“Ҳадафи Омрико ҷилавгирӣ аз ваҳдати ҷаҳони ислом аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар иди мабъаси Паёмбари Хотам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), дар дидори масъулони ин кишвар ва сафирони кишварҳои исломӣ, бо баёни ин ки “ҳадафи Омрико аз ҳамроҳӣ бо як кишвари исломӣ ва душманӣ бо як кишвари дигар, ҷилавгирӣ аз ваҳдати ҷаҳони ислом аст” хотирнишон кард: “Ғоратгарон дасташон дар ҷайби бархе кишварҳои минтақа аст ва барои идомаи ин кор, саъй мекунанд Ҷумҳурии Исломии Эрон ё ташайюъро душмани онҳо ҷилва диҳанд”.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, вай бо баёни ин ки “ташкили гурӯҳҳои теруристӣ ба номи ислом ва тафриқаангезӣ миёни кишварҳои исломӣ аз ҷумла дар Ироқ, Сурия ва Яман, аз тавтиаҳои Омрикои золим ва режими хабиси саҳюнистӣ барои муқобила бо ислом аст” гуфт: “Албатта золимони ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ бештар аз дигар кишварҳои мусалмон душмананд, аммо мушкили аслии онҳо асли ислом аст ва ин воқеиятро бояд ҳамаи мусалмонон дарк кунанд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дарки иллати душмании мустакбирон бо исломро вазифаи масъулони кишварҳои исломӣ хонд ва афзуд: “Давлатҳои исломӣ бояд бифаҳманд, ки ҳадафи Омрико аз ҳамроҳӣ бо як кишвари исломӣ ва душманӣ бо як кишвари дигар, ҷилавгирӣ аз ваҳдати ҷаҳони ислом ва монеътарошӣ бар сари роҳи дарки муштараки мусалмонон аз манофеи ҷомеаҳои исломӣ аст”.

Раҳбари Эрон бо ибрози таассуф аз тавфиқи сиёсатҳои тафриқаафканонаи омрикоиҳо дар минтақа афзуд: “Ғоратгарон дасташон дар ҷайби бархе кишварҳои минтақа аст ва барои идомаи ин кор, саъй мекунанд Ҷумҳурии Исломии Эрон ё ташайюъро душмани онҳо ҷилва диҳанд, аммо ҳама бояд ин нуктаро дарк кунем, ки иттиҳод ва истодагӣ дар муқобили зӯргуён, роҳи пешрафти ҷаҳони ислом аст”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, азм ва иродаи миллати Эронро дар муқобила бо зӯргуиҳо ихтилолнопазир ва қотеъ хонд ва хотирнишон кард: “Ҳамаи миллат, ҷавонон ва мардуми инқилобӣ ва мӯъмин дар муқобили мустакбирон истодаанд ва дар ҳар кишваре ин истодагӣ баргирифта аз беъсати Паёмбар муҳаққақ шавад, душманон ҳеч таъарруз ва ҳеч ғалате наметавонанд бикунанд”.

Раҳбари Эрон “имон ва иттиҳод ва ҳузур дар саҳнаи” миллати Эронро омили шуҷоат ва истодагии Ҷумҳурии Исломӣ баршумурд ва таъкид кард: “Ширкат дар интихоботи пеши рӯ аз мазоҳири муҳимми ҳузури пуртаровати мардум дар саҳна аст”.

Вай, бо ишора ба абъоди мухталифи интихобот афзуд: “Ширкат дар интихобот дар низоми исломӣ вазифаи мардум ва табалвури шаън ва ҳақ ва қудрати онон дар шаклдиҳӣ ба раъси иҷроии ҳукумат аст, зимни ин ки истодагии якпорчаи миллат ҷасорати душман ва тавоноии таҳаррук ва тааррузро аз ӯ салб мекунад”.

Раҳбари Эрон сиёсатҳои муштарак ва таҳдидомези ҳамаи масъулони гузашта ва ҳоли Омрикоро дар мухолифат бо миллати Эрон, нишонаи нияти хабосатолуди масъулони ҳамаи ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар донист ва афзуд: “Омрикоиҳо дар ҳама замонҳо барои зарба задан ба Эрон ҳар коре метавонистанд анҷом додаанд, аммо ҳама бидонанд ҳар касе алайҳи миллати Эрон таарруз кунад, бидуни тардид, ба зарари худаш тамом мешавад, чаро ки аксуламали миллати Эрон дар муқобили ин ҳаракат, мустаҳкам хоҳад буд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, ояндаи мардуми Эронро ба фазли илоҳӣ ва дар партави имон ва истодагии миллат, беҳтар аз гузашта хонд ва таъкид кард: “Бояд ин имон, иттиҳод, истодагӣ ва ҳузур дар саҳнаро ҳифз кард ва бо истифода аз тавоноиҳо ва зарфиятҳои дохилӣ ва барномарезии оқилона, сохти дарунии низомро чунон мустаҳкам кард, ки душман аз тавтиаҳояш маъюс шавад ва даст аз душманӣ бардорад”.

Раҳбари Эрон дар поёни суханонаш аз номзадҳои интихобот хост дар таблиғот ва барномаҳояшон ба мардум як қавл диҳанд: қавл бидиҳанд, ки барои пешрафти кишвар, тавсиаи иқтисодӣ ва боз кардани гиреҳҳо, ба берун аз марзҳо нигоҳ нахоҳанд кард балки ба тавоноиҳои миллат ва зарфиятҳои кишвар чашм медӯзанд.



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: