Ислом ва Эронзамин (10)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (10)

Забони форсӣ

Яке аз масоиле, ки баҳона қарор дода шуда то ойини мусалмониро бар эрониён таҳмилӣ нишон диҳанд ин аст, ки мегӯянд: эрониён дар тӯли ин торих забони худро ҳифз карданд ва онро дар забони арабӣ маҳву нобуд насохтанд.

Шигифто! Магар пазируфтани ислом мусталзими ин аст, ки аҳли як забон забони худро канор бигузоранд ва ба арабӣ сухан гӯянд? Шумо дар куҷои Қуръон ё ривоёт ва қавонини ислом чунин чизеро метавонед пайдо кунед?

Усулан, дар мазҳаби ислом, ки ойини ҳамагонӣ аст, масъалаи забон матраҳ нест. Эрониён ҳаргиз дар мухайялаашон хутур намекард, ки такаллум ва эҳёи забони форсӣ мухолифи усули ислом аст. Ва набояд ҳам хутур мекард.

Агар эҳёи забони форсӣ ба хотири мубориза бо ислом буд, чаро ҳамин эрониён ин қадр дар эҳёи луғати арабӣ, қоидаҳои забони арабӣ, сарфу наҳви арабӣ, маъонӣ ва баён ва фасоҳат ва балоғати забони арабӣ кӯшиш карданд ва ҷиддият намуданд? Ҳаргиз аъроб ба қадри эрониён ба забони арабӣ хидмат накардаанд. Агар эҳёи забони форсӣ ба хотири мубориза бо ислом ё араб ё забони арабӣ мебуд, мардуми Эрон ба ҷойи ин ҳама китоби луғат ва дастури забон ва қоидаҳои фасоҳат ва балоғат барои забони арабӣ, китобҳои луғат ва дастури забон ва қоидаҳои балоғат барои забони форсӣ менавиштанд ва ё лоақал аз тарвиҷ ва таъйид ва ишоъаи забони арабӣ худдорӣ мекарданд. Эрониён на таваҷҷӯҳашон ба забони форсӣ ба унвони зиддият бо ислом ё араб буд ва на забони арабиро забони бегона медонистанд. Онҳо забони арабиро забони ислом медонистанд, на забони қавми араб. Ва чун исломро мутааллиқ ба ҳама медонистанд, забони арабиро низ мутааллиқ ба худ ва ҳамаи мусалмонон медонистанд.

Ҳақиқат ин аст, ки агар забонҳои дигар — аз қабили форсӣ, туркӣ, ангилисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ — забони як қавм ва миллат аст, забони арабӣ танҳо забони як китоб аст. Масалан, забони форсӣ забонест, ки тааллуқ дорад ба як қавм ва як миллат. Афроде бешумор дар ҳаёт ва бақои он саҳим будаанд. Ҳар як аз онҳо ба танҳоӣ агар набуданд, боз забони форсӣ дар ҷаҳон буд. Забони форсӣ забони ҳеч кас ва ҳеч китоб ба танҳоӣ нест; на забони Фирдавсӣ аст ва на забони Рӯдакӣ ва на Низомӣ ва на Саъдӣ ва на Мавлавӣ ва на Ҳофиз ва на ҳеч каси дигар. Забони ҳама аст. Вале забони арабӣ фақат забони як китоб аст ба номи Қуръон. Қуръон танҳо нигаҳдоранда ва ҳофиз ва омили ҳаёт ва бақои ин забон аст. Тамоми осоре, ки ба ин забон ба вуҷуд омада, дар партави Қуръон ва ба хотири Қуръон будааст. Улуми дастурӣ, ки барои ин забон ба вуҷуд омада, ба хотири Қуръон будааст.

Касоне, ки ба ин забон хидмат кардаанд ва китоб навиштаанд, ба хотири Қуръон будааст. Китобҳои фалсафӣ, ирфонӣ, торихӣ, тиббӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, ки ба ин забон тарҷума ё таълиф шуда, фақат ба хотири Қуръон аст. Пас, ҳаққан забони арабӣ забони як китоб аст, на забони як қавм ва як миллат.

Агар афроди барҷастае барои ин забон эҳтироми бештаре аз забони модарии худ қоил буданд, аз ин ҷиҳат буд, ки ин забонро мутааллиқ ба як қавми муайян намедонистанд, балки онро забони ойини худ медонистанд, ва аз ин рӯ, ин корро тавҳин ба миллат ва миллияти худ намешумурданд. Эҳсоси афроди милали ғайри араб ин буд, ки забони арабӣ забони дин аст ва забони модарии онҳо забони миллат.

Мавлавӣ пас аз чанд шеъри маъруфи худ дар Маснавӣ, ки ба арабӣ сурудааст:

Уқтулунӣ, уқтулунӣ, ё сиқот!

Инна фи қатлӣ ҳаётан фӣ ҳаёт

— мегӯяд:

Порсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст,

Ишқро худ сад забони дигар аст.

Мавлавӣ дар ин шеър забони арабиро бар забони форсӣ, ки забони модарии ӯст тарҷеҳ медиҳад, ба ин далел, ки забони арабӣ забони дин аст.

Саъдӣ дар боби панҷуми “Гулистон” ҳикояте ба сурати муҳовира бо як ҷавони кошғарӣ — ки муқаддимаи наҳви Замахшарӣ мехондааст — сохтааст. Дар он ҳикоят аз забони форсӣ ва арабӣ чунон ёд мекунад, ки забони форсӣ забони мардуми авом аст ва забони арабӣ забони аҳли фазлу дониш.

Ҳофиз дар ғазали маъруфи худ мегӯяд:

Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист,

Забон хамӯш, валекин даҳон пур аз арабист.

Ислом — чунонки пеш аз ин гуфтем — ба миллат ё қавм ва дастаи махсусе таваҷҷӯҳ надорад, ки бихоҳад забони онҳоро расмӣ бишносад ва забони қавми дигарро аз расмият биандозад.

Зайд ибни Собит — ба нақли Масъудӣ дар “Аттанбиҳу вал-ишроф” — ба дастури Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) забонҳои форсӣ, румӣ, қибтӣ, ҳабаширо аз афроде, ки дар Мадина буданд ва яке аз ин забонҳоро медонистанд омӯхта буд ва симати мутарҷимии Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро дошт. Дар таворих нақл шудааст, ки ҳазрати Алӣ алайҳис-салом гоҳе ба форсӣ такаллум мекардаанд.

Ба таври куллӣ, ойин ва қонуне, ки мутааллиқ ба ҳамаи афроди башар аст, наметавонад рӯйи забони махсусе такя кунад, балки ҳар миллате бо хатту забони худ — ки хоҳ нохоҳ мазҳари як навъ фикр ва завқ ва салиқа аст — метавонад бидуни ҳеч монеъ ва родеъе аз он пайравӣ кунад.

Бинобар ин, агар мебинед эрониён пас аз қабули ислом, боз ба забони форсӣ такаллум карданд, ҳеч ҷойи тааҷҷуб ва шигифтӣ нест, ва ба таъбири дигар, ин ду ба якдигар рабте надорад, ки муғризон онро нишонаи адами тамоюли эрониён ба ислом бидонанд.

Усулан, танаввӯи забон, илова бар ин ки монеи пазириши ислом нест, василае барои пешрафти бештари ин дин ҳам маҳсуб мешавад; чаро ки ҳар забоне метавонад ба василаи зебоиҳои махсуси худ ва қудрати махсуси худ хидмати ҷудогонае ба ислом бинамояд. Яке аз муваффақиятҳои ислом ин аст, ки милали мухталиф бо забонҳо ва фарҳангҳои гуногун онро пазируфтаанд ва ҳар як ба саҳми худ ва бо завқ ва фарҳанг ва забони махсуси худ хадамоте кардаанд.

Агар забони форсӣ аз миён рафта буд, мо имрӯз осори гаронбаҳо ва шоҳкорҳои исломии арзандае ҳамчун Маснавӣ ва Гулистон ва девони Ҳофиз ва Низомӣ ва садҳо асари зебои дигар, ки дар саросари онҳо мафоҳими исломӣ ва қуръонӣ мавҷ мезанад ва пайванди исломро бо забони форсӣ ҷовид сохтаанд, надоштем.

Чӣ хуб буд, ки чанд забони дигар ҳамчун забони форсӣ дар миёни мусалмонон вуҷуд дошт, ки ҳар як метавонистанд бо истеъдоди махсуси худ ба ислом хидмати ҷудогонае бинамоянд. Ин аввалан.

Сониян, забони форсиро чӣ касоне ва чӣ авомиле зинда нигоҳ доштанд? Оё воқеан эрониҳо худашон забони форсиро эҳё карданд ё аносури ғайри эронӣ дар ин кор беш аз эрониҳо дахолат доштанд? Ва оё ҳисси миллияти эронӣ омили ин кор буд ё як силсила авомили сиёсӣ, ки рабте ба миллияти эронӣ надошт?

Тибқи шавоҳиди торихӣ Банӣ Аббос, ки аз решаи араб ва арабнажод буданд, аз худи эрониҳо бештар забони форсиро тарвиҷ мекарданд. Ва ин бад-он ҷиҳат буд, ки онҳо барои мубориза бо Банӣ Умайя, ки сиёсаташон арабӣ буд ва бар асоси тафаввуқи араб бар ғайри араб, сиёсати зидди арабӣ пеша карданд. Ва ба ҳамин далел аст, ки аъроби носиюнолист ва унсурпарасти имрӯз Банӣ Умайяро мавриди таҷлил қарор медиҳанд ва аз Банӣ Аббос каму беш интиқод мекунанд.

Банӣ Аббос ба хотири мубориза бо Банӣ Умайя, ки асоси сиёсаташон қавмият ва нажод ва унсурпарастии арабӣ буд, бо арабият ва ҳар чӣ мӯҷиби тафаввуқи араб бар ғайри араб буд, мубориза мекарданд, унсури ғайри арабро тақвият мекарданд ва умуреро, ки сабаб мешуд камтар ғайри араб таҳти таъсири араб қарор бигиранд низ тақвият мекарданд. Ва ба ҳамин ҷиҳат, ба тарвиҷи забони форсӣ пардохтанд ва ҳатто бо забони арабӣ мубориза карданд.

Иброҳими Имом, ки поягузори силсилаи Банӣ Аббос аст, ба Абӯмуслими Хуросонӣ навишт:

Коре бикун, ки як нафар дар Эрон ба арабӣ сӯҳбат накунад ва ҳар касро, ки дидӣ ба арабӣ сухан мегӯяд, бикуш”. (Нақл аз Миқризӣ)

Мистер Фрой дар сафҳаи 387 китоби худ мегӯяд:

Ба ақидаи ман, худи тозиён дар густариши забони форсӣ дар машриқ ёрӣ кардаанд, ва ин худ мӯҷиби барафтодани забони суғдӣ ва лаҳҷаҳои дигари он сарзамин шуд”.

Дар “Райҳонатул-адаб” менависад:

Дар соли 170 ҳиҷрӣ, ки Маъмун ба Хуросон рафт ва ҳар як аз афозили ноҳияҳо ба василаи хидмате ва мидҳате тақарруб меҷустаанд, Абулаббоси Марвазӣ низ, ки дар суханварӣ ба ҳар ду забони тозӣ ва дарӣ маҳорате бениҳоят дошт, мидҳати мулмаъе махлут аз калимоти форсӣ ва арабӣ назм ва дар ҳузури Маъмун иншо кард ва бас писандидаи табъ шуд ва ба инъоми ҳазор динор ба таври истимрор қарини ифтихор гардид. Аз он пас, форсизабонон бад-он шева рағбат карданд ва тариқаи назми форсиро, ки баъд аз ғалабаи араб матрук буда маслук доштанд.

Аз абёти қасидаи ӯ дар мадҳи Маъмун:

Эй расонида ба давлат фарқи худ бар фирқадайн

Густаронида ба фазли вуҷуд бар олам ядайн

Мар хилофатро ту шоиста чу мардум дидаро

Дини Яздонро ту боиста чу рухро ҳар ду айн

Кас бад-ин минвол пеш аз ман чунин шеъре нагуфт

Мар забони порсиро ҳаст бо ин навъ байн

Лек аз он гуфтам ман ин мидҳат туро то ин луғат

Гирад аз мадҳу санои ҳазрати ту зебу зайн.”

(Райҳонатул-адаб, с.181)

Аз тарафи дигар, дар тӯли торих бисёре аз эрониёни эронинажоди мусалмонро мебинем, ки чандон рағбате ба забони форсӣ нишон намедоданд. Масалан, Тоҳириён ва Даёлима, ки ҳама аз нажоди эронии холис будаанд, дар роҳи пешбурди забони форсӣ кӯшиш намекарданд, ва ҳол он ки Ғазнавиён, ки аз нажоди ғайри эронӣ буданд, василаи эҳёи забони форсӣ гаштанд. Мистер Фрой дар сафҳаи 403 китоби “Мероси бостонии Эрон” мегӯяд:

Медонем, ки Тоҳириён ҳавохоҳи ба кор бурдани забони арабӣ дар дарборашон дар Нишопур буданд…

Қаблан сухани ҳамини мусташриқро дар бораи рӯй овардани Дайламиён ба забони арабӣ нақл кардем.

Сомониён — чунонки гуфтаанд- аз насли Баҳроми Чӯбин, сипаҳсолори маъруфи давраи соcонӣ будаанд. Ин силсила аз салотин, аз мусалмонтарин ва ҳам додгустартарин салотини Эрон ба шумор мераванд, нисбат ба ислом ва шаъоири исломӣ ниҳояти алоқамандиро доштаанд.

Дар муқаддимаи пурмағзи китоби “Аҳодиси Маснавӣ” зимни ташреҳи нуфузи тадриҷии аҳодиси набавӣ дар ҳамаи шуъуни илмӣ ва адабии ҷаҳони ислом, ба нақл аз “Ансоб”-и Самъонӣ мегӯяд:

Ва бисёре аз умаро ва вузаро, ки мушаввиқи шуаро ва ҳомии куттоб ва нависандагон буданд, худ аз рувоти (ровиёни) ҳадис ба шумор мерафтанд, чунонки аз умаро ва шаҳриёрони сомонӣ Амир Аҳмад ибни Асад ибни Сомон (вафотёфта дар соли 250 ҳ.қ) ва фарзандони вай Абӯиброҳим Исмоил ибни Аҳмад (вафотёфта дар моҳи сафари 295 ҳ.қ) ва Абулҳасан Наср ибни Аҳмад (вафотёфта дар ҷамодиулохири 279 ҳ.қ) ва Абӯяъқуб Исҳоқ ибни Аҳмад (вафотёфта дар 21 сафври 301 ҳ.қ) дар табақоти рувот зикр шудаанд ва Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳи Балъамӣ, вазири машҳури Сомониён (вафотёфта дар 10-уми сафари 319) ривояти ҳадис мекардааст ва Амир Иброҳим ибни Абӯимрони Симҷур ва писари ӯ Абулҳасан Носируддавла Муҳаммад ибни Иброҳим аз акобири умарои сомонӣ ва солори Хуросон дар ъидоди (шумори) рувоти ҳадис ба шуморанд, ва Абуалӣ Музаффар (ё Муҳаммад) ибни Абулҳасан (мақтул дар раҷаби 388), ки амири Хуросон буд ва даъвии истиқлол мекард, ровии ҳадис буд ва маҷлиси имло дошт ва Абӯабдуллоҳ Ҳоким ибни Албиъ (соҳиби китоби маъруфи “Мустадрак”, вафотёфта дар 405) аз вай самоъ доштааст”.

Дар дастгоҳи Ғазнавиёни туркнажоди мутаассиб забони форсӣ рушду нузҷ ёфт. Инҳо мерасонад, ки иллатҳо ва авомили дигаре ғайр аз таассуботи миллӣ ва қавмӣ дар эҳё ва ибқои забони форсӣ дахолат доштааст. Бале, Саффориён таваҷҷӯҳашон ба забони форсӣ будааст, оё иллати ин амр навъе таассуби эронӣ ва зидди арабӣ будааст ё чизи дигар?

Мистер Фрой мегӯяд:

Шояд дудмони саффорӣ, ки таборе аз мардуми фурӯдаст доштанд, форсии навинро пешрафт доданд, зеро ки Яъқуб, поягузори он, арабӣ намедонист ва бино ба ривояте хоҳони он буд, ки шеър ба забоне суруда шавад, ки вай дарёбад”.

Бинобар ин, иллати таваҷҷӯҳи бештари саффориён ба забони форсӣ, оммӣ ва бесавод будани онҳост. Мистер Фрой пас аз он ки ба як наҳзати форсии махлут ба арабӣ дар замони Сомониён ишора мекунад, мегӯяд:

Адабиёти навини форсӣ (форсии махлут бо луғоти арабӣ) ношӣ аз шӯриш бар зидди ислом ё арабӣ набуд. Мазмунҳои зартуштӣ, ки дар шеър омадааст, вобаста ба шеваи росихи замон буда ва набояд онро нишонаи имони мардум ба ойини Зартушт донист. Афсӯси гузашта хӯрдан дар он рӯзгор бисёр ривоҷ дошт. Ба вижа дар миёни шоироне, ки руҳе ҳассос доштанд, ин андӯҳи гузашта маъмултар буд, аммо дигар бозгашт ба гузашта ношуданӣ буд. Забони форсии навин яке аз забонҳои исломии ҳампояи арабӣ гашта буд. Шак нест, ки акнун ислом аз такя бар забони арабӣ бениёз гашта буд. Дигар ислом дорои миллатҳои бисёр ва фарҳанге ҷаҳонӣ гашта буд ва Эрон дар гардондани фарҳанги исломӣ нақше бузург дошт”.

Мистер Фрой дар сафҳаи 400 китоби худ, дар бораи вуруди вожаҳои арабӣ ба забони форсӣ ва таъсироти он, таҳти унвони “Оғози зиндагии навини Эрон” чунин мегӯяд:

Дар бархе фарҳангҳо, забон бештар аз дин ё ҷомеа, дар идома ёфтан ё барҷой мондани он фарҳанг аҳаммият дорад. Ин асл бо фарҳанги Эрон рост меояд, зеро ки бешак дар пайвастагии забони форсии миёна (форсии аҳди соcонӣ) ва форсии навин (форсии давраи исломӣ) наметавон тардид раво дошт. Бо ин ҳама, ин ду яке нестанд. Бузургтарин фарқ миёни ин ду забон, роҳ ёфтани бисёре вожаҳои арабӣ аст дар форсии навин, ки ин забонро аз назари адабиёт нерӯе бахшида ва онро ҷаҳонгир кардааст. Ва ин бартариро дар забони паҳлавӣ наметавон ёфт. Ба ростӣ, ки арабӣ форсии навинро тавонгар сохт ва онро тавонои падид овардани адабиёте шукуфон бавижа дар таҳияи шеър сохт, чунонки шеъри форсӣ дар поёни қуруни вусто ба авҷи зебоӣ ва лутф расид. Форсии навин роҳе дигар пеш гирифт, ки қофиласолор он гурӯҳе мусалмонони эронӣ буданд, ки дар адабиёти араб даст доштанд ва низ ба забони модарии хеш бисёр дилбаста буданд. Форсии навин, ки бо алифбои арабӣ навишта мешуд, дар садаи нӯҳуми мелодӣ дар машриқи Эрон равнақ гирифт ва дар Бухоро, пойтахти дудмони сомонӣ гул кард”.

Дар сафҳаи 402 роҷеъ ба истифодаи шеъри форсӣ аз арӯзи арабӣ чунин мегӯяд:

Дар сохтани шеърҳои навини форсӣ равиши куҳанро бо афоили арабӣ даромехтанд ва баҳрҳои бисёр фаровоне падид оварданд. Шояд беҳтарин ва куҳантарин намунаи ин “пайванд” Шоҳномаи Фирдавсӣ бошад, ки ба баҳри мутақориб сохта шудааст”.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: