешавад ва нақши хосси онҳоро бозӣ мекунад.

Аз ҷустуҷӯ нишони висолат наёфтам,

Васлат марост Лайливу Маҷнун дили ман аст.

* * *

Дар тариқи ишқ ойини ману Маҷнун якест,

Аз ҷунун, дарди диламро нештару афсун якест.

* * *

Шеъри “Махфӣ” аз нигоҳи худаш

Ашъор ва сурудаҳои Зебуннисо ҳамонанди дигар шоирони ориф ва покдил пурмуҳтаво ва матин буда, дар сурудаҳои ӯ аз беҳудагӯиҳо ва ибтизол хабаре нест, балки аз тамоми онҳо бӯи покдоманӣ, тақво ва дониш ба машом мерасад. Гузашта аз ин, дар байни шоирон ин расм то ҳудуде маъмул аст, ки гоҳе ба изҳори назар дар бораи шеъри хеш мепардозанд. Ба иборати дигар, аз забони хонанда ба васфи он менишинанд. Дар ин росто “Махфӣ” низ дар бораи сурудаҳои худ матолибе унвон намуда, ки ба намунае аз он ишора мекунем:

Фикри мо гарм кунад дар дили мо шеъру сухан,

Вой агар шӯъла занад оташи андешаи мо.

* * *

Мақбули азизон шуда абёти ту, “Махфӣ”,

Охир ту диҳӣ дод дар ин арса суханро.

* * *

Махфиё, шеъри диловези ту чун муждаи васл

Тирагиҳои дил аз дидаи нобино барад.

* * *

Нуктасанҷӣ ва зарофати Зебуннисо

Тамоми абёт ва сурудаҳои “Махфӣ” бо ин ки баъзан билбадоҳа суруда шудааст, аз нуктасанҷӣ, зарофат ва диққати мӯшикофона бархӯрдор буда, аз зеҳни халлоқ ва тезбини вай хабар медиҳад. Гӯянд, рӯзе Зебуннисо дар ҳузури падар дар кохи салтанатӣ нишаста буд. Дар он утоқ як ойинаи гаронбаҳое рӯйи тоқча (ё девор) қарор дошт. Ногоҳ он ойина, ки сохти Чин буд афтод ва шикаст. Бидуни тааммул ин мисроъ бар забони Аврангзеб ҷорӣ шуд:

Аз қазо ойинаи чинӣ шикаст.

Зебуннисо билбадоҳа гуфт:

Хуб шуд асбоби худбинӣ шикаст.

Гӯё яке аз наққошон мехост тасвири Зебуннисоро бикашад, ки Зебуннисо гуфт:

Гар мусаввир маро намуна кашад,

Сурати оҳро чӣ гуна кашад?

“Махфӣ” дар заминаи розу ниёз ба даргоҳи ҳазрати Маҳбуб, аз равиши оҳ истифода кардааст.

* * *

Тахаллуси Зебуннисо

Дар байни шуарои мутақаддим, муосир ва мутааххир аз Зебуннисо, афроде ҳастанд, ки дар шеъри худ тахаллуси “Махфӣ”-ро интихоб кардаанд. Номи теъдоде аз онон, ки ба навъе бо баҳси мо иртибот дорад, чунин аст:

1. Нуриҷаҳон Бегим, вафотёфтаи соли 1055 ҳ.қ.

2. Мулло Махфии Раштӣ, муосири Соммирзои Сафавӣ, вафотёфтаи соли 975 ҳ.қ.

3. Салима бинти Гулисурх бинти Ҳумоюншоҳ.

4. Махфии Хуросонӣ.

5. Навкари Зебуннисо.

6. Махфии Шерозӣ.

7. Махфии Нақшбандӣ.

Тазкиранависон дар иттиҳоди бархе аз инон ва шарҳи ҳолашон, бо ихтилофи фаровон сухан гуфтаанд, чунонки ташхиси дуруст аз нодуруст беандоза мушкил гардидааст.

Дар мавриди Зебуннисо низ ихтилоф аст. Бархе асосан тахаллуси ӯро “Зеб” медонанд на “Махфӣ”, вале тахаллуси ӯ “Махфӣ” буда ва мунофоте бо тахаллуси эҳтимолии дигараш яъне “Зеб” надорад; зеро шуарое ҳастанд, ки чандин тахаллус доранд.

Ин назария бар қароине устувор аст, ки дар ин ҷо аз назари шумо мегузарад:

1. Бархе аз тазкиранависон зимни баёни шарҳи ҳоли ӯ, ба ғазалҳое истинод кардаанд, ки дар онҳо ба сароҳат тахаллуси худро “Махфӣ” ёд кардааст.

2. Бархе аз шуарои муосири ӯ, ки мушоираи онон бо Зебуннисо мавриди қабули тазкиранависон аст, ба тахаллуси вай дар сурудаи худ ишора доранд, монанди:

а) Мулло Ашрафи Мозандаронӣ, устоди Зебуннисо, ки мегӯяд:

То чанд ниҳон бошӣ, ҷонон, нафасе бинмо

Девона шудӣ танҳо, худро ба касе бинмо

б) Оқилхон, аз дарбориёни Аврангзеб ва касе, ки ба ӯ изҳори алоқа менамуд, он ҷо, ки мегӯяд:

Гуфтам, эй моҳрӯ, ба ҳамдилла,

Шуд зуҳури ту лозимул-изҳор.

Ҳусн то чанд “Махфӣ”-юл ҷилва,

Меҳр то чанд мумсикул-анвор.

* * *

Эй ишқ на оғозу на анҷоми ту пайдо,

Ту “Махфӣ”-ю осори ту чун номи ту пайдо.

Эй меҳр, ки ҳар зарра зи нур-т ҳувайдост,

Не субҳи ту зоҳир шуду не шоми ту пайдо.

3. Теъдоде аз тазкираҳо ба сароҳат тахаллуси ӯро “Махфӣ” донистаанд, монанди “Тазкираи нуқли маҷлис”, “Баҳористони ноз” ва “Китоби базми Эрон”.

4. Худи Зебуннисо дар қитъаи шеъре тахаллуси худро унвон намудааст. Он қитъа чунин аст:

Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,

Бутпарастӣ кай кунад гар барҳаман бинад маро?

Дар сухан “Махфӣ” шудам монанди бӯ дар барги гул,

Ҳар ки дорад майли дидан, дар сухан бинад маро.

* * *

Ба қалами Сайидмуҳсини Саъидзода

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин мақола



Рубрики:Бонувон, Забон ва адабиёт, Машоҳир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: